Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лекин ин на аз он чизҳоест, ки пизишкро лозим бошанд, чунки газандҳое, ки кадоме аз ин дуро нарасанд, ҳамҷинсанд ва онҳо газандҳоеанд, ки шиками бозпасини мағзро ориз шуда, ё аз ҷинси мизоҷанд ва ё аз ҷинси таркиб.
Аммо дигар қувваҳои андарёбандаи нафс [қувваҳои] инсонии нотиқа бошанд. Чун назари пизишкон ба иллате, ки мо шарҳаш додем, аз қувваи ваҳмия фурӯ мондааст, бинобар ин, аз ин қувва боз бештар фурӯ монда бошад. Балки назари эшон ба корҳои се қувва маҳдуд шудаасту бас.
Фасли шашум андар баёни қувваҳои нафсонии ҳаракатдиҳанда

Аммо қувваҳои ҳаракатдиҳанда қувваҳоеанд, ки ватарҳоро бикашанд ва суст намоянд ва бо ҳамин андомҳо ба ҳаракат оянд ва бандкушоҳоро бошад, боз ва таҳ кунанд. Гузаргоҳи онҳо андар асабест, ки ба мушакҳо пайваст аст.
Ин [қувваҳо] ҷинсеанд, ки мувофиқи гуногунии мабдаъҳои ҳаракатҳо ба навъҳо ҷудо шаванд ва андар ҳар мушаке табиати дигаре гардида, он ба фармони ваҳме вобаста аст, ки муҷиби гирдовардан (иҷмоъ) бувад.
Фасли вопасини ин таълим андар баёни феълҳо

(73) Мо гӯем: Бархе аз феълҳои сода бо ёрии як қувва ба
анҷом бирасад, ки мисоли он гувориш аст ва бархе [дигар]
ба ду қувва бианҷомад, ки мисолаш иштиҳои таом бошад ва
он ба қувваи кашандаи табиӣ ва ба қувваи ҳассосе, ки андар даҳони меъда ҷой дорад, анҷом ёбад. Бад-ин тариқ, ки
[қувваи] кашанда лифи ба дарозо бударо баҳри тақозои
чизи кашидашаванда биҷунбонад ва рутубатҳои ҳозирбударо ҷабида гирад ва [қувваи] ҳассос бошад, ин инфиол
ва сӯзиши савдоеро ҳис кунад, ки бедоркунандаи иштиҳост
ва он пеш ёд карда шуд. Ин феъл аз баҳри он бо ду қувва
ба анҷом бирасад, ки агар [қувваи] ҳассосро осебе бирасад,
маъное, ки «гуруснагӣ» ва «иштиҳо» ном дорад, бекор би

гардад ва ҳарчанд ки тан ба таом ниёзманд аст, вале иштиҳои он набошад.
Таом фурӯ бурдан ҳам ба ду қувва тамомият ёбад: яке аз ин ду қувваи кашиши табиӣ ва дигаре қувваи кашиши иродӣ. Кори қувваи нахустин ба лифе анҷом пазирад, ки андар даҳони меъда ва сурхной ба дарозо ниҳодааст. Кори [қувваи] дуввум ба лифи мушакҳои фурӯбарӣ вобастааст. Агар яке аз ду қувва бекор бигардад, фурӯбарӣ душвор хоҳад шуд, балки агар бекор нашуда бошаду вале барои феъл кардан ангехта нагардад, [50] [низ кори] фурӯ бурдан душвор хоҳад гашт. Набинӣ, ки агар иштиҳо ба ростӣ нарасад, моро фурӯ бурдани он чизе, ки нахоҳем, душвор бошад. Балки агар чизеро, ки бароямон нохуш аст, фурӯ бурдан хоҳем ва чун қувваи кашандаи шаҳвонӣ аз он рӯ гардонад, фурӯ бурдани он бар қувваи иродӣ душвор хоҳад омад.
Гузаштани ғизо низ ба ду қувва тамомият ёбад: [яке] қувваи ронандаи андоме, ки аз он [ғизо] ронда шавад ва [дуввум қувваи] кашандаи андоме, ки [ғизо] ба сӯи он раҳсипор бувад. Берун сохтани суфл (бори рӯдаҳо) аз ду роҳ низ ҳамин тавр бошад.
Гоҳе мабдаи феъл ду қувва аст: нафсонӣ ва табиӣ ва гоҳе сабаби он қувва ва кайфияте бошад, чунонки сардгардонии монеи моддаҳо, ки қувваи ронандаро ёрӣ диҳад, то он бо хилте, ки ба андом мерезад, муқовимат намуда, онро боз дорад ва ба сӯи [лозима] биронад. Кайфияти сард бо ёрии ду чизе, ки ба зот буванд, яъне ба ситабр сохтани гавҳари он чизе, ки бирезад ва ба танг гардонидани масом ва ба чизи севвуме [боз дорад], ки он аз қабили чизҳои ба араз буда, он шикастани гармии кашанда бувад.
Кайфияти гарм бо чизе бикашад, ки бар хилофи ваҷҳҳои ёдшуда бувад. Кайфияти гарм ва зарурати хало нахуст он чизеро бикашанд, ки тунук аст, сипас он чизеро [бикашанд], ки ситабр бувад. Аммо қувваи кашандаи табиӣ бошад, чизи мувофиқтарро бикашад ва ё чизеро бикашад, ки кашидани он табиатан хосси вай бувад. Бинобар ин, гоҳе чизи ситабртар [барои он] мувофиқтар ва хостар бувад.
Фанни якум ба поён расид.

пешина
аз 1215
навбатӣ