Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд ҳоли мардумони шаҳрро донист, ки андар тандурустӣ ва бемориҳо чӣ гунаанд ва кадом бемориҳо эшонро одат шудааст. Бояд қувва, иштиҳо, ғизо гуворидан ва ҷинси ғизоҳои эшонро донист. Бояд ҳоли биноҳои эшонро шинохт, ки оё он фарохи кушода аст ва ё даромадгоҳаш тангу гузаргоҳаш пӯшида. Сипас, бояд равзанҳову дарҳо аз сӯи шарқу шимол гузошта шаванд ва эътимод бад-он бошад, ки бодҳои шарқӣ имконияти аз даромадгоҳҳои биноҳо [даромадан дошта бошанд] ва офтоб имконият дошта бошад, ки ба ҳар мавзее аз онҳо бирасад, зеро он дурусткунандаи ҳаво бувад. Ҳамсоягӣ бо обҳои хуш, хуб, равон, жарф ва поке, ки бар хилофи обҳои зеризаминӣ зимистон сарду тобистон гарманд, кори хуб ва судманд аст.
Мо андар баёни ҳаво ва бошишгоҳҳо ба таври муфассал сухан рондем ва акнун моро лозим аст андар сабабҳое гуфтугӯ кунем, ки аз паси онҳо оянд ва ҳамроҳи онҳо ҳисобида шудаанд.
Фасли дувоздаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби ҳаракату оромӣ буванд

Ҳаракат андар тани инсон аз рӯи сахтию сустӣ, камию бешӣ ва омехта будан бо оромӣ, ки ин [оромӣ] ба наздики ҳакимон ба сари худ як бахшро ташкил диҳад ва аз рӯи он чи аз моддаҳо, ки аз паси он ояд, гуногунфеъл бувад. Ҳаракатҳои сахт, бисёр, кам ва омехта бо оромӣ андар афрӯхтани гармӣ иштирок доранд, вале ҳаракати сахти ғайри бисёр аз ҳаракати бисёри (94) ғайри сахт ва аз ҳаракати бисёри омехта бо оромӣ фарқ дорад. Вай танро бисёр гарм кунад ва агарчи кам ҳам бошад, боиси таҳлил бигардад. Аммо ҳаракати бисёр бошад, илова ба гарм кардан ба оҳистагӣ ҳал кунад. Агар ҳар яке аз ин ду ба ифрот бирасад, ба сабаби аз ҳад беш ҳал кардани гармии модарзодӣ сардӣ ва низ хушкӣ хоҳад овард. Агар [ҳаракат] моддаро фаро гирад, бошад ки модда феълеро иҷро кунад, ки ба феъли [ҳаракат] ёрӣ расонад ва бошад, ки феълеро иҷро кунад, ки боиси коҳиши феъли [ҳаракат] бигардад. Масалан, агар ҳаракат чун ҳаракати пешаи гозурон бошад, онро чунин рӯй диҳад, ки сардӣ ва рутубат орад ва агар ҳаракат мисли ҳаракати пешаи оҳангарон бошад, чунин рӯй бидиҳад, ки гармӣ ва хушкии изофие ба амал оварад.
Аммо оромӣ ба сабаби гум шудани баландшавии гармии модарзодӣ ва иҳтиқони хафакунанда ҳамеша боиси сардӣ ва ба сабаби аз байн рафтани таҳлили фазлаҳо боиси тарӣ бигардад.
Фасли сенздаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби хоб ва бедорӣ буванд

Хоб ба оромӣ ва бедорӣ ба ҳаракат сахт монанданд, вале ин ҳар дуро ба ғайр аз ин хосиятҳоест, ки бояд ба эътибор гирифта шаванд.
Мо гӯем: Хоб ҳамаи қувваҳои табииро қувват диҳад, аз баҳри он ки гармии модарзодиро андарун боз дорад; қувваҳои нафсониро нотавон кунад, аз баҳри он ки гузаргоҳҳои рӯҳи нафсониро тар ва нотавон созад; ва гавҳари рӯҳро тира кунад, аз баҳри он ки он чиро, ки ҳал шавад, боз

дорад. Лекин он гунаҳои мондагиро бибарад ва истифроғоти ба ифротро боз дорад, зеро ҳаракат ба ҷуз он моддаҳое, ки андар ноҳияи пӯстанд, дигар пазирандагони равониро бештар равонӣ бахшад. Хоб гоҳе онҳоро бад-он сабаб биронад, ки гармиро андарун боз дошта, ғизоро андар тан пароканда кунад ва он чи ки наздик ба пӯст аст, ба ёрии боз доштани чизи аз пасаш буда ронда шавад. Лекин бедорӣ андар ин кор расотар буда, хоб назар ба бедорӣ бештар арақ оварад. Ин бад-он сабаб бошад, ки арақ овардани он аз роҳи бар модда муставлӣ шудан аст, на аз роҳи таҳлили оҳистаи пайваста. Ҳар кӣ андар хоб бисёр арақ кунад ва онро ягон сабаби дигаре набошад, пас, нишон он бошад, ки ғизо беш аз тоқат хӯрдааст. Агар хоб бо моддае рост ояд, ки пазирои гуворишу пухтан аст, онро ба табиати хун гардонида, гармаш созад ва гармиро андар тан пароканда намуда, танро ба таври гармии модарзодӣ гарм намояд. Агар хоб бо хилтҳои гарми сафровӣ дучор ояд ва дер давом кунад, танро ба таври гармии бегона гарм кунад. Агар бо хало рӯ ба рӯ шавад, бо ёрии он чи ки ҳал бикунад, [онро] сард созад ва ё агар бо хилте [дучор ояд], ки аз қувваи гуворанда рӯй гардондааст, онро аз роҳи пароканда намудан сард намояд.
Бедорӣ корҳоеро бикунад, ки зидди ҳамаи инҳост, лекин агар ба ифрот бирасад, мизоҷи мағзро табаҳ сохта, ба сӯи гунае аз хушкӣ бикашонад ва заифаш кунад ва саранҷом шӯридаақлӣ оварад. Он хилтҳоро бисӯзонад ва бинобар ин бемориҳои тез ба амал оварад.
Хоби ба ифрот зидди онро падид оварад ва боиси кундии қувваҳои нафсонӣ, гаронии мағз ва бемориҳои сард бигардад. Ин бад-он сабаб бошад, ки аз таҳлил боз дорад.
Бедорхобӣ иштиҳо физояд ва аз [63] тариқи ба таҳлил бурдани модда гуруснагӣ оварад ва аз тариқи ба таҳлил бурдани қувва гувориданро коҳиш бидиҳад. Паҳлу гаштан андар ҷои хоб миёни бедорӣ ва хоб бадтарини ҳамаи ҳолатҳост.
Аксар ҳолати хоб ин аст, ки ҳангоми он гармӣ ба андарун биравад ва сардӣ зоҳир бигардад. Бад-ин сабаб [мардуми хоб] ба пӯшонидани ҳамаи андомҳои худ чунон эҳтиёҷ доранд, ки бедорон бад-он эҳтиёҷ надоранд. Оид ба аҳкоми хоб ва ҳар чи ки аз хоб ва ҳолатҳои он донистанист, андар китобҳои оянда гуфтори бештаре хоҳӣ дарёфт.
Фасли чаҳордаҳум андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби ҳаракатҳои нафсонӣ буванд

Ҳамаи рӯйдодҳои нафсониро ҳаракатҳои рӯҳ, чи ба берун ва чи ба дарун, мутобиат кунанд ва ё онҳоро ҳамроҳӣ намоянд. Ин ё якбора ба амал ояд ва ё андак-андак. Аз паси ҳаракати [рӯҳ] ба берун сардии дарун ба амал ояд. Ин гоҳе ба ифрот расида, [рӯҳ] якбора ҳал шавад ва даруну берун сард гардида, аз паси он беҳушӣ ва ё марг рӯй диҳад.
Ҳаракати рӯҳ ба сӯи дарун боиси сардии берун ва гармии дарун бигардад ва гоҳе аз ниҳоят ҷамъ шудан рӯҳ дамгир шуда, беруну дарун сард бигарданд ва ин боиси беҳушии азим ва ё марг шавад.
Ҳаракат ба берун ё якборааст, чунонки ҳангоми хашм чунин бошад ва ё пай дар пай, чунонки ҳангоми лаззат ёфтан ва ҳангоми хурсандии муътадил чунин бошад. (95) Ҳаракат ба дарун [низ] ё якборааст, чунонки ҳангоми тарс чунин бошад ва ё пай дар пай, чунонки ҳангоми андӯҳ чунин аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ