Қонуни тиб

Ин муътадилгардонӣ вайро бо нафас гирифтан аз тариқи шуш ва аз тариқи масомҳои нафасгирии набз, ки ба шараёнҳо муттасиланд, ҳосил бигардад.
Ҳавое, ки гирди танҳои мо бигрифтааст, (81) ҳатто ба қиёс бо мизоҷи модарзодии рӯҳ сахт сард аст, чи ҷои мизоҷе, ки аз роҳи банд шудан падид омада бошад. Ҳар гоҳ захми ҳаво ба рӯҳ бирасад ва [ҳаво] бо вай биомезад, вайро аз баргаштан ба ҳолати оташии иҳтиқоние боз дорад, ки боиси бадмизоҷӣ шуда, ин [бадмизоҷӣ] истеъдоди пазируфтани таъсири нафсониеро аз он хоҳад бурд, ки вай сабаби зиндагист ва боиси ҳал шудани худи гавҳари бухории тари он хоҳад гардид.
Пок кардан бад-ин тариқ, ки ҳаво ҳангоми нафас баровардан бухори дудиеро, ки аз қувваи ҷудокунанда ба [ҳаво] расидааст ва нисбати он ба рӯҳ чун нисбати хилти зиёдатӣ ба тан аст, бо худ ба берун барорад.
Пас, муътадилгардонӣ ба воситаи ворид шудани ҳаво ба рӯҳ ҳангоми нафасгирӣ ва поккунӣ ба воситаи берун рафтани ҳаво аз рӯҳ ҳангоми нафасбарорӣ ба амал оянд. Ин бад-он сабаб аст, ки ҳавои фурӯбурда, ки андар ибтидои ворид шуданаш андар муътадил гардондани рӯҳ ба он эҳтиёҷ аст, билфеъл сард бувад. Чун ба иллати он, ки дер бимонад [ва] аз роҳи гарм шудан кайфияти рӯҳро ба худ бигирад, бинобар ин, фоидаи вай бекор хоҳад шуд. Пас, рӯҳ аз он бениёз гардида, ба ҳавои тозае эҳтиёҷ пайдо кунад, ки то андар вай ояд ва ҷои он [ҳаво] бигирад. Бинобар ин, ба зурурат ба берун рондани он [ҳаво] эҳтиёҷ биафтад, то ки барои [ҳавои] баъдаш оянда ҷой холӣ гардад ва ҳамроҳи он фазлаҳои гавҳари рӯҳ берун андохта шаванд.
Ҳаво то ҳангоме ки муътадили тоза буда, гавҳари бегонаи мухолифи мизоҷи рӯҳ ба вай наомезад, фоили тандурустӣ ва нигаҳбони он бошад ва ҳар гоҳ ки бигардад, бар хилофи кори хеш кор кунад.
Ҳаворо дигаргуниҳои табиӣ, дигаргуниҳои ғайритабиӣ ва дигаргуниҳое рӯй диҳанд, ки берун аз маҷрои табиӣ буда, бар зидди он бошанд. Дигаргуниҳои табиӣ дигаргуниҳои фаслиянд, чаро ки ҳаво ба наздики ҳар фасле ба мизоҷе дигар баргардад.
Фасли севвум андар табъҳои фаслҳо
Бидон, ки ин фаслҳо ба наздики пизишкон ғайри он фаслҳоест, ки ба наздики ситорашиносон бошад. Чаҳор фасл ба наздики ситорашиносон замонҳоеанд, ки андар онҳо офтоб аз нуқтаи баҳорӣ оғоз намуда, андар чаҳорякҳои фалаки бурҷҳо ҳаракатҳо кунад. Аммо ба наздики пизишкон баҳор замонест, ки андар кишвари муътадил [андар он ҳангом] ба гармсозие, ки бад-он дафъи сармо бикунанд ва ё ба боддиҳие, ки бо он дафъи гармо намоянд, ниёзмандӣ набошад ва андар он дарахтон ба болиш оғоз кунанд. Замони баҳор аз миёни устувои баҳорӣ, ё пештар ва ё каме сипастар аз он то расидани офтоб ба нимаи Савр бувад.
Хазон андар мисли шаҳрҳои мо бар хилофи баҳор аст ва андар шаҳрҳои дигар равост, ки баҳор пештару хазон сипастар оянд. Тобистон ҳамаи рӯзгори гарм асту зимистон ҳамаи рӯзгори сард.
Пас, рӯзгори ҳар як аз баҳору хазон ба наздики пизишкон кӯтоҳтар аз [рӯзгори] ҳар як аз тобистону зимистон ва ба ҳасби шаҳрҳо бештар ва ё камтар аз он бошад. Чунин бинамояд, ки баҳор рӯзгори шукуфа ва оғози меваҳост, хазон рӯзгори бигаштани ранги барг ва оғози рехтани он аст ва ҳарчӣ аз ин ду боқист, ҳама зимистону тобистон бувад.
Мо гӯем: Мизоҷи баҳор мизоҷи муътадил аст ва чунон ки гумон равад, гарми тар нест. Таҳқиқи кунҳи ин бар уҳдаи бахши табиии фалсафа бошад. Балки бояд мусаллам дошт, ки баҳор муътадил аст. Тобистон ба иллати наздикии офтоб ба самту-р-раъсҳо ва [ба иллати] қувваи шуои аз он дамандае гарм аст, ки гумон меравад инъикоси он андар тобистон ё бар кунҷҳои ниҳоят тез аст ва ё ба ҳамон хатҳое пас бигардад, ки фуруд омадааст. Дар ин сурат шуоъ касиф хоҳад шуд. Сабаби он ба ҳақиқат чунин аст, ки бахше аз фурудгоҳи шуои офтоб монанди фурудгоҳи тири устувона ва махрут аст, ки гӯё аз маркази ҷирми офтоб ба ҷое бирасад, ки андар муқобили вай аст ва бахше аз он ба монанди сатҳ ва муҳит ва ё наздик ба муҳит аст.
Қавӣ будани шуоъ ба наздики тир аз он аст, ки таъсир аз тамоми тарафҳо бад-он сӯ мутаваҷҷеҳ аст ва аммо андар он ҷой, ки сипаси тарафҳост, шуоъ сусттар бувад. Мо андар тобистон ба [зери] тир ва ё наздик бад-он қарор бигирем ва ин ҳол бар мо, бошандагони арзҳои шимолӣ, [дер] давом кунад. Андар зимистон ба тавре қарор гирем, ки ба муҳит наздик бошем. Бинобар ин, нур андар тобистон равшантар аст, ҳарчанд ки масофа аз (82) қароргоҳи мо то ба қароргоҳи офтоб, ки ба наздики авҷи хеш аст, дуртар бувад. Нисбати ин наздикӣ ва дурӣ андар бахши ситорашиносии қисми риёзиёти фалсафа баён карда шавад. Аммо таҳқиқи шиддатнокии гармӣ ба иллати шиддатнокии нур бошад, андар бахши табиии фалсафа баён хоҳад ёфт.
Тобистон ба изофаи ин ки гарм аст, ба иллати аз шиддати гармӣ ҳал шудани тариҳо андар вай, ковок шудани гавҳари ҳаво ва ба табиати оташӣ ҳамрангӣ пайдо кардани он ва ба иллати кам афтидани шабнаму боронҳо, низ хушк бошад. Зимистон ба иллтаи зидди ин иллатҳо сарди тар аст.
Аммо ба ҳангоми хазон бошад, гармӣ коҳиш ёбад ва сардӣ ҳанӯз устувор нагардида бошад ва чунон аст, ки мо гӯё андар миёни масофае ҷой гирифта бошем, ки миёни тири ёдшуда ва муҳит бувад. Пас, он андар гармию сардӣ наздик ба эътидол бошад, вале андар тарию хушкӣ ғайри муътадил аст. Чӣ гуна [чунин набошад], ки офтоб ҳаворо хушк карда бошад ва сипас ягон чизе аз иллатҳои тарифизоӣ падид наомада бошад, ки ба хушксозии иллати хушкифизо муқобилат кунад. Ҳол андар сардсозӣ на чун ҳолест, ки андар тарсозӣ бошад, аз баҳри он ки ба сардӣ табдилёбӣ ба осонӣ ба амал ояд ва ба тарӣ баргаштан бад-он осонӣ ба амал нахоҳад омад. Низ ба ёрии сардӣ ба тарӣ бигаштан на чун ба ёрии гармӣ ба хушкӣ бигаштан бошад, зеро ба ёрии гармӣ ба хушкӣ бигаштан ба осонист ва камтарин гармӣ метавонад, ки хушк бикунад, вале камтарин сардӣ наметавонад, ки тар созад, балки бошад, ки камтарин гармӣ чун моддаро дарёбад, андар тар кардан аз камтарин сардӣ қавитар бошад, аз баҳри он ки камтарин гармӣ [тариро] бухор кунаду ҳал насозад, вале камтарин сардӣ на касиф созад ва [на] ҳабсу ҷамъаш намояд. Бинобар ин, ҳоли бар тарии зимистон биистодани баҳор на чун ҳоли биистодани хазон бар ҳоли хушкии тобистон бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё