Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд, андар ниҳояти [бузургии] ҳаҷм [марҳалаи] бозистӣ бошад, сипас рӯ ба пастравӣ ниҳода, ё аз тариқи ҳал шудан ва ё аз тариқи рим кардан бипазанд. Саранҷоми онҳо ё ҳал шудан, ё рим кардан ва ё сахт шудан аст.
Аммо омосҳои ғайри гарм ё аз моддаи савдовӣ, ё балғамӣ, ё обӣ ва ё бодӣ ба амал оянд. Омосҳое, ки аз моддаи савдовӣ ба амал оянд, се ҷинсанд: сахтӣ ва саратон, ки бештари ин ду [ҷинс] хазонист ва ҷинсҳои ғуддаҳое, ки хукакҳо ва домғулҳо аз ҷумлаи онҳост.
Фарқ миёни ҷинсҳои ғуддаҳо ва ду ҷинси дигар ин аст, ки ҷинсҳои ғуддаҳо ё аз чизҳои онҳоро иҳотакарда ҷудоянд, масалан, ғуддаҳои холис, ё фақат ба зоҳири онҳо часпидаанд, масалан, хукакҳо. Аммо [ҷинсҳои] дигар бошанд, бо гавҳари андоме, ки андар вай падид омадаанд, омехта буда, андар он бидароянд. Фарқ миёни саратон ва омоси сахт ин аст, ки сахтӣ омоси орому беҳаракат аст, ҳисро бибарад ё онро табаҳ созад ва ҳамроҳи он дард набошад. Саратон бошад, андар ҳаракату афзоиш буда, дарднок аст, дорои решаҳоест, ки андар андомҳо фурӯ рафтаанд, вале воҷиб нест, ки ҳангоми он ҳис бекор гардад, магар ин ки дер бимонад, андомро бимиронад ва беҳис гардонад. Аз эҳтимол дур нест, ки фарқ миёни саратон ва сахтӣ ба аразҳои лозима бувад, на ба фаслҳои гавҳарӣ.
Омосҳои сахти савдовӣ ба оғози падид омадани хеш ба шакли сахт падид оянд ва бархе, хосса [омоси] хунӣ, бошад, ки ба охир сахтӣ бигардад. Гоҳе бошад ки андар [омоси] балғамӣ низ [сахтӣ] рӯй диҳад.
Ғуддаҳо, домғулҳо ва ҳар чи ки бад-онҳо монад, аз гиреҳ задани асаб бо он фарқ доранд, ки гиреҳ задани асаб андар ҷои худ биистад, ба ҳангоми ламс чун асаб бинамояд, агар бо молиш парешон карда шавад, боз баргардад ва агар бо доруи қавӣ бидуни молиш парешон карда шавад, дубора бар нагардад. Аксар вақт аз мондагӣ ба амал ояд ва бо борҳои вазнине аз сурб ва ғайри он [ниҳодан бар вай] бартараф бигардад.
Ҷинси омосҳои балғамӣ бар ду навъ аст: омоси ковок ва домғулҳои нарм. Ин ду навъ аз ҳам бо он фарқ кунанд, ки домғулҳо андар ғилофҳо ҷудо шуда истанд ва омоси ковок бошад, омехта буда, алоҳида нест. Бештари омосҳои зимистонӣ балғамист ва ҳатто он бахше аз онҳо, ки омосҳои гарманд, сафедранг буванд.
Бидон, ки омосҳои балғамӣ ба ҳасби ситабрии балғам ва ковокию тунукии он гуногун буда, гоҳе ба омосҳои савдовӣ, гоҳе ба омосҳои бодӣ монанд буванд. Бисёр бошад, ки балғами тунук ҳангоми назлаҳо андар миёни лифҳои асабҳо фуруд омада, масалан, то ба мушакҳои фурӯсӯвини ҳанҷара ва аз он ҳам фурӯсӯтар омада бирасад.
Омосҳои обӣ чун истисқо, истисқои хоя, омосе, ки андар косаи сар падид омада, аз ҷумлаи омосҳои обист ва монанди инҳо буванд. Омосҳои бодӣ низ бар ду навъанд: яке бодгирифтагӣ ва дигаре дамидагӣ. Фарқ миёни бодгирифтагӣ ва дамидагӣ аз ду ваҷҳ бувад: яке қивом ва дигар омезиш.
Баёни ин чунин бошад: бод ҳангоми бодгирифтагӣ бо гавҳари андом омехтааст ва [аммо] ҳангоми дамидагӣ [бод] ҷамъ, дамида ва ғайри омехта бо андом бошад. Бодгирифтагӣ ба ҳис нарм бинамояд ва дамидагӣ каму беш ба чизи

фишордиҳанда муқовимат варзад.
Табишҳо низ ба адади омосҳоянд. Бархе аз онҳо хунӣ буванд, чун обила, [бархе] сафровии холис буванд, чун махмалаки (шаро) сафровӣ ва [табишҳои] говарсӣ ва [бархе] омехта бошанд, чун ҳасба, намла, мисморҳо, гар, озахҳо ва ғайра. Гоҳе онҳо обӣ бошанд, чун обилаҳои обӣ ва гоҳе бодӣ, чун обилаҳои боднок. Ту андар Китоби чаҳорум тафсили густурдаи ҳолатҳои омосҳоро, ки муносиби онҷост, пайдо хоҳӣ кард. (78) Фасли шашум андар ҳолатҳое, ки ҳамроҳи бемориҳо шумурда шаванд

Андар ин ҷо чизҳоеанд, ки берун аз бемориҳоянд, вале аз ҷумлаи онҳо шуморида шаванд ва онҳо умуреанд, ки андар [боби] оростагӣ бидароянд: яке андар мӯй, дуввумӣ андар ранг, севвумӣ андар бӯй ва чаҳорумӣ андар намуди ба ғайри ранг буда ҷой доранд.
[53] Ҷинсҳои бемориҳои мӯй [инҳоянд]: пароканда шудан, рехтан, кӯтоҳӣ, камӣ, тунукӣ, борикӣ, ситабрӣ, беш аз андоза гесугуна будан, ба ифрот ҳамвор будан, сафед шудан ва аз ранги хеш, ба ҳар гунае набошад, бигаштан.
Офатҳои ранг андар чаҳор ҷинс дохиланд: як ҷинс ин аст, ки гардиши он ба иллати бадмизоҷии ё бо модда ба амал ояд, чунончи, ярақон ва ё бе модда ба амал ояд, чунончи, ранги гаҷие, ки ба иллати бадмизоҷии сарди сода андар ранг ориз бигардад ва зардие, ки гоҳе аз бадмизоҷии гарми сода падид ояд; ҷинси дигар ин аст, ки гардиши ранг аз сабабҳои беруна рӯй диҳад, чунончи, офтоб, сармо ва бод ба ранг таъсир бирасонанд; ҷинси [дигар ин аст], ки ҷисмҳои ғализи ранги бегона дошта бар забари ҷойгоҳи ранг густариш ёбанд, чунончи, баҳаки сиёҳ ва [ё] нуқта-нуқта шаванд, чунончи, холҳо ва доғи кунҷидак; ҷинси [чаҳорум] пайҳоест, ки аз беҳ шудани гусастагии пайвастагӣ падид оянд, чунончи, нишонаҳои обила ва нишонаҳои решҳо.
Офатҳои бӯй чун бӯи бағал ва дигар бӯйҳои бадеанд, ки аз баданҳо бархезанд.
Офатҳои намудии ба ғайри ранг ё лоғарии ба ифрот ва ё фарбеҳии берун аз андоза буванд.
Фасли ҳафтум андар марҳалаҳои бемориҳо

Бидон, ки бештари бемориҳоро чаҳор марҳала аст. Яке марҳалаи оғоз, [дигар] марҳалаи афзоиш, [севвум] марҳалаи ба ғоят расидан ва [чаҳорум] марҳалаи пастравӣ.
Ҳар чӣ берун аз инҳо бошад, аз ҷумлаи марҳалаҳои тандурустӣ бувад.
Мо бо «марҳалаи оғоз» ва «ба ғоят расидан» на он ду тараферо пеши назар дорем, ки андар он ҳангомҳо ҳоли беморӣ маълум нагардад, балки ҳар яке аз ин дуро замони ба ҳис дарёфташавандаест, ки дорои ҳукми махсус бувад.
Оғоз замонест, ки андар он беморӣ зоҳир гардад ва ҳолатҳояш яксон буда, афзудани вай ошкор набувад.
Афзоиш ин замонест, ки андар он ҳангом шиддатёбии беморӣ замон ба замон дида шавад.
Марҳалаи ба ғоят расидан замонест, ки андар он беморӣ андар ҳамаи бахшҳои худ бар ҳолати ягона бошад.
Пастравӣ замонест, ки андар он ҳангом камшавӣ падид ояд ва рӯз ба рӯз ин камшавӣ зоҳиртар бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ