Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳавои тар барои бештари мизоҷҳо дуруст ва созгор аст, рангу пӯстро некӯ ва пӯстро нарм созад ва (91) масомро кушода дорад, вале он [хилтҳоро] барои гандидан омода созад. Ҳавои хушк бар хилофи он бувад.
Фасли даҳум гуфтор андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби бодҳо буванд

Мо ҳолатҳои бодҳоро андар боби дигаргуниҳои ҳаво то андозае ёд кардем, вале ҳоло мо мехоҳем як гуфтори ҷомее ба тартиби дигар андар баёни онҳо биоварем ва аз шимол оғоз намоем.
[Андар бодҳои шимолӣ]: Боди шимолӣ нерӯманд бигардонад ва матинӣ бахшад. Он таровиши зоҳириро боз дорад, масомро бандад, таом гувориданро қавӣ гардонад, шикамро бандад, пешобро фаровон созад ва ҳавои гандаи вабоиро дуруст намояд. Ҳар гоҳ боди ҷанубӣ пеш аз шимолӣ ояд ва боди шимолӣ аз паси он вазад, аз боди ҷанубӣ сайлон [ба зоҳир] падид ояд ва аз боди шимолӣ фишурдашавӣ ба андарун ба амал ояд. Гоҳе он боиси ба берун фаввора зада баромадан бигардад. Бад-он сабаб сайлони моддаҳо аз сӯи сар ва иллатҳои сина беш бигарданд. Бемориҳои бодҳои шимолӣ дардҳои асаб, аз ҷумла обгаҳ ва заҳдон, ба душворӣ омадани пешоб, сурфа, дардҳои устухонҳои паҳлу, бар, сина ва фарошо буванд.
[Андар бодҳои ҷанубӣ]: Боди ҷанубӣ қувваро ланҷ кунад, масомро боз созад, хилтҳоро ба шӯр оварда, онҳоро ба сӯи берун равон кунад ва ҳавосро гаронӣ оварад. Вай аз қабили чизе бошад, ки решҳоро табаҳ кунад, бемориҳоро бозоварад, [танро] заиф кунад, бар решҳову ниқрис хориш падид орад, дарди сарро зиёд кунад, хоб оварад ва табҳои гандаро ба мерос бигузорад, лекин гулӯро дуруштӣ наоварад.
Андар бодҳои шарқӣ (сабо): Ин бодҳо агар андар поёни шаб ва аввали рӯз оянд, аз сӯи ҳавое биоянд, ки ба ёрии офтоб муътадил ва латиф гашта, тарии он коҳиш ёфта бошад. Пас, онҳо хушктару латифтар буванд. Агар андар охири рӯз ва аввали шаб бивазанд, он гоҳ ҳол баръакс бошад.
Бодҳои шарқӣ ба таври умум аз бодҳои ғарбӣ беҳ буванд.
Андар бодҳои ғарбӣ: Ин бодҳо [61] агар андар поёни шаб ва аввали рӯз вазанд, аз сӯи ҳавое бивазанд, ки офтоб андар вай кора накарда бошад. Пас онҳо зичтару ситабртар буванд. Агар андар поёни рӯз ва аввали шаб бивазанд, ҳол бар хилофи он бошад.
Фасли ёздаҳум гуфтор андар ҳолатҳое, ки ба муҷиби бошишгоҳҳо буванд

Мо андар боби дигаргуниҳои ҳаво ҳолатҳои бошишгоҳҳоро ёд кардем ва низ мехоҳем андар баёни он сухане мухтасар бар тартибе дигар бигӯем. Аз такрори бархе аз чизҳои ёдшуда боке надорем. Пас ман гӯям:
[Ҳукмҳои бошишгоҳҳо]: Ту медонӣ, ки ҳолатҳои бошишгоҳҳо ба сабаби фарозию нишебии худи онҳо, ба сабаби ҳолати он чи ки аз [фарозию нишебӣ] ва кӯҳҳо, ки андар ҳамсоягии онҳост, ба сабаби ҳолати хоки хеш, ки

он ё гилист, ё шибарӣ, ё сиёҳхок ва ё дорои қувваи маъданист, ба сабаби ҳолати бешӣ ва ё камии обҳо ва ба сабаби ҳолати он чи ки андар ҳамсоягии онҳост, аз қабили дарахтон, маъданҳо, гӯристон, партовгоҳҳо ва ғайра, андар [нисбати] баданҳо гуногун буванд.
Ту худ донистаӣ, ки мизоҷҳои ҳавоҳо аз ҷиҳати арзҳои [замин], аз ҷиҳати хокҳо, аз ҷиҳати ҳамсоягӣ бо дарёҳо ва кӯҳҳо ва аз ҷиҳати бодҳо чӣ гуна шинохта шаванд.
Мо ба таври умум гӯем: ҳар ҳавое, ки ҳангоми фурӯ рафтани офтоб ба сард шудан ва ҳангоми баромадани он ба гарм шудан шитобад, латиф бошад ва ҳар чи ки зидди ин аст, баръакс бувад. Сипас бадтарини ҳавоҳо ҳавоест, ки дилгиркунанда ва нафасро тангсозанда бошад. Акнун мо ҳоли ҳар як бошишгоҳро ба тафсил баён кунем:
Андар бошишгоҳҳои гарм: Бошишгоҳҳои гарм [пӯстро] сиёҳ, мӯйро гесугуна ва [қувваи] гуворидани таомро нотавон гардонанд. Агар андар он ҷой таҳлил ниҳоят зиёд ва рутубатҳо кам бошанд, пириро битезонанд, чунончи, ба Ҳабашистон чунин буда, бошандагони он андар шаҳрҳои хеш ба синни сисолагӣ пир шаванд ва дилҳои эшон ба сабаби сахт ҳал шудани рӯҳ тарсанда бошанд. Танҳои бошандагони бошишгоҳҳои гарм нармтар буванд.
Андар бошишгоҳҳои сард: Бошандагони бошишгоҳҳои сард қавитар ва далертар буванд ва таом бигуворидани эшон, чунонки донистӣ, беҳтар бошад. Агар ин гуна [бошишгоҳҳо] тар бошанд, аҳли онҳо сергӯшту серравған, рагҳояшон нопайдо, хушкпайванд ва фарбеҳу нафиспӯст буванд.
Андар бошишгоҳҳои тар: Аҳли бошишгоҳҳои тар андар зоҳир хуб ва нармпӯст буда, ҳангоми варзишҳо эшонро зуд сустӣ фаро бигирад. Тобистони эшон сахт гарм нест ва зимистонашон сахт сард бувад. Миёни эшон табҳои деррав, исҳол, хунравии сахт ҳангоми ҳайз ва бавосир, носурҳо, решҳо, (92) гандидан, даҳондард ва саръ зиёд бошанд.
Андар бошишгоҳҳои хушк: Худовандони ин бошишгоҳҳоро чунин рӯй диҳад, ки мизоҷҳои эшон бихушканд, пӯстҳояшон хушкидаю кафида бошанд ва хушкӣ пеш аз ҳама ба мағзи эшон бирасад. Тобистони эшон гарм ва зимистонашон сард бувад.
Андар бошишгоҳҳои баланд: Бошандагони бошишгоҳҳои баланд тандуруст, қавӣ, далер ва дарозумранд.
Андар бошишгоҳҳои паст: Бошандагони пастиҳо ҳамеша гирифтори омоси чашм ва баргаштарангиянд. Обҳояшон ғайри сард бошанд, хусусан агар истода ва аз обдонҳо ва ё шӯразаминҳо бошанд, сард набуванд. Чунки обҳои ин ҷойҳо ба сабаби ҳавояшон бад хоҳанд буд.
Андар бошишгоҳҳои санглохии кушода: Ҳавои онҳо андар тобистон сахт гарм ва андар зимистон сард бувад.
Танҳои эшон ба офариниш сахти рехта, сермӯй ва бунёди бандкушоҳояшон қавӣ буда, бар эшон хушкӣ ва бехобӣ ғолиб бувад. Эшон бадхӯ, ботакаббур ва нофармонбардор бошанд, ҳангоми ҷангҳо далер ва андар ёд гирифтани ҳунарҳо зирак ва тезҳуш буванд.
Андар бошишгоҳҳои кӯҳии барфпӯшида: Ҳукми бошандагони бошишгоҳҳои барфпӯш чун ҳукми дигар шаҳрҳои сард бошад ва шаҳрҳои эшон бодӣ буванд. То вақте ки барф боқист, аз он бодҳои хуб падид оянд. Ҳар гоҳ ки барфҳо об шаванд ва кӯҳҳо ба гунае бошанд, ки бодҳоро боз доранд, ҳаво дамгирифта бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ