Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Оби ба миқдори муътадил сард созгортарини обҳо барои тандурустон бувад, вале асабро ва худованди омосҳои андомҳои даруниро зиён дорад. Вай аз ҷумлаи чизе бошад, ки иштиҳо биангезад ва меъдаро қавӣ созад.
Аммо оби гарм гувориданро табаҳ кунад, таомро бар сари меъда бигардонад ва ташнагиро зуд нашиканад. Бошад, ки боиси истисқо ва диққ бигардад ва танро пажмурда созад.
Аммо оби гармкардашуда агар нимгарм бошад, маниши гаштан орад ва агар беш аз он гарм бошад ва ношито ҷуръа-ҷуръа биошоманд, бисёр бошад, ки меъдаро бишӯяд ва табиатро бикушояд, вале зиёд истеъмол кардани он бад бувад, зеро қуввати меъдаро нотавон кунад.
Оби сахт гармкардашуда бошад, қулинҷ бикушояд ва бодҳоро бишиканад. Касонеро, ки оби бо санъат гармкардашуда созгор аст, [инҳоянд]: худовандони саръ, молехулиё, сардарди сард ва омоси чашм, касоне, ки андар гӯш омосҳо доранд, худовандони назла ва касоне, ки гирифтори решҳои ҳиҷоб ва гусастагии пайвастагии ноҳияҳои синаанд. [Ин об] хуни ҳайз ва пешоб битозонад ва дардҳоро ором кунад.
Аммо оби шӯр лоғаркунанда ва хушконандаи тан аст. Он нахуст ба тавассути зудояндагие, ки дорад, шикам орад ва сипас бо хушк сохтане, ки андар табъи вай аст, табиат бибандад. [Оби шӯр] хунро табаҳ созад ва хориш ва гар ба амал оварад.
Оби тира санг ва суддаҳо бизояд ва бинобар он, аз паси он бояд чизе бихӯрд, ки пешоб битозонад, вале гирифтори шикамдард бисёр вақт аз он ва аз дигар обҳои ситабри вазнин суд бибарад, аз баҳри он ки ин [об] андар шиками ӯ боз монда, дер фурӯ равад. Тарёкҳои ин [об] пиҳҳо ва шириниҳост.
Оби навшодирӣ агар ошомида шавад, ё андар он бинишинанд ва ё аз он ҳуқна бирезанд, табиатро бикушояд. Оби зог аз бисёр омадани хуни ҳайз, аз рехтани хун ва сайлон кардани бавосир суд дорад, вале табҳоро андар танҳое, ки омодаи пазируфтани онҳоянд, сахт бедор бикунад. Оби маъдани оҳан испурчро бигудозад ва боҳро ёрӣ бидиҳад. Оби маъдани мис фасоди мизоҷро ба ислоҳ оварад.
Агар (101) обҳои гуногуни хубу бадро бо ҳам биомезанд, қавитарини онҳо ғолиб ояд. Мо тадбири обҳои табаҳкунандаро андар зимни тадбири мусофирон баён кардем ва боқимондаи ҳукмҳои об, сифатҳои он ва қувваҳои синфҳои онро андар боби об, ки зимни доруҳои сода ояд, ёд хоҳем кард.
Фасли ҳафтдаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби боздошташавӣ ва истифроғ буванд

Боздошта шудани он чи ки бояд ба табъ тиҳӣ бигардад,
ё ба иллати нотавонии [қувваи] ронанда бошад; ё ба иллати қавӣ будани қувваи нигоҳдоранда бошад, ки онро нигоҳ дорад; ё ба иллати суст шудани қувваи гуворанда бошад, ки чиз андарун дер бимонад, зеро қувваҳои табиӣ
онро то вақте ки пурра гуворида нагардад, нигоҳ хоҳанд
дошт; ё ба иллати тангии гузаргоҳҳо ва вуҷуд доштани
суддаҳо андар онҳо бошад; ё ба иллати ғализӣ, ё часпакӣ
ва ё бисёрии модда бошад, ки қувваи ронанда онро рондан натавонад; ё ба иллати он бошад, ки эҳсос кардани

эҳтиёҷ ба рондани модда гум шуда бошад, чунон ки ҳангоми бемории қулинҷи ярақонӣ чунин бошад, зеро гоҳе андар тиҳӣ гардидан қувваи иродӣ ёрӣ расонад; ва ё ба иллати он бошад, ки [67] бахше аз қувваи табиӣ ба ҷиҳати дигаре масруф бошад, чунон ки ҳангоми бӯҳронҳо чунин бошад, ки ба сабаби ба дигар ҷиҳат будани тиҳишавии бӯҳронӣ бавлу бироз сахт боздошта бигарданд.
Ҳар гоҳ чизе боздошта шавад, ки тиҳӣ шудани он воҷиб аст, ба иллати он бемориҳои зерин рӯй диҳанд: аз бахши бемориҳои таркиб, масалан, судда, истирхо, ташаннуҷи тар ва ғайра; аз бахши бемориҳои мизоҷ, масалан, уфунат, инчунин нигоҳдошташавии гармии модарзодӣ ва ба оташӣ табдил ёфтани он, низ хомӯш шудани гармии модарзодӣ аз сабаби дер ва ё сахт нигоҳ дошта шудани он, ки оқибат сардӣ падид ояд ва ғолиб шудани тарӣ бар бадан; аз бахши бемориҳои муштарак, масалан, шикофтан ва кафидани рагҳо; хом мондани [ғизо], ки бадтарин сабабҳои бемориҳост, хусусан агар баъд аз беғизоии одатшудае рӯй дода, масалан, аз серии ба ифрот ҳангоми фаровонӣ, ки агар баъд аз гуруснагии сахт ба ҳангоми набудан бошад, чунин рӯй диҳад; аз бахши бемориҳои мураккаб, масалан, омосҳо ва табишҳо.
Тиҳӣ шудани он чи ки бояд биистад, ё ба иллати қавӣ будани қувваи ронанда бошад; ё ба иллати нотавонии қувваи нигоҳдоранда бошад; ё ба иллати он бошад, ки модда ё ба сабаби гаронии ба иллати бисёр буданаш, ё ба сабаби бо бодҳои дамоварандаи худ ва ё ба сабаби бо тезию сӯзандагӣ газидани худ озурдагӣ оварад; ё ба иллати тунукии модда бошад, то чунин бишавад, ки гӯӣ аз пеши худ равон аст ва бад-ин сабаб ронда шуданаш осон бошад. Гоҳе андар ин кор фарохии гузаргоҳҳо онро ёрӣ диҳад, чунонки аз ҷорӣ шудани манӣ чунин рӯй диҳад; ё аз сабаби ба дарозо пора шудани [рагҳо], ё бар паҳно бурида шудани онҳо ва ё кушода шудани даҳонаҳои онҳо бошад, чунонки ҳангоми хуни бинӣ чунин рӯй диҳад. Гоҳе ин фарохӣ ба сабабе рӯй диҳад, ки ё аз берун ва ё аз дарун бошад.
Ҳар гоҳ тиҳӣ шудани чизе ба амал ояд, ки бояд биистад, ба сабаби берун шудани моддаи фурӯзандае, ки ғизои гармии модарзодист, аз он сардии мизоҷ ба амал ояд. Гоҳо аз он мизоҷро гармӣ падид ояд. Бад-ин тариқ ки агар он чи ки берун шавад, чун балғам сардмизоҷ бошад ва ё чун хун наздик ба эътидол бошад, [хилти] ниҳоят гарм, масалан, сафро ғолиб омада, боиси гармӣ хоҳад шуд. Ба қиёси он чи ки андар падидоиҳои гармӣ ёд кардем, гоҳе аз тиҳӣ шудан ҳамеша ва ба зот хушкӣ падид ояд ва гоҳе аз он тарӣ ба амал ояд. Ин ҳангоме рӯй диҳад, ки берун шудани хилти хушккунанда ба эътидол бошад ва ё гармии модарзодӣ аз пурра гуворидани ғизо оҷиз омада, балғам зиёда бигардад. Лекин тарӣ на андар мизоҷи ғаризӣ суде дорад ва на [худ] модарзодӣ бошад, чунонки он гармӣ [низ] модарзодӣ набуд. Балки ҳар як тиҳӣ шудани ба ифрот боиси сардӣ ва хушкии гавҳари андомҳо ва ғаризаи онҳо бигардад, ҳарчанд ки бархе аз онҳоро гармии бегона ва тарии ғайри солеҳ расад. Гоҳе аз паси тиҳӣ шудани ба ифрот аз бемориҳои афзорӣ судда ба амал ояд, ки он низ ба сабаби беҳад хушк шудан ва баста гаштани рагҳо бувад ва баъди он ташаннуҷ ва кузоз рӯй диҳанд.
Аммо боздошта шудану тиҳӣ шудани муътадиле, ки ҳангоми ҷой доштани ҳоҷат ба онҳо рӯй диҳанд, судманд буда, ҳолати тандурустиро нигаҳбонӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ