Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хафагӣ (ихтиноқ) ва ҳалшавӣ, ки ҳар ду ёд шудаанд, ҳамеша натиҷаи он [ҳаракате] бошанд, ки якбора ба амал ояд. Аммо коҳишу пажмурдагии [гармии] модарзодӣ ҳамеша натиҷаи он [ҳаракате] бошанд, ки кам-кам сурат бигирад. Яъне аз «коҳиш» манзурам хафагии тадриҷиест, ки баҳра-баҳра ба амал ояд, на якбора ва аз «пажмурдагии [гармии] модарзодӣ» манзурам ҳалшавии андак-андак аст, на якбора.
Гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки агар як оризро ду ориз лозим бошанд, [рӯҳ] андар як вақт ба ду сӯй ҳаракат кунад.
Масалан, андӯҳро мумкин аст, ки ҳамроҳаш хашм ва ҳузн ориз бигарданд ва аз ин ду ҳаракати гуногун ба амал оянд.
[Ё] масалан, шарм доштан мумкин аст, ки нахуст ба сӯи дарун қабз кунад ва сипас ақлу андеша баргашта, чизи қабзшуда кушода бигардад ва [шарм] ба берун зада, рангро сурх кунад.
Гоҳе тан аз ҳайатҳои нафсоние мутаассир шавад, ки ғайри чизҳои ёдкардаамон бошанд. Масалан, тасаввуроти нафсоние, ки ҳолатҳои табииро бедор кунанд. Чунончи, гоҳе чунин рӯй диҳад: навзод касеро монад, ки ҳангоми ҷимоъ сурати ӯро ба хаёл оварда бошанд ва рангаш ба ранги чизе наздикӣ дошта бошад, ки чашм ҳангоми рехтани манӣ бад-он биафтад. Ин чизҳоест, ки мумкин аст касони бар ҳолатҳои номаълуми ҳастӣ огоҳӣ надошта аз пазируфтани онҳо ҳазар кунанд. Аммо онҳое, ки ғаввоси [дарёи] маърифатанд, ин чизҳоро на ҳамчун чизе инкор кунанд, ки вуҷудаш раво нест. Аз ҳамин қабил агар каси қобили ба ҷӯш омадани хун ба чизҳои сурхранг бештар тааммул ва назар кунад, хунаш ба ҳаракат ояд. Кунд шудани дандонҳо аз чизи туруш хӯрдани дигарон ва аз тарс ба дард омадани андоме, ки мисли он андар каси дигар ба дард омадааст, аз ҳамин бобанд. Аз ҳамин боб [низ] чунин бошад, ки ба сабаби тасаввур намудани он чи ки бимнок нест ва ё он чи ки хурсандиовар, мизоҷ бигардад.
Фасли понздаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби он чи, ки хӯрда ва ошомида шавад

Он чи, ки хӯрда ва ошомида мешавад, аз се ҷиҳат андар тани инсон кора кунад: як кор фақат ба кайфияти хеш, як кор ба унсури хеш ва як кор ба тамоми гавҳари хеш. Шояд мафҳумҳои ин лафзҳо ба ҳасби истифодаи маъмулии забонӣ ба ҳам наздик бошанд, вале мо онҳоро истилоҳан ба маъниҳое ба кор бибарем, ки ҳоло бад-онҳо ишора хоҳем кард.
Аммо оне, ки кор ба кайфият кунад, кораш ин бошад, ки ҳар гоҳ андар бадани инсон ҳосил шавад, ё гарм бигардад, ё сард ва бинобар ин, аз ғайри ҳамранги тан гардидан бо гармии худ [танро] гарм ва бо сардии худ сард кунад.
Аммо оне, ки кор ба унсури хеш кунад, ба тавре шавад, ки аз тибоъи хеш бигардад ва сурати пораи андоме аз андомҳои инсонро бипазирад, вале баробари сурати онро пазируфтанаш гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки андар унсури он ба ибтидои кор то ҳангоми пурра баста шудану монанд гаштан бақияе аз кайфиятҳои он боқӣ бимонад, ки андар боби хеш аз кайфиятҳои бадани инсон сахттаранд. Масалан, хуни аз коҳу тавлид гардидаро сардие ёр бошад, ки аз сардии мизоҷи инсон бештар аст, ҳарчанд ки [коҳу] хун гашта, ба

лахте аз андоми инсон будан сазовор гаштааст. Хуни аз сирпиёз тавлидгашта бар хилофи он бувад.
Аммо оне, ки кор ба гавҳари хеш кунад, аз ғайри монанд гаштан ба тан ва ё баробари монанд гаштан ба тан ба сурати навъии хеш, ки бо он ин ҳамон аст, на ба кайфияти хеш, кор кунад. Манзури ман аз «кайфият» яке аз кайфиятҳои чаҳоргона бувад.
Пас, оне, ки кор ба кайфият кунад, моддаашро андар феъл дахле нест. Оне, ки кор ба унсур кунад, ҳамон чизе бошад, ки ҳар гоҳ унсури он ба муҷиби қуввае аз тан аз гавҳари хеш бигардад, нахуст ҷои он чизеро бигирад, ки ба таҳлил рафта бошад, дуввум аз роҳи афзудани хун гармии модарзодиро афрӯхтатар намояд ва севвум гоҳе низ кор ба кайфияте кунад, ки андар он боқист.
Оне, ки кор ба гавҳари хеш кунад, чизе бошад, ки кор ба сурати навъии хеш бикунад. [Ин сурат] баъд аз омезише ҳосил шуда бошад, ки чун [унсурҳои] содаи он ба ҳам омехта, аз онҳо чизи ягона падид омад, ӯ омодаи пазируфтани навъ ва сурати зиёда бар сурати [унсурҳои] сода бигардад. Ин сурат на он кайфиятҳои аввалиест, ки унсурро бошанд ва на мизоҷест, ки аз онҳо пайдо шуда бошад, балки камолест, ки унсурро ба ҳасби истеъдод ҳосил шуда [ва ин истеъдод] вайро аз омезиш ба амал омада бошад. Масалан, қувваи кашанда андар мағнотис ва табиати ҳар навъе аз навъҳои растанию ҳайвон, ки баъд аз омезиш ба тавассути омода сохтани мизоҷ ҳосил карда шудааст, чунин бошанд. [Ин қувва] на аз [унсурҳои] содаи мизоҷ аст ва на худи мизоҷ, чунки на гармӣ, на сардӣ, на тарӣ ва на хушкӣ на [унсури] сода аст ва на омехта, балки он, масалан, ранге, ё бӯе, ё нафсе ва ё сурате дигар аст, (96) ки аз ҷумлаи маҳсусот нест.
Ин сурат, ки пас аз омезиш ҳосил шудааст, агар қувваи корпазирӣ бошад, чунин иттифоқ афтад, ки камолаш корпазир гаштан аз ғайр бошад ва агар ин сурат қувваи кор кардан андар ғайр бошад, чунин иттифоқ афтад, ки камолаш кор кардан андар ғайр бошад. Ҳар гоҳ он коркунанда андар ғайр бошад, мумкин аст чунин иттифоқ афтад, ки кор карданаш андар бадани инсон бошад ва мумкин аст чунин иттифоқ наафтад. Агар он қуввае бошад, ки ба сурати навъӣ андар бадани инсон кор кунад, пас мумкин аст чунин иттифоқ афтад, ки кори мувофиқеро кунад ва мумкин аст чунин иттифоқ афтад, ки кори ғайри мувофиқеро кунад. Маҷмӯи ин кор коре бошад, ки масдари он на аз мизоҷи он, балки аз сурати навъии он бошад, ки пас аз омезиш падид омадааст. Бад-ин сабаб онро «кор кардан ба ҷумлаи гавҳар» хонанд, яъне ба сурати навъӣ, на ба кайфият, ё амиқтараш на ба кайфиятҳои чаҳоргона ва [на] ба он чи ки аз онҳо омехтааст. Мисоли кори мувофиқ таъсири фовониё, яъне уди салиб, андар бекор сохтани саръ бувад ва мисоли кори номувофиқ [таъсири] қувваи беш аст, ки он гавҳари инсонро табаҳ созад.
Акнун аз сар баргашта, бигӯем: ҳар гоҳ мо чизи тановулшаванда ва ё молиданиро «гарм» ва ё «сард» гӯем, манзури мо он бошад, ки вай ба қувват, на ба феъл чунин аст, яъне мо гуфтанӣ ҳастем, ки он ба қувват гармтар ва ё сардтар аз баданҳои мост. Манзури мо аз ин қувва қувваест, ки [64] ҳангоми кора кардани гармии баданҳои мо андар он ба эътибор гирифта шавад. Ба ин тариқ ки агар бардорандаи он [қувва] аз гармии модарзодии мо мутаассир бигардад, андар вай ин [низ] билфеъл падид ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ