Қонуни тиб

Сабаби тагшинӣ тунукшавиест, ки аз ҷӯшиш ба амал ояд. Оё намебинӣ, ки обҳои водиҳои бузург мисли рӯди Ҷайҳун, хусусан агар аз поёни он об гирифта шавад, ҳангоми гирифтан андар ғояти тирагӣ буда, дарҳол равшан бигардад ва якбора ба тавре шавад, ки агар онро бори дигар соф бикунӣ, албатта, чизе қобили мулоҳаза тагшин нахоҳад шуд.
Гурӯҳе андар ситоиши оби Нил сахт ба ифрот рафта, хубиҳои онро андар чаҳор [бахш] гирд овардаанд: дурии сарчашма; сахт бисёр будан; хубии маҷро ва аз ҷануб ба сӯи шимол ҷорӣ шудан, ки ҳар чи обе, ки андар он бигузарад, онро латиф бигардонад. Аммо андар сахт бисёр будан дигар [рӯдҳо] бо он мушорикат доранд.
Обҳои бадро ҳар рӯз агар аз як зарф ба зарфи дигар гузаронида биполанд, ҳар бор аз нав тагшин зоҳир бигардад ва бо вуҷуди он чи ки бояд аз он тагшин бигардад, ҷуз ба оҳистагӣ тагшин нахоҳад шуд. Вале бо вуҷуди он ба андозаи расо равшан нагардад. Иллат андар он ин бошад, ки омехтаҳои хокӣ аз бахши гавҳари [обие], ки ситабр, часпак ва равғанӣ нест, ба осонӣ тагшин бигарданд, вале аз бахши зичи он ба ин осонӣ тагшин нахоҳанд шуд. Сипас ҷӯшонидан гавҳари онро тунукӣ хоҳад бахшид ва баъд аз ҷӯшонидан ҷунбонидан [чунин кор кунад].
Аз ҷумлаи обҳои накӯ оби борон аст, хусусан бороне, ки тобистонӣ ва аз абри бо тундару чароғак бошад. Аммо [обе], ки аз абри дорои бодҳои сахт ба амал ояд, бухори ҳар чи ки аз он тавлид гардад ва абри ҳар чи ки аз он бичакад, тира бошанд ва гавҳари он олудаи ғайри холис хоҳад буд. Вале оби боронро зуд уфунат бирасад, ҳарчанд ки он беҳтарин об бошад, аз баҳри он ки вай сахт тунук буда, табаҳсозандаи хокию ҳавоӣ андар он ба зудӣ таъсир бирасонад. Уфунати он боиси уфунати хилтҳо гардида, сина ва овозро зиён хоҳад расонд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки «сабаб андар он чунин бошад, ки вай аз бухори аз рутубатҳои гуногун бархоста тавлид гардидааст». Агар сабаб ин мебуд, ҳаройина оби борон накӯҳида мебуд, [66] на сутуда, вале чунин нест, балки он ба иллати сахт латиф будани гавҳари хеш чунин бошад. Зеро қивоми ҳар чизе, ки гавҳараш латиф бошад, пазирои таъсир аст. Агар оби борон зуд ҷӯшонида шавад, уфунат кам пазирад. Агар ҳангоми афтидани зарурат ба ошомидани оби борон, ки пазирои уфунат аст, турушиҳо хӯрда шаванд, безиён хоҳад шуд.
Аммо обҳои чоҳҳову корезҳо андар қиёс ба оби чашмаҳо баданд. Ин бад-он сабаб аст, ки онҳо обҳои муддати дароз боздошташуда ва бо моддаҳои заминӣ омехтаанд [ва] аз ягон гандагие холӣ нестанд. Онҳо ба қуввати қасрӣ берун кашида, ба ҷунбиш оварда шудаанд, на бад-он қувват, ки андар онҳо бошад ва майл ба зоҳир ва берун шудан дошта бошад. Балки онҳо бо ҳилаву ҳунармандӣ, яъне бад-ин тариқ [берун оварда шаванд], ки роҳи таровидани онҳоро наздик бигардонанд. Бадтарини ин обҳо он обест, ки гузаргоҳҳои он аз арзиз сохташуда бошад ва [арзиз] қуввати онро бигирад ва аксар вақт боиси ба амал омадани решҳои рӯдагон бигардад.
Оби заҳоб бадтар аз оби чоҳ аст, аз баҳри он ки оби чоҳ ба навъе аз кашидан ба даст оварда шавад ва он пайваста андар ҳаракат буда, андар маҳалли боздошташуда дер наистад ва андар гузаргоҳҳо муддати дароз боқӣ намонад. Аммо оби
заҳоб андар ковокиҳои гандашудаи замин дер рафтуо кунад ва ҳаракати он ҳангоми баромадан ва ҷорӣ шудан суст буда, на аз қувваи ба берун барояндагии он, балки аз сабаби бисёрии моддаи вай бошад. [Инчунин ин гуна обҳо] танҳо андар замини табаҳшудаи ганда ҷой доранд.
Аммо обҳои пиряхҳову барфҳо бошанд, ситабранд.
Обҳои истодаи бешагӣ, хусусан онҳое, ки кушодаанд, бад ва гарон буда, андар зимистон ба сабаби барфҳо сард шаванд ва балғам тавлид кунанд ва андар тобистон ба сабаби офтоб ва гандагӣ гарм шуда, талха тавлид кунанд. Ба сабаби зичӣ, омехта гаштани [моддаҳои] заминӣ бо онҳо ва таҳлил пазируфтани бахши латифи онҳо [ин обҳо] андар ошомандагони хеш бемории испурч падид оваранд, мароқи эшонро тунук созанд, андомҳои дарунии эшонро баста гардонанд, (100) дасту пой ва шонаву гарданро хушк кунанд, иштиҳову ташнагиро бар эшон ғолиб гардонанд, шикамҳояшонро бибанданд ва қай карданро барои эшон душвор бигардонанд. Гоҳе чунин касон ба иллати боздошта шудани [бахши] обӣ ба истисқо гирифтор оянд, гоҳе ба лағжиши рӯдаҳо ва [бемории] испурч гирифтор шуда, ба сабаби испурч пойҳояшон борик, ҷигарашон нотавон ва камғизо гарданд. Андар эшон, хусусан ҳангоми зимистон, девонагӣ, бавосир, фарохшавии рагҳо, омоси шуш ва омосҳои ковок рӯй диҳанд. Занҳои эшонро обистан ва зоиш ба сахтӣ гузарад, ҷанинҳои варамкарда бизоянд ва эшонро раҳо, ки обистани дурӯғин аст, бисёр рӯй диҳад.
Бачагони эшонро истисқои хоя ва бузургсолонашонро даволӣ ва решҳои соқ бисёр ба амал оянд ва решҳояшон шифо наёбанд. Иштиҳои эшон зиёд бошад. Исҳоли эшон ба душворӣ ва он ҳам бо дард ва реш шудани андомҳои дарунӣ гузарад. Ба иллати хушкии табоеъ ва шикам андар миёни эшон таби чаҳоррӯзӣ ва андар пирони эшон ба иллати хушкии табъ ва шикам таби сӯзон беш бувад.
Обҳои истода ҳар гунае, ки набошанд, меъдаро созгор нестанд. Ҳукми обе, ки аз чашма гирифта шудааст, наздик ба ҳукми оби истодааст, лекин аз оби истода бо он бартарӣ дорад, ки андар як ҷой дер наистода бошад. Об то агар равон набошад, ночор андар он ягон гароние хоҳад буд.
Бошад, ки андар бисёри он хосияти гирандагӣ бошад ва он андарун зуд ба гарм кардан гузарад. Ин [об] худовандони табҳоро ва касонеро, ки бар эшон сафро ғолиб аст, созгор нест, балки вай ба ҳангоми иллатҳое созгор бувад, ки ба боздоштан ва ё ба пухтан ниёзманданд.
Обҳои бо гавҳари маъданӣ ва ё бо ҳар чизи мисли он омехта ва обҳои девчадор ҳама баданд. Лекин андар бархе аз онҳо судҳо бошад. Андар обе, ки бар вай қувваи оҳан ғолиб аст, манфиатҳое аз қабили тақвияти андомҳои дарунӣ, боз доштани табоҳии меъда (зараб) ва бедор намудани ҳамаи қувваҳои шаҳвонӣ ҷой дорад ва мо ҳоли онҳо ва монанди онҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Аммо ях ва барф агар пок ва ғайри омехта бо қувваи бад бошанд, хоҳ об карда шаванд, хоҳ бо онҳо об аз берун сард кунонда шавад ва хоҳ андар об афканда шаванд, хубанд ва ҳолатҳои бахшҳои онҳо чандон ихтилофи зиёде надоранд, вале аз дигар обҳо зичтар буванд ва худованди дарди асабро зиён бирасонанд. Агар ҷӯшонида шаванд, ба ислоҳ оянд. Агар ях аз обҳои бад падид омада бошад ва ё барф аз фурӯдгоҳҳои худ қувваи бегонае ситонида бошад, пас, беҳтар он аст, ки бо онҳо об аз ғайри омехтан хунук карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё