Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Зеро ин чизҳое, ки сахтанд, ҳамҷинси мизоҷи бачагон нестанд ва қувваҳои гуворандаи эшон ба гуворидани ин гуна [чизҳо] напардозанд, қувваҳои нигоҳдорандаи эшон он [чизҳоро] нигоҳ надоранд ва қувваҳои ронандаи эшон он [чизҳоро] зуд ба берун биандозанд. Аммо андар барноён ин [чизҳо] мувофиқи мизоҷи эшон буда, шоистаи ғизои эшон шудан аст.
Аз ҳамаи ин [гуфта] чунин бармеояд: қувваи нигоҳдоранда ба гирифтан ва ба муддати дароз нигоҳ доштани ҳайати гирандагӣ ва ба миқдори каме аз ёрӣ ҳангоми ҳаракат ниёзманд аст; қувваи кашанда муддати ниҳоят кам ба гирифтан ва нигоҳ доштани он ва ба миқдори зиёде аз ёрӣ ҳангоми ҳаракат ниёзманд аст; қувваи ронанда фақат ба гирифтан, на ба нигоҳ доштане, ки қобили мулоҳаза бошад ва ба [миқдори зиёде] аз кумак ҳангоми ҳаракат ниёзманд аст; ва қувваи гуворанда ба об намудану нарм сохтан ниёзманд аст. Бад-ин сабаб ин қувваҳо аз ҷиҳати ба кор бурдани чаҳор кайфият (70) ва ниёзмандии худ ба онҳо аз ҳам фарқ кунанд.
Фасли чаҳорум [48] андар баёни қувваҳои ҳайвонӣ

Қувваи ҳайвонӣ гуфта, қувваеро дар назар доранд, ки агар андар андомҳо ҳосил гардад, онҳоро барои пазируфтани қувваи ҳиссу ҳаракат ва корҳои ҳаёт омода созад ва ҳаракатҳои тарс ва хашмро низ ба иллати андар онҳо дарёфтани кушодагиву тангие, ки рӯҳи бад-ин қувва мансубро рӯй диҳанд, ба он [қувва] изофа намудаанд.
Мо ин мухтасарро тафсил дода гӯем: чунонки аз [бахши] касифи хилтҳо ба ҳасби мизоҷ чизе падид ояд, ки гавҳари касиф буда, андом ва ё ҷузъе аз андом аст, ҳамчунин аз [бахши] бухорӣ ва тунуки хилтҳо ба ҳасби мизоҷ чизе падид ояд, ки он гавҳари тунук буда, рӯҳи [ҳайвонӣ] бошад. Чунонки ҷигар ба наздики пизишкон маъданест, барои зодани якумӣ, ҳамчунин дил маъданест, ки барои зодани дуввумӣ бошад. Ин рӯҳ агар бар мизоҷе падид ояд, ки муносибаш бошад, қобили пазируфтани қуввае гардад, ки он тамоми андомҳоро барои пазируфтани қувваҳои дигари нафсонӣ ва ғайри нафсонӣ омода созад.
Қувваҳои нафсонӣ андар рӯҳ ва андомҳо танҳо баъд аз пайдоиши ин қувва падид оянд ва агар як андом аз қувваҳои нафсонӣ фурӯ монаду вале аз ин қувва ҳанӯз фурӯ намонда бошад, зинда аст. Магар намебинӣ, ки андоми карахтшуда ва [ё] андоми ба фалаҷ гирифтор ба иллати мизоҷе, ки монеи пазироист ва ё садде, ки андар миёни мағзу он андом андар асабҳои ба сӯи он оянда рӯй додааст, андар ҳол ҳис ва ҳаракатро гум кунад, вале бо вуҷуди он зинда монад. Андоме, ки ба марг дучор ояд, ҳис ва ҳаракатро гум кунад ва онро ганда шудану табаҳ гардидан рӯй диҳанд. Пас, чунин падид омад, ки андар андоми ба фалаҷ гирифтор қувваест, ки зиндагӣ андар вай нигоҳ дорад, то ҳар гоҳ ки боздоранда бардошта шавад, қувваи ҳис ва ҳаракат ба сӯи он боз баромада ва он ба сабаби дурустии қувваи ҳайвонии худ қобили пазируфтани онҳо бошад. Боздоранда он чизест, ки аз пазируфтан ба феъл боз дорад.
Андар андоми мурда ҳол чунин нест.
Омодасозанда ин қувваи ғизодиҳӣ ва ғайри он нест, то ҳар гоҳ қувваи ғизодиҳӣ боқӣ бошад, [андом] зинда бошад

ва агар бекор шавад, мурда бигардад. Ин гуфта қувваи ғизодиҳиро [низ] дарбар бигирад. Бинобар ин, гоҳе [қувваи ғизодиҳӣ] андар бархе аз андомҳо аз кор монад, вале [андом] зинда бошад ва гоҳе он ба кор аст, вале андом рӯ ба марг ниҳода бувад. Агар қувваи ғизодиҳанда, бо он ки қувваи ғизодиҳанда аст, [андомро] барои ҳиссу ҳаракат омода гардонидӣ, растаниро боистӣ, ки пазирои ҳиссу ҳаракат будӣ. Пас, падид омад, ки омодасозанда чизи дигар буда, аз паси мизоҷи хосе падид ҳамеояд, ки онро «қувваи ҳайвонӣ» хонанд. Чун рӯҳ аз [бахши] тунуки хилтҳо пайдо гардад, ин қувва нахустин қуввае бошад, ки андар вай падид ояд.
Сипас ба наздики файласуф Аристутолис рӯҳ ба ёрии ин [қувва] пазирои мабдаи нахустин ва нафси нахустине бигардад, ки дигар қувваҳо аз вай бархезанд, вале феълҳои он қувваҳо ба аввали кор аз рӯҳ падид наоянд, ҳамчунон ки ба наздики пизишкон рӯҳи нафсонӣ, ки андар мағз ҷой дорад, то ба рутубати ҷалидӣ, ё ба забон ва ё ғайри он нагузарад, аз вай эҳсос падид нахоҳад омад. Ҳар гоҳ бахше аз рӯҳ андар ковокии мағз ҳосил ояд, мизоҷеро бипазирад [ва] шоистаи он гардад, ки бо ёрии он аз вай феълҳои қуввае падид оянд, ки аз ибтидо андар вай аст. Андар ҷигар ва андар хояҳо [кор] ҳамчунин бошад.
Ба наздики пизишкон то рӯҳ андар мағз ба мизоҷи дигар нагардад, шоистаи пазируфтани нафсе, ки он мабдаи ҳиссу ҳаракат аст, нахоҳад гардид. Андар ҷигар [ҳам] чунин аст, агарчи омезиши нахустин қабули қувваи нахустини ҳайвониро бахшидааст. Ҳамчунин андар ҳар андоме барои ҳар ҷинсе аз феълҳо ба наздики [пизишкон] нафсе дигар аст ва нафс якто нест, ки қувваҳо аз он падид оянд ва ё нафс маҷмӯи ин ҳама бошад. Агарчи мизоҷи нахустин қабули қувваи нахустини ҳайвониро [ба рӯҳ] бахшидааст, ба тавре ки чун рӯҳ падид ояд, қуввае камоли он бошад, лекин то агар андар рӯҳ мизоҷи хосе ҳосил наояд, ба наздики [пизишкон] ин қувва ба танҳоӣ рӯҳро кифоят нест, ки то бо ёрии он тамоми дигар қувваҳоро бипазирад.
[Пизишкон] гуфтаанд: ин қувва бо вуҷуди он ки шоистаи пазируфтани ҳаёт бигардонад, [вале] он мабдаи ҳаракат кардани (71) гавҳари рӯҳии тунук ба сӯи андомҳо ва ҳангоми нафасгирӣ ва тозашавӣ мабдаи кушодашавию фишурдашавии он низ бошад. Чуноне ки гӯянд, гӯё [қувваи ҳайвонӣ] ба қиёс бо ҳаёт [ба андомҳо] феълпазирӣ бахшад ва ба қиёс бо феълҳои нафс ва набз феъл бахшад. Ин қувва аз баҳри он қувваҳои табииро монад, ки андар содир шудани корҳо аз худ соҳибирода нест ва аз баҳри он қувваҳои нафсониро монад, ки корҳои он гуногунанд, зеро вай ҳам кушодагӣ ва ҳам фишурдагӣ ёфта, бо ду гуна ҳаракати ба ҳам зид ҳаракат кунад. Вале файласуфон ҳар гоҳ нафси заминиро «нафс» хонанд, бо он камоли ҷисми табиии афзориро пеши назар доранд ва мабдаи ҳар қувваеро хоста бошанд, ки аз худи он ҳаракатҳо ва корҳои гуногун содир бигарданд. Пас, ин қувва бар мазҳаби файласуфон қувваи нафсонист, чунонки қувваҳои табиӣ, ки мо онҳоро ёд кардем, ба наздики эшон «қувваи нафсонӣ» хонда шавад. Аммо ҳар гоҳ онҳо «нафс» гуфта, ин маъниро нахоста бошанд, балки бо он қувваеро пеши назар дошта бошанд, ки мабдаи идрок ва ба ҳаракатоӣ буда, ба ёрии ягон иродае аз ягон идроке содир гардидааст ва бо «табиат»

пешина
аз 1215
навбатӣ