Қонуни тиб

Фасли панҷум
андар ташреҳи
бахши фурУдояндаи ауртӣ
Бахши дуввум нахуст то бар муҳраи панҷум такя задан рост фурояд, зеро ин [муҳра] андар баробари сари дил вазъ шудааст. Андар он ҷой тӯса ҳамчун такягоҳ ва сутуни ин [шараён] буда, миёни он ва устухонҳои сутунмуҳра ҳоил афтодааст. Сурхной чун бад-он ҷой бирасад, ба сӯи рост каҷ шуда, аз назди он [раг] гузар накунад ва сипас наздики ба ҳиҷоб расидан бо пардае баста шуда, бардошта гардад, то ки ба ин [шараён] тангӣ наоварад.
Ин шараёни фурудоянда чун ба муҳраи панҷум бирасад, ба як сӯ шавад ва (61) ба дарозои сутунмуҳра рӯ ба зер фуруд омада, то ба устухони сурин бирасад. Чунонки ҳангоми ба сина баробар шудан ва аз наздики он гузаштан як шохаи хурди борике аз худ бигузорад ва он андар қисмате аз сина, ки он зарфи шуш аст, пароканда шуда ва охирҳои вай то ба нои шуш рафта бирасад, ҳамчунин ба наздики ҳар муҳрае, ки аз назди вай бигзарад, шохае аз худ боқӣ бигузорад, ки он андар миёни паҳлуҳо ва ҳароммағз парканда гардад. Чун аз назди сина бигзарад, ду шараён аз он сар зада, ба ҳиҷоб бипайванданд ва аз чапу рост андар он пароканда шаванд. Баъд аз он як шараён аз худ бигузорад, ки шохаҳои он андар меъда, ҷигар ва испурч панҷа зананд ва як шоха [аз он] аз ҷигар ба сӯи обгаҳ бигзарад. Баъд, аз он ду шараёне рӯидаанд, ки ба ҷӯйчаҳои [мосориқо], ки андар гирди рӯдагони борик ва рӯдаи қулун ҷой доранд, рафта бирасад. Сипас аз вай се шараён бархостаанд. Хурдии онҳо хоси гурдаи чап буда, андар лифҳои он ва ҷисмҳои гирди варо бигрифта пароканда шавад ва ба онҳо ҳаёт бибахшад. Ду дигар ба сӯи ҳар ду гурда бираванд, то гурдаҳо аз онҳо бахши обии хунро бикашанд. Бисёр бошад, ки онҳо аз меъда ва рӯдаҳо хуни ғайри покро кашида оваранд.
Сипас ду шараёни [дигаре] бархостаанд, ки ба сӯи ҳар ду хоя оянд. Шараёне, ки ба [хояи] чап ояд, ҳамеша як лахт аз шараёни танҳо ба сӯи гурдаи чап равандаро бо худ биоварад, балки гузашта аз ин мумкин аст сарчашмаи он бахш, ки ба сӯи хояи чап меояд, танҳо аз гурдаи чап бошад. [Шараёне], ки ба сӯи [хояи] рост ояд, саргаҳи он ҳамеша аз шараёни бузург аст ва ба нудрат гоҳе шохае аз шараёни ба сӯи гурдаи рост равандаро бо худ биоварад.
Баъд, аз ин шараёни бузург шараёнҳое бархостаанд, ки андар ҷӯйчаҳои рагҳои гирди рӯдаи рост шохаҳо бидавонанд, шохаҳое бархостаанд, ки андар ҳароммағз густариш ёбанд ва андар сӯрохҳои муҳраҳо бидароянд, рагҳое [растаанд], ки ба сӯи ҳар ду тиҳигоҳ бираванд ва шохаҳои [дигаре] бархостаанд, ки ба сӯи хояҳо оянд. Аз ҷумлаи ин як ҷуфти хурд ба сӯи шарми пешин бирасад ва ин ғайри он [ҷуфтест], ки баъд ёд хоҳем кард. Ин ҷуфт ҳам андар мардон ва ҳам андар занон ҷой дорад ва бо варидҳо омехта бувад.
Сипас ин шараёни бузург чун ба вопасини муҳраҳо бирасад, бо раги варидие, ки ҳамроҳи ӯст, чунонки [баъд] ёд хоҳем кард, ба ҳайъати ҳарфи ломи юнонӣ ба шакли зерин бар ду бахш шавад: λ : як бахш ба сӯи рост ва як бахш ба сӯи чап биравад. Ҳар як аз ин ду бахш аз [назди] устухони сурин гузашта, ба сӯи ронҳо фуруд ояд ва пеш аз расидан ба ронҳо ҳар кадоми онҳо як раге аз худ бигузорад, ки ба сӯи обгаҳ ва ба сӯи ноф ояд. Ин ду [раг] ба наздики ноф бо ҳам бипайванданд ва андар ҷанинҳо ба таври намоён зоҳиранд. Аммо андар касони камолёфта сарҳои ин ду раг кайҳо хушкида ва буни онҳо боқӣ мондааст. Аз ҳар яки онҳо шохаҳо бархоста, андар мушакҳое, ки бар устухони сурин ниҳодаанд, пароканда бигарданд. Он шохае, ки аз онҳо ба сӯи обгаҳ ояд, бархе аз он андар он пароканда шуда, сарҳои вай то ба нара бирасанд ва боқимондаи он андар занон, ки як ҷуфт аст, ба сӯи раҳм рафта бирасад.
Аммо ду шараёни ба сӯи пой фурудоянда андар ронҳо бар ду шохаи бузург гардидаанд – яке ба сӯи берун ва дигарӣ ба сӯи дарун. Шохаи ба сӯи берунии он низ ба сӯи дарун бигарояд ва андар мушакҳои андар он ҷой ниҳода аз худ шохаҳо ба ҷой монад. Сипас он фуруд ояд ва аз он як шохи бузурге ба сӯи пеш гароида, миёни нарангушт ва саббоба [пароканда] бигардад. Боқимондаи он ба даруни [пой] рафта, андар бештари бахшҳои пой аз зери шохаҳои варидие, ки онҳоро баъд ёд хоҳем кард, тӯл кашида гузарад.
Баъзе аз ин рагҳои ҷаҳанда рагҳои варидиро ҳамроҳӣ накунанд. Масалан, ду шараёне, ки андар баданҳои ҷанинҳо аз ҷигар ба сӯи ноф оянд; шохаҳои рагҳои ҷаҳандаи варидӣ; раги ҷаҳандаи ба муҳраи панҷум андароянда; раги ба сӯи сари сина бароянда; [раге], ки моил ба сӯи бағал аст; ду раги хоб андар мавзее, ки андар «тӯр» ва андар машима пароканда шаванд; раге, ки ба сӯи ҳиҷоб ояд; раге, ки ба сӯи шона ояд бо шохаҳояш; рагҳое, ки ба сӯи меъда, ҷигар, испурч ва рӯдаҳо оянд; раге, ки аз девораҳои шикам фуруд ояд; рагҳое, ки танҳо андар устухони сурин пароканда шудаанд.
Ҳар гоҳ шараён варидро бар [дарозои] сутунмуҳра ҳамроҳӣ кунад, барои он бар забари варид савор шуда бошад, ки то фурӯмоятар ҳомили гиромитар бошад. Аммо андар андомҳои намоён шараён андар зери варид фурӯ рафтааст, то ки пинҳонтару ноаёнтар бошад ва варид барои он ҳамчун ҷавшан бувад. Шараёнҳо ба ду маънӣ варидҳоро ҳамроҳи хеш бигиранд. Якум ин ки то варидҳо бо пардаҳое баста бошанд, ки шараёнҳоро пӯшидаанд ва андар миён қарор гирифта, андомҳои аз паси худ омадаро муҳофизат намоянд.
Дигар барои он ки то ҳар яке аз якдигар муҳофизат кунанд.
Гуфтор андар баёни шараёнҳо ба поён расид. (62)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё