Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба таҳкиқ, гоҳе бисёре аз ситорагони тобон андар як ҷой гирд омада, бо офтоб ёр шаванд ва боиси ба ифрот гарм шудани он чизе бигарданд, ки бар самти раъси он ва ё наздик ба он қарор гирифта бошанд. Гоҳе аз самти раъс ниҳоят дур шаванд ва гармсозӣ коҳиш ёбад. Таъсири бар самти раъс истодани [офтоб] андар гармсозӣ на чун таъсири дер бар самти раъс ва ё наздик бар самти раъс мондан бувад.
Бархе аз умури заминӣ ба сабаби арзҳои шаҳрҳо, бархе ба сабаби баландии замини шаҳрҳо ва нишебии он, бархе ба сабаби кӯҳҳо, бархе ба сабаби дарёҳо, бархе ба сабаби бодҳо ва бархе ба сабаби хок буванд. Аммо оне, ки ба сабаби арзҳост, [чунин аст]: ҳар шаҳре, ки андар шимол ба мадори сари [бурҷи] Саратон ва ё андар ҷануб ба мадори сари [бурҷи] Ҷаддӣ наздик аст, тобистони он аз [тобистони шаҳре] гармтар аст, ки аз он ҷо то ба хатти устуво ва ба шимол дур бошад. Бояд гуфтаи касеро тасдиқ намуд, ки гӯяд: «Буқъае, ки зери доираи нимрӯз қарор дорад, ба эътидол наздик аст». Ин бад-он сабаб бошад, ки сабаби осмонии гармкунанда андар он ҷой яктост - он бар самти раъс қарор гирифтани офтоб бувад. Ва ин бар самти раъс қарор гирифтан ба танҳоӣ таъсири зиёде надорад, балки давомнокии бар самти раъс будани он боиси таъсир бигардад. Бинобар он гармои вақти намози дигар беш аз гармои нимрӯзист. Ин аст, ки ҳар гоҳ офтоб андар охири Саратон ва аввалҳои Асад бошад, ҳаво гармтар аз он бошад, ки офтоб андар ғояти майл биистад. Бинобар он ҳар гоҳ офтоб аз сари [бурҷи] Саратон баргашта, рӯ ба ҳадде ниҳад, ки андар майл камтар аз он бошад, гармии ҳаво сахттар аз он бошад, ки [офтоб] андар ҳамин гуна майл бошаду вале ҳанӯз ба сари [бурҷи] Саратон нарасида бошад. Ҷое, ки аз паси хатти устувост, андар он офтоб рӯзгоре андак биистад ва зуд дур шавад, зеро фузунии ҷузъҳои майл аз якдигар ба наздики ҳар ду уқда ба таври беҳад бузургтар аз фузунии он ба наздики ду мунқалиб бошад. Балки гоҳе ҳаракати [офтоб] андар наздики ду мунқалиб се-чаҳор рӯз ва ё беш аз он ба таври ҳисшаванда таъсир надорад. Сипас офтоб андар он ҷо андар як ҳайзи наздике муддати дароз боқӣ монда, сахт гарм созад. Аз ин ҷо боистӣ бовар кард, ки шаҳрҳое, ки арзҳояшон ба ҳамин майл наздиканд, онҳо [шаҳрҳоеанд], ки андар ду сӯи қутбҳо андар дурии понздаҳ дараҷа аз ин ҷо ҷойгиранд.
Гармӣ андар хатти устуво ба андозаи он гармии ифротие намерасад, ки рост шудани [офтоб] ба наздики мадори сари [бурҷи] Саратон андар ободонӣ онро воҷиб гардонад.
Аммо сармо андар шаҳрҳое, ки аз ин мадор ба сӯи шимол дуранд, қавитар аст. Ин буд он [дигаргуниҳое], ки аз эътибори арзҳои бошишгоҳҳо воҷиб оянд, вале ба дигар ҳолатҳо якранг буванд.
Аммо [дигаргуние], ки ба сабаби андар замини баланд ва ё нишеб ҷойгир шудани шаҳр аст, чунин аст: ҳар шаҳре, ки андар нишебӣ бошад, ҳамеша гармтар аст ва оне, ки баланд ҷойгир аст, ҳамеша сардтар бошад. Чунки он бахши ба замин наздики ҳавое, ки мо андар онем, ба сабаби қавӣ будани шуои офтоб ба наздики замин гармтар аст.
Бахши як андоза аз замин дур будаи он сардтар аст ва сабаби он андар бахши табиии фалсафа баён карда шавад.
Агар нишебӣ ба изофаи он мисли мағокӣ бошад, шуоро бештар ҷамъ кунад ва бештар гарм бошад.
Аммо [дигаргуниҳое], ки ба сабаби кӯҳҳоанд, чунинанд:

Он чи ки кӯҳ андар он ба маънои ҷойгоҳ омадааст, ин андар қисме дохил бошад, ки баёнаш намудем ва он чи ки кӯҳ андар он ба маънои муҷовират ба кор рафтааст, ин он чизе бошад, ки мо мехоҳем андар баёни он акнун сухан ронем. Мо гӯем: кӯҳ андар ҳаво бар ду рӯй таъсир дорад яке аз он рӯй, ки шуои офтобро бар сӯи шаҳр бигардонад ва ё шаҳрро аз он бипӯшонад; ва дигар аз он рӯй, ки бодро нигаҳ дорад ва ё ба вазиши он ёрӣ расонад.
Мисоли якумӣ ин аст, ки агар ба сӯи шимолии шаҳр, ҳатто аз шаҳрҳои шимолӣ бошад ҳам, кӯҳ ҷойгир бошад ва офтоб андар мадори худ бар он кӯҳ бизанд ва акси гармии он ба шаҳр ояд, ин [шаҳрро] ҳарчанд ки шимолист, сахт гарм хоҳад кард. Ҳамчунин, агар кӯҳҳо аз сӯи ғарбӣ бошанд ва сӯи шарқӣ боз бошад, [низ] чунин бошад. Агар [кӯҳ] аз сӯи машриқ бошад, андар ин маъно камтар аз он бошад, зеро офтоб баъд аз завол бар он кӯҳ бизанад ва ҳар соат аз он дур шуда, кайфияти (89) шуои ба кӯҳ тобандаи [офтоб] рӯ ба коҳиш бошад. Агар кӯҳ аз сӯи мағриб бошад, ин тавр нест, балки офтоб ҳар соат ба он наздиктар ояд.
Аммо аз ҷиҳати боз доштани бод бошад, агар кӯҳ гузари боди шимолии сардиоварандаро аз шаҳр бибандад ва вазиши боди ҷанубии гармиоваранда ба сӯи шаҳр зиёд бошад ва ё шаҳр миёни ду девори кӯҳ ҷой дошта, роҳи бод кушода бошад, омадани он бод андар ин [шаҳр] сахттар аз боде бошад, ки ба шаҳри андар кушодӣ ҷойдошта [вазад], зеро хосияти ҳаво ин аст, ки ҳар гоҳ андар гузаре танг хештан бикашад, кашидани он пайваста бошад ва хомӯш нагардад. Об ва ғайри он низ ҳамин гунаанд. Иллати ин андар табииёт шинохта шудааст.
Муътадилтарин шаҳрҳо ба эътибори он, ки кӯҳҳо пеши онҳо бигрифта бошанд ва ё кушода бошанд, шаҳрҳоеанд, ки аз машриқ ва шимол кушода ва аз сӯи мағриб ва ҷануб баста бошанд.
Дарёҳо бошанд, муҷиби зиёд шудани рутубати ҳамаи шаҳрҳое бигарданд, ки бар канори онҳо ҷойгиранд. Агар дарёҳо аз самти шимолӣ бошанд, онҳо ба сард шудани шаҳрҳо ёрӣ хоҳанд расонд, зеро боди шимолӣ ба рӯи об, ки он табиатан сард аст, бивазад. Агар [дарё] аз самти ҷануб бошад, андар ситабрии боди ҷануб фузунӣ оварад, хусусан агар [бод] ба сабаби андар рӯ ба рӯ ҷойгир шудани кӯҳ роҳи гузар наёбад. Агар дарё аз сӯи машриқ бошад, ҳаворо тарӣ овардани он бештар аз он бошад, ки дарё ба сӯи мағриб бошад, зеро офтоб баробари наздик шуданаш бар рӯи он бухор шуданро доим зиёда кунад ва бар рӯи дарёи ба сӯи мағриббуда чунин кор накунад. Ба таври умум ҳамсоягӣ бо дарё муҷиби тарии ҳаво бигардад.
Сипас агар бодҳо зиёд бошанд, гузари онҳо кушода бошад ва ба кӯҳҳо дучор наоянд, ҳаво аз уфунат бештар раҳо ёбад. Агар бодҳо имконияти вазидан надошта бошанд, омодаи пазируфтани уфунат ва ба хилтҳо уфунат овардан буванд. Мувофиқтарини бодҳо ба эътибори ин маъно боди шимолӣ, сипас боди шарқӣ ва баъд аз он боди ғарбист.
Зиёнкортарини онҳо боди ҷанубӣ бувад.
Аммо [дигаргуниҳое], ки ба сабаби бодҳо бошанд, гуфтор андар онҳо бар ду ваҷҳ аст: яке гуфтори ҳамагонии мутлақ ва дигар ба ҳасби ҳар як шаҳр ва он чи ки хоси онҳост.
Гуфтори ҳамагонӣ чунин аст: бодҳои ҷанубӣ андар аксари шаҳрҳо гарми таранд. Аммо гармии [онҳо] бад-он сабаб бошад, ки онҳо аз ҷое ба сӯи мо оянд, ки ба иллати наздикии офтоб гарм бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ