Қонуни тиб

Оғози хазон то андозае ба пирон созгор аст, вале поёни он ба эшон зиёни сахт дорад. Бемориҳои хазонӣ гари пӯстафкан, қубоҳо, саратонҳо, дардҳои пайвандгоҳҳо, табҳои омехта ва табҳои чаҳоррӯзӣ бошанд ва онҳо аз сабаби зиёд шудани савдо буда, [ин зиёдшавӣ] ба иллате вобаста аст, ки мо онро баён кардем. Бинобар ин, андар хазон испурч бузург бигардад. Андар он аз сабаби он ки обгаҳро аз гармо ва сармо дигаргуншавии мизоҷ рӯй диҳад, чакидани пешоб ориз бигардад. Инчунин андар хазон [бемории] ба душворӣ омадани пешоб рӯй диҳад ва ин назар ба чакидани он бештар бувад. Андар [хазон] лағжиши рӯдаҳо ба амал ояд ва ин бад-он сабаб бошад, ки сармо андар [хазон] бахши тунуки хилтҳоро ба андаруни тан биронад. Инчунин қавин ҳам андар он ориз бигардад. Андар [хазон] зубҳа сӯзони заҳравист ва андар баҳор балғамӣ бувад, аз баҳри он ки сарчашмаи ҳар яке аз ду бахше аз хилт аст, ки онро фасли пешин ба шӯр оварда бошад. Андар [хазон] иловуси хушк бештар рӯй диҳад ва гоҳе андар он сакта, бемориҳои шуш, дардҳои пушт ва ронҳо воқеъ шаванд [ва ин] бад-он сабаб бошад, ки фазлаҳо андар тобистон ба ҷунбиш оянд ва сипас андар [хазон] фишурда шаванд. Андар [хазон] ба сабаби гуворидан ва рондан натавонистани қувват андар шикам кирмҳо зиёд гарданд. Аксар вақт андар [хазон], хусусан андар хазони хушк ва хусусан агар пеш аз он тобистони гарм омада бошад, обила рӯй диҳад. Андар ин [фасл] низ ба сабаби бадии (87) хилтҳои заҳравӣ ва омехта шудани савдо ба онҳо девонагӣ беш бигардад. Аз ҳама фаслҳо хазон беш ба худовандони решҳои шуш, ки эшон дорои [бемории] сил бошанд, зиён оварад ва он ҳоли касеро, ки номуайян аст ва пеш аз [хазон сил] буда, нишонаҳои он нек падид омада набошанд, ошкор кунад.
Хазон инчунин ба сабаби хушкии худ зиёнкортарини фаслҳо барои касонест, ки дорои [бемории] диққи сода бошанд. Вай ҳамчунин кафили боқимондаи бемориҳои тобистон аст. Беҳтарин хазон тартарин ва серборонтарини он бувад ва бадтарини он хазони хушк аст.
Фасли ҳафтум андар ҳукмҳои таркиби сол
Ҳар гоҳ аз паси зимистони ҷанубӣ баҳори шимолӣ ояд, сипас баъди он тобистони сероб омада, обҳо зиёд гарданд ва баҳор то тобистон моддаҳоро нигоҳ дорад, ин боиси андар хазон бештар мурдани навҷавонон бигардад ва саҳҷ, решҳои рӯдаҳо ва таби рӯзафкани нохолиси давомнок бештар рӯй диҳанд. Агар зимистон сахт тар бошад, занони обистанро андар баҳор ба андак сабаб бача биафтад ва агар бизоянд, [он чи ки зоида бошанд], бештари он нотавон бошад ва бимирад ва ё дардманд бошад. Мардумро омоси чашм, исҳоли хун ва назлаҳо бештар бошанд ва хоса пиронро.
Эшонро андар андомҳояшон назла фурӯд ояд ва бошад, ки аз он ногаҳон бимиранд, зеро он ба андозаи бисёр якбора бар гузаргоҳҳои рӯҳ ҳуҷум кунад.
Агар баҳор серборони ҷанубӣ буда, аз паси зимистони шимолӣ омада бошад, андар тобистон табҳои зудрав, омоси чашм, нармии табиат ва исҳоли хун ба амал хоҳанд омад.
Бештари онҳо аз назлаҳо ва ба сабаби балғами андар зимистон ҷамъшудае бошанд, ки ба иллати ҳаракат додани гармӣ ба сӯи тиҳигиҳои дохилӣ ронда шавад. [Ин] хусусан дорандагони мизоҷи тар, масалан, занонро бештар рӯй диҳад. [Андар ин рӯзгор] уфунат ва табҳои он зиёда гарданд. Агар андар тобистон ҳангоми баромадани ситораи Шиъро борон борад ва боди шимолӣ вазад, умеди некист ва бемориҳо [ба саломат] гузаранд.
Ин фасл ҳар чи бештар ба занон ва бачагон зиён оварад ва ҳар кӣ аз эшон наҷот ёбад, ба сабаби сӯзиши хилтҳо ва хокистар шудани онҳо ба таби чаҳоррӯзи гирифтор шаванд ва аз паси таби чаҳоррӯзӣ ба иллати ин таб истисқо ояд. Дардҳои испурч ва нотавонии ҷигар низ бад-ин сабаб бошанд. [Ин фасл] пирон ва тани касонеро камзиён аст, ки сардсозӣ барояшон бимнок бошад.
Агар аз паси тобистони хушки шимолӣ хазони серборони ҷанубӣ ояд, баданҳоро барои андар зимистон ба сардард, сурфа, хориши гулӯ ва сил гирифтор шудан омода созад, зеро онҳоро аксар вақт чунин бошад, ки зуком шаванд. Ҳамчунин, агар аз паси тобистони хушки ҷанубӣ хазони серборони шимолӣ ояд, низ андар зимистон дарди сар, сипас назла, сурфа ва хориши гулӯ зиёд бигардад. Агар аз паси тобистони ҷанубӣ хазони шимолӣ ояд, андар он бемориҳои фишурдагӣ ва андармон шудан, ки онҳоро донистӣ, бештар рӯй диҳанд.
Ҳар гоҳ тобистону хазон ҳар ду андар ҷанубии тар будан мутобиқат кунанд, тариҳо зиёда гарданд ва чун зимистон бирасад, бемориҳои фишурдагии ёдшуда падид оянд ва баид нест, ки иҳтиқон ва ба сабаби бешӣ, рӯи ҳам рафтани моддаҳо ва баста шудани гузаргоҳҳо боиси бемориҳои уфунатӣ бигарданд. Зимистон ба сабаби дучор омаданаш бо моддаҳои зиёди баде, ки андармон шудаанд, аз беморӣ овардан холӣ нахоҳад буд. Агар ҳар ду, [яъне тобистон ва хазон], хушки шимолӣ бошанд, касони аз рутубат шикоят дошта ва занонро суд оваранд. Ғайри эшонро омоси хушки чашм, назлаи деррав, табҳои тез ва молехулиё рӯй диҳанд.
Зимистони сарди серборон сӯзиши пешоб ба амал оварад.
Агар гармии тобистон ва хушкии он шиддат гиранд, хуноқҳои кушанда, ғайри кушанда, тарканда ва ғайри тарканда падид оянд. Хуноқи тарканда ё дарунӣ ё берунӣ бошад. [Инчунин] ба душворӣ омадани пешоб, ҳасба, ҳумайқо (чечак), обилаи некфарҷом, омоси чашм, табаҳ шудани хун, тоса, боз истодани хуни ҳайз ва хун партофтан [ба амал оянд].
Агар зимистони хушкро баҳор хушк ояд, бад бувад ва вабо дарахтон ва растаниҳоро табаҳ созад ва бинобар он чаҳорпоёни онҳоро хӯранда табаҳ гардида, мардумоне, ки ин [чаҳорпоён] бихӯранд, низ табаҳ хоҳанд гардид.
Фасли ҳаштум андар таъсири дигаргуниҳои ҳавоии аразӣ, ки чандон бар хилофи равиши табиӣ нестанд
Акнун моро боистӣ гуфторро андар баёни дигар дигаргуниҳои ғайритабии ҳаво ва ғайри мухолиф ба табиат, ки ба ҳасби умури осмонӣ [59] ва умури заминӣ ориз бигарданд, пурра бисозем ва мо ҳангоми ёд кардани фаслҳо ба бисёре аз онҳо ишора намудем.
(88) [Дигаргуниҳое], ки ба умури осмонӣ вобастаанд, мисолашон он чизест, ки ба сабаби ситорагон ориз бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё