Қонуни тиб

Тарии онҳо аз баҳри он аст, ки бештари дарёҳо моро аз сӯи ҷанубанд ва ба изофаи ҷанубӣ буданашон офтоб бар онҳо сахт битобад ва аз онҳо бухор бархоста, бо бодҳо биомезад. Бинобар он, бодҳои ҷанубӣ ланҷкунанда гардидаанд.
Бодҳои шимолӣ бад-он сабаб сарданд, ки бар кӯҳҳо ва шаҳрҳои сарду сербарф гузар кунанд ва аз баҳри он хушканд, ки онҳоро бухорҳои зиёде ҳамроҳӣ накунанд, зеро ҳалсозӣ андар сӯи шимол камтар аст ва [бодҳо] на аз рӯи обҳои ҷории дарёӣ, балки аксар вақт ё аз забари обҳои яхбаста ва ё аз забари биёбонҳо бигзаранд.
Бодҳои шарқӣ андар гармӣ ва сардӣ муътадиланд, лекин хушктар аз бодҳои ғарбиянд, чунки [ҷониби] шимолии машриқ камтар аз шимолии мағриб бухор дорад ва мо ночор шимолием.
Бодҳои ғарбӣ бад-он сабаб каме тартаранд, ки онҳо аз болои дарёҳо гузаранд ва ҳаракати офтоб мухолифи [ҳаракати] онҳост. Ҳар яке аз онҳо, [60] яъне офтобу бодҳои [ғарбӣ] андар ҳаракат ба якдигар зид буда, офтоб онҳоро мисли бодҳои шарқӣ ҳал насозад. Хусусан аксар вақт вазиши бодҳои шарқӣ андар аввали рӯз ва вазиши бодҳи ғарбӣ андар охири рӯз бошад. Бинобар ин, бодҳои ғарбӣ камтар аз шарқӣ гарм буда, аксар ба сардӣ бигароянд ва бодҳои шарқӣ бештар гарманд, ҳарчанд ки ҳар ду андар қиёс ба бодҳои ҷанубӣ ва шимолӣ муътадил буванд.
Ҳукмҳои бодҳо ба сабабҳои гуногун андар шаҳрҳо дигаргун бигарданд. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки андар бархе аз шаҳрҳо бодҳои ҷанубӣ сардтар бошанд, бад-ин тариқ, ки агар ба наздики онҳо кӯҳҳои барфпӯши ҷанубӣ ҷойгир бошанд, бодҳои ҷанубӣ ҳангоми гузаштан аз болои онҳо сард бигарданд. Гоҳе бодҳои шимолӣ, агар гузари онҳо аз биёбонҳои сӯхта бошад, гармтар аз ҷанубӣ бошанд. Бодҳои самум ё бодҳоеанд, ки аз биёбонҳои ниҳоят гарм гузар кунанд ва ё бодҳоеанд, ки аз ҷинси дудҳо буда, андар ҳаво нишонаҳои бимноки шабеҳ ба оташро ба амал оваранд. Ҳар гоҳ ки онҳо вазнин бошанд, онҳоро сӯзиш ва аланга ориз гардида, бахши тунук аз онҳо ҷудо шавад ва бахши касиф ба зер омада, бақияи аланга ва оташро бо худ биоварад.
Ҳамаи бодҳои сахт, ба тавре ки (90) файласуфони пешин пиндоранд, ҳарчанд мабдаи моддаҳояшон аз поин аст, вале [худи] онҳо аз боло ибтидо ёбанд, лекин мабдаи ҳаракат, вазиш ва тӯфон шудани онҳо аз болост. Ин ё ҳукми умумист ва ё ҳукми бештарӣ ва таҳқиқи он бар уҳдаи илми табиии фалсафа аст. Мо як фасле аз онро андар [бахши] бошишгоҳо ёд хоҳем кард.
Аммо тафовути шаҳрҳо аз ҷиҳати хок бад-ин сабаб аст, ки бархе аз хокҳо гили холис, бархе харсангӣ, бархе регистонӣ ва гили сиёҳи шӯразорӣ буда, бархеро қувваи маъданӣ бар хок ғолиб бошад. Ҳамаи онҳо андар ҳаво ва оби он ҷой таъсир доранд.
Фасли нуҳум андар таъсири дигаргуниҳои ҳавоии баде, ки зидди равиши табиӣ буванд
Дигаргуниҳои берун аз табиат [ду гунаанд]: ё бад-он
сабаб бошанд, ки гавҳари ҳаво бигардад ва ё бад-он сабаб
бошанд, ки кайфиятҳои он бигарданд. Аммо дигаргунии
андар гавҳари [ҳаво] буда чунин аст, ки гавҳари он ба сӯи бадӣ бигардад, зеро кайфияте аз он ба ифрот ё шиддат ёфта бошад ва ё коҳиш. Инро «вабо» гӯянд ва он гандиданест, ки андар ҳаво падид омада, ба гандидани оби истодаи бӯйгирифта монанд аст.
Муроди мо аз «ҳаво» гуфтан ҳавои содаи муҷаррад нест, зеро он на ин ҳавоест, ки гирди мо бигрифтааст. Агар [ҳаво] пок вуҷуд дошта бошад ҳам, вале шояд ғайри ин ҳаво бошад. Ҳеҷ як аз [унсурҳои] содаи муҷаррад ганда нагардад, балки ё андар кайфият ва ё андар гавҳари хеш ба [унсури] содаи дигар бигардад.
Балки мо бо «ҳаво» гуфтан ҷисми андар ҳаво парокандаро дар назар дорем ва он ҷисме бошад, ки аз ҳавои ростинӣ, аз бахшҳои обии бухорӣ, аз бахшҳои хокии андар намуди дуду ғубор бархоста ва аз бахшҳои оташӣ омехта фароҳам омадааст. Мо инро ба монанди он «ҳаво» гӯем, ки обҳои дарё ва водиҳоро «об» ҳамегӯем, ҳарчанд ки онҳо оби холиси сода нестанд, балки бо ҳаво, хок ва оташ омехта буда, вале [бахши] ғолиб андар он об бувад.
Ин ҳаво мумкин аст гандида, гавҳари он ба сӯи бадӣ бигардад. чунонки оби водиҳо гандида, гавҳари он ба сӯи бадӣ ҳамегардад. Аксари вабо ва гандидани ҳаво андар охирҳои тобистон ва андар хазон рӯй диҳанд. Мо рӯйдодҳоеро, ки аз вабо ориз бигарданд, андар ҷойҳои дигар ёд хоҳем кард.
Аммо [дигаргуние], ки ба кайфиятҳои [ҳаво] бувад, чунин бошад, ки [ҳаво] андар гармӣ ва сардӣ ба кайфияти ғайри тоқатфарсое бигардад ва бад-он сабаб киштзорҳо ва насли [ҷонварон] табаҳ шаванд. Ин ё ба сабаби дигаргунии ҳамҷинс бошад, чунончи, шиддати гармои тобистон ҳар гоҳ ба ҳадди фасод бирасад ва ё ба сабаби дигаргунии ҳолати мухолиф бошад, чунончи, ба сабаби оризае андар тобистон сармои сахт [рӯй диҳад].
Ҳар гоҳ ҳаво бигардад, аз он аразҳое андар танҳо рӯй хоҳад дод. Агар он ганда бигардад, хилтҳоро [низ] ганда бисозад ва пеш аз ҳама ба гандонидани хилте бипардозад, ки андар дил боздошта шуда аст, зеро вай аз ҳама пештар бад-он бирасад. Агар сахт гарм шавад, пайвандгоҳҳоро нотавон ва рутубатҳоро ҳал кунад, ташнагӣ биафзояд, рӯҳро ҳал кунад ва қувваҳоро аз по биафканад. Аз роҳи ҳал намудани гармии модарзодии андарунӣ, ки он афзори табиат аст, гуворидани таомро боз дорад, аз роҳи ҳал кардани хилтҳои хуние, ки рангро сурх нигоҳ доранд ва аз роҳи ғолиб гардондани талха бар соири хилтҳо рангро зард созад, дилро ба таври ғайри модарзодӣ гарм кунад ва хилтҳоро аз роҳи ганда сохтан ҷорӣ намуда, онҳоро ба сӯи тиҳигиҳо ва андомҳои нотавон майл диҳад. Ин танҳои [ҳолашон] хубро суд надорад, балки бошад, ки ба гирифторони истисқо, фалаҷ, назлаи сард, кузози сард, ташаннуҷи тар ва лақваи тар суд бахшад.
Ҳавои сард гармии модарзодиро то вақте андарун боз дорад, ки ба ифрот нарасида, ба андарун наравад, он гоҳ марговар хоҳад буд. Аммо ҳавои сарди ба ифрот нарасида ҷорӣ шудани моддаҳоро боз дошта, онҳоро банд созад, вале он боиси назла ва нотавонии асаб бигардад ва нои шушро сахт зиён дорад. Агар [ҳавои сард] сахт ба ифрот нарасад, таом гуворидан ва ҳамаи қувваҳои андаруниро қавӣ гардонад ва иштиҳоро бедор кунад. Умуман, барои касони тандуруст соз гортар аз ҳавоест, ки ба ифрот гарм бувад ва зиёнкории он аз ҷиҳати феълҳоест, ки ба асаб, ба масомро бастан ва миёни устухонҳоро фишурдани он вобастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё