Қонуни тиб

Як раг аз он ба сӯи шуш биравад, ки он аз наздики баромадгоҳи ду шараён наздик ба бахши чапи он растааст ва андар тиҳигоҳи тарафи рост баргашта, ба сӯи шуш рафтааст.
Ин раг мисли шараёнҳо дуқабата офарида шудааст ва бад-ин сабаб онро «раги шараёнӣ» гӯянд. Манфиати нахустин андар ин кор бад-он вобастааст, ки хуне, ки аз вай битаровад, андар ғояти тунукӣ [ва] ба гавҳари шуш ҳамшакл бувад, чунки ин хун тоза аз дил барояд ва андар он на ба андозае пухта бошад, ки муносиби андар шараёни варидӣ ҷорӣ шудан бошад. Манфиати дуввум ин аст, ки хун андар вай бештар бипазад.
Бахши дуввуми ин бахшҳои сегона гирди дил андар гашта, сипас андаруни вай пароканда шавад, то ба он ғизо бирасонад. Ин ҳангомест, ки вариди дарунтиҳӣ аз гӯши рости [дил] ба андаруни дил бидарояд.
Бахши севвум, хусусан андар одамон, ба бари чапи [дил] майл намуда, рӯ ба сӯи муҳраи панҷуми муҳраҳои сина ниҳад ва бар вай такя зада, андар ҳашт паҳлуи фурӯсӯвин ва мушакҳову дигар ҷирмҳое, ки аз паси [паҳлуҳо] оянд, пароканда гардад.
Лахте аз раги дарунтиҳӣ, ки баъди ин се бахш сар занад, чун аз ноҳияи дил ба боло гузарад, андар бахшҳои забарини пардаҳое, ки синаро бар ду ним созанд, қисматҳои барсӯвини ғилоф ва андар гӯшти ковоке, ки «тӯса» ном дорад, шохаҳои мӯймонанде аз он пароканда бигарданд.
Сипас андар мавзее, ки наздик ба охурак аст, аз он ду шоха бархоста, ба вуреб ба сӯи охурак бираванд ва ҳар андоза, ки дарунтар раванд, бештар аз ҳам дур шаванд ва ҳар яки онҳо бар ду бахш гардад. Ҳар як аз он ду аз як сӯ – яке аз чап [ва дигарӣ] аз рост ба тарафи сари сина фуруд оянд ва то ба куркураки ханҷарӣ расида, андар гузаргоҳи он шохаҳое аз худ ба ҷой гузоранд, ки андар мушакҳои миёни паҳлуҳо пароканда гаштаанд. Аз онҳо як даста баромада, ба сӯи мушакҳои беруни сина бираванд. Онҳо чун ба [куркураки] ханҷарӣ бирасанд, дастае аз онҳо ба вуреб ба сӯи мушакҳои болои ҳам хобида [ва] ҷунбонандаи шона рафта, андар онҳо пароканда шаванд. Дастае ба зери мушакҳои рост фуруд омада, шохаҳое аз онҳо андар он [мушакҳо] парешон бигарданд ва охирҳои онҳо ба ҷузъҳои болобарояндаи вариди [устухони] сурин, ки мо онро баъд ёд хоҳем кард, бипайванданд.
Аммо боқимондаи ҳар як аз ин ду [раг] як ҷуфтест, ки ҳар як фарди он панҷ шоха аз худ пас гузорад. Як шоха андар сина пароканда шуда, чаҳор паҳлуи барсӯвинро ғизо бахшад; як шоха мавзеъи ҳар ду шонаро ғизо диҳад; як шоха роҳ ба сӯи мушакҳое пеш гирад, ки андар гардан фурӯ рафтаанд, то онҳоро ғизо бидиҳад; як шоха андар сӯрохҳои шаш муҳраи барсӯвини гардан андаромада, аз онҳо ба сӯи сар бигузарад; ва як шохаи бузург, ки он бузургтарини онҳост, аз ҳар сӯ ба сӯи бағал рафта, бар чаҳор шоха шавад: нахустини онҳо [44] андар мушакҳое пароканда шавад, ки бар забари сари сина хобидаанд ва онҳо аз он мушакҳоеанд, ки пайвандгоҳи шонаро биҷунбонанд; дуввуми онҳо андар гӯшти ковок ва пардаҳои зери бағал пароканда шавад; севвуми онҳо фуруд омада, аз назди сина ба сӯи мароқ гузарад; чаҳоруми онҳо, ки аз ҳама бузургтар аст, се пора шавад: як пора андар мушакҳое пароканда ша
вад, ки андар фурӯрафтагии шона ҷойгиранд; як пора андар мушаки бузурге пароканда шавад, ки андар зери бағал аст; пораи севвум, ки бузургтарини онҳост, аз забари бозу гузашта, ба сӯи даст биравад ва онро «[раги] зери бағалӣ» гӯянд.
II. Он бахши баъд аз панҷазании нахусте боқимонда, ки ин қисмҳои зиёд аз як фарди он бархостаанд, (64) ба сӯи гардан баромада, пеш аз хуб фурӯ рафтан андар вай бар ду бахш шавад: якеи онҳо видоҷи намоён ва дуввумӣ видоҷи пинҳон бувад.
Видоҷи намоён ҳамин ки аз охурак ба барсӯ баромад, бар ду бахш шавад: якеи он баробари ҷудо шудан [нахуст] ба пеш, [сипас] ба як сӯ биравад; дуввумӣ нахуст ба пеш ва ба дарун рафта, сипас ба забар барояд ва дубора ба зоҳири чанбар омада, гирди чанбар бигардад. Сипас ба барсӯ рафта, бар рӯи гардан барояд ва ба бахши якум расида, ба он биомезад ва видоҷи намоён, ки маъруф аст, аз ҳар ду ба амал ояд. Пеш аз он ки омехта гардад, аз он ду ҷуфт бархостаанд: яке ба паҳно гароида, сипас андар ҷое, ки [устухони] чанбари гардан сар ба якдигар гирифтааст, [яъне] андар мавзеи фурӯрафтагӣ, [фардҳои он] бо ҳам вохӯранд; дуввумӣ ба вуреб ба зоҳири гардан барояд ва минбаъд ҳар ду фарди он ба ҳам во нахӯранд. Аз ин ду ҷуфт шохаҳои [шабеҳ ба тори] анкабут бархостаанд, ки ба ҳис андар наоянд. Лекин аз ин ҷуфт, хусусан аз ҷумлаи шохаҳои он, се шохаи ба ҳис андарояндаи дорои як миқдор бузургӣ ва боқӣ ғайри ҳисшаванда бархезанд. Яке аз ин рагҳои [сегона] бар рӯи шона тӯл кашидааст ва онро «шонаӣ» гӯянд. Раги қифол аз он [падид ояд]. Ду раги дигар аз ду сӯи ин [раги] шонаӣ онро то сари шона ҳамроҳӣ кунанд, лекин яке аз ин ду андар он ҷой банд шуда, аз он ҷой нагузарад, балки андар он ҷой пароканда бигардад. Аммо дуввумӣ, ки ба сӯи пеш аст, аз он ҷой гузашта, ба сари бозу биёяд ва андар он ҷой пароканда бигардад. Аммо [раги] шонаӣ аз ҳар ду гузашта, то ба бахшҳои охири даст ояд.
Ба ғайр аз ин видоҷи намоён баъд аз омезиши ҳар ду фарди худ бар ду бахш шавад: 1) як бахши он ба сӯи андарун рафта, аз он шохаҳои хурде бархезанд ва андар манаҳи забарин пароканда шаванд ва шохаҳои назар ба [аввалиҳо] хеле бузургтаре аз вай бархезанд ва андар зерманаҳ пароканда шаванд. Аз ҳар ду гунаи [ин] шохаҳо ҷузъҳое андар гирди забон ва андар бахшҳои забарини мушакҳои андар он ҷой ниҳода пароканда бигарданд; 2) бахши дигар ба берун баромада, андар ҷойгоҳе, ки баъди сару гӯшҳо ояд, парешон шавад.
Аммо видоҷи пинҳон ҳамбари сурхной аст ва ҳамроҳи он рост ба барсӯ ояд. Андар роҳи худ шохаҳое аз худ боқӣ гузорад, ки бо шохаҳои видоҷи намоёномада омехта гарданд ва ҳамаи онҳо андар сурхной, ҳанҷара ва бахшҳои мушакҳои фурӯрафта пароканда шаванд. Охири он то ба дарзи ломӣ рафта бирасад ва андар он ҷой аз вай шохаҳо бархоста, андар андомҳое, ки миёни муҳраи нахустин ва дуввуминанд, пароканда шаванд. Аз вай раги чун мӯй борик ба наздики пайвандгоҳи сару гардан омадааст ва аз он шохаҳое баромада, ба сӯи пардае оянд, ки косаи сарро пӯшидааст. Онҳо то ба пайвандгоҳи ду нимкосаи сар расида, андар он ҷой андар косаи сар фурӯ раванд. Бахши боқимонда баъди фиристодани ин шохаҳо андар охири дарзи ломӣ ба шиками оҳиёна гузарад ва аз он шохаҳое андар ду пардаи мағз пароканда гарданд, то ба онҳо ғизо бидиҳанд ва пардаи сахтро бо чизҳои андар гирд ва забари он буда бибанданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё