Қонуни тиб

Ҳатто метавон онҳоро андар кадом андоме аз андомҳои бахшҳояшон яксон нахоҳӣ, ҳосилшудаи мавҷуд тасаввур кунӣ, вале андар [андомҳои] мураккаб чунин тасаввур мумкин нест.
Дуввум, ҷинси бемориҳое, ки ба андомҳои афзорӣ мансубанд ва онҳо бемориҳои таркиб буда, андар андомҳое воқеъ гарданд, ки аз андомҳои бахшҳояшон яксон таълиф ёфтаанд [ва ин андомҳо] афзорҳои корӣ буванд.
Севвум, ҷинси бемориҳои муштаракеанд, ки [андомҳои] бахшҳояшон яксонро рӯй диҳанд ва ҳам [андомҳои] афзориро аз ҷиҳати он ки афзориянд, рӯй диҳанд, вале ориз шудани онҳо андар андомҳои афзорӣ на аз паи оризшавии онҳо андар андомҳои бахшҳояшон яксон ояд. Ин ҳамон [бемориест], ки «гусастани пайвастагӣ» ва «ҷудошавии фард»
номанд.
Гусастани пайвастагӣ мумкин аст пайвандгоҳро аз ғайри ориз шудан андар бахшҳои яксон, ки пайвандгоҳ, албатта, аз онҳо таркиб ёфтааст, ориз бигардад ва мумкин аст мисли асаб, устухон ва рагҳо барин [андомҳоро] ба танҳоӣ ориз гардад.
Умуман, бемориҳо се ҷинсанд: бемориҳое, ки натиҷаи бадии мизоҷанд; бемориҳое, ки натиҷаи бадии ҳайати таркибанд; бемориҳое, ки натиҷаи гусастани пайвастагианд. Ҳар як беморӣ ба яке аз ин [ҷинсҳо] тобеъ аст ва бад-он мансубият дорад. Бемориҳои мизоҷ маъруфанд. Онҳо шонздаҳ [намуд] бошанд ва мо онҳоро ёд кардем.
Фасли севвум андар бемориҳои таркиб
Бемориҳои таркиб низ андар чаҳор ҷинс гирд омадаанд:
[51] бемориҳои сириштӣ; бемориҳои андоза; бемориҳои шумора; бемориҳои ниҳод (вазъ).
Бемориҳои сириштӣ низ андар чаҳор ҷинс гирд омадаанд:
Якум, бемориҳои шакл. Онҳо [бемориҳоеанд], ки шакл аз равиши табиии хеш бигардад ва ин дигаргуншавии он боиси пайдоиши осеб андар феъл хоҳад шуд. Чунончи, каҷ шудани [андоми] рост, рост шудани [андоми] каҷ, чаҳоркунҷа шудани [андоми] гирд, гирд шудани [андоми] чаҳоркунҷа, ба сабад монанд шудани сар, агар аз он зиёне ояд, сахт (75) гирда будани меъда ва набудани паҳноӣ андар ҳадақа аз ҳамин қабиланд.
Дуввум, бемориҳои гузаргоҳҳо. Ва онҳо бар се синфанд, зеро гузаргоҳҳо ё фарох шаванд, чунончи, васеъ шудани [мардумаки] чашм, бемории сабал ва даволӣ, ё тангтар шаванд, чун танг шудани чашм, гузаргоҳҳои нафас ва сурхной ва ё баста гарданд, чунончи, баста гаштани сӯрохии инабия, рагҳои ҷигар ва ғайра.
Севвум, бемориҳои ҷогаҳҳову тиҳигоҳҳо. Ва онҳо бар чаҳор синфанд. Онҳо ё бузургтару фарохтар шаванд, чунончи, кисаҳои хояҳо фарохтар гарданд, ё хурдтару тангтар бигарданд, чунончи, меъда тангтар бигардад ва шикамҳои мағз ҳангоми саръ танг шаванд, ё баста ва пур гарданд, чунончи, шикамҳои мағз ҳангоми сакта баста бигарданд ва ё тиҳӣ ва холӣ бигарданд, чунончи, тиҳигоҳҳои дил ба ҳангоми хурсандии сахти ба ҳалокатрасонанда ва ё лаззати сахти ба ҳалокатрасонанда аз хун тиҳӣ бигарданд.
Чаҳорум, бемориҳои ҳамвориҳои андомҳо. Яъне ба ин тариқ ки он ҷо, ки дурушт бояд, ҳамвор бошад, масалан, меъда ва рӯдаҳо, ки ҳар гоҳ ҳамвор бошанд ва он ҷо, ки ҳамвор бояд, дурушт бошад, масалан, нои шуш, ки ҳар гоҳ дурушт бошад.
Бемориҳои андоза ду синфанд. Онҳо ё аз ҷинси фузуниянд, чунончи, бемории фил, бузургии нара, ки он иллате бошад, ки «фарисимус» номанд ва чунонки мардеро бо номи Ниқумахус чунин рӯй додааст, ки ҳамаи андомҳои ӯ бузург шуда, ба ҷое расидааст, ки аз ҳаракат боз мондааст; ё аз ҷинси нуқсонанд, чунончи, пажмурдагии забон ва ҳадақа ва пажмурда шудани [тан] аз ин қабил буванд.
Аммо бемориҳои шумора ё аз ҷинси фузуниянд ва он ё чун дандони зиёдатӣ ва ангушти иловагӣ табиист ва ё чун домғул (салъа) ва санг ғайри табиӣ бувад; ё аз ҷинси нуқсон бошанд ва нуқсон ё андар табъ бошад, чунонки бе ангушт зода бошанд ва ё на андар табъ бошад, чунонки касеро ангушт бурида бошад.
Бемориҳои ниҳод ба гунаи зеринанд: Ба ростӣ, ниҳод ба наздики Ҷолинус ҷойгоҳ ва мушорикатро тақозо кунад. Пас, бемориҳои ҷойгоҳ чаҳор гунаанд: баромадани андом аз бандкушои хеш ё дур шудани он аз ҷойгоҳи худ бидуни баромадан, чунонки ҳангоми фатқи мансуб ба рӯдаҳо чунин бошад; ё ҳаракати онҳо андар ҷои худ на ба таври табиӣ ва ё иродӣ, чунончи, раъша чунин бошад; ё андар ҷойгоҳи хеш мондани андом ва ҳаракат накардани он, чунонки бандкушоҳо ҳангоми бемории ниқрис санг шаванд.
Бемориҳои мушорикат шомили ҳар гуна ҳолатеанд, ки андомро аз наздикӣ ва ё дурӣ нисбат ба андоми ҳамсояи хеш, ки на ба тариқи табиӣ бошад, ба амал ояд. Ин бар ду синф аст. Яке аз онҳо ин аст, ки [як андомро] ҳаракат ба сӯи [дигарӣ] ва ё аз сӯи он, баъд аз он ки мумкин буд, номумкин ва ё душвор бигардад. Масалан, ангушт, ки ҳар гоҳ онро ҳаракати ҷафс шудан бо ҳамҷаворонаш баъд аз мумкин будан номумкин ва душвор гардида бошад; ё инро чунин рӯй диҳад, ки аз инҳо ҷудо шуданаш номумкин бошад ва ё аз онҳо дур шуданаш душвор гардад, масалан, ҳангоми фалаҷ пилки [дида] ва пайвандгоҳҳо суст бигарданд ва ё кушодани панҷа ва дида душвор бигардад.
Фасли чаҳорум андар бемориҳои гусастагии пайвастагӣ
Аммо бемориҳои пайвастагӣ шояд андар пӯст воқеъ гарданд ва онҳоро «харошидагӣ» ва «саҳҷ» хонанд ва шояд андар гӯшт воқеъ шуда, он чиро ки аз онҳо нав ва ҳанӯз рим накардааст, «ҷароҳат» номанд ва он чиро ки аз онҳо рим карда бошад, «реш» номанд. [Рим андар он] бад-он сабаб падид ояд, ки фазлаҳо ба иллати нотавонии [андом] бад-он сӯ ронда шаванд ва ба иллати аз истеъмолу гуворидани ғизо оҷиз омадан [ғизо] низ андар он ба фазла табдил ёбад. Гоҳе гусастагии пайвастагиеро «ҷароҳат» ва «реш» хонанд, ки андар ғайри гӯшт ориз шуда бошад. [Гусастагии пайвастагӣ] мумкин аст андар устухон воқеъ шуда, устухон ё ба ду пора шикаста гардад, ё ба пораҳои бузург бишканад, ё суда бигардад ва ё ба дарозо шикаста бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё