Қонуни тиб

Ҳамчунин, агар зимистон сахт хушк бошад ва баҳор сахт тар, баҳор хушкии зимистонро муътадил бигардонад ва то даме, ки тарияш ба ифрот нарасад ва замони [тарсозӣ] ба дарозо накашад, кораш аз муътадилгардонӣ ба тарсозии зиёнкор мубаддал нахоҳад шуд. Тағйир ёфтани замон андар як фасл (84) назар ба тағйире камтар вабоовар аст, ки андар фаслҳои бисёр ба амал омада, боиси вабо бигардад, зеро [ин] на тағйирест, ки ба тавре ки ёдаш кардем, ҳар чизи аз тағйири якум расидаро ислоҳ намояд.
Нахустини мизоҷҳои ҳаво аз ҷиҳати ба гандагӣ табдил ёфтан мизоҷи ҳавои гарми тар бувад. Бештари тағйироти ҳаво андар ҷойҳое рӯй диҳад, ки ноҳамвор ва паст буванд ва андар ҷойҳои ҳамвор ва хусусан баланд кам ба амал ояд.
Боистӣ, ки фаслҳо бар воҷиботи хеш бимонанд ва тобистон гарму зимистон сард ва ҳар як фасл ҳамчунин бошанд, зеро аз ҷодаи худ берун омадани фасл аксар вақт боиси бемориҳои бад бигардад. Соле, ки фаслҳои он бар як кайфият давом кунанд, масалан, агар тамоми сол тар ё хушк, ё гарм ва ё сард бошанд, соли бад хоҳад буд. Дар ин гуна сол бемориҳое бисёр шаванд, ки муносиби кайфияти он буда, муддати онҳо ба дарозо бикашад. Модом, ки як фасл бемории муносиби худро мешӯронида бошад, пас сол чӣ гуна [чунин набошад]? Масалан, фасли хунук чун тани балғамиро дарёбад, саръ, фалаҷ, сакта, лақва, ташаннуҷ ва монанди онҳоро ба ҷунбиш оварад ва фасли гарм ҳар гоҳ тани сафровиро дарёбад, девонагӣ, табҳои тез ва омосҳои гармро бедор кунад, пас, агар сол бар табиати фасл давом ёбад, чӣ гуна [чунин набошад]? Ҳар гоҳ зимистон зуд фаро расад, бемориҳои зимистонӣ зуд падид оянд ва ҳар гоҳ тобистон зуд оғоз ёбад, бемориҳои тобистонӣ зуд оғоз ёбанд ва бемориҳое, ки пеш аз он [фасл] бошанд, ба ҳукми [ин] фасл дигаргун шаванд. Агар фасл, хусусан тобистон ва хазон, дер давом кунад, бемориҳои он зиёд бигарданд.
Бидон, ки дигаргун шудани фаслҳоро таъсирест, ки на ба сабаби замон аз ҷиҳати он ки замон аст, бошад, балки ба сабаби он кайфияте бошад, ки ҳамроҳи он тағйир ёбад ва он таъсири бузурге андар тағйири ҳолатҳост. Ҳамчунин, агар ҳаво андар як рӯз аз гармӣ ба сардӣ бигардад, муқтазои он ду [низ] андар баданҳо дигаргун бигардад. Дурусттарин замон он аст, ки хазон бороннок бошад ва зимистон муътадил буда, аз сармо холӣ набошад, вале он бояд андар қиёс ба шаҳрҳо ба ифрот нарасад. Агар баҳор серборон ояд ва тобистон аз борон холӣ набошад, ин беҳтарин [замон] хоҳад буд.
Фасли панҷум андар ҳавои хубгавҳар
Ҳавои андар гавҳар хуб ин ҳавоест, ки ягон чизи бегонае аз бухорҳову дудҳо бо он наомехта бошад ва он андар
зери осмони кушод буда, андар миёни деворҳову сақфҳо
бигрифта нест, вале андар ҳоле, ки ҳаворо табоҳии ҳамагонӣ фаро бигирад, ҳавои кушода назар ба ҳавои гирифтаи пӯшида онро зудтар хоҳад пазируфт ва андар ғайри ин
ҳолат ҳавои кушода беҳтар бувад. Ин ҳавои хуб поки соф буда, на бухори водиҳо, [57] бешазорҳо, хандақҳо, заминҳои заҳоб (ботлоқ), полизҳо, хусусан он заминҳое, ки андар онҳо масалан, каранбу индов бирӯянд ва на [бухори] ҷойҳое, ки андар онҳо дарахтони анбӯҳ ва дарахтони бадгавҳаре аз қабили шавҳат, анҷир ва гирдакон ҷой доранд ва на бодҳои гандидае бо вай омехта бошанд. Ба изофаи ҳамаи ин бояд ба ҷое бошад, ки роҳи бодҳои хуб аз сӯи он баста набошад, зеро вазишгоҳи онҳо аз замини баланд ва ё ҳамвор бувад. Ин гуна ҳаво андар [пастӣ] баста нест ва бо баромади офтоб гарм гардида, бо ғуруби он зуд сард хоҳад шуд. На низ бо деворҳое печида бувад, ки ба наздикӣ гаҷкорӣ ва ғайра шуда, вале ҳоло пурра хушк нагардида бошанд ва на ҳангоми нафасгирӣ саркашӣ карда, чунон бошад, ки гулӯро бигирад.
Ба таҳқиқ донистӣ, ки бархе аз дигаргуниҳои ҳаво табиист, бархе зидди табиӣ ва бархеи дигар на табиист ва на берун аз он. Бидон, ки он дигаргуниҳои ҳаво, ки аз табиат нест, чи мухолифи табиат бошад, чи ғайри мухолиф, гоҳе ба ҳасби давраҳо ва гоҳе аз ғайри риояи давраҳо рӯй диҳад.
Дурусттарини ҳолатҳои фаслҳо ин аст, ки бар табъҳои хештан бошанд, зеро дигаргун шудани онҳо боиси бемориҳо хоҳад шуд.
Фасли шашум андар кори кайфиятҳои ҳавоҳо ва муқтазиёти фаслҳо
Ҳавои гарм ҳал кунад ва ковокӣ оварад. Агар он муътадил бигардад, бо кашидани хун ба берун рангро сурх созад ва агар ба ифрот расад, бо ҳал кардани чизи [ба берун] кашидааш [рангро] зард бикунад. Вай арақ бисёр орад, пешобро бикоҳад, гуворишро нотавон кунад ва ташнагӣ оварад.
Ҳавои сард (85) гуворишро шиддатнокию қувват бахшад, пешобро зиёда кунад, аз баҳри он ки тариҳоро [андар тан] банд созад ва онҳо аз тариқи арақ кардан ва монанди он кам ба таҳлил раванд, бирозро камтар созад, аз баҳри он ки мушакҳои мақъад кашида шаванд ва рӯдаи рост [ба он] ҳамкорӣ кунад ва бироз фуруд наояд, зеро он ёварии маҷроро аз даст дода бошад. Бинобар он [бироз] бештар боқӣ бимонад ва [бахши] обии он ба пешоб табдил ёбад.
Ҳавои тар пӯстро нарм созад ва танро тар дорад. Ҳавои хушк рутубати тан бибарад ва пӯстро хушк созад. Ҳавои тира мардумро тангдил бигардонад ва хилтро бишӯронад.
Ҳавои тира ғайри ҳавои ситабр аст. Ҳавои ситабр аз ҷиҳати зичии гавҳари хеш яксон ва ҳавои тира ҳавои бо ҷисмҳои ситабр омехта буванд. Далели ин ду амр он аст, ки [андар ин ду ҳаво] ситорагони хурд кам падид оянд ва кавкабҳои собите, ки медурахшиданд, мисли каси раъшаманд [ларзон ва] кам дурахшанд. Сабаби ҳар ду фузунии бухорҳову дудҳо ва камии бодҳои накӯст. Мо гуфторро андар ин бора чун андар баёни тағйироти ҳавои берун аз маҷрои табиӣ шурӯъ кунем, дубора бароят такрор намуда, пурра хоҳем сохт.
Ҳар фаслеро, ки бар воҷиби худ гузарад, ҳукмҳои хос аст ва поёни ҳар фасле ва оғози он фасле, ки аз паси вай ояд, андар ҳукмҳо ва бемориҳои ҳар ду фасл ба ҳам анбозанд.
Баҳор ҳар гоҳ бар мизоҷи хеш бигузарад, беҳтарин фасл бошад ва он ба мизоҷи рӯҳ ва хун муносиб аст. Баҳор бо вуҷуди муътадилии худ, ки мо онро ёд кардем, ба сӯи гармии латифи осмонӣ ва тарии табиӣ андаке бигарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё