Қонуни тиб

Тарии баҳор ба ёрии гармӣ андар замоне муътадил бигардад, ки андар он хушкии хазон ба ёрии сардӣ муътадил нахоҳад шуд. Чунин ҳаменамояд, ки ин тарсозию хушксозӣ ба феъли малака ва адами [он] монандӣ дорад, на ба феъли ду ба ҳам зид, зеро хушксозӣ андар ин мавзеъ на гум кардани гавҳари тар аст ва тарсозӣ на гум кардани гавҳари хушк, балки ҳосил намудани гавҳари тар бошад. Чунки мо андар ин ҷой «ҳавои тар» ва «ҳавои хушк» гуфтанӣ нестем ва сурат ва кайфияти табиии онро нишон доданӣ нестем, балки мо андар ин мавзеъ ба ин дахл накунем ва ё камтар дахл кунем. Балки мо «ҳавои тар» гуфта, ҳар гуна ҳавоеро гӯем, ки бухорҳои обии зиёде бо он омехтаанд ва ё ҳавоеро гӯем, ки бо касиф шудани хештан ба шакли бухори обӣ даромадааст. «Ҳавои хушк» гуфта, ҳар гуна ҳавоеро гӯем, ки ҳар чизи аз бухорҳои обии бад-он омехташуда аз он ҷудо шуда бошад, ё аз роҳи ковок шудан ба шакли гавҳари оташ даромада бошад ва ё бо он дудҳои хокие омехта шуда бошанд, ки андар касифшавии худ ҳамшакли хоканд.
Андар баҳор зиёдатии тарии зимистонӣ бо камтарин гармие, ки ба сабаби наздик шудани офтоб ба самт андар [баҳор] падид ояд, коҳиш хоҳад ёфт. Андар хазон бошад, бо камтарин сардӣ таршавии ҳаво падид наояд. Агар инро донистан бихоҳӣ, тааммул намо, ки оё чизҳои хушк андар ҳавои сард чун хушкшавии чизҳои тар андар ҳавои гарм тар шаванд, ё не, ба тавре ки чизи сардро андар сардияш ҳамчун ба қиёси чизи гарм андар гармияш гирифта бошӣ? Агар инро тааммул намоӣ, корро андар ҳар ду [ҳолат] ба сурати гуногун дармеёбӣ, зеро андар он ҷой сабаби дигарест, ки бузургтар аз ин [сабаб] аст ва он ин аст, ки тариҳо андар ҳавои сард ва [андар ҳавои] гарм низ ҷуз ба пайваста расидани мадад боқӣ намемонанд ва хушкшавӣ бошад, албатта, ба мадад ниёзманд нест. Тарие, ки андар ҷисмҳои андар ҳавои кушод буда ва ё андар худи ҳаво ба амал ояд, ҷуз ба мадад боқӣ намонад, зеро ҳаворо андар қиёс ба танҳои мо сахт сард гӯянд ва сардии он андар шаҳрҳои маъмураи пеш аз [шаҳрҳои] мо буда ба дараҷае нарасад, ки албатта, ҳал намекарда бошад, балки вай андар ҳамаи ҳолатҳо ба сабаби он чи ки аз қувваи офтобу ситорагон андар вай аст, ҳалкунанда бувад. Бинобар он, ҳар гоҳ мадад қатъ гардад, ҳалшавӣ давом намуда, хушк шудан тезтар бигардад.
Андар баҳор он чи ҳал бигардад, бештар аз он чизест, ки бухор гардида бошад. Сабаб андар вай ин аст, ки бухоршавиро ду амр ба амал орад: гармии тунук ва каме, ки андар зоҳири ҳавост; ва гармии андар замин пинҳон, ки қавӣ буда, чизи латифе аз он ба [табақае] гузарад, ки ба зоҳири замин наздик аст. (83) Андар зимистон, чуноне ки андар илмҳои табиии аслӣ баён шудааст, даруни замин [56] сахт гарм бигардад ва гармии ҳаво кам шавад. Пас, боистӣ, ки ҳар ду сабаби тарсозанда, яъне ба боло баровардан ва сипас ситабр гардондан, ба ҳам ҷамъ оянд. Хусусан сардӣ низ андар худи гавҳари ҳаво муҷиби касифшавӣ ва баргаштан ба [ҳолати] бухорӣ бигардад.
Аммо андар баҳор ҳал кардани ҳаво назар ба бухор кардани он қавитар аст ва гармии дохилии пинҳони [замин] сахт бикоҳад ва аз он чизе зоҳир гардад, ки якбора ба болои замин майл намояд. Ин чизе бошад, ки аз чизи
бухоркунанда қавитар аст ва ё чизе бошад, ки ба сабаби бар модда сахт ғолиб омаданаш ба таври латиф бухоркунанда бувад ва [моддаро] латиф карда, бо бухоркунии латифи худ ба зиёдатии гармии андар ҳаво буда бархӯрад ва бо ҳамин ҳал кардан тамомият ёбад. Ин ба ҳасби бештарӣ ва ба ҳасби ҳар яки ин сабабҳо ба танҳоист, на сабабҳои дигаре, ки муҷиби чизҳои ғайри чизҳои ёдкардаи мо бигарданд. Баъд, андар он ҷой моддаи бисёре нест, ки ба чизи ба боло баромада ва тунукшуда расад. Бинобар ин воҷиб аст, ки табъи баҳор андар тарӣ ва хушкӣ ба эътидол бошад, чунонки он андар гармию сардӣ муътадил аст.
Вале мо монеи он нестем, ки аввалҳои баҳор [моил] ба тарӣ ҳисобида шаванд, вале дурии он аз эътидол на чун дурии мизоҷи хазон аз эътидол андар хушкӣ бувад.
Сипас, агар хазон андар гармию сардӣ ба сахт муътадил будан ҳукм карда нашавад, ин аз ҷодаи савоб дур нахоҳад буд. Ба ростӣ, нимрӯзиҳои он тобистониянд, зеро ҳавои хазонӣ сахт хушк буда, барои пазируфтани гармсозӣ ва баргаштан ба шакли оташӣ ниҳоят омодааст, чунки тобистон онро барои ин кор омода сохтааст. Шабҳо ва бомдодҳои он ба сабаби он ки офтоб андар хазон аз самти раъс дур бошад ва ба иллати он ки чизи тунуки ковок таъсири он чиро, ки сард намояд, сахт бипазирад, сарданд.
Аммо баҳор андар ҳар ду кайфият наздик ба эътидол аст, зеро ҳавои он аз сабабе, ки ба сабаби андар хазон ҷойдошта ҳамшакл аст, он гуна гармсозӣ ва сардсозиеро напазирад, ки ҳавои хазон бипазирад ва шаби он аз рӯзаш чандон фарқ надорад. Агар касе гӯяд: «Барои чӣ шаби хазон аз шаби баҳор сардтар аст ва ҳол он ки бояд ҳавои он гармтар бошад, зеро тунуктар аст?» – мо андар посух бигӯем: ҳавои сахт ковок гармию сардиро ба зудӣ бипазирад ва оби сахт ковок низ ҳамчунин бувад. Бинобар он, ҳар гоҳ обро гарм карда, ях кунонӣ, назар ба оби сард тезтар ях бандад, зеро сардсозӣ андар он ба иллати ковокӣ [хуб] нуфуз кунад. Вале танҳо сармои баҳориро чунон ҳис накунанд, ки сармои хазониро ҳис кунанд, аз баҳри он ки танҳо андар баҳор аз сармо ба гармо андароянд ва бо сармо хӯ карда бошанд, вале андар хазон бошад, баръакс бувад. Чунки хазон рӯ ба гурез аст.
Бидон, ки омадушуди фаслҳо андар ҳар иқлиме навъе аз бемориҳоро бедор ҳамесозад ва пизишкро воҷиб аст, ки инро андар ҳар иқлиме бишиносад, то ки эҳтиёт ва бо тадбир пешгирӣ кардан бад-он [маърифат] устувор бошанд. Гоҳе як рӯз ба баъзе фаслҳо монандӣ дорад ва ба баъзеи дигар не. Баъзе рӯзҳо зимистонӣ, баъзе тобистонӣ ва баъзе хазонӣ буда, бошад ки андар як рӯз ҳам гарм ва ҳам сард шавад.
Фасли чаҳорум андар аҳкоми фаслҳо ва муғоярати онҳо
Ҳар фасле созгори касест, ки дорои мизоҷи дурусти муносиби ин фасл аст ва мухолиф бо касест, ки дорои бадмизоҷии ғайри созгор бо ин [фасл] бошад, вале на ҳангоме ки
ин [фаслро] аз эътидол сахт берун шудан ориз гардад ва
муносиб ва ғайри муносибро аз роҳи суст намудани қувва
мухолифат кунад. Инчунин ҳар фасле созгор бо мизоҷи беморонаест, ки зидди он бошад. Агар ду фасл аз табъи хеш
берун оянд ва бо вуҷуди ин гуна беруноии хеш ба якдигар зид бошанд, сипас ифроти давомноке воқеъ нагардад, мисли он ки зимистон ҷанубӣ бошаду аз паси он баҳори шимолӣ ояд, расидани дуввумӣ аз паси якумӣ бо баданҳо созгори муътадил буда, муътадилгардонандаи онҳо хоҳад буд, зеро баҳор гуноҳи зимистонро ҷуброн кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё