Қонуни тиб

Мо гоҳе бо ин қувва чизи дигареро дар назар дорем ва он чунин аст, ки «қувва» ба маънои хубии истеъдод бошад. Чунончи, мо гӯем: «Гӯгирд билқувва гарм аст». Гоҳе мо бо «фалон чиз гарм аст» ва ё «фалон чиз сард аст»,– гуфтанамон бештар диққати хешро ба омезиши аввалии рукнҳои он равона кунем, ки андар мизоҷи он чиз ғолибтар аст, вале ба кора кардани баданамон андар он диққат надиҳем. Гоҳе агар «қувва» ба маънои малака бошад, доруро гӯем, ки «он билқувва чунон аст», чунончи, бар навиштан тавоно будани нависандае, ки тарки нависандагӣ кардааст, чунин бошад. Масалан, мо гӯем, ки «беш билқувва табаҳкор аст».
Фарқ миёни ин ва аввала андар он аст, ки аввала то даме ки тан онро ба таври намоён тағйир надиҳад, ба феъл наояд ва ин бошад, ё чун заҳри афъӣ ба муҷарради дучор омадан ба феъл ояд ва ё чун беш ба андак дигаргун шудани кайфияти худ [ба феъл ояд]. Миёни қувваи якум ва қуввае, ки ёдаш кардем, қувваи миёнаест, ки он мисли қувваи доруҳои заҳрист.
Сипас мо гӯем: барои доруҳо чаҳор дараҷа муқаррар шудааст: дараҷаи якум ин, ки ба кайфият кора кардани [доруи] фурӯбурда андар тан ба кора кардане бошад ғайри ҳисшаванда. Масалан, он ба тавре гарм кунад ва ё сард намояд, ки то такрор наёбад ва бисёр иҷро нашавад, на дониста шавад ва на ҳис карда; дараҷаи дуввум ин, ки феъл аз он қавитар бошад, вале ба дараҷае нарасад, ки ба феълҳои [тан] ошкоро зиён бирасонад ва равиши табиии онҳоро дигаргун бисозад, магар ба араз ва магар ҳангоме ки такрор ёбад ва ё бисёр бигардад; дараҷаи севвум ин, ки феъли онҳо зотан муҷиби зиёни ошкоро гардад, вале на ба дараҷае, ки табаҳ намуда, ба ҳалокат бирасонад; дараҷаи чаҳорум ин, ки [феъли онҳо] ба ҳадде бирасад, ки ҳалок бикунад ва фасод намояд. Ин хосияти доруҳои заҳрӣ бувад ва он чизе бошад, ки ба кайфият аст. Аммо чизе, ки бо ҷумлаи гавҳари хеш ҳалоккунанда аст, [худи] заҳр бувад.
Мо аз сар бигӯем, ки ҳамаи он чи ки бар тан ворид бигардад ва миёни ӯву [тан] феълу инфиол ба амал оянд, ё аз тан дигаргун бигардад, вале онро дигаргун насозад, ё аз тан дигаргун бигардад ва худ онро дигаргун созад ва ё аз тан дигаргун нагардад. Оне, ки аз тан дигаргун бигардад, вале онро ба қадре, ки бояд, дигаргун насозад, ё монанди тан бигардад ва ё монанди он нагардад. Оне, ки монанди тан бигардад, ба таври мутлақ ғизо бошад ва оне, ки монанд нашавад, доруи муътадил бувад. Оне, ки аз тан дигаргун шавад ва худ онро дигаргун бисозад, берун аз ин ду ҳол нест: ё ҳамчуноне, ки аз тан бигардад, баданро бигардонад ва сипас ба охири кор аз бадан бигардад ва танро бигардонданаш бекор шавад; ё чунин набошад, балки вай ҳамон чизе бошад, ки ба охири кор танро бигардонад ва онро табаҳ созад. Бахши якум ё ба тавре бигардад, ки ба тан монанд шавад ва ё ба тавре бигардад, ки бад-он монанд нагардад. Агар он монанд бигардад, пас ғизои доругӣ бошад ва агар монанд нагардад, доруи мутлақ бошад. Бахши дуввум доруи заҳрӣ бувад.
Аммо он чи ки, албатта, аз тан дигаргун нашавад, вале танро бигардонад, заҳри мутлақ аст. Муроди мо аз гуфтани «вай аз тан дигаргун нашавад» ин нест, ки (97) вай андар бадан аз феъли гармии модарзодии он гарм намешуда бошад, чи бештари заҳрҳо то аз феъли гармии модарзодӣ андар тан гарм нашаванд, баданро таъсир накунанд, лекин мо чунин хостаем, ки сурати табиии он набигардад, балки ҳамеша кора кунад ва қуввату сурати [он] то фосид шудани тан бимонад.
Табиати баъзеи ин гоҳе чун заҳри афъӣ ва беш гарм бошад ва табиати ӯ хосияти ӯро андар таҳлил кардани рӯҳ ёрӣ диҳад. Баъзеро табиат сард бошад, чун заҳри каждум ва шавкарон ва табиати ӯ андар ях бандондани рӯҳ ва нотавон кардани он хосияти ӯро ёрӣ диҳад.
Ҳамаи он чи ки ғизо бишавад, мумкин аст андар поёни кор андар тан дигаргунии табиӣ падид оварад ва он гармсозӣ бувад. Чунки ҳар гоҳ он хун бигардад, ночор гармсозиро фузунтар намояд. Ҳатто коҳу ва каду ҳам боиси ҳамин гуна гармсозӣ бигарданд. Вале мо бо «дигаргунӣ» ин гармсозиро дар назар надорем, балки он чизеро хоста бошем, ки аз кайфияти чиз ба амал омадааст ва навъи он боқист. Доруи ғизоӣ аз таъсири тан ҳам ба гавҳар ва ҳам ба кайфият дигаргун бигардад. Аз ҷумла чизе бошад, ки чун сир нахуст ба гармӣ мубаддал гашта, [танро] гарм намояд ва чизе бошад, ки чун коҳу нахуст ба сардӣ мубаддал гашта, сард намояд. Ҳар гоҳ ки ба хун табдил шудан пурра ба анҷом бирасад, бештари феълаш аз роҳи афзун сохтани хун гарм намудан бошад. Чӣ гуна гарм насозад, ки ба чизи гарм табдил гардида, аз сардии худ берун рафтааст. Лекин низ мумкин аст баъд аз дигаргун шудан андар гавҳар ҳамроҳи ҳар як аз ин ду миқдоре кайфияти модарзодии [онҳо] боқӣ монад. Андар хуне, ки аз коҳу падид омадааст, як миқдор сардиоварӣ ва андар хуне, ки аз сир ба амал омадааст, як миқдор гармсозӣ боқӣ бимонад, вале то як муддати муайян.
Аммо доруҳои ғизоӣ бошанд, баъзеяшон ба дору будан наздиканд ва баъзеяшон ба ғизо будан, чунонки худи ғизоҳо ҳам як қисм табиатан ба гавҳари хун наздик аст, мисли шароб, зардии хояи мурғ ва оби гӯшт, як қисм каме аз он дуртар аст, мисли нон ва гӯшт ва як қисм ниҳоят дур аст, мисли ғизоҳои доругӣ.
Мо гӯем: ғизо ҳоли танро ба кайфият ва камияти хеш бигардонад. Аммо гардонидани ба кайфият бошад, дониста шуд. Гардонидани ба камият бошад, ё ба фузунист ва он нахуст боиси хом мондан ва суддаҳо гашта, сипас гандагӣ оварад ва ё ба костист, ки он лоғарӣ хоҳад овард. Бешӣ андар камияти ғизо ҳамеша боиси сардист, вале агар аз он андар [тан] гандидан ба амал ояд, боиси гармӣ бигардад, зеро гандидан, чунонки аз гармии бегона ба амал ояд, ҳамчунин худ низ боиси падид омадани гармии бегона бигардад.
Мо низ гӯем: баъзеи ғизо латиф, баъзе касиф ва баъзе муътадил бошад. Ғизои латф онест, ки аз вай хуни тунук бизояд ва ғизои касиф онест, ки аз вай хуни ситабр падид ояд. Ҳар як аз ин бахшҳо ё серғизост ё камғизо. Мисоли ғизои латифи серғизо шароб, оби гӯшт, зардии хояи гармкардашуда ва ё нимбиришт бувад, ки ҳамаи инҳо серғизоянд, зеро бештари гавҳари онҳо ба ғизо мубаддал бигардад. Мисоли ғизои касифи камғизо панир, гӯшти хушконида (қадид), бодинҷон ва ба ҳаминҳо монанд бувад. Чизе, ки аз инҳо ба хун мубаддал гардад, кам аст. Мисоли ғизои касифи серғизо хояи андар об пухта ва гӯшти гов бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё