Қонуни тиб

Мисоли ғизои латифи камғизо гулоб, тараҳои андар қивому кайфият муътадил, аз меваҳо себ, анор ва монанди инҳо бувад. Инчунин ҳар яке аз ин бахшҳо мумкин аст бадкимус бошад ва мумкин аст хубкимус. Мисоли [ғизои] латифи серғизои хубкимус зардии хоя, шароб ва оби гӯшт аст. Мисоли [ғизои] латифи камғизои хубкимус коҳу, себ ва анор бошад. Мисоли [ғизои] латифи камғизои бадкимус турб, хардал ва бештари тараҳост. Мисоли [ғизои] латифи серғизои бадкимус [65] шуш ва гӯшти чӯҷаи навбол бошад. Мисоли [ғизои] касифи серғизои хубкимус хояи пухта ва гӯшти гӯсфанди яксола аст. Мисоли [ғизои] касифи серғизои бадкимус гӯшти гов, гӯшти мурғобӣ ва гӯшти асп аст. Мисоли [ғизои] касифи камғизои бадкимус гӯшти хушконида бошад. (98) Ғизои муътадилро ту андар миёни инҳо хоҳӣ ёфт.
Фасли шонздаҳум андар ҳолатҳои обҳо
Бидон, ки об рукне аз рукнҳост ва аз ҷумлаи рукнҳо танҳо он ба таври махсус андар ҷумлаи чизи хӯрдашаванда на аз барои ғизобахшӣ, балки аз барои гузаронидани ғизо ва дуруст кардани қивоми он бидарояд. Мо аз баҳри он «об ғизо намебахшад» гуфтем, ки чизи ғизобахшанда он чизе бошад, ки ба қувват хун аст ва гузашта аз он ба қувват ҷузъе аз андоми инсон бошад. Ҷисми сода, то агар мураккаб нагардад, на ба пазирои сурати хунӣ мубаддал шавад ва на ба пазирои сурати андоми инсон. Лекин об гавҳарест, ки ғизоро андар равон, тунук ва бадрақа шудан ёрӣ расонда, онро андар рагҳо гузаронад, ба сӯи баромадгоҳҳо бибарад ва андар анҷом додани кори ғизо аз ёрии он бениёзӣ набошад.
Сипас обҳо на ба гавҳари обии хеш, балки ба ҳасби он чи ки бо онҳо биомезад ва ба ҳасби кайфиятҳое, ки бар онҳо ғолиб оянд, гуногун бошанд. Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби он чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он ҷой ғолиб набошад. Ё [оби чашмаҳое бошад, ки] аз санг [берун оянд], зеро ин беҳтар буда, уфунати заминӣ напазируфта бошад.
Лекин оне, ки аз гили холис берун ояд, беҳтар аз оне бошад, ки аз санг берун ояд. Ин [оби беҳтар] на ҳар оби чашмаи холис, балки он обест, ки ба замми он равон бошад ва он на ҳар гуна оби равон, балки он оби равоне бошад, ки бар [истиқболи] офтобу бодҳо кушода бошад, зеро инҳо аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки оби равон бо ёрии онҳо фазилат касб кунад. Аммо оби истода бошад, аз кушодагӣ бадие ҳосил кунад, ки бо амиқу пӯшида будан онро касб нахоҳад кард.
Бидон, ки обҳои аз роҳи гилӣ раванда беҳтар аз обҳое бошанд, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг чунин коре нахоҳад кард.
Лекин гиле, ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад, на шӯра ва ғайри он. Агар чунин иттифоқ биафтад, ки ин об бисёр буда, ба шиддат биравад, чизе, ки бо вай биомезад, бисёрии об онро аз табъи хеш бигардонад [ва] равиши он ба сӯи офтоб буда, рӯ ба сӯи офтоббаро, хусусан ба [офтоббарои] тобистонӣ, равон бошад ва хоса агар аз саргаҳи хеш ниҳоят дур шуда бошад, беҳтарин об бувад. Сипас обе [беҳтар] бошад, ки рӯ ба сӯи шимол равон аст. Оби рӯ ба сӯи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст. Обе, ки ба изофаи ин фазилатҳо аз баландӣ фурояд, баргузидатарини ҳама бошад.
Ҳар обе, ки бад-ин сифат бошад, чунон хуш бошад, ки гӯӣ ширин аст. Агар хамр бо он биомезанд, ҷуз миқдори каме аз онро таҳаммул кардан натавонад. Ин [об] сабуксанг буда, ба иллати ковокӣ зуд сард ва гарм бигардад, андар зимистон сарду андар тобистон гарм бошад ва албатта, на таъме ва на бӯе бар вай ғолиб набошад. Аз маҳалли сари паҳлуҳо зуд фуруд ояд, ҳар чӣ ки андар он биҷӯшонанд, зуд ба ҷӯш ояд.
Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад. Вазн гоҳе бо паймонаҳо санҷида шавад ва гоҳе бад-ин тариқ ки ду пора латтаро ва ё ду пора пунбаро, ки вазни ҳар ду баробар бошад, андар ду оби гуногун тар карда, сипас ба дараҷаи расо онҳоро хушк кунанд. Баъд, онҳоро баркашанд. Пас, обе, ки пунбаи он сабуктар аст, беҳтар бошад.
Бухор ва арақкашӣ кардан аз тадбирҳоест, ки бо он оби бадро дуруст кунанд. Агар имконияти он набошад, ҷӯшонданро ба кор бибаранд, зеро оби ҷӯшонида, чунонки донишмандон бар он гувоҳӣ додаанд, камтар дамиш оварад ва зудтар фурӯ равад. Пизишкони нодон чунин гумон доранд, ки оби ҷӯшонидаро бахши латифаш бухор шуда, бахши ғализаш боқӣ бимонад ва ҷӯшонидан бефоида бошад, чунки обро аз он ситабрӣ бештар бигардад. Лекин бояд донист, ки бахшҳои об андар ҳадди обияти хеш аз ҷиҳати ситабрию тунукӣ яксонанд, аз баҳри он ки [унсури] содаи ғайри мураккаб аст. Лекин об ё ба фишор овардани кайфияти сармо бар вай ситабр бигардад, ё бо бисёр омехта шуданаш бо ҷузъҳои хокие, ки онҳо ба иллати ниҳоят хурд будан наметавонанд аз об ҷудо шуда, тагшин бигарданд, аз баҳри он ки хурдии онҳо на ба андозаест, то битавонанд пайвастагии обро чок кунанд ва андар зери он бинишинанд. Ин [ҳол] чунин зарурат ба миён меоварад, ки бояд гавҳари обро аз барои онҳо омехтагие падид ояд.
Баъд, ҷӯшонидан нахуст зичиеро бибарад, ки аз сардӣ ба амал омадааст ва сипас ҷузъҳои обро сахт ковок ва ҳатто онро андар қивом тунуктар созад ва имконият диҳад, ки ҷузъҳои вазнини хокии (99) андар зичии об нигоҳ дошташуда аз об ҷудо бигарданд. Онҳо ҳангоми тагшин шудан обро чок карда, бо тагшин шудан аз об ҷудо гарданд ва об ҳамчун оби холиси наздик ба оби сода боқӣ бимонад.
Он чи ки аз роҳи бухор ҷудо бигардад, ба он чи ки боқӣ мондааст, ҳамҷинс буда, аз он фарқ надорад, аз баҳри он ки об ҳар гоҳ аз омехтагӣ пок шавад, ҷузъҳои он андар латофат яксон бошанд ва бухоршудаи онро бар боқимондааш фазли бештаре нахоҳад буд.
Пас, ҷӯшонидан обро аз роҳи бартараф кардани зичии сармо ва тагшин сохтани омехтаҳои он латиф созад. Гувоҳӣ бар он чунин бошад, ки ҳар гоҳ ту обҳои ситабрро муддати зиёде нигоҳ дорӣ, чизи қобили мулоҳазае аз онҳо тагшин нагардад, вале ҳар гоҳ онҳоро биҷӯшонӣ, зуд чизи бисёре тагшин гардида, оби боқимонда сабуквазну равшан бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё