Қонуни тиб

ҳар қувваеро хоста бошанд, ки аз он андар ҷисми вай феъл содир гардад, бар хилофи ин сурат ин қувва нафсонӣ нахоҳад буд, балки табиӣ бошад ва дараҷаи он бартар аз дараҷаи он қуввае бошад, ки пизишкон онро «табиӣ»
хонанд. Аммо агар «табиӣ» гуфта, он [қувваеро] гӯянд, ки ё аз баҳри бақои шахс ва ё аз баҳри бақои навъ тасарруф кунад, ин [қувваи] табиӣ нахоҳад буд, балки ҷинси севвуме бошад. Азбаски ғазаб, хавф ва монанди он инфиоли ин қувваанд, ҳарчанд мабдаи онҳо ҳис, ваҳм ва қувваҳои дарккунанда аст, [вале] онҳо мансуб ба ин қувваҳоанд. Таҳқиқи баёни ин қувваҳо, якто будан ва ё беш аз якто будани онҳо ба илми табиӣ, ки он як бахши фалсафа аст, тааллуқ дорад.
Фасли панҷум андар баёни қувваҳои нафсонии андарёбанда
Қувваи нафсонӣ шомили ду қувва буда, худ ҳамчун ҷинси онҳост. Яке аз онҳо қувваи андарёбанда ва дигарӣ қувваи ҳаракатдиҳанда бошад. Қувваи андарёбанда барои ду қувва чун ҷинс аст: яке қувваи андарёбандаи зоҳирӣ ва дигаре қувваи андарёбандаи ботинӣ. Қувваи андарёбандаи зоҳирӣ [қувваи] ҳиссист ва он ба наздики гурӯҳе панҷ ва ба наздики гурӯҳи [дигаре] ҳашт қувваро ҳамчун ҷинс бувад. Агар [қувваҳои ҳиссӣ] панҷ гирифта шаванд, онҳо қувваи биноӣ, қувваи шунавоӣ, қувваи бӯёӣ, қувваи чашиданӣ ва қувваи басовиданӣ бошанд. [49] Агар ҳашт гирифта шаванд, сабаб андар он чунин бошад, ки бештари донишандӯзон совишро қувваҳои зиёде, балки чаҳор қувва пиндоранд ва барои ҳар як ҷинсе аз чаҳор басованда як қувваи алоҳидаро махсус доранд, вале он андар андоми эҳсоскунанда муштарак бошад, чунонки чашидану совидан андар забон ва биноию совидан андар чашм чунинанд. Таҳқиқи ин бар уҳдаи файласуф аст.
Қувваи андарёбандаи ботинӣ, яъне ҳайвонӣ барои панҷ қувва ҳамчун ҷинс ба шумор биравад. Яке аз онҳо қувваест, ки онро «ҳисси муштарак» ва «хаёл» номанд. Ба наздики пизишкон ин [ҳар ду] як қувва бошад ва ба наздики файласуфони мухлис ду қувва бувад.
Ҳисси муштарак қувваест, ки ҳамаи маҳсусот ба сӯи он оянд ва суратҳои онҳо вайро мунфаил сохта, андар вай ҷамъ оянд. Хаёл қувваест, ки [суратҳоро] баъди ҷамъ омадан ҳифз кунад ва баъди аз ҳис ғоиб шуданашон онҳоро нигоҳ дорад. Қувваи пазиранда аз ин ду ғайри [қувваи] ҳофиза бошад. Таҳқиқи дурустии ин низ бар уҳдаи файласуф аст. Ҳар гунае набошад, ҷойгоҳ ва сарчашмаи феъли ҳар ду шиками пешини мағз бувад.
Дуввум қувваест, ки пизишкон онро «муфаккира» хонанд ва муҳаққиқон онро гоҳе «мутахаййила» ва гоҳе «муфаккира» номанд. Агар онро қувваи ваҳмии ҳайвонӣ, ки баъд ёд хоҳем кард, ба кор барад ва ё он худ ба худ барои феъл кардан бархезад, андар ин ҳол вайро «мутахаййила» хонанд ва қувваи гӯёӣ бад-он рӯй оварда, вайро ба коре машғул дорад, ки бад-он сабаб аз вай суд бибарад, андар ин ҳангом вайро «муфаккира» номанд. Фарқи ин қувва аз нахустин ҳар гунае бошад, андар он аст, ки [қувваи] нахустин пазиранда ва ё нигаҳдорандаи он суратҳои ҳисшавандаест, ки бад-он омада бирасанд. Аммо ин [қувва] бошад, бар он чизҳое, ки андар хаёл ниҳода шудаанд, аз қабили таркибу тафсил барин тасарруфотеро ба амал оварад ва суратҳоеро ба наҳве ҳозир созад, ки аз ҳис расидаанд ва суратҳоеро ба наҳве [ҳозир созад], ки чун инсони парвозкунанда (72) ва кӯҳе аз зумуррад мухолифи [ҳис] бошанд. Аммо хаёл бошад, ба ҷуз он чиро ки аз ҳис пазируфта шудааст, чизеро ҳозир насозад. Ҷойгоҳи ин қувва шиками миёнгини мағз аст. Ин қувва афзори қувваест, ки вай ба ҳақиқат [қувваи] андарёбандаи ботинии ҳайвон ва ё [қувваи] ваҳм (пиндор) бошад.
[Ваҳм] қувваест, ки андар ҳайвон чунин ҳукм кунад: [масалан], гург душман, фарзанд дӯстдоштанӣ ва каси алафдиҳанда дӯст аст [ва] аз вай набояд гурехт. Ин аз роҳи ғайри нутқӣ бувад. Душманию дӯстӣ ғайри ҳисшавандаанд, чунки ҳар дуро ҳисси ҳайвон андарнаёбад. Пас, ин ҳар дуро қувваи дигаре ҳукм намуда, андарёбад ва ҳарчанд ин ба идроки нутқӣ нест, вале он ночор идроке бошад, ки ғайри [идроки] нутқист. Инсон низ гоҳе ин қувваро андар бисёре аз ҳукмҳои хеш ба кор барад ва андар ин ҳол кори ҳайвони ғайри гӯёро ҳамекунад. Ин қувва аз [қувваи] хаёл фарқ дорад, зеро хаёл [суратҳои] маҳсусро нигоҳ дорад ва ин [қувва] бошад, андар [суратҳои] маҳсус бо маъниҳои ғайри маҳсус ҳукм барорад. Аз қуввае, ки муфаккира ва мутахаййила ном дорад, бо он фарқ кунад, ки аз паси феълҳои он ягон ҳукме наояд, вале феълҳои инро ягон ҳукме мутобиат кунад, балки онҳо ягон ҳукмҳое бошанд. Феълҳои он таркиб додани маҳсусот аст ва феъли ин бошад, андар чизи ҳисшаванда маънои аз чизи ҳисшаванда берунро ҳукм кардан аст. Чунонки ҳис андар ҳайвон бар суратҳои маҳсусот ҳукм кунад, ҳамчунин ваҳм низ андар онҳо бар маъниҳои он суратҳое ҳукм кунад, ки ба ваҳм андар оянд, на ба ҳис. Бархе аз мардумон гузашта аз ин ин қувваро «тахайюл» номанд ва ин барои эшон [ҷоиз] аст, чунки андар номҳо хилоф нест, балки бояд маъниҳо ва фарқиятҳо фаҳмида шаванд.
Пизишкро шинохтани ин қувва лозим намеояд, зеро зиёни корҳои ин қувва ба зиёни корҳои қувваҳои дигари пеш аз он буда, аз қабили хаёл, тахайюл ва зикр, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард, вобаста аст. Пизишк бояд қувваҳоеро таҳқиқ кунад, ки агар андар кори онҳо халале ворид ояд, он халал беморӣ бошад. Агар зиён феъли ягон қувваро ба сабаби зиёне лоҳиқ шавад, ки феъли қувваи пеш аз вай бударо рӯй додааст ва он зиён аз бадии мизоҷ ва ё фасоди таркиби ягон андоме ба амал омада бошад, пас, [пизишкро] донистани он ки ин зиён ба сабаби бадии мизоҷи он андом ва ё фасоди он ба амал омадааст, кифоят бувад, то чораи илоҷ ва ё аз он амон ёфтанро бибинад. [Пизишк] чун ҳоли қувваро шинохт, ки ҳар чи бад-он расидааст, бе миёнҷӣ расидааст, бар вай воҷиб нест, ки ҳоли қувваеро шиносад, ки ҳар чи бад-он лоҳиқ шуда бошад, ба миёнҷӣ лоҳиқ шудааст.
Севвумин [қуввае], ки пизишкон ёдаш кунанд ва он ба назди [аҳли] таҳқиқ [қувваи] панҷум ва ё чаҳорум аст, ин қувваи ҳофиза ва ёдоваранда (мутазаккира) буда, вай хизонаи ҳамон маъниҳои чизҳои ҳисшавандаест, ки ба ваҳм андароянд, на суратҳои маҳсуси онҳо, чунончи хаёл хизонаи ҳамон суратҳои маҳсусест, ки ба ҳис андароянд. Ҷойгоҳи он андар шиками бозпасини мағз аст. Ин ҷо мавриди чунин баҳси фалсафист, ки қувваи ҳофиза ва ёдоваранда, ки ҳар чизи аз нигоҳдоштаҳои ваҳм аз ёд равандаро бармегардонад, оё як қувва аст ва ё ду қувва?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё