Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас ба пеш баромада, ҳиҷоберо ғизо диҳад, ки оҳиёнаро печидааст. Баъд, аз пардаи тунук ба сӯи мағз фуруд омада, чун парокандашавии рагҳои ҷаҳанда андар он пароканда шавад. Ҳамаи ин [рагҳоро] пардаи сахт андар хеш бигрифта, то ба мавзеи фарохе, яъне ба фазое бурда бирасонад, ки хун бад-он ҷой рехта, андар он ҷой ҷамъ шавад ва сипас аз он ҷой андар миёни ду тоқ, ки «афшурагоҳ» ном доранд, пароканда гардад.
Ин шохаҳо чун ба шиками миёнгини мағз наздик шаванд, онҳоро лозим ояд, ки ба рагҳои бузург мубаддал гарданд, то ки аз афшурагоҳ ва маҷроҳои он, ки аз вай бархостаанд, [хунро] макида гиранд. Сипас онҳо аз шиками миёнгин ба сӯи ду шиками пешин кашида шаванд ва андар он ҷой бо рагҳои ҷаҳандаи ба барсӯ бароянда дучор оянд ва [аз онҳо] пардаи бо номи «тӯри машимӣ» маъруф бофта бигардад.

рин барояд ва сипас рӯ ба берун ниҳода, ду шоха аз худ ба сурати ҳарфи ломи юнонӣ (λ) барорад. Шохаи забарини он то ба каронаи занди забарин омада, роҳи хурдаи дастро пеш бигирад ва андар паси нарангушт андар миёни он ва ангушти шаҳодат ва андар ангушти шаҳодат пароканда бигардад. Шохаи фурӯсӯвини он ба каронаи занди зерин омада, бар се шоха шавад: 1) як шоха аз онҳо рӯ ба ҷойгоҳе ниҳад, ки миёни ангушти миёнгин ва шаҳодат аст ва [андар он ҷой] бо як шоха аз раге, ки аз бахши забарин ба наздики ангушти шаҳодат расидааст, пайваст гардида, [45] ҳамчун раги ягона бо он муттаҳид шавад; 2) шохаи дуввуми он, ки асламак аст, андар миёни ангуштони миёнгин ва бинсир омада пароканда шавад; 3) шохаи севвум то ба ангушти бинсир ва ангушти хурд бирасад. Ҳамаи инҳо андар ангуштон пароканда гарданд.

Фасли чаҳорум
андар ташреҳи варидҳои ҳар ду даст

Мо гуфторро андар баёни бахши ба барсӯ равандаи вариди дарунтиҳӣ, ки он хурдтарини ҳар ду бахш аст, ба поён расондем. [Акнун ба зикри вариди дарунтиҳии ба фурӯсӯ фуроянда пардохта, бигӯем]: Нахустин чизе, ки аз бахши поёнфуроянда баробари аз ҷигар баромадан ва пеш аз такя ба сутунмуҳра задани он бирӯяд, ин шохаҳои чун мӯй борикест, ки ба сӯи печу хамиҳои гурдаи рост омада, андар онҳо ва андар ҷисмҳои бад-он наздик пароканда шаванд, то ки онҳоро ғизо бидиҳанд. Сипас аз вай як раги бузурге ҷудо шавад, ки ба сӯи гурдаи чап ояд ва ин низ ба рагҳои чун мӯй [борик] тақсим шуда, андар печу хамиҳои гурдаи чап ва ҷисмҳои наздики он пароканда шаванд.
Сипас аз он ду раги бузурге бархезанд, ки ҳар дуро «ду раги бароянда» гӯянд. Ҳар ду аз баҳри пок сохтани бахши обии хун ба сӯи гурдаҳо раванд, чунки гурда аз онҳо ғизои худро ситонад ва он бахши обии хун бувад.
Аз раги чапи ин ду раги бароянда шохае бархоста, ба хояи чапи мардону занон ояд. Чунонки мо зимни шараёнҳо баён намудем, [варид] аз ин [ҷиҳат] ва аз [ҷиҳати] он, ки баъд аз ду [раги бароянда] ду раги ба сӯи хояҳо фурудоянда падид меоянд, аз [шараён] мондагӣ надорад. Он бахш, ки ба хояи чап ояд, ҳамеша як шохаи раги барояндаи чапро ба худ оварад ва бошад, ки андар бархеҳо аз он сарчашма бигирад. Он бахше, ки ба сӯи хояи рост меояд, кам иттифоқ биафтад, ки шохае аз раги барояндаи ростро бо худ биоварад, лекин андар бештари ҳолатҳо бо он омехта нагардад. Он чи ки аз гурда ба хояҳо ояд, андар [зимни] он маҷроест, ки манӣ андар он пухта гардад ва ба сабаби зиёдии печу хами рагҳо ва [ба сабаби] он чи ки аз сутунмуҳра ба онҳо бипайвандад, манӣ баъди сурхчатобӣ сафед бигардад. Бештари ин рагҳо, ба тавре ки оид ба рагҳои ҷаҳанда баён намудем, андар нара ва гардани заҳдон омада, нопадид шаванд.
Баъд аз рӯидан ва ба шохаҳо тақсим шудани ду раги бароянда раги дарунтиҳӣ ба зудӣ бар сутунмуҳра такя карда, ба фурӯ хамидан шурӯъ кунад. Андар наздики ҳар муҳрае аз вай шохаҳое бархоста, ба он муҳраҳо андароянд ва андар мушакҳое, ки ба наздики [муҳраҳо] ҷой доранд, пароканда шаванд. Баъд рагҳое аз он бархостаанд, ки ба сӯи

Аз ҷумла раги шонааст, ки он қифол бошад. Нахустин чизе, ки ҳангоми ба бозу баробар шудан аз он ҷудо шавад, шохаҳоест, ки андар пӯст ва андар бахшҳои намоёни бозу пароканда гаштаанд. Сипас он ба наздики пайвандгоҳи оринҷ бар се бахш шавад: 1) яке аз онҳо банди соид буда, бар рӯи занди забарин тӯл кашида, сипас бо гароидан ба кӯзии занди фурӯсӯвин ба сӯи берун биравад ва андар қисмати поёнии ҷузъҳои берунии хурдаи даст пароканда шавад; 2) бахши дуввум ба сӯи хамгашти оринҷ андар рӯи соид равона шуда, ба шохае (65) аз раги зерикашӣ омехта бигардад ва аз ҳар ду [раги] акҳал ба амал ояд; 3) бахши севвум хуб фурӯ рафта, андар қаър ба шохае омехта бигардад, ки ин низ [раги] зерикашист.
Аммо аз раги зерикашӣ нахустин чизе, ки бархезад, шохаҳоест, ки андар бозу ва андар мушакҳои он ҷой пароканда шудаанд ва ҷуз як шоха, ки аз онҳо то ба соид рафта бирасад, дигар ҳама андар он ҷой нест шудаанд. Раги зерикашӣ чун ба наздикии пайвандгоҳи оринҷ бирасад, бар ду бахш шавад:

  1. Як бахши он хуб фурӯ рафта, ба шохаи фурӯрафтаи қифол бипайвандад. Онҳо каме ҳамроҳ рафта, сипас аз ҳам ҷудо шаванд ва яке аз онҳо ба сӯи андарун фуруд омада, то ба ангушти хурд, бинсир ва ба як нима аз ангушти миёнгин бирасад ва лахте аз он бархоста, андар бахшҳои берунии даст, ки бо устухон тамос доранд, пароканда шавад.
  2. Бахши дуввуми ду бахши раги зерикашӣ ба наздики соид чаҳор шоха аз худ ҷудо кунад: 1) яке аз онҳо андар бахши фурӯсӯвини соид то хурдаи даст пароканда шавад; 2) дуввумӣ мисли парокандагии якумӣ бартар аз он пароканда шавад; 3) севвумӣ ҳамчунин андар миёнҷои соид пароканда шавад; ва 4) чаҳорумӣ, ки бузургтарини онҳост, ҳамон рагест, ки намоён шуда, ба барсӯ бармеояд. Вай як шохае аз худ фиристодааст, ки бо як шоха аз қифол пайваста бувад. Аз ин ҳар ду [раги] акҳал падид ояд ва боқимондаи он босалиқ бувад. Босалиқ низ бори дигар фурӯ шуда, ба жарфо биравад.
    Акҳал аз сӯи дарун оғоз шуда, бар забари занди заба-

Фасли панҷум
андар ташреҳи вариди
дарунтиҳии ба фурӯсӯ фуроянда ҳар ду тиҳигоҳ омада, то ба мушакҳои шикам бирасанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ