Қонуни тиб

Ин буд кори ин [қувва] андар [бахши] фоиданоки [ғизо] ва инро «гувориш» гӯянд. Аммо кори он андар [бахши] фазлаҳои [ғизо] ин аст, ки ҳар қадар битавонад, онҳоро ба ин ҳайат бигардонад ва ин низ «гувориш» ном дорад ва ё роҳи онҳоро барои бо ёрии қувваи ронанда берун шудани онҳо аз андоме, ки андар он банд шудаанд, ҳамвор бисозад.
[Яъне] агар ситабрӣ монеъ бошад, [47] қивомашонро тунук созад, агар тунукӣ монеъ бошад, қивомашонро ситабр намояд ва агар часпакӣ монеъ бошад, буридаашон созад. Ин феълро «пазиш» номанд ва гоҳе «гувориш» ва «пазиш» ба тариқи муродиф гуфта оянд.
Қувваи ронанда фазлаи аз ғизо боқимондаеро биронад, ки қобили ғизобахшӣ нест, ё беш аз андозаест, ки барои ғизогирӣ кофӣ буда, аз он бениёзист ва ё мисли пешоб андар ҷойгоҳи муайян аз истеъмол барояд. Ин қувва ин фазлаҳоро ё аз тарафҳо ва гузаргоҳҳои барои онҳо омодашуда берун кунад ва ё агар андар он ҷой гузаргоҳи омодае набошад, онҳоро аз андоми гиромитар ба сӯи андоми фурӯмоятар ва аз андоми сахттар ба сӯи андоми ковоктар биронад. Агар равиши рондан ба равиши майли моддаи фазла бошад, қувваи ронанда ҳар андоза, ки мумкин аст, вайро аз он сӯй боз надорад. Ин чаҳор қувваи табииро чаҳор кайфияти аввалӣ, яъне гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ хидмат кунанд. Аммо гармӣ бошад, хидмати он ба ҳақиқат барои ҳар чаҳор муштарак аст. Аммо сардӣ бошад, бархе аз онҳоро ба араз, на ба зот хидмат кунад. Коре, ки сардиро ба зот аст, ин аст, ки вай ба тамоми қувваҳо зид бувад. Чунки корҳои ҳамаи қувваҳо ба ҳаракатҳо вобастаанд. Кашидану рондан худ маълуманд, аммо гуворидан бошад, барои он [ба ҳаракат вобаста] аст, ки гувориш аз роҳи ҷудо сохтани ҷузъҳои чизи ғализу ситабр ва ҷамъ намудани онҳо бо чизе, ки тунуку латиф аст, пурра бигардад. Ин бо ёрии ҳаракатҳои ҷудосозию омезишдиҳӣ [ба амал ояд]. Аммо қувваи нигоҳдоранда бошад, бо ҳаракат додани лифи вуреб ва ба ҳайати хуб фарогиранда даровардани он феъл кунад.
Сардӣ миронанда, беёдкунанда ва монеи ҷамеи ин корҳост, вале андар [кори] нигоҳ доштан ба араз суд дорад.
Ба ин тариқ, ки лиф бар ҳайати фарогирии дуруст нигоҳ дошта шавад. Пас, [феъли сардӣ] андар феъли қувваи нигоҳдоранда дахле надорад, балки вай барои афзор ҳайатеро омода кунад, ки бо ёрии он феъли [қувваи нигоҳдорандаро] нигоҳ дорад.
Қувваи ронанда аз сардӣ ба ин тариқ фоида барад, ки вай (69) боди барои рондан ёридиҳандаро аз ҳал шудан боз дорад, андар ситабр гардидани он ёрӣ расонад ва лифи паҳни фишордиҳандаро ҷамъ сохта, онро зич кунад. Ин кор низ омода сохтани афзор аст, на ёрӣ расондан андар худи кор. Пас, сардӣ ба араз андар хидмати ин қувваҳо дохил аст ва агар андар худи кори онҳо дахолат мекард, ҳароина зиён оварда, ҳаракатро бозмедошт.
Хушкӣ бошад, андар кори се қувва – ду баранда ва як нигоҳдоранда мавриди ниёзмандист. Ду баранда, ки қувваи кашанда ва қувваи ронандаанд, барои он [ба хушкӣ ниёзманданд], ки андар он бештар имконияти эътимоднокиест, ки ҳангоми ҳаракат аз он чора нест. Яъне ҳаракати рӯҳро дар назар дорам, ки ин қувваҳоро ба маҳалли корашон бо як суръати қавӣ бирасонад ва ҳангоми ин гуна [ҳаракат], агар ковокии рутубатӣ андар гавҳари рӯҳ ва ё андар гавҳари афзор ҷой дошта бошад, монеи он бигардад. Аммо қувваи нигоҳдоранда аз барои қабз кардан ба [хушкӣ эҳтиёҷ дорад], вале қувваи гуворанда бошад, ба тарӣ сахт ниёзманд аст.
Агар кайфиятҳои фоилу феълпазир ҳангоми ниёзмандии ин қувваҳо ба онҳо бо якдигар муқояса шаванд, [чунин бошад]:
- Ниёзмандии қувваи нигоҳдоранда ба хушкӣ сахттару бештар аз ниёзмандии он ба гармӣ дарёфта шавад, зеро муддате, ки [андар он] қувваи нигоҳдоранда лифи тарвозаро ором нигоҳ медорад, аз муддате, ки вай онро барои қабз кардан ҳаракат медиҳад, бештар аст. Чунки муддати ҳаракат додани он, ки ҳангоми он ба гармӣ ниёзманд аст, кӯтоҳ бошад ва бештари замони феъл кардани он барои нигоҳ доштан ва ором намудан харҷ шавад. Азбаски мизоҷи кӯдакон бештар ба тарӣ бигарояд, ин қувва андар эшон нотавон аст.
- Ниёзмандии қувваи кашанда ба гармӣ аз ниёзмандии он ба хушкӣ сахттар аст, зеро гармӣ гоҳе андар кори кашидан ёрӣ расонад. Балки ин бад-он сабаб аст, ки аксар вақт кори ин [қувва] ҳаракат додан аст ва онро ҳоҷат ба ҳаракат додан заруртар аз ҳоҷат ба ором нигоҳ доштани ҷузъҳои афзори худ ва бо ёрии сахтӣ қабз кардани онҳост. Чунки ин қувва на танҳо ба ҳаракати зиёд ниёзманд аст, балки ба ҳаракати сахт [низ] эҳтиёҷ дорад.
Кашиш ё ба феъли қувваи кашанда тамомият ёбад, чунонки андар мағнотис, ки бо ёрии он оҳан кашида шавад, ё ба зарурати хало тамомият ёбад, чунонки об андар обдуздакҳо кашида гардад ва ё ба гармӣ тамомият ёбад, чунонки чароғ равғанро бикашад. Ба наздики аҳли таҳқиқ ин бахши севвум [ҳам] ба зарурати хало оид аст, вале [гармӣ] онро ёрӣ диҳад. Пас, ҳар гоҳ ки бо қувваи кашанда гармӣ ёр гардад, кашиш қавитар хоҳад шуд. - Қувваи ронандаро ҳоҷат ба хушкӣ камтар аз ҳоҷати ҳар ду қувва, яъне кашандаву нигоҳдоранда аст, зеро он на ба [қабз кардане чун] қабз кардани қувваи нигоҳдоранда эҳтиёҷ дорад ва на ба [гирифтане чун] гирифтани қувваи кашанда. [Қувваи кашандаро] қабз кардану андар худ нигоҳ доштани чизи кашидашуда аз роҳи [он чизро] нигоҳ доштани ҷузъе аз афзор то ҳангоми расидани ҷузъи дигар сурат бигирад.
Хулоса, қувваи ронандаро, албатта, на ба нигоҳ доштан, балки ба ҳаракат додан ва ба каме сахтшавие ниёзмандист, ки андар фишурда баровардан ёрӣ расонад ва на ба андозае бошад, ки боиси ҳайати шакли фишурдану қабз карданро нигоҳ дошта мондани афзор бигардад, чунонки андар қувваи нигоҳдоранда муддати дароз ва андар қувваи кашанда то расидани кашиши ҷузъҳо чунин бошад. Бадин сабаб вай ба хушкӣ кам эҳтиёҷ дорад. - Ба гармӣ аз ҳама беш қувваи гуворанда ниёзманд аст, вале ба хушкӣ ҳоҷат надорад, балки ба тарӣ эҳтиёҷманд аст, то ки ғизоро равон созад ва барои гузаштан аз маҷроҳо ва пазируфтани шаклҳо омодааш намояд.
Касе наметавонад бигӯяд, ки «агар тарӣ ёри гувориш мебуд, бояд қувваҳои бачаҳо аз гувориши чизҳои сахт оҷиз намеомаданд». Ба ростӣ, на бад-ин сабаб, балки ба сабаби камӣ ва ё [бешии] ҳамҷинсӣ бачаҳо аз ин кор оҷизанд ва барноён бар он тавоно.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё