Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Вай рангро сурх кунад, аз баҳри он ки хунро ба эътидол [ба зоҳир] бикашад ва на ба ҷое бирасад, ки онро чун таҳлиловарии тобистони гарм ба таҳлил бибарад. Андар баҳор бемориҳои деррав тоза бигарданд, аз баҳри он ки хилтҳои қароргирифтаро бигудозад ва равон кунад. Бад-ин сабаб аст, ки андар [баҳор] касони ба молехулиё гирифторро молехулиё тоза гардад. Касонеро, ки андар зимистон ба сабаби пурхорӣ ва кам варзиш кардан хилтҳо зиёд гаштааст, андар баҳор пазирои бемориҳое бошанд, ки аз он моддаҳо ба сабаби ҳалсозии баҳор ба шӯр оянд. Эътидоли баҳор ҳар гоҳ ки дер бикашад, бемориҳои тобистонӣ кам бигарданд. Бемориҳои баҳор инҳост: исҳоли хунӣ; хуни бинӣ; тоза шудани молехулиёе, ки андар табъи заҳра бувад; омосҳо; думмалҳо; хуноқҳо, ки мумкин аст қаттол бошанд; ва дигар хуроҷҳо. Аксар вақт андар баҳор, хусусан андар бахши зимистонии он, ки ба зимистон шабеҳ аст, шикофтани рагҳо, хун партофтан ва сурфа рӯй диҳанд ва касонеро, ки чунин бемориҳо доранд, хусусан бемори силро ҳол бад хоҳад шуд.
Ба сабаби он ки баҳор андар касони балғамимизоҷ моддаҳои балғамро ба ҷунбиш орад, эшонро сакта, фалаҷ ва дарди пайвандгоҳҳо падид оянд. Яке аз чизҳое, ки боиси ин [бемориҳо] бигардад, яке аз ҳаракатҳои баданӣ ва нафсонии ба ифрот ва низ чизҳои гарм хӯрдан бувад, зеро ин ҳар ду табиати ҳаворо ёрӣ бидиҳанд.
Ҳеҷ чиз мисли раг задан, истифроғ кардан, кам хӯрдану беш ошомидан, аз роҳи омезиш шикастани қувваи шароби масткунанда ва кам [ошомидану] аз он парҳез кардан аз бемориҳои баҳорӣ наҷотдиҳанда нест. Баҳор бачагон ва касони ба эшон наздикро созгор бувад.
Аммо зимистон барои гуворидани таом беҳтарин фасл аст, бад-он сабаб, ки андар он сармо гавҳари гармии модарзодиро [андарун] гирд созад ва он қавӣ гардида, ба таҳлил наравад, [истеъмоли] меваҳо кам бигардад, мардум бар ғизоҳои ростинӣ иктифо варзанд ва андар зимистон ҳаракатҳои эшон ба ҳоли пурии шикам кам бигардад ва эшон ба ҷойҳои гарм паноҳ бибаранд.
[Зимистон] ба иллати сардӣ ва кӯтоҳии рӯзу дарозии шабҳои хеш беш аз дигар фаслҳо шиканандаи талхаи [сиёҳ] аст, моддаҳо аз ҳама бештар андар он боздошта шаванд ва беш аз ҳама андар он ба тановули [доруҳои] буранда ва нармкунанда ниёзмандист. Бештари бемориҳои зимистонӣ балғамиянд ва андар он балғам биафзояд ва то ҷое бирасад, ки бештари қай балғам бувад. Ранги омосҳо андар он аксар вақт моил ба сафедист. Андар он бемориҳои зуком зиёд гарданд ва онҳо баробари дигаргун шудани ҳавои хазонӣ оғоз ёбанд. Сипас аз паси он барсом, омоси шуш, гирифтагии овоз ва дардҳои гулӯ рӯй диҳанд. Баъд аз он дарди худи паҳлу, пушт, офатҳои асаб, сардарди деррав, балки сакта ва саръ падид оянд. Ҳамаи инҳо ба сабаби боздошта шудани моддаҳои балғамӣ ва зиёда шудани онҳост. Пирон ва инчунин касони ба эшон ҳамранг аз зимистон азоб кашанд, вале миёнсолон аз он суд бибаранд. Шини пешоб андар зимистон беш аз тобистон бошад ва миқдори он низ бисёртар бувад.
Тобистон хилтҳоро ба таҳлил бибарад ва ба сабаби беш

аз андоза будани (86) таҳлил қувват ва феълҳои табиӣ нотавон бигарданд. Хун ва балғам бикоҳанд ва талхаи зард биафзояд. Сипас андар охири тобистон ба сабаби ба таҳлил рафтани [хилтҳои] тунук ва басташуда, боз мондани [хилтҳои] ситабр талхаи сиёҳ афзоиш ёбад. Пирон ва касони ба эшон монанд андар тобистон боқувват дарёфта шаванд.
Ранг ба сабаби таҳлил пазируфтани он хуне, ки ба [зоҳир] кашида бигардад, зард хоҳад шуд. Бемориҳо андар он дер накашанд, аз баҳри он ки қувват, агар қавӣ бошад, ҳаворо барои таҳлил ёри хеш дарёбад ва бинобар он, моддаи бемориро пазонда биронад. Агар нотавон бошад, гармии ҳавоӣ ба воситаи ланҷ кардан ба он нотавонӣ физояд ва бинобар он [қувват] биафтад ва худованди он бимирад.
Тобистони гарми хушк боиси зуд гузаштани бемориҳо ва [тобистони гарми] тар боиси дароз кашидани муддати онҳо бигардад. Бад-ин сабаб аст, ки бештари решҳо андар он ба хӯра табдил ёбанд ва андар он истисқо, лағжиши рӯдаҳо ва нармии табиат ориз бигарданд. Ҳамаи инро ба таври бисёр фуруд омадани рутубатҳо аз барсӯ, хусусан аз сар, ба сӯи зер ёрӣ диҳад.
Бемориҳои гармои [тобистон] аз қабили инҳоянд: таби рӯзафкан; таби доимӣ; таби сӯзон; ва пажмурда шудани тан.
Аз дардҳо инҳост: дардҳои гӯш ва омоси чашм. Андар тобистон, хоссатан агар [58] бебод бошад, сурхбод ва решҳое, ки муносиби онанд, зиёд бигарданд. Агар тобистон баҳорӣ бошад, ҳоли табҳо хуб буда, дорои дуруштӣ ва тезии хушк нахоҳанд буд. Андар он арақ бисёр бошад ва ба ҳангоми буҳронҳо ба вуқӯъ омадани он бад-он сабаб аст, ки [тобистони] гарми тар муносиби вай бошад, зеро гармо таҳлил бахшад ва тарӣ масомро суст намуда, фарох созад. Агар тобистон ҷанубӣ бошад, андар он вабоҳо, бемориҳои обила ва ҳасба зиёд гарданд. Аммо тобистони шимолӣ шифобахш аст, лекин андар он бемориҳои фишурдагӣ бисёр шаванд.
Бемориҳои фишурдагӣ бемориҳоеанд, ки аз ҷорӣ шудани моддаҳо ба ёрии гармии ботинӣ ва ё зоҳирӣ падид оянд, чунки онҳоро сардии беруна зада фишурда сохтааст. Ин бемориҳо аз қабили назлаҳо ва он чизе бошанд, ки ҳамроҳи назлаҳост. Агар тобистони шимолӣ хушк бошад, мардумони балғамӣ ва занонро суд бахшад ва мардумони сафровиро омоси хушки чашм ва табҳои гарми деррав падид орад.
[Андар он] аз сӯхтани сафро ба сабаби банд шудани он савдо афзун бигардад.
Аммо хазон бошад, андар он ба сабаби зиёдии рафтуои мардумон андар офтоби гарм ва сипас ба соя омадани онҳо, ба сабаби фаровонии меваҳо ва аз онҳо табаҳ шудани хилтҳо ва ба сабаби андар тобистон нотавон шудани қувват бемориҳо бисёр бигарданд. Хилтҳо андар хазон ба сабаби хӯрданиҳои бад ва ба сабаби ҳал шудани бахши тунуки [хилтҳо] ва боқӣ мондани бахши ситабри [онҳо], ки сӯхта бошад, табаҳ хоҳанд шуд. Ҳар гоҳ андар [хазон] ба сабаби ба берун кардан ва ҳал намудан қиём кардани табиат хилте ба шӯр ояд, сармо вайро фурӯнишонад. Ҳангоми хазон хун ниҳоят бикоҳад, балки хазон андар мизоҷ мухолифи хун буда, андар зоиши он ёрӣ нахоҳад дод ва пеш аз ин хунро тобистон ба таҳлил бурда, [миқдори] онро коста бошад. Андар хазон аз хилтҳо талхаи зард, ки аз тобистон боқӣ мондааст ва [талхаи] сиёҳ зиёда бигарданд. Аз баҳри он ки андар тобистон хилтҳо сӯхта, хокистар шаванд ва бинобар он андар [тобистон] савдо зиёд бигардад, зеро тобистон бисӯзонад ва хазон сард бигардонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ