Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷумлаи дуввум
АНДАР ШУМОРИШИ САБАБҲОИ ҲАР ЯК АРАЗҲОИ БАДАНӢ,
ки он аз бисту нуҳ фвсл иборат аст

Фасли нахустин
андар сабабҳое, ки гармӣ физоянд

Гармидиҳандагон бар чанд синфанд, масалан: ғизои миқдораш муътадил; ҳаракати муътадил, ки варзишҳои муътадилро дарбар гирад; молидану чарб кардани муътадил; миҳҷамагузории бе буриш, зеро миҳҷамагузории бо буриш ба иллати истифроғ сардӣ физояд; инчунин ҳаракате, ки сахт ва зиёд бошад, вале камтар, на ба муддати дароз; ғизои гарм ва доруи гарм; гармобаи муътадил, ба тавре ки [андозаи] гармифизоии ҳавову оби он шинохта шуд; пешаи гармиоваранда; дучор омадан бо гармкунандаҳои на берун аз андоза, аз қабили ҳавоҳо ва зимодҳо; бедории муътадил; хоби муътадил, ба он шарти ёдшуда; ба хашм омадан андар ҳама ҳолат; андӯҳе, ки ба ифрот набошад, вале агар беш аз андоза бошад, сардӣ оварад; хушнудии муътадил.
Инчунин уфунат ҳам [гармифизост]. Хосияти он чунин аст, ки гармии бегона ба амал оварад, на чизи дигар ва кори он ғайр аз гарм кардани мутлақ ва ғайри сӯзонидан бошад, зеро гарм кардан ночор камтар аз сӯзонидан буда, бисёр бошад, ки гармӣ бидуни уфунат ба амал ояд ва ё чунин иттифоқ афтад, ки пеш аз ба амал омадани уфунат падид ояд. Чунки уфунат бештар вақт аз баҳри он ба амал меояд, ки баъд аз бардошта шудани сабаби гармкунандаи берунӣ гармии беруна боқӣ монда, андар моддаи тар фурӯзад ва рутубати онро аз мувофиқ будан бо мизоҷи гавҳаре, ки андар он аст, бигардонад, аз ғайри он ки вайро минбаъд ба яке аз мизоҷҳои навъии табиӣ гардонда бошад. Зеро бошад, ки гармӣ тариро аз шоистагии як мизоҷ ба мизоҷи дигаре аз (105) мизоҷҳои навъӣ бигардонад, вале ин уфунат нест, балки гуворидан бошад.
Аммо сӯзонидан он бошад, ки гавҳари тарро аз гавҳари хушк ҷудо созад. Бад-ин тариқ ки якеро бухор карда, ба барсӯ бибарад ва дигарро тагшин кунад. Аммо гармидиҳии сода ин аст, ки рутубатҳо ҳама бар табъҳои навъии хеш боқӣ бимонанд, вале гармтар бигарданд.
Аз ҷумлаи гармидиҳандагон зичшавие бошад, ки андар беруни тан ба амал омада, аз роҳи боз доштани бухор гармӣ физояд ва ковокшавие бошад, ки андаруни тан ба амал омада, аз роҳи паҳн намудани бухор гармӣ физояд.
Одати Ҷолинус ин аст, ки ҳамаи ин сабабҳоро андар панҷ ҷинс гирд оварад: ҳаракати на ба ифрот; расидан ба чизе, ки на ба ифрот гармӣ бахшад; моддаи гарме, ки хӯрда шавад; зичшавӣ; ва уфунат.
Фасли дуввум андар сабабҳое, ки сардӣ физоянд

Сардидиҳандагон низ бар чанд синфанд: ҳаракати беандоза, ки гармии модарзодиро беандоза ҳал кунад; оромии беандоза, ки гармии модарзодиро банд созад; беандоза
бисёр будани ғизо, чи хӯрданӣ ва чи ошомиданӣ; беандоза
кам будани ғизо; ғизои сард ва доруи сард; расидан ба он
чизҳое аз қабили ҳаво, зимодҳо ва обҳои гарм, ки беандоза
гармӣ физоянд; ниҳоят ковок будани бадан, ки аз роҳи он

гармии модарзодӣ берун шавад; ба муддати дароз расидан ба чизе, ки ба эътидол гармӣ диҳад, чун дер истодан андар гармоба; сахт зич шудани [тан], ки гармии модарзодиро дамгир намояд; расидан бо чизе, ки феълан сардӣ физояд; расидан бо чизе, ки ба қувват сардӣ диҳад, ҳарчанд ки андар ҳол гарм аст; боз дошта шудани ба ифрот, зеро вай гармии модарзодиро дамгир кунад; истифроғи ба ифрот, зеро он моддаи гармиро нест кунад ва аз паси худ рӯҳро бибарад; суддаҳое, ки аз фазлаҳо ба миён оянд ва сахт бастани андомҳо ва дер мондани он низ аз ин ҷумлаанд, ки инҳо низ ба сабаби баста шудани роҳи гармӣ сардӣ физоянд; андӯҳи беандоза; тарси беандоза; хушнудии беандоза; лаззати беандоза; пешае, ки сардӣ физояд; хомӣ ва норасидагӣ, ки муқобили уфунат аст.
Одати Ҷолинус ин аст, ки сабабҳои сардифизояндаро андар шаш ҷинс маҳдуд созад: ҳаракати беандоза; оромии беандоза; расидан бо чизе, ки сардӣ оварад ва [ё] ниҳоят гарм карда, [гармии модарзодиро] ҳал намояд; моддае, ки гармӣ бахшад; беандоза кам шудани ғизо; беандоза зиёд будани ғизо.
Фасли севвум андар сабабҳое, ки тарӣ физоянд

Сабабҳои тарифизоянда бисёранд. Аз ҷумла: оромӣ; хоб; боздоштани чизе, ки бояд берун биравад; берун сохтани хилте, ки хушкӣ оварад; бисёрии ғизо; ғизои тариоваранда; доруи тарифизоянда; расидан ба чизҳои тарифизоянда, хусусан гармоба ва алалхусус ба ҳангоми серӣ; расидан ба чизе, ки сардӣ оварда, рутубатро боз дорад; расидан ба чизе, ки ба нармӣ гармӣ бахшад ва тариро ҷорӣ намояд; шодии муътадил.
Фасли чаҳорум андар сабабҳое, ки хушкӣ физоянд

Хушкифизояндагон низ бисёранд. Масалан: ҳаракат; бехобӣ; бисёр истифроғ намудан ва аз ҷумла ҷимоъ; камии ғизоҳо ва хушк будани онҳо; доруҳои хушкифизоянда; ҳаракатҳои нафсонии гуногуни ба ифрот; пайдарпайии ҳаракатҳои нафсонӣ; расидан бо чизҳои хушкифизоянда аз қабили: гармоба кардан бо обҳои гиранда; сармои яхкунанда, ки андомҳоро аз кашидани ғизо ба сӯи худ боз дорад ва онҳоро қабз намуда, андар онҳо суддаҳое падид оварад, ки монеи расидани ғизо бошанд; аз ҷумла расидан ба он чизе, ки сахт гарм буда, ба ифрот таҳлил оварад ва ҳатто ба гармоба рафтан ҳам аз ҳамин қабил аст.
Фасли панҷум андар сабабҳое, ки табаҳкунандагони шакланд

Аз ҷумла сабабҳои табаҳ гаштани шакл: сабабҳоеанд,
ки андар офариниши нахустин воқеъ шудаанд ва қувваи
суратбахшанда ва ё дигаргунсозанда, ки (106) андар манист, бад-он сабабҳо натавонистааст кори худро анҷом

пешина
аз 1215
навбатӣ