Қонуни тиб

[Гусастагии пайвастагӣ] мумкин аст андар куркуракҳо бар ҳамин се шакл воқеъ бигардад ва ё андар асабҳо. Агар бар паҳно воқеъ бигардад, онро «буридагӣ» (батр) хонанд.
Агар ба дарозо воқеъ шавад ва шуморааш зиёд набошад, онро «порашавӣ» (шаққ) гӯянд ва агар шуморааш зиёд бошад, онро «гусехтагӣ» (шадх) номанд.
[Гусастагии пайвастагӣ] мумкин аст андар бахшҳои мушак воқеъ гардад. Агар андар як каронаи мушак воқеъ бигардад, хоҳ андар асаб бошад ва хоҳ андар ватар, «даридагӣ» номанд. Агар андар паҳнои мушак воқеъ шавад, «рахна» номанд ва агар ба дарозо воқеъ гардад ва шуморааш каму амиқияш беш бошад, «кафидагӣ» (фадғ) номанд ва агар ҷузъҳояш бисёр буда, паҳн ва амиқ бошад, «кӯфтагӣ» ва «кафидагӣ» гӯянд, (76) ки чӣ гунае набошад, андар миёнҷои мушак воқеъ бошад.
Агар андар шараёнҳо ва ё андар варидҳо воқеъ гардад, «инфиҷор» номанд. Сипас агар бар паҳно бошад, «қатъ» ва «фасл» хонанд ва ё агар ба дарозо нуфуз кунад, «таркидагӣ» хонанд. Ё агар ба тариқи кушода шудани даҳонаҳои [рагҳо] бошад, «даҳондаридагӣ» (басқ) гӯянд. Агар [порашавии пайвастагӣ] андар шараён афтида, пайваста нагардад ва хун андар фазое, ки гирди вай аст, рехта, он фазоро пур кунад ва ҳар гоҳ ки даст бар вай биниҳанд, ба сӯи раг бозояд, «модари хун» (умму-д-дам) гӯянд ва гурӯҳе ҳар инфиҷори шараёнро «модари хун» номидаанд.
Бидон, ки на ҳар андоме тоби гусастани ягонагӣ дорад.
Чунончи, дил инро таҳаммул кардан натавонад ва баробари [вуқӯъи] он марг ба амал ояд.
[Гусастагии пайвастагӣ] мумкин аст андар пардаҳо ва пӯшишҳо биафтад, ки онро «фатқ» хонанд. Ё мумкин аст андар миёни ду ҷузъе аз андоми мураккаб биафтад ва яке аз онҳо аз дигарӣ аз ғайри он ки ба андоми бахшҳояш яксон гусастагии пайвастагӣ расида бошад, ҷудо бигардад.
Ин гуна гусастагиро «ҷудошавӣ» ва «баромадагӣ» гӯянд.
Агар ин андар асаб рӯй диҳад ва он аз ҷои хеш бишавад, онро «беҷошавӣ» (факк) гӯянд.
Гусастагии пайвастагӣ бошад, ки андар гузаргоҳҳо биафтад ва онҳо фарохтар бигарданд ва бошад, ки андар ғайри гузаргоҳҳо афтида, боиси падид омадани гузаргоҳҳое бигардад, ки пеш набуданд.
Ҳар гоҳ аз миён рафтани пайвастагӣ, ба амал омадани решшавӣ ва монанди он андар андоме биафтад, ки мизоҷаш хуб бошад, зуд дуруст хоҳад шуд ва агар андар андоме биафтад, ки бадмизоҷ бувад, дертар беҳ бишавад, хусусан агар андар баданҳои касоне афтида бошанд, ки гирифтори истисқо, ё бадғизогирӣ ва ё ҷузом буванд.
Бидон, ки решҳои тобистонӣ ҳар чи дертар бимонанд, хӯра бигарданд. Ту андар китобҳои тафсилӣ шарҳи пурраи масъалаи гусастагии пайвастагиро, ки ба онҳо ҳавола шудааст, пайдо хоҳӣ кард.
Фасли панҷум андар бемориҳои мураккаб
Андар бемориҳои мураккаб низ ба тариқи куллӣ сухан
ронда гӯем: Мо «бемориҳои мураккаб» гуфта, на ҳар гуна
бемориҳоеро гӯем, ки якҷоя иттифоқ биафтанд, балки бемориҳоеро бигӯем, ки ҳар гоҳ ба ҳам ҷамъ оянд, аз маҷмӯи
онҳо чизе падид ояд, ки бемории ягона бошад. Ин мисли
омос аст ва табишҳо низ аз ҷинси омос бошанд, зеро табишҳо омосҳои хурд ва омосҳо табишҳои бузург буванд.
Андар омос ҳамаи ҷинсҳои беморӣ ёфт шаванд. Андар он бемории мизоҷ ёфт шавад, аз баҳри он ки ҳеҷ омосе нест, ки аз бадмизоҷии [52] бо модда падид наояд. Андар он бемории ҳайат ва таркиб ёфт шаванд, зеро ҳеҷ омосе нест, ки ба шакл ва андоза осеб наоварда бошад ва гоҳе ҳамроҳи он бемориҳои ниҳод низ ба амал оянд. Андар омос бемории муштарак, ки он гусастагии пайвастагист, ёфт шавад, зеро ҳеҷ омосе нест, ки андар он гусастагии пайвастагӣ ҷой надошта бошад. Чунки ҷои шубҳа нест, пайвастагиро аз баҳри он халал ворид бигардад, ки моддаҳои зиёдатӣ ба андоми омосида фуруд оянд ва андар миёни пораҳои он қарор гирифта, барои хештанро ҷойгир намудан баъзеи он [андомро] аз баъзеи дигар ҷудо созанд.
Омос [умуман] андар андомҳои нарм биафтад. Гоҳе андар устухонҳо чизе биафтад, ки омосро монад ва ҳаҷми устухонҳо аз он бузург гардида, рутубаташон биафзояд. Ҷои шигифтӣ нест, ки ҳар чи ба ёрии ғизо қобили пазируфтани фузунист, ба тавассути фазла, ки ҳар гоҳ андар вай нуфуз кунад ва ё падид ояд, фузунӣ бипазирад.
Ҳар омосе, ки сабаби берунӣ надорад ва сабаби баданияш фуруд омадани модда аз як андом ба [андоми] зери вай буда бошад, онро «назла» гӯянд. Бисёр бошад, ки сабаби моддие, ки омосҳову табишҳо аз он зода шаванд, андар миёни хилтҳои дигаре ҷойгир бошад, ки ба кайфият беозор буванд ва ҳар гоҳ хилтҳои нек аз тариқи ҳар гуна истифроғ, чи табиӣ, чунонки занонро ҳангоми шир додан рӯй диҳад ва чи ғайри табиӣ, чунонки аз реш рехтани хуни нек рӯй диҳад, берун раванд, хилтҳои бад холису танҳо монда, табъ аз онҳо ба дард ояд ва онҳоро биронад ва шояд самти рондани он ба сӯи пӯст бошад, ки дар натиҷа омосҳову табишҳо падид оянд.
Омосҳову табишҳо ба намудҳои гуногун ҷудо шаванд, вале он намудҳое беш аз ҳама сазовори эътиборанд, ки аз сабабҳои хеш ба амал омадаанд ва ин [сабабҳо] моддаҳоеанд, ки омосҳо аз онҳо падид оянд. Моддаҳое, ки омосҳо аз онҳо ба амал оянд, шаштоанд – хилтҳои чаҳоргона, бахши обӣ ва бод.
Омос ё гарм бошад ва ё гарм набошад. Набояд гумон кард, ки омоси гарм фақат ё аз хун аст ва ё аз талха, балки он аз ҳар гуна моддае падид ояд, ки ё андар гавҳари хеш гарм бувад, ё (77) ба иллати гандидан ӯро гармӣ ориз шуда бошад. Ҳарчанд ин ҷинсҳо низ ба ҳасби навъҳои ҳар як модда тақсимпазиранд, вале ин сазовор ба гуфтори навъии оид ба омосҳост.
Одати [пизишкон] ин аст, ки [омоси] хунии маҳзро «фалағмуниё» ва омоси сафровии маҳзро «сурхбод» гӯянд.
Омосҳои аз ҳар ду мураккабро ба исме ном баранд, ки аз [номи] ҳар ду таркиб ёфтааст ва ғолибтарро пеш ниҳода, гоҳе «фалағмунии сурхбодӣ» ва гоҳе «сурхбоди фалағмунӣ» гӯянд. Ҳар гоҳ ки [омос] рим кунад, «хуроҷ» гӯянд.
Ҳар гоҳ хуроҷ андар гӯштҳои ковоке чун [гӯштҳои] буни рон, буни ком, паси гӯш ва параи бинӣ афтад, онро «тоун»
гӯянд, ки ин аз ҷинси фосид буда, мо онро ба ҷои худ [андар Китоби бемориҳои] ҷузъӣ ёд кунем.
Омосҳои гарм дорои [марҳалаи] оғозанд, ки андар он ҳангом хилт ҷудо намуда, ҳаҷм зоҳир кунанд. Сипас [марҳалаи] афзоиш фаро расад ва баробари он ҳаҷмашон фузун гардида бидаманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё