Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас рагҳое [бархостаанд], ки андар сӯрохиҳои муҳраҳо ба сӯи (66) ҳароммағз бидароянд.
Чун [раги дарунтиҳӣ] ба вопасин муҳра бирасад, бар ду бахш бигардад. Онҳо аз якдигар дур шуда, яке ба рост ва дигарӣ ба чап рафта, ҳар яке аз онҳо ба сӯи як рон роҳ пеш гирад. Пеш аз он ки ба рон бирасанд, аз ҳар яки онҳо даҳ табақа [шохаҳо] бархезад: як табақа ба сӯи ҳар ду бари миён биравад; дуввумӣ шохаҳои чун мӯй борик дошта, онҳо оҳанги бархе аз қисми фурӯсӯвини бахшҳои сифоқ кунанд; табақаи севвум андар мушакҳое, ки бар устухони миёни сурин ниҳодаанд, пароканда шавад; табақаи чаҳорум андар мушакҳои мақъад ва андар рӯи аҷз (миёни сурин) пароканда шавад; табақаи панҷум андар занон рӯ ба гардани раҳм ниҳода, андар он ва он чи ки бо он пайваст аст, пароканда шавад ва инчунин рӯ ба обгаҳ ниҳад. Сипас он қисм, ки оҳанги обгаҳ дорад, бар ду бахш шавад: як бахш андар обгаҳ пароканда шавад ва як бахш ба сӯи гардани он равона гардад. Ин бахш андар мардон ба сабаби ҷой доштани нара бисёр бузург аст ва андар занон хурд. Рагҳое, ки аз атроф ба сӯи раҳм меоянд, аз онҳо рагҳои ба сӯи пистонҳо бароянда сар задаанд, то ки тавассути онҳо раҳм бо пистонҳо анбозӣ дошта бошад; табақаи шашум рӯ ба мушакҳое ниҳад, ки бар устухони зиҳор хобидаанд; табақаи ҳафтум ба барсӯ ба сӯи мушакҳое барояд, ки онҳо бар забари шикам ба дарозои тан хобидаанд. Ин рагҳо ба охирҳои рагҳое пайвастаанд, ки онҳо, [чунон ки] мо гуфтем, қад-қади сина ба сӯи мароққи шикам фурӯд оянд. Аз буни ин рагҳо андар занон рагҳое растаанд, ки ба раҳм омада бирасанд. Аз рагҳое, ки аз атроф ба сӯи раҳм меоянд, шохаҳое ҷудо шудаанд, ки ба сӯи пистон бароянд, то ки бад-ин васила миёни раҳм ва пистон анбозӣ бошад; табақаи ҳаштум ба сӯи шарми пешини ҳам мардон ва ҳам занон омада, пароканда шавад; табақаи нуҳум ба сӯи мушакҳои дарунии рон омада, андар онҳо пароканда шавад; табақаи даҳум аз мавзеи мезаной зоҳир шуда,

ба сӯи ҳар ду тиҳигоҳ ояд ва ба охирҳои рагҳои фурудомада, хусусан ба рагҳое, ки аз мавзеи пистонҳо фуруд омадаанд, бипайвандад ва аз ҷумлаи онҳо як ҷузъи бузурге ба сӯи мушакҳои ҳар ду дунба ояд.
Он чи ки аз ин ҷумла боқӣ бимонад, ба сӯи рон омада, аз он андар [рон] бахшҳову шохаҳо пароканда бигарданд.
Яке аз онҳо андар мушакҳое пароканда шавад, ки бар бахши пешини рон хобидаанд. [Шохаи] дигаре андар мушакҳои фурӯсӯвини рон аз сӯи дарун ба ботин рафта, пароканда шавад. [Низ] шохаҳои дигари зиёде андар қаъри рон пароканда шаванд.
Ҳамаи аз инҳо боқимонда чун ба пайвандгоҳи зону каме бидароянд, бар се бахш шаванд: 1) бахши берунии онҳо қад-қади наи хурд то пайвандгоҳи шитоланг фуруд ояд; 2) бахши миёнгин андар хамии зону фуруд омада, андар мушакҳои шиками соқ аз худ шохаҳо ба ҷой гузорад ва [боқӣ] бар ду шоха шавад: яке андаруни бархе аз ҷузъҳои соқ пинҳон шавад ва дуввумӣ миёни ҳар ду най [фуруд] омада, ба сӯи пеши пой равад ва бо шохае аз [бахши] берунии мазкур биомезад; 3) бахши севвум, ки дарунист, ба мавзее аз соқ, ки бегӯшт аст, майл намуда, сипас ба сӯи шитоланг ва ба сӯи дарунии панҷаи пой фуруд ояд. Ин раг софин бувад.
Ин се бахш [ҳамин тариқ], бар чаҳор [шоха] бигарданд:
ду [шоха] берунӣ буда, аз ноҳияи наи хурд ба сӯи панҷаи пой раванд; ва ду [шохаи дигар] дарунӣ буванд. Яке аз ду [шохаи] дарунӣ ба болои қадам баромада, андар қисматҳои забарини ноҳияи ангушти хурд пароканда шавад ва дуввумӣ ҳамон рагест, ки бо як шохаи берунии бахши дарунии ёдшуда биомезад ва ҳар ду андар бахшҳои поёнӣ пароканда шаванд. Ин буд шумораи варидҳо.
Хулоса, мо ташреҳи андомҳои ҷузъҳояшон яксонро ба поён расондем. Аммо андомҳои афзорӣ бошанд, ташреҳи ҳар яке аз онҳоро андар мақолае ёд хоҳем кард, ки шомили ҳолатҳои онҳо ва муолаҷаҳои онҳост. Акнун мо андар амри қувваҳо ба суханронӣ оғоз намоем.

Таълими шашум
АНДАР БАЁНИ ҚУВВАҲО ВА ФЕЪЛҲО,
ки аз як ҷумла ва як фасл иборат аст

Ҷумла

АНДАР БАЁНИ ҚУВВАҲО,

ки аз шаш фасл иборат аст
Фасли нахустин
андар баёни ҷинсҳои
қувваҳо ба таври ҳамагонӣ

Бидон, ки қувваҳо ва феълҳоро ба якдигар тавон шинохт.
Чун ҳар қуввае сарчашмаи ягон феълест ва ҳар феъле аз қуввае падид ояд, бинобар он, мо ҳар дуро андар як таълим овардем.
Қувваҳо ва феълҳои аз онҳо падидоянда назди пизишкон се ҷинсанд: ҷинси қувваҳои нафсонӣ; ҷинси қувваҳои табиӣ; ва ҷинси қувваҳои ҳайвонӣ.
(67) Бисёре аз файласуфон, оммаи пизишкон ва хусусан

Ҷолинус ақида доранд, ки ҳар қувваеро [46] аз қувваҳо андоми сарварест, ки он сарчашмаи вай аст ва аз он феълҳояш падид оянд. Бинобар ин раъйи эшон бар он аст, ки: I - ҷойгоҳи қувваи нафсонӣ ва сарчашмаи феълҳои он мағз бувад; II - қувваи табииро ду навъ аст: 1) ғояти як навъ нигоҳбонии шахс ва чораи он дидан аст. Ин [навъ] андар кори ғизо машғул аст, то ки танро то бозе, ки боқист, ғизо бидиҳад ва онро ба ниҳояти болиш бирасонад. Ҷойгоҳи ин навъ ва сарчашмаи феъли он ҷигар аст; 2) ғояти навъи [дигар] нигоҳбонии навъ аст. Ин [қувва] ба кори наслгузорӣ машғул аст, то аз хилтҳои тан гавҳари маниро берун орад ва сипас ба фармони Офаридгори хеш ба он сурат бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ