Қонуни тиб

Ҷойгоҳи ин навъ ва сарчашмаи феълҳои он хояҳост; III қувваи ҳайвонӣ ҳамон қувваест, ки чораи кори рӯҳро, ки маркаби ҳиссу ҳаракат аст, бибинад ва [рӯҳ] чун андар мағз ҳосил шавад, онро барои пазируфтани [ҳиссу ҳаракат] омода сохта, ба ҷое бирасонад, ки чун ба ҳар ҷой паҳн шавад, андар он ҷой ҳаёт бахшад. Ҷойгоҳи ин қувва ва сарчашмаи феъли он дил аст.
Бузургтарини файласуфон, яъне Аристутолис ақида дорад, ки сарчашмаи ҳамаи ин қувваҳо дил аст, вале ин сарчашмаҳои ёдшуда барои падид омадани феълҳои онҳоанд, ҳамчунин ки назди пизишкон сарчашмаи ҳис мағз буда, ҳар як ҳоссаро як андомест, ки феъли вай аз он падид ояд.
Сипас агар воҷибияти [ин] баррасию таҳқиқ карда шавад, масъала ба сурате дарёфта мешавад, ки Аристутолис пиндорад, на дигарон ва маълум бигардад, ки гуфтаҳои дигарон аз муқаддимаҳои иқноии ғайри зарурӣ бароварда шудаанд [ва] эшон андар ин гуфтаҳо ба зоҳири умур пайравӣ кардаанд. Лекин пизишкро аз он ҷиҳат, ки пизишк аст, воҷиб нест, бидонад, ки кадом аз ин ду ақида рост аст, балки ин кор бар ӯҳдаи файласуф ва ё табиатшинос бувад.
Агар пизишкро мусаллам бошад, ки ин андомҳои ёдшуда то андозае сарчашмаҳои ин қувваҳоянд, андар он чи аз амри тиб машғул аст, барои вай донистан муҳим нест, ки инҳо [оё] аз сарчашмаи собиқ расидаанд, ё не. Лекин надонистани ин барои файласуф аз қабили чизҳои нобахшиданист.
Фасли дуввум:
андар баёни қувваҳои табиии хидматпазир
Қувваҳои табиӣ бархе хидматгузор ва бархе хидматпазиранд. Қувваҳои хидматпазир ду ҷинсанд: 1) як [ҷинс] аз баҳри бақои шахс андар ғизо тасарруф кунад ва он бар ду навъ бошад – қувваи ғизодиҳанда ва қувваи болиш; 2) ҷинси [дигар] аз баҳри бақои навъ андар ғизо тасарруф намояд ва ин [низ] бар ду навъ бошад – қувваи зоиш ва қувваи суратбахшанда.
Қувваи ғизодиҳанда қувваест, ки ғизоро ба гунаи ғизопазир бигардонад, то он ҷои чизи ба таҳлил рафтаро бигирад.
Қувваи болиш қувваест, ки он ғизои ба ҷисм андаромадаро ба таносуби табиӣ ба қутрҳои ҷисм биафзояд, то ки он бад-ин роҳ ба камоли болиш бирасад.
Қувваи ғизодиҳанда қувваи болишро хидмат кунад.
Қувваи ғизодиҳанда гоҳе баробари чизи ба таҳлил рафта, гоҳе камтар ва гоҳе бештар аз он [ғизо] бозрасонад. [Ғизои] бозрасанда то агар аз [миқдори] чизи ба таҳлил рафта беш набошад, болиш нахоҳад буд, вале на ҳар вақт ки чунин бошад, болиш бувад. Фарбеҳӣ баъд аз лоғарӣ андар синни бозистӣ аз болиш аз ҳамин қабил бувад. Ин болиш нест, балки болиш он аст, ки [зиёдшавӣ] андар тамоми қутрҳо ба таносуби табиӣ бошад, то ба камоли болиш расида шавад, сипас, баъди он ҳарчанд фарбеҳӣ ҳаст, вале, албатта, болиш нахоҳад буд. Ҳамчунин пеш аз [синни] бозистӣ аз болиш, ҳарчанд лоғарӣ бошад ҳам, вале пажмурдагӣ нахоҳад буд, зеро ин аз ҳақиқат дур ва аз зарурат берун аст.
Кори қувваи ғизодиҳанда ба се феъли ҷузъӣ анҷом ёбад:
[феъли] нахустин ҳосил кардани гавҳари чизи ивазшаванда бошад ва он хун ва хилтест, ки андар қувва қариб билфеъл ба андом монандӣ дорад. Гоҳе [андар ин кор] халал ворид шавад, чунон ки ҳангоми иллате, ки «атруфиё» ном дорад, яъне наёфтани ғизо, чунин рӯй диҳад; [феъли] дуввум часпондан аст. Ин чизи ҳосилкардаро тамоман билфеъл ба ғизо, яъне ба ҷузъи андом, табдил додан бошад. Гоҳе андар ин кор халал рӯй диҳад, чунонки андар истисқои гӯштӣ чунин бошад; [феъли] севвум монанд сохтан аст, яъне бояд ин чизи ҳосилшуда ҳангоми як ҷузъи андом шуданаш аз тамоми ҷиҳат, ҳатто андар қивом ва ранг ҳам бадон монанд бигардад. Гоҳе ба он халал ворид шавад, чунонки ҳангоми песӣ ва баҳак чунин бошад. Ба ростӣ, ҳангоми [ин бемориҳо феълҳои] ҳосил намудан ва часпондан мавҷуданд, вале [феъли] монанд гардондан вуҷуд надорад. Ин феъл қуввае аз қувваҳои ғизодиҳанда аст, ки он дигаргунсозанда бувад. Вай аз ҷиҳати ҷинс ва сарчашмаи нахустин андар инсон якест, вале аз ҷиҳати навъ (68) андар андомҳои ба бахшҳо яксон гуногун бошад, чунки андар ҳар як андом ба ҳасби мизоҷи худ қувваест, ки ғизоро ба гунае дигаргун бисозад, ки мухолифи гунаи [ба амаловарандаи] қувваи дигар бошад. Лекин [қувваи] дигаргунсозандае, ки андар ҷигар аст, кореро анҷом диҳад, ки барои ҳамаи тан муштарак бувад.
Қувваи зоиш бар ду навъ аст: як навъ андар нару мода маниро падид орад ва навъи [дигар] қувваҳои андар манӣ бударо аз ҳам ҷудо карда, онҳоро ба ҳасби ҳар як андом омезиш диҳад ва барои асаб як мизоҷи хос, барои устухон як мизоҷи хос ва барои шараён мизоҷи хосси дигареро махсус бигардонад. Ин [кор] аз мание ба амал ояд, ки ҷузъҳояш ба ҳам монанд ва ё андар омезиш яксон бошанд. Ин қувваро пизишкон «қувваи дигаргунсозандаи нахустин»
хонанд.
Қувваи суратбахши татбиқкунанда қувваест, ки ба фармони Офаридгораш аз он тарҳи андомҳо, шаклгириҳо, тиҳигиҳо, шикофиҳо, ҳамворӣ, дуруштӣ, ниҳоду мушорикатҳои онҳо ва хулоса ҳамаи корҳои ба марзҳои андозаҳои андомҳо алоқаманд падид оянд. Хидматгузори ин қувва, ки аз барои нигоҳдории навъ андар кори ғизо тасарруф дорад, қувваи ғизодиҳанда ва қувваи болиш бувад.
Фасли севвум:
андар баёни қувваҳои табиии хидматгузор
Аммо андар миёни қувваҳои табиӣ қувваҳои сирф хидматрасон он қувваҳоеанд, ки қувваи ғизодиҳандаро хидмат кунанд ва онҳо чаҳор қувваанд: кашанда, нигоҳдоранда, гуворанда ва ронанда.
[Қувваи] кашанда аз баҳри он офарида шудааст, ки то чизи судмандро бикашад. Вай ин корро ба ёрии лифи андоме, ки андар он ба дарозо кашида шудааст, анҷом бидиҳад.
Қувваи нигоҳдоранда барои он офарида шудааст, ки чизи судмандро то ҳангоме нигоҳ дорад, ки қувваи онро дигаргунсозанда ва ҷабанда андар он тасарруф кунанд.
Вай ин корро ба миёнҷии лифи вуреб хобида адо кунад ва гоҳе [лифи] бар паҳно буда онро ёрӣ диҳад.
Қувваи гуворанда онест, ки чизи бо қувваи кашанда кашида ва бо қувваи нигоҳдоранда нигоҳ доштаро ҳал карда, ба қивоме оварад, ки барои кори қувваи дигаргунсозанда созгор ояд ва онро ба мизоҷе бигардонад, ки барои билфеъл ба [моддаи] ғизоӣ баргаштан муносиб бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё