Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мо андар баёни сабабҳое, ки бо ҷинсияти хеш заруранд, вале шояд бештари навъҳои онҳо зарур набошанд, сухан рондем. Акнун бояд ба баёни сабабҳои дигар бипардозем. (102) Фасли ҳаждаҳум гуфтори ҳамагонӣ андар сабабҳое, ки танро иттифоқ афтанд, вале на зарурӣ буванд ва на зиёнвар

Акнун бояд андар сабабҳое сухан ронем, ки на заруриянд ва на зиёнвар ва онҳо сабабҳоеанд, ки аз рӯи ҷинсияти хеш на андар табъанд ва на бар зидди табъ. Онҳо ғайр аз ҳаво, ки он зарурист, [дигар ҳамаи он] чизҳое бошанд, ки бо тан дучор оянд, масалан, гармоба кардан, навъҳои молиш ва ғайра.
Мо гуфтори ҳамагониро андар баёни ин сабабҳо оғоз карда бигӯем: чизҳое, ки аз берун аз роҳи дучороиҳо андар тани инсон кора кунанд, феъли онҳо бар ду рӯй бошад:
Ё бад-ин роҳ кора кунанд, ки бахши латифи онҳо ба иллати қувваи фурӯравандаву гузарандаи худ андар масомҳо гузар кунанд, ё андомҳо онҳоро аз тариқи масомҳои хеш бикашанд ва ё ин ба ҳамкории ҳар ду сабаб бошад; Ё бад-ин роҳ, ки онҳо, албатта, на ба омезише, балки ба кайфияти холисе кора кунанд ва [ҳоли] баданро бигардонанд. Ин ё бад-он сабаб бошад, ки вайро билфеъл чунин кайфият аст, чунончи, тилои билфеъл хунуккунанда, ки хунук намояд ва ё гармибандии билфеъл гармкунанда, ки гарм намояд; ё бад-он сабаб бошад, ки вайро ин кайфият ба қувват бошад, лекин гармии модарзодӣ андар ин ҷо қувваи фаъолро андар он ба ҷунбиш оварда, онро [аз қувва] ба феъл орад; ва ё ин кайфият ба хосият бошад.
Аз миёни чизҳо бархе бо мулоқот [танро] дигаргун бисозад, вале бо хӯрдан дигаргун насозад. Масалан, пиёз агар аз берун ниҳода шавад, реш оварад, вале аз дарун реш нахоҳад овард. Бархе чизҳое дигар баръаксанд. Масалан, сафеда агар ошомида шавад, дигаргунии бузурге ба амал оварад ва агар молида шавад, чизе аз он ба амал наояд. Бархе аз онҳо ба ҳар ду рӯй амал кунад.
Сабаб андар бахши нахустин яке аз сабабҳои шашгона бошад: мисоли яке аз онҳо пиёз аст. Агар ба андаруни тан биравад, қувваи гуворанда зуд ба он дарафтад ва онро шикаста, мизоҷашро дигаргун созад ва онро ба қадре саломат нагузорад, то ки андар он муддат битавонад феъли худро анҷом диҳад ва дарунро реш намояд; дуввум ин, ки андар бештари ҳолатҳо [ин чиз] омехта бо ғайраш фурӯ бурда шавад; севвум ин, ки вай андар гузаргоҳҳои ғизо низ бо рутубатҳое омехта бигардад, ки бар он ғолиб омада, қувваташро бишкананд; чаҳорум ин, ки вай андар берун дар як ҷой биистад, вале андарун ҳамеша дар гардиш бувад; панҷум ин, ки вай аз берун сахт бичаспад, аммо аз дарун бошад, [ба бадан] аз ғайри часпидан бирасад; шашум ин, ки ҳар гоҳ андар дарун пайдо бигардад, чораи онро қувваи табиӣ бибинад ва дере нагузашта фазлаи он берун андохта шавад ва бахши накӯи [он] хун бигардад.
Аммо сабаб андар дигаргун будани ҳоли сафеда бошад, он аст, ки чизи бахшҳояш ситабр буда, аз берун андар масом наояд ва агар бидарояд, то ба гузаргоҳҳои рӯҳ ва андомҳои сарвар фурӯ рафтан натавонад. Агар он хӯрда шавад, кор баръакс бошад. Ба изофаи он табиати заҳрие, ки андар вай аст, ҷуз ба таъсири сахте аз гармии модарзодии андар мо буда таъсир накунад, вале ин гуна [таъсир] чизе бошад, ки ба муҷарради расиши зоҳирӣ ба амал нахоҳад омад. Гуфтор аз ин қабил [чизҳо] гоҳе андар Китоби доруҳои сода бароят такрор хоҳад ёфт.
Фасли нуздаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби гармоба кард ан, офтоб додан, таги рег кардан, андар чизҳои равғанӣ гирифтани тан ва ба рӯй об пошидан буванд

[68] Бархе аз зарифон гуфтааст: «Беҳтарин гармоба он аст, ки дербунёд, фарохҳаво ва хушоб бошад». Дигаре чунин афзудааст: «ва гармии деги гулханаш ба қадри мизоҷи гармоба равандагон бошад».
Бидон, ки кори табиии гармоба ин бо ҳавои хеш гарм сохтану бо оби худ тар кардан аст. Хонаи нахустини он сардиву тарӣ, хонаи дуввуми [он] гармиву тарӣ ва хонаи севвуми [он] гармиву хушкӣ бахшанд. Ту ба [гуфтаи] касе эътибор надеҳ, ки гӯяд: «Об андомҳои аслиро на аз роҳи ошомидан тар кунад ва на аз роҳи расидан». Вале мумкин аст, аз гармоба ба изофаи таъсироту дигаргуниҳои тавсифкардаамон дигаргуниҳои дигаре падид оянд, ки бархе ба араз ва бархе ба зот бошанд. Чунки гармобаро гоҳе чунин ориз бигардад, ки аз сабаби зиёд ба таҳлил бурдани гармии модарзодӣ бо ҳавои худ сардӣ бахшад ва низ ҳарчанд рутубатҳои бегона оварад, вале ба иллати бисёр ҳал намудан рутубатҳои модарзодӣ гавҳарҳои андомҳои аслиро хушкӣ физояд. Агар оби [гармоба] сахт гарм бошад, пӯст аз он турунҷида, масомҳои он танг шаванд [ва] аз тарии гармоба чизе ба тан фурӯ наравад ва таҳлил ба хубӣ сурат нагирад.
(103) Оби [гармоба] гоҳе гармӣ бахшад, гоҳе сардӣ. Гармибахшияш [ё] ба сабаби тафсонист, бад-ин гуна ки агар то ба дараҷаи ҷӯшиш гарм бошад, на нимгарм, зеро оби нимгарм сардӣ ва тарӣ бахшад ва [ё] ба сабаби банд кардан, бад-ин гуна ки агар сард бошад, зеро агар ба ҳоли сардӣ бар тан бирезад, гармии аз ҳаво гирифтаро боз дошта, андар андомҳои дарунӣ ҷамъ созад.
Аммо сардӣ бахшиданаш чунин аст, ки агар андар он бисёр нишаста шавад, аз ду ҷиҳат сардӣ бахшад: якум ин, ки об ба табъ сард аст, пас, андар охири кор сардӣ хоҳад овард. Он миқдор обе, ки тан ба худ бикашад, ҳарчанд бо гармии аразӣ гарм карда шуда бошад ҳам, вале ин [гармӣ] пойдор намонад, балки он аз миён рафта, феъли табиӣ боқӣ монад, ки он сардӣ бахшидан бошад; дуввум ин, ки об хоҳ гарм бошад, хоҳ сард, тар аст ва ҳар гоҳ он андар тарӣ овардан ба ифрот бирасад, ба сабаби зиёдии тарӣ гармии модарзодиро дамгир намуда, онро хомӯш созад ва саранҷом сардӣ оварад.
Гармоба мумкин аст аз тариқи таҳлил низ гармӣ бахшида, ҳар гоҳ ғизоеро дарёбад, ки ногуворида бошад ва ё хилти сардеро дарёбад, ки нопухта бошад, онро бигуворад ва инро бипазад.
Гармобаро гоҳе хушк ба кор баранд, ки он хушкӣ физояд ва худовандони истисқо ва нармгӯштиро суд бахшад.
Гоҳе тар ба кор баранд, ки он тарӣ физояд. Гоҳе андар он дер нишинанд ва он аз тариқи таҳлил ва арақ овардан хушкӣ оварад ва гоҳе андар он кам нишинанд ва аз роҳи об кашидани тан аз он пеш аз арақ овардан боиси тарӣ бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ