Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар бошишгоҳҳои наздидарёӣ: Ин гуна шаҳрҳоро гармӣ ва сардӣ ба эътидол буванд, аз баҳри он ки рутубати онҳо бар мутаассиршавӣ ва қабули он чизе муқовимат кунад, ки андар он нуфуз хоҳад кард. Аммо аз ҷиҳати тарӣ ва хушкӣ бошад, ин ҷойҳо ночор ба тарӣ бигароянд. Агар ин [бошишгоҳҳо] шимолӣ бошанд, наздикӣ ба дарё ва пастӣ онҳоро муътадил бигардонанд. Агар ҷанубии гарм бошанд, баръакс хоҳад буд.
Андар бошишгоҳҳои шимолӣ: Ин бошишгоҳҳо андар ҳукми шаҳрҳо ва фаслҳои сардеанд, ки андар онҳо бемориҳои иҳтиқон ва фишурдашавӣ беш бошанд ва хилтҳо андар ботин ҷамъ шуда зиёд бигарданд. Ба муқтазои ин [бошишгоҳҳо] бояд гуворидани таом хуб ва умр дароз бошад.
Андар миёни ин мардумон ба сабаби бисёр пурхунӣ ва кам ҳал шудан, ки [аз он] рагҳо шикофта бигарданд, аксар вақт хуни бинӣ рӯй диҳад. Аммо эшонро саръ ориз нахоҳад гашт, бад-ин сабаб, ки ботини эшон дуруст ва гармии модарзодияшон фаровон бувад. Агар [саръ] ориз шавад, қавӣ бошад, зеро он ҷуз ба миёнҷии сабаби қавие ориз нагардад.
Решҳо андар тани эшон бад-он сабаб зуд шифо ёбанд, ки қавӣ бошанд ва хунҳояшон хуб буванд ва [низ] бад-он сабаб бошанд, ки аз берун ягон сабабе нест, то [решҳоро] суст намуда нарм созад. Ба сабаби сахт гарм будани дилҳояшон эшонро хӯи даррандагист. Занҳои эшонро чунин бошад, ки аз хуни ҳайз ба таври пурра пок нашаванд, зеро хуни ҳайзи эшон ба таври кофӣ сайлон нахоҳад кард ва ин бад-он сабаб бошад, ки гузаргоҳҳо фишурда буванд ва чизе нест, ки сайлон намуда, онҳоро ковок намояд. Бинобар он, чунон ки гӯянд, андар миёни эшон занони нозо [зиёд] бошанд, зеро заҳдонҳояшон пок нестанд.
Ин хилофи он чизе бошад, ки ҳолати шаҳрҳои турк бар он гувоҳӣ диҳад. Балки ман гӯям, ки шиддат ёфтани гармии модарзодии [занони] эшон ҷои он камбудиеро бигирад, ки аз набудани сабабҳои берунаи ҷорикунандаю ковокнамоянда ба амал омадааст. Гӯянд, ки онҳоро бача партофтан кам рӯй диҳад. Ин далели дурусте бар он бошад, ки қувваҳо андар бошандагони ин ноҳия қавист. Зоидан эшонро ба сахтӣ бианҷомад, зеро андомҳои зоиши эшон ба ҳам часпида ва бастаанд. Аксар вақт ки бача партоянд, ба иллати сармо бача партоянд. Шири эшон ба сабаби сармое, ки аз рехтану сайлон боз дорад, кам ва ситабр бувад. Андар ин шарҳо хусусан камқувватонро аз қабили занон кузоз ва сил ориз бигарданд. Хусусан занонеро, ки зоёанд, аксар вақт барои он сил ва кузоз ориз бигарданд, ки эшонро ба иллати душвории зоиш хунравии сахт ба амал ояд ва рагҳои атрофи сина ва бахшҳое аз асаб ва лиф бишикофанд. Саранҷом аз якумӣ сил ва аз дуввумӣ кузоз падид оянд. Мароқи шиками эшон ҳангоми сахтии [зоиш] мавриди кафидан қарор бигирад.
Кӯдаконро истисқои обии хоя рӯй диҳад ва баробари бузург шудан аз миён биравад. Духтаронро андар шикам ва заҳдон об падид ояд ва баробари бузург гардидан нест шавад. Омоси чашм эшонро ба нудрат ориз бигардад ва агар ориз бигардад, сахт бувад.
Андар бошишгоҳҳои ҷанубӣ: Ҳукмҳои бошишгоҳҳои ҷанубӣ чун ҳукмҳои шаҳрҳо ва фаслҳои гарм буванд. Бештари обҳои онҳо шӯр ва дорои гӯгирданд. Сарҳои бошандагони ин [ҷойҳо] аз моддаҳои тар пуранд, бад-он сабаб, ки кори ҷануб чунин бошад. Шикамҳои эшон (93) аз сабаби он чи ки ноилоҷ аз сарҳояшон ба сӯи меъда бирезад, ҳамеша андар рафтан буванд. Эшон нотавонандом ва фурӯҳиштаандом бошанд, ҳисҳояшон кунду иштиҳояшон ба хӯрдану ошомидан [62] низ нотавон бошад. Хумори эшон аз шароб ба иллати нотавонии сар ва меъдаи хеш бузург бувад. Решҳои эшон ба сахтӣ беҳ шаванд ва нарм бошанд.
Андар ин ҷойҳо занонро [хуни] ҳайз зиёд биравад ва ҷуз ба душворӣ обистан нашаванд. Аксар вақт [занон] ба сабаби бисёрии беморӣ, на ба дигар сабаб, бача партоянд. Мардон ба шикамрави хунӣ, бавосир ва омоси тари зуд ҳалшавандаи чашм гирифтор оянд. Думӯягон ва касоне, ки аз панҷоҳ гузаштаанд, ба сабаби назлаҳои хеш ба фалаҷ гирифтор шаванд. Умуми эшонро ба сабаби пурии сар дамкӯтоҳӣ, тамаддуд ва саръ падид оянд. Эшонро табҳое, ки андар онҳо гарму сард гирд оянд ва табҳои дарозмуддати зимистонӣ ва шабонгоҳӣ рӯй диҳанд. Андар миёни эшон ба сабаби зиёдии шикамравӣ ва ҳал шудани бахши латифи хилтҳо табҳои гарм кам буванд.
Андар бошишгоҳҳои шарқӣ: Шаҳре, ки аз сӯи машриқ кушода ва рӯ ба он дорад, [шаҳри] дуруст [ва] хушҳаво бошад. Офтоб ба аввали рӯз ба он партав афканда, ҳавои он ҷойро мусаффо кунад ва сипас аз он ҷо ҳангоме дур шавад, ки [ҳаворо] соф намуда бошад. Бар [бошандагони] он бодҳои латифе вазад, ки онҳоро офтоб ба сӯи [ин мардумон] фиристад ва худ аз паси онҳо омада, бо ҳамин ҳаракатҳои ҳар ду муттафиқ бувад.
Андар бошишгоҳҳои ғарбӣ: Шаҳре, ки аз сӯи мағриб кушода ва аз сӯи машриқ пӯшидааст, офтоб то муддате бадон ҷой намерасад ва ҳамин ки расид, ба дур шудан аз он ҷой сар кунад, на ба наздик шудан. Ҳавои он ҷойро на латиф гардонад ва на хушк, балки онро тари ситабр хоҳад гузошт. Агар офтоб ба ин шаҳр бодҳоро бифиристад, ба ҳангоми шаб бодҳои ғарбиро бифиристад. Пас, ҳукмҳои ин [ҷойҳо] чун ҳукмҳои шаҳрҳои тармизоҷ [ва] гармияшон муътадилу [ҳавояшон] ситабр буванд. Агар он миқдор аз зичии ҳаво, ки ба амал меояд, намебуд, [табиати ҳавои] онҳо ба табиати баҳор монандӣ медошт. Лекин [шаҳри ғарбӣ] андар дурустии ҳаво аз шаҳрҳои шарқӣ хеле паст биистад ва набояд ба гуфтаи касе эътибор дод, ки ба таври мутлақ таъкид кунад: «Қуввати ин шаҳрҳо чун қуввати баҳор аст». Балки онҳо андар қиёс ба шаҳрҳои дигар хеле хуб бошанд. Аз чизҳои накӯҳидаи онҳо ин аст, ки офтоб бадон ҷойҳо ҳангоме бирасад, ки ба сабаби баланд буданаш бар гарм кардани иқлим муставлӣ гардидааст ва бинобар он баъд аз сармои шаб бар рӯи он [шаҳрҳо] якбора тулӯъ хоҳад кард. Ба иллати тарии мизоҷҳои ҳавои онҳо ва хусусан андар хазон ба иллати назла овозҳои бошандагони [ин шаҳрҳо] хаста бувад.
Андар ихтиёр кардани бошишгоҳҳо ва таҳияи онҳо:
Ҳар ки бошишгоҳ ихтиёр кунад, бояд бидонад: хоки замин ва ҳолати он андар баландиву пастӣ ва кушодагиву пӯшидагӣ чӣ гуна аст; оби он, гавҳари оби он ва ҳолати баромад, кушодагӣ, пинҳонӣ ва пастии он [об] чӣ гуна аст; оё ин [ҷой] шамолрас ҳаст ва ё андар замин фурӯрафта бувад. Бояд бодҳои онро бидонад, ки оё дурусту сард ҳастанд ва чӣ гуна дарёҳову нишебиҳо ва кӯҳҳову маъданҳо андар ҳамсоягӣ дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ