Қонуни тиб

Ин марҳалаҳо гоҳе ба ҳасби беморӣ аз аввал то охир андар навбатҳои беморӣ ҷой дошта бошанд ва онҳоро «марҳалаҳои ҳамагонӣ» гӯянд ва гоҳе ба ҳасби ҳар як навбат ҷой дошта бошанд ва онҳоро «марҳалаҳои ҷузъӣ» хонанд.
Фасли ҳаштум андар анҷоми гуфтор оид ба бемориҳо
Бемориҳоро номниҳӣ аз чанд рӯй расад: ё аз андомҳое, ки ҳомили онҳоанд, чунончи, «омоси паҳлу» ва «омоси шуш» [гӯем], ё аз аразҳои онҳо, чунончи, «саръ»
[гӯем], ё аз сабабҳои онҳо, чунончи, «бемории савдовӣ»
гӯем ва ё аз тариқи ташбеҳ, чунончи, «бемории шер» ва «бемории фил» гӯем. Ё мансуб ба [номи] касе бошанд, ки пайдо шудани онҳоро нахустин бор андар он шахс ёд кунанд, чунончи, «реши тилифусӣ» гӯянд ва он мансуб ба шахест, ки Тилифус ном доштааст. Ё мансуб ба шаҳре бошанд, ки андар он ҷой бештар падид оянд, чунончи, «реши балхӣ» гӯянд. Ё мансуб ба касе бошанд, ки андар муолаҷаи онҳо фирӯз шудааст, чунончи, «реши хирунӣ»
[гӯянд]. Ё аз тариқи гавҳар ва зоти онҳо [ном ниҳода шаванд], чунончи, «таб» ва «омос» [ гӯянд].
Ҷолинус гуфтааст, ки бемориҳо ё ошкор буда, бо ҳис шинохта шаванд, ё пинҳон буда, чун дардҳои меъда ва шуш, ба осонӣ ва ё чун офатҳои ҷигар ва гузаргоҳҳои шуш ба душворӣ дониста шаванд. [Бемориҳо] ё ғайри даркшаванда буда, ҷуз ба тахмин [дарёфта нашаванд], чунончи, офатҳое, ки андар роҳҳои пешоб падид оянд, [чунинанд].
Бемориҳо мумкин аст хос ва мумкин аст ба анбозӣ бошанд. Як андом андоми дигарро андар беморӣ барои он анбозӣ кунад, ки ё ҳар ду ба табъ бо ҳам пайваст буда, миёни онҳоро афзорҳое пайвастаанд, чунончи, миёни мағз ва меъдаро асаб пайвастааст ва миёни заҳдон ва пистонро варидҳо пайвастаанд. Ё аз баҳри он ки яке аз онҳо роҳ ба сӯи дигарист, чунончи, ҳар ду пайғула омоси соқро [чунин буванд]. Ё аз баҳри он ки ҳар ду (79) ҳамҷаворанд, чунончи, гардан ва мағз чунин буда, яке ба дигарӣ анбозӣ кунанд. Хусусан агар яке аз ду [андоми ҳамҷавор] камқувват бошад, фазлаҳои анбози худро хоҳад пазируфт, чунон ки [ғуддаи] зери бағал қалбро [чунин бувад]. Ё аз баҳри он ки яке аз онҳо саргаҳи расонандаи феъли дуввумист, чунон ки ҳиҷоб шушро андар нафасгирӣ чунин бувад. Ё аз баҳри он ки яке аз онҳо дуввумиро хидмат кунад, чунон ки асаб мағзро чунин бувад. Ё аз баҳри он ки ҳар ду андом севвумеро анбозӣ кунанд, чунон ки мағз гурдаро бад-он сабаб анбоз аст, ки ҳар кадоми онҳо бо ҷигар анбозӣ доранд.
Гоҳе анбозӣ натиҷаи мутақобил ба бор оварад, чунон ки мағз ҳар гоҳ ба дард ояд, меъда бо он анбозӣ намояд ва
гуворидани он суст гардида, бухорҳои бад ва ғизои ногуворида фиристад ва бинобар он дарди худи мағзро афзун кунад. Анбозӣ андар давомёбию давр мувофиқи ҳукмҳои асл ҷорӣ бувад.
Мартабаҳои танҳо андар миёни тандурустию беморӣ, ба тавре ки мо андар паи баёни онем, шаштоанд: тане, ки андар ғояти тандурустист; тане, ки андар ҳоли тандурустист, вале на ба ғоят; тане, ки на тандуруст асту на бемор, чунон ки гуфта шуд; сипас тане, ки бемор [нест], вале бемориро зуд бипазирад; баъд, тане, ки андаке бемор бошад; ва сипас тане, ки андар ғояти беморист.
Ҳар беморие ё гарданниҳанда аст ва ё ғайри гарданниҳанда. Бемории гарданниҳанда он беморие бувад, ки барои муолаҷаи он, ба тавре ки бояд, монеае нест. Бемории ғайри гарданниҳанда он бемориест, ки монеае қарини он буда, нагузорад, ки барои он чораи неке дида шавад, масалан, дарди саре, ки агар ба он назла қарин бигардад.
Бидон, ки бемории ба мизоҷ, син ва фасл мувофиқ аз беморие, ки мувофиқ нест ва ҷуз аз роҳи бузургии сабаби хеш падид намеояд, камтар хатарнок аст.
Бидон, ки бемориҳои ҳар фасле умед аст андар Фасли зидди он бигузаранд.
Бидон, ки аз миёни бемориҳо бемориҳоеанд, ки ба бемориҳои дигар гузашта, аз бун бираванд ва андар инҳо некӣ бошад. Бинобар ин, як беморӣ метавонад ба бемориҳои дигар шифо бахшад. Масалан, таби чаҳоррӯзӣ аксар вақт аз саръ, ниқрис, даволӣ ва дардҳои пайвандгоҳҳо, гар, хориш, табишҳо ва аз ташаннуҷ шифо бахшад. Ҳамчунин табоҳии меъда (зараб) аз омоси чашм, аз лағжонии рӯдаҳо ва аз барсом бираҳонад. Низ кушода шудани рагҳои мақъад аз ҳар гуна бемории савдовӣ, аз дарди сурин, аз дардҳои гурда ва заҳдон суд дорад.
Гоҳе бархе аз бемориҳо ба бемориҳои дигаре гузашта, ҳол аз он сахт бад бигардад. Масалан, гузаштани барсом ба омоси шуш, гузаштани фаронитус ба лисорғус [чунин бошад].
Баъзе бемориҳо мисли ҷузом, гар, обила, табҳои вабоӣ ва решҳои ганда гузарандаанд [ва ин хусусан ҳангоме рӯй диҳад], ки агар макон танг бошад ва ҳамчунин, агар ҳамсояи [беморӣ] андар зери бод қарор бигирад. Масалан, омоси чашм хусусан ба каси бад-он нигаранда [бигзарад].
Кунд шудани дандон баробари ба хаёл овардани чизи туруш ва ё песӣ низ аз ҳамин қабиланд.
Аз миёни бемориҳо бемориҳоеанд, ки мисли калии табиӣ, песӣ, ниқрис, сил ва ҷузом ирсан ба насл бигузаранд. Баъзе бемориҳо ҷинсӣ буда, ба қабила ва бошандагони ноҳияе хос буванд ва ё андар миёни эшон бештар ба амал оянд.
Бидон, ки нотавонии андомҳо ба бадии мизоҷ ва ё ба ковокии бунёд вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё