Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Таълими дуввум
АНДАР САБАБҲО,
ки ду ҷумла аст

Ҷумлаи нахустин
АНДАР ЧИЗҲОЕ, [54] КИ БА ЯКЕ АЗ САБАБҲОИ ҲАМАГОНӢ ПАДИД ОЯНД
ва аз нуздаҳ фасл иборат аст

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни сабабҳо

Сабабҳои ҳолатҳои тан, ки се ҳолати ёдшудаанд ва мо онҳоро овардем, яъне тандурустӣ, беморӣ ва ҳолате андар миёни ҳар ду, сеанд: [сабабҳои] гузашта, [сабабҳои] берунӣ ва [сабабҳои] расида. Сабабҳои гузашта бо сабабҳои расида чунин мушоракат доранд, ки ҳар ду умури баданиянд, яъне ё хилтӣ, ё мизоҷӣ ва ё таркибӣ буванд. Сабабҳое, ки аз умури берун аз гавҳари тан падид омадаанд, ё аз ҷиҳати ҷисмҳои беруна буванд, масалан, он чизе, ки аз задан, гармии ҳаво ва таоми гарм ва [ё] сарди ба бадан воридшаванда падид ояд, ё аз ҷиҳати нафс буванд, зеро ба ҳақиқат нафс чизи дигари ғайри тан бошад ва мисоли ин он чизест, ки аз хашм, тарс (80) ва монанди ҳар ду падид ояд. Сабабҳои гузашта ва берунӣ мумкин аст ба ҳам чунин анбозӣ дошта бошанд, ки гоҳе миёни онҳо ва ҳолатҳои ёдшуда миёнҷӣ набошад. Лекин сабабҳои гузашта аз сабабҳои расида бо он фарқ доранд, ки аз паси сабабҳои гузашта [бевосита] ҳолат намеояд, балки андар миёни ҳар ду сабабҳои дигаре ҷой доранд, ки ба ҳолат беш аз сабабҳои гузашта наздик бошанд.
Сабабҳои гузашта аз берунӣ бо он фарқ доранд, ки онҳо баданиянд ва низ чунин фарқ доранд, ки миёнҷие ҷой надорад. Аммо андар сабабҳои берунӣ ин воҷиб нест. Сабабҳои расида аз сабабҳои берунӣ бо он фарқ кунанд, ки онҳо баданиянд ва низ чунин фарқ доранд, ки андар миёни сабабҳои расида ва ҳолат, албатта, миёнҷие нахоҳад буд. Сабабҳои беруниро ин воҷиб нест, балки будани ҳар ду амр андар онҳо мумкин аст.
Пас, сабабҳои гузашта сабабҳои баданиянд, яъне [ё] хилтӣ, ё мизоҷӣ ва ё таркибӣ буда, онҳо ба таври ғайри аввалӣ муҷиби ҳолат бигарданд, яъне ба миёнҷӣ муҷиби он бошанд. Сабабҳои расида сабабҳои баданиеанд, ки ба таври аввалӣ, яъне бе миёнҷӣ ҳолатҳои баданиро воҷиб гардонанд. Сабабҳои берунӣ сабабҳои ғайрибаданӣ буда, ҳолатҳои баданиро ё ба таври аввалӣ ва ё ба таври ғайри аввалӣ воҷиб гардонанд.
Мисоли сабабҳои гузашта пуриест, ки боиси таб бигардад ва пурхунии рагҳои чашм аст, ки боиси фуруд омадани об андар он бишавад. Мисоли сабабҳои расида гандиданест, ки боиси таб бигардад, рутубати ба сӯи сӯрохии ангурмонанд ҷоришавандаест, ки боиси судда шавад ва суддаест, ки боиси кӯрӣ бигардад. Мисоли сабабҳои берунӣ гармии офтоб, ё сахт ҳаракат кардан, ё андӯҳ, ё бехобӣ ва хӯрдани чизи гармиоварандае, аз қабили сир, бошанд, ки ҳамаи онҳо боиси таб шаванд ва [низ] тапонча заданест, ки боиси интишор ва фуруд омадани об андар чашм бигардад.
Ҳар сабабе ё ба зот сабаб аст, чунончи, мурч, ки бисӯзонад ва афюн, ки хунук созад ва ё ба араз [сабаб] бошад, чунончи, оби хунук, ки бо ситабр сохтани [пӯст] ва нигоҳ доштани гармӣ гармӣ оварад, оби гарм, ки бо ҳал кардан сардӣ оварад ва сақмуниё, ки бо берун рондани хилти гармкунанда сардӣ физояд.
На ҳар сабабе, ки чун ба тан расид, андар он амал кунад, балки мумкин аст ба изофаи он ба се чиз эҳтиёҷ биафтад:
ба қуввае, ки аз қувваи фоилист, ба қуввае, ки аз қувваи пазироии тан аст ва ба имконияти дучор омадани ҳар ду ба миқдоре аз замон, ки андар мисли он чунин феъл аз ин гуна [сабаб] падид ояд.
Ҳолатҳои сабабҳо ба наздики воҷибшавандаҳои хеш шояд гуногун бошанд. Бинобар он, гоҳе сабаб як аст, вале андар танҳои гуногун боиси бемориҳои гуногун бигардад, ё андар вақтҳои гуногун боиси бемориҳои гуногун шавад ва гоҳе феълаш андар [тани] нотавон, қавӣ, серҳис ва камҳис гуногун хоҳад буд.
Бархе аз сабабҳо ҷойнишингузоранда ва бархе ғайри ҷойнишингузорандаанд. Ҷойнишингузоранда он сабабест, ки ҳар гоҳ бархезад, таъсираш ба ҷой бошад ва ғайри ҷойнишингузоранда онест, ки баробари бархостани он тандурустӣ падид ояд.
Мо гӯем: Сабабҳое, ки ҳолатҳои танро бигардонанд ва ё онҳоро нигоҳ доранд, ё сабабҳои заруриеанд, ки инсонро андар зиндагӣ аз онҳо гузир нест ва ё сабабҳои ғайри зарурӣ. Сабабҳои зарурӣ шаш ҷинсанд: як ҷинс ҳавое, ки гирди тани мардумро бигрифтааст; як ҷинс он чи ки хӯрда ва ошомида шавад; як ҷинс ҳаракату оромии баданӣ; як ҷинс ҳаракатҳои нафсонӣ; як ҷинс хобу бедорӣ; ва як ҷинс истифроғу баста шудан (иҳтибос).
Моро боистӣ нахуст андар ҷинси ҳаво сухан ронем.
Фасли дуввум андар таъсири ҳавое, ки гирди танҳо бигрифтааст

Ҳаво як унсури тан ва ҷонҳои мост ва бо вуҷуди он ки як унсури тан ва ҷони мост, он мададест, ки ба ҷонҳои мо расида, нафақат ҳамчун унсур, балки ҳамчун фоил, яъне муътадилгардонанда, иллати беҳбудии онҳо бувад. Мо андар зимни он чи гуфта омад, баён намудем, ки «рӯҳ» гуфта, чиро дар назар дорем. Мо «рӯҳ» гуфта, на он чизеро дар назар дорем, ки файласуфон «нафс»-аш хонанд.
Ин муътадилгардоние, ки андар ҷонҳои мо аз ҳаво падид ояд, ба ду кор вобаста аст: бод додан ва пок кардан.
Бод додан ин муътадилгардонии мизоҷи гарми рӯҳ аст, ки аксар вақт ба сабаби банд будан ба ифрот бирасад ва дигаргун сохтани он бувад. Яъне муътадилгардонии изофиеро дар назар дорам, ки ту онро медонӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ