Қонуни тиб

Гоҳе гармобаро ношито ва бо шиками холӣ ба кор баранд, ки боиси хушкии бисёр, лоғарӣ ва нотавонӣ бигардад. Гоҳе наздик ба ҳангоми серӣ ба кор баранд, ки он ба сабаби ба зоҳири тан кашидани модда боиси фарбеҳӣ шавад, вале ба иллати он, ки ғизои нопухтаро аз меъда ва ҷигар ба сӯи андомҳо бикашад, судда ба амал оварад. Гоҳе андар поёни гувориши нахустин пеш аз тиҳӣ шудани [меъда] ба кор баранд, ки он судбахш буда, ба эътидол фарбеҳ бикунад.
Онҳое, ки гармобаро аз барои тарсозӣ ба кор баранд, чунонки худовандони бемории диққ ба кор баранд, бояд андар об чандоне нишинанд, ки нотавон нагарданд. Сипас равған чарб кунанд, то тариро афзуда, бахши обии андар масом рафтаро ҳабс намояд ва онро андаруни пӯст нигоҳ дорад. Бояд андар [об] дер нанишинанд, ҷои муътадилеро ихтиёр бикунанд ва бештар бар замини гармоба об резанд, то бухор зиёд гашта, ҳаво намнок бишавад. Бояд эшонро аз гармоба бидуни расидани ранҷу душворие берун оранд, балки бар тахти равоне нишонда берун оранд, ки аз барои эшон сохта бошанд. Баробари берун омадан бо хушбӯиҳои сард хушбӯй бикунанд. Бояд андар хонаи ҷомакашӣ соате нигоҳ дошта шаванд, то эшонро нафаси муътадил бозояд ва ба эшон аз тарифизоиҳо ягон чизе, масалан, оби ҷав ва ё шири хар бидиҳанд.
Касе, ки андар гармоба дер биистад, ӯро ба сабаби гарм шудани дил бими беҳушист ва нахуст маниши гаштан падид ояд.
Гармобаро бо вуҷуди судҳои зиёд зиёнҳои бисёре бошад. Вай рехтани фазлаҳоро ба сӯи андомҳои нотавон осон бигардонад, ҷасадро ковок созад, асабро зиён оварад, гармии модарзодиро ба таҳлил бибарад, иштиҳои таомро фурӯ нишонад ва қуввати боҳро суст кунад.
Гармобаро аз ҷиҳати обҳое, ки андар он бошанд, фазилатҳост. Агар он об ба табъ оби натрун, оби гӯгирд, оби дарё, оби хокистар ва оби намак бошад ва ё агар оби сунъӣ бошад, бад-ин тариқ ки андар он чизе аз [моддаҳои] ёдшуда ҷӯшонида шавад ва ё мисли мавизак, мисли донаи даҳмаст, гӯгирд ва ғайраро андар он биҷӯшонанд, андар ин сурат он ҳалкунанда ва латифкунанда буда, нармгӯштиву фарбеҳиро бибарад, моддаҳоро аз рехтан ба сӯи решҳо боз дорад ва худовандони риштаро суд бахшад. Обҳои мисдор, оҳандор ва намакдор низ аз бемориҳои сармо ва рутубат, дардҳои бандкушоҳо, ниқрис, истирхо, дамкӯтоҳӣ ва бемориҳои гурда суд доранд. Онҳо пайвастани шикастагиро қувват диҳанд ва думмалҳову решҳоро суд бахшанд. Оби мисдор даҳон, мулоза, чашми ба истирхо гирифтор ва рутубатҳои гӯшро суд дорад. Оби оҳандор аз барои меъда ва испурч судманд аст. Оби бурадори шӯр сарҳои пазирандаи моддаҳо ва синаҳои ба чунин ҳол гирифторро суд бахшад. Инчунин меъдаи тар, худовандони истисқо ва дамишро фоида дорад.
Аммо андар обҳои замчӣ ва зогӣ гармоба кардан аз хун партофтан, аз хунравии мақъад, аз хуни ҳайз, аз бозгуна шудани мақъад, аз бе сабаб бача партофтан, аз бодгирифтагӣ ва бисёр арақ кардан суд бахшад. Аммо обҳои гӯгирддор
асабҳоро пок созанд, дардҳои тамаддудию ташаннуҷиро ором кунанд, зоҳири танро аз табишҳову решҳои бади деррав, пайҳои нохуб, доғи кунҷидак, баҳак ва песӣ пок созанд, фазлаҳои ба сӯи (104) пайвандгоҳҳо, испурч ва ҷигар рехтаро ҳал намоянд ва сахтии заҳдонро суд бахшанд, лекин меъдаро ковок кунанд ва иштиҳоро шикананд.
Аммо андар обҳои мӯмиёӣ гармоба кардан сарро пурмодда кунад ва бинобар он, каси андар онҳо гармобакунанда набояд сарашро зери об кунад. Ин [обҳо] андар муддати дароз, хусусан барои заҳдон, обгаҳ ва рӯдаи ситабр [қобилияти] гармкунандагӣ доранд, лекин аз барои бемории намла бад бувад.
Ҳар кас, ки гармоба кардан бихоҳад, бояд ба оҳистагӣ, оромӣ, бо эҳтиёт, тадриҷан ва на якбора гармоба кунад. Андар боби нигоҳ доштани тандурустӣ гоҳе бароят аз кори гармоба чизе оварда шавад, ки боистӣ омӯхтани онро бо омӯхтани он чизе пайваст, ки оварда шуд. Гуфтор андар ба кор бурдани оби сард низ ҳамчунин бувад.
Акнун ба таври куллӣ андар баёни ҳолатҳое бипардозем, ки ба муҷиби офтоб додан, таги рег кардан, андар равған нишастан ва бар рӯй об пошидан буванд.
Андар офтоби гарм худро офтоб додан, хусусан ҳаракат кардан ва алалхусус ҳаракати сахт аз қабили шитоб кардану давидан, аз ҷумлаи корҳоест, ки фазлаҳоро сахт ҳал кунад, арақ оварад, дамишро паст созад, омосҳои нармгӯштӣ ва истисқоро ба таҳлил бибарад, аз дамкӯтоҳӣ ва нафаси росто суд бахшад, сардарди деррави сардро бартараф намояд ва мағзро, ки мизоҷаш сард аст, қавӣ созад. Агар [каси офтобхӯрандаро] аз зери по намӣ набошад, балки андар ҷои хушк нишаста бошад, дардҳои сурину гурда, дардҳои ҷузом [69] ва ихтиноқи заҳдонро суд дорад ва заҳдонро пок созад.
Офтоб хӯрдан танро зич, дурушт ва қавӣ намуда, ҳамчун доғ кардани даҳонаҳои масомҳо ба шумор биравад, ки ин боиси нигоҳ доштани таҳлил бигардад. Ба зери офтоб андар як ҷо нишастан бештар аз роҳ рафтан бисӯзонад ва таҳлилро бештар боз дорад.
Қавитарини регҳо андар кашидани рутубатҳое, ки андар ноҳияҳои пӯстанд, регҳои дарёиянд. Гоҳе бар онҳо андар ҳоле, ки тафсонанд, бинишинанд, гоҳе андар онҳо худро бигӯронанд ва гоҳе онҳоро кам-кам бар тан бипошанд, ки [ҳамаи ин] дардҳову бемориҳои андар боби офтоб ёдшударо бибарад ва умуман танро сахт хушк кунад.
Аммо фурӯ рафтан андар равғани [зайтун] гоҳе худовандони мондагиҳо, худовандони табҳои дарози сард, касоне, ки илова ба таб дардҳои асабу пайвандгоҳҳо доранд ва худовандони ташаннуҷ, кузоз ва баста шудани пешобро суд бахшад. Равған боистӣ, ки андар беруни гармоба гарм карда шуда бошад. Агар андар он рӯбоҳ ва ё кафтор пухта бошанд, ба тавре ки тавсиф хоҳем кард, худовандони дардҳои бандкушоҳо ва ниқрисро беҳтарин дору бувад.
Аммо рӯйро тар намудан ва об пошидан, хусусан бо гулоб ва сиркооб, қувваи аз тоса ва сӯзиши таб ва ба ҳангоми беҳушӣ нотавоншударо баргардонад. Бошад, ки иштиҳоро дуруст намуда, онро биангезад, вале худовандони назлаҳои сард ва сардарди сардро зиён дорад.
Сипос Худойро, ки ба ҳусни тавфиқаш Ҷумлаи якум ба поён расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё