Қонуни тиб

Ҷумлаи панҷум
АНДАР БАЁНИ РАГҲОИ ВАРИДӢ,
ки аз панҷ фасл иборат аст
Фасли нахустин
андар сифати рагҳои варидӣ
Аммо рагҳои ором бошанд, ҳама аз ҷигар растаанд. Нахустин чизе, ки аз ҷигар бирӯяд, ду раг аст: яке аз сӯи фурӯрафтагист ва бештари манфиати он кашидани ғизо ба сӯи ҷигар аст. Ин раг «дарвоза» ном дорад. Дигарӣ аз сӯи кӯжӣ буда, манфиати он расондани ғизо аз ҷигар ба андомҳост ва он «дарунтиҳӣ» ном дорад.
Фасли дуввум андар ташреҳи вариде, ки «дарвоза» хонандаш
Акнун ба ташреҳи раге шурӯъ кунем, ки «дарвоза» ном дорад ва гӯем: Он сари дарвоза, ки андар тиҳигоҳи ҷигар фурӯ рафтааст, панҷ бахш шавад ва панҷа зада, то ба гӯшаҳои кӯзшакли ҷигар бирасанд ва як варид аз онҳо ба сӯи заҳра равад. Ин шохаҳо мисли решаҳои дарахти устувор истодаанд, ки то саргаҳи растани он фурӯ рафтаанд.
Аммо саре, ки аз сӯи фурӯрафтагист, баробари ҷудо шудан аз ҷигар ҳашт бахш шавад – ду бахш хурд ва шаш бахши бузург. Яке аз ду бахши [43] хурд ба худи рӯдае, ки онро «дувоздаҳангушта» гӯянд, бипайвандад, то аз вай ғизо бикашад. Аз он шохаҳо бархоста, андар ҷирме пароканда шаванд, ки «бонқрос» ном дорад. Бахши дуввуми [хурд] андар [бахшҳои] фурӯсӯвини меъда ва ба наздики «дарбон», ки он даҳони зерини меъда аст, пароканда шавад, то ғизо бикашад.
Аммо аз шаш бахши боқимонда яке ба сӯи ҳамвории меъда биравад, то сатҳи берунии онро ғизо бидиҳад, зеро [сатҳи] дарунии меъда бо ғизои аввале, ки андар вай аст, дучор омада, ба тавассути ин вохӯрӣ аз он ғизо бигирад.
Бахши дуввум ба ноҳияи испурч ояд, то испурчро ғизо бидиҳад. Пеш аз расидан ба испурч аз вай шохаҳое бархезанд, то ҷирмеро, ки «бонқрос» ном дорад, аз софтарин қисми чизи ба испурч гузаранда ғизо бидиҳанд. Сипас ба испурч бирасад ва баробари расидани ӯ бад-он ҷой аз вай як шохаи дурусте пас гашта, андар бари чапи меъда пароканда шавад, то ки ба он ғизо бирасонад. Чун қисми ба испурч гузарандаи он ба испурч гузашта, ба миёнҷои вай бирасад, бахше аз он ба барсӯ барояд ва бахше ба зер фуруд ояд.
Аз бахши ба барсӯ бароянда шохае андар нимаи забарини испурч пароканда шавад, то онро ғизо бидиҳад ва шохаи дигаре ба пеш баромада, то ба кӯжии меъда омада бирасад. Сипас ин шоха бар ду ҷузъ шавад: як ҷузъи он андар пушти чапи меъда пароканда шуда, ба вай ғизо расонад ва ҷузъи [дигар] ба даҳони меъда фурӯ рафта, фазлаи тундмазаи туруши савдоро андар он ҷой афканад, то андар зимни фазлаҳо берун шуда, даҳони меъдаро хориш диҳад [ва бо ҳамин] иштиҳоро бедор кунад. Мо инро пеш аз ин ёд кардем.
Аммо бахши аз он ба зер фурудоянда низ бар ду қисм шудааст. Як қисми он шохаҳои худро андар нимаи фурӯ
сӯвини испурч пароканда кунад, то ки онро ғизо бидиҳад ва қисми дуввум ба сӯи чодарпиҳ наздик шуда, андар вай пароканда шавад, то онро ғизо бахшад.
Бахши севвуми шаш бахши нахуст ба ҷониби чап роҳ пеш гирифта, андар ҷӯйҳои рагҳое, ки гирдогирди рӯдаи рост бигрифтаанд, пароканда шавад, то ҳар чӣ ки аз ҳосили ғизо андар бироз боқист, кашида бигирад.
Бахши чаҳорум аз [бахшҳои] шашгона мисли мӯй пароканда бигардад. Бархе аз он андар пушти тарафи рости кӯжии меъда андар муқобили лахте [аз шохаҳои раг], ки аз сӯи испурч ба тарафи чапи [меъда] ворид шудааст, паҳн шуда бошад ва бархе [дигар] рӯ ба тарафи рости чодарпиҳ оварда, андар муқобили лахте аз шохаҳои раги испурчӣ, ки аз тарафи чап ба [чодарпиҳ] ворид шудааст, андар он густариш ёбад.
Аммо бахши панҷуми [бахшҳои] шашгона андар ҷӯйҳое пароканда шавад, ки гирдогирди рӯдаи қулун бигрифтаанд, то ғизоро бикашад.
Бештари бахши шашум ҳамчунин андар гирди [рӯдаи] тиҳӣ ва боқимондаи он андар гирди печидагиҳои [рӯдаи] борике, ки бо кӯррӯда пайвастааст, пароканда шуда, ғизо бикашад.
Фасли севвум андар ташреҳи вариди дарунтиҳӣ ва он лахте аз он, ки ба барсӯ биравад
Нахуст буни вариди дарунтиҳӣ андар худи ҷигар ба ҷузъҳое чун мӯй пароканда шавад, то ки аз шохаҳои раги дарвоза, ки онҳо низ чун мӯйҳои паҳншудаи раги дарунтиҳӣ паҳншуда буванд, ғизо бикашанд. Аммо шохаҳои [ин раги] дарунтиҳӣ аз сӯи кӯзии ҷигар ба даруни он даромадаанд ва шохаҳои [раги] дарвоза бошанд, аз сӯи фурӯрафтаи ҷигар ба андаруни он рафтаанд.
Сипас пояи он аз наздикии кӯзӣ баромада, бар ду бахш шавад: (63) як бахш ба барсӯ равад ва як бахш ба фурӯсӯ.
Бахши ба барсӯ равандаи он ҳиҷобро сӯрох карда, ба андаруни он бигзарад ва андар ҳиҷоб ду раге аз худ бигузорад, ки андар он пароканда гардида, онро ғизо бахшанд. Сипас баробари ғилофи дил омада, ба сӯи он шохаҳои зиёде бифиристад, ки чун мӯй пароканда шуда, онро ғизо бахшанд. Баъд аз он бар ду бахш шавад:
I. Як бахши бузурги он ба дил расида, ба наздики гӯши рости он андарун равад ва ин бузургтарини рагҳои дил бувад. Ин раг аз дигар рагҳо баҳри он бузургтар аст, ки дигар рагҳо барои кашидани насими ҳавоянд ва ин бошад, барои расондани ғизост. Ғизо аз насим дида ситабртар аст ва бад-ин сабаб ба гузаргоҳи фарохтару ба зарфи бузургтаре ниёз дорад. Ин раг ҳамин ки ба дил андар ояд, барои вай се парда офарида шудааст, ки пӯшиши онҳо аз берун ба сӯи андарун аст, то дил ҳангоми кашидашавӣ аз он ғизоро бикашад ва он ҳангоми васеъшавӣ пас гашта наравад.
Пардаҳои ин [раг] сахттарини пардаҳост.
Ин раг наздики баробар шудан ба дил се раг аз худ ба ҷой гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё