Қонуни тиб

Фанни дуввум
АНДАР БАЁНИ БЕМОРИҲО ВА
САБАБҲОИ ОНҲО,
ки аз се таълим иборат аст
Таълими нахустин
АНДАР БЕМОРИҲО,
ки ҳашт фасл аст Фасли нахустин андар шинохтани «сабаб», «беморӣ» ва «араз»
Мо гӯем: «Сабаб» [гуфта], андар китобҳои тиб он чизеро гӯянд, ки ба аввал падид ояд ва муҷиби вуҷуди яке аз ҳолатҳои тани инсон ва ё суботи он бигардад.
«Беморӣ» ҳайати ғайри табииест андар тани инсон, ки зотан аз вай ба таври аввалӣ офате андар феъл воҷиб ояд ва он ё мизоҷи ғайри табиист ва ё таркиби ғайри табиӣ.
«Араз» он чизест, ки натиҷаи ин ҳайат буда, хоҳ мухолифи табиӣ бошад, мисли дард ҳангоми қулинҷ ва хоҳ ғайри мухолиф, мисли ба ифрот сурх шудани рухсора ҳангоми варами шуш, ғайри табиист.
Мисоли сабаб уфунат, мисоли беморӣ таб ва мисоли араз ташнагӣ ва дарди сар бувад. Низ мисоли сабаб пурхунии рагҳое, ки ба сӯи чашм фуруд оянд, мисоли беморӣ баста шудани [роҳи] табақаи ангурмонанд, ки он бемории афзории таркибист ва мисоли араз гум шудани биноист. Инчунин мисоли сабаб назлаи тез, мисоли беморӣ реши шуш ва мисоли араз сурхии рухсораҳо ва кӯжии нохунҳо бувад.
Аразро ба эътибори зот ва ё андар қиёс ба чизи мавриди зуҳури араз қароргирифта «араз» номанд ва ба эътибори он ки пизишк онро аз назар бигузаронад ва аз он ба сӯи шинохтани моҳияти беморӣ сипарӣ гардад, «далел» хонанд. Гоҳе беморӣ бемории дигареро сабаб бошад, масалан, қулинҷ [сабаби] беҳушӣ, ё фалаҷ ва ё саръ бигардад.
Балки гоҳе араз сабаби беморӣ бигардад, масалан, дарди сахт ба иллати рехтани моддаҳо ба мавзеи дард сабаби омос хоҳад шуд. Гоҳе араз худ беморӣ бигардад, масалан, дарди сари аз таб оризшуда мумкин аст устувор ва пойдор гардида, ба беморӣ табдил ёбад. (74) [Як] чиз мумкин аст андар қиёс ба худ, ба чизи пеш аз худ ва ба чизи пас аз худ беморӣ, араз ва сабаб бошад. Масалан, таби силӣ нисбат ба реши шуш араз, нисбат ба худ беморӣ ва нисбат ба нотавонии меъда сабаб бувад. Масалан, дарди сар, ки аз таб падид ояд, агар устувор бигардад, нисбат ба таб араз,
нисбат ба худ беморӣ ва гоҳе боиси сарсом гашта, нисбат ба он сабаб бошад.
Фасли дуввум андар бахшҳои ҳолатҳои тан ва ҷинсҳои бемориҳо
Ҳолатҳои тани инсон ба наздики Ҷолинус сеанд: 1) тандурустӣ, ки он ҳайъатест бо ёрии он тани инсон андар мизоҷу таркиби хеш ба тавре бошад, ки тамоми феълҳо аз он дурусти солим падид оянд; 2) беморӣ, ки он ҳайатест андар тани инсон, ки мухолифи [якумӣ] бошад; 3) ҳолате, ки он ба наздики [Ҷолинус] на тандурустист ва на беморӣ.
Ин ё ба сабаби ба андозаи расо набудани тандурустӣ ва беморист, чунончи, тани пирон, шахсони шифоёбанда ва кӯдакон чунинанд; ё ба сабаби бо ҳам ҷамъ омадани ҳар ду ҳолат андар як вақт андар ду андом [чунин ҳол падид ояд], ё андар як андом чунин бошаду вале андар ду ҷинси аз ҳам дур, масалан, ҳангоме ки аз ҷиҳати мизоҷ дуруст бошаду аз ҷиҳати таркиб бемор ва ё андар як андом [чунин ҳол падид ояду] вале андар ду ҷинси ба ҳам наздик, масалан, ҳангоме ки аз ҷиҳати шакл дуруст бошаду вале аз ҷиҳати миқдор ва вазъ дуруст не ва ё андар ду кайфияти инфиолӣ дуруст бошаду андар ду фоилӣ дуруст не; ё ба сабаби паиҳам омадани ҳар ду [ҳолат] андар ду вақт [чунин ҳол] падид ояд, масалан, касе, ки зимистон дуруст бошаду тобистон бемор.
Бархе аз бемориҳо сода ва бархе мураккабанд. Бемориҳои сода он бемориҳоеанд, ки аз як намуди бемориҳои бадмизоҷӣ ва ё аз як намуди бемориҳои таркиб, ки сипас ёд хоҳем кард, иборат бошанд. Бемориҳои мураккаб бемориҳоеанд, ки ду ва ё беш аз ду ба ҳам ҷамъ шуда, аз онҳо як беморӣ ба вуҷуд ояд.
Мо нахуст аз бемориҳои сода шурӯъ намуда гӯем: ҷинсҳои бемориҳои сода сеанд:
Якум, ҷинси бемориҳоест, ки ба андомҳои бахшҳояшон яксон мансуб буда, онҳо [маҷмӯи] синфҳои бадмизоҷӣ мебошанд. [Ин бемориҳо] барои он ба андомҳои бахшҳояшон яксон нисбат дода шудаанд, ки нахуст ва ба зот андар андомҳои бахшҳояшон яксон ориз бигарданд ва аз баҳри он [сипас] андомҳои мураккабро рӯй хоҳанд дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё