Қонуни тиб

Хусусан ин барои он аст, ки макони вай ба дил наздик аст ва ба вай қувваи гармии пазонанда ба осонӣ бирасад. Ба изофаи он андоме, ки андар вай ин [раг] битапад, андоми ковок буда, ин [раг] аз мусодамоти хеш бо ин чизи ковок ҳангоми тапиш бими мавриди таъсири сахтии он қарор гирифтанро надорад. Бинобар он, аз сахт будани ҷирми хеш бениёз аст. Вале он шараёнҳое, ки ба дигар андомҳои сахт ҳамҷаворӣ доранд, андар ҳамҷавории худ аз [сахт будан] бениёз нестанд.
Аммо вариди шараёние, ки мо онро зикр хоҳем кард, ҳарчанд ҳамсояи шуш аст, вале ба ҷои шуш бахши пасини он, ки аз тарафи пушт аст, бо [ин раг] муҷовират дорад. Ин шараёни варидӣ бошад, андар бахши пешини шуш пароканда шуда, андар вай фурӯ равад. Вай ба бахшҳову шохаҳо тақсим шудааст.
Балки агар ду ниёзмандии ин шараён – [яке] ба устуворӣ ва [дигарӣ] ба ҳамворие, ки кушоду танг шудан ва гузаронидани чизи гузаронданаш лозимро осон бигардонад, бо ҳам муқоиса шавад, ниёзмандӣ ба ҳамворгӣ аз ниёзмандӣ ба устуворӣ ва зичӣ заруртар дарёфта хоҳад шуд.
Шараёни дигар, ки бузургтар буда, Аристутолис онро «ауртӣ» (аорта) ном ниҳодааст, баробари аз дил растан ду шоха аз худ бифиристад. Бузургтари ин ду шоха гирди дил гардида, андар бахшҳои он ва [шохаи] хурдтар гирди [дил] печида, андар тиҳигоҳи рост пароканда шаванд. Ҳар чӣ ки баъди ин ду шоха боқӣ бимонад, баъд аз ҷудо шудан бар ду бахш бигардад. Бахши бузургтар барои ба зер фуруд омадан ва бахши хурдтар барои бар фароз баромадан ихтиёр шудаанд. Бахши барои фурудоӣ ихтиёршуда барои он назар ба дигарӣ миқдоран бузург офарида шудааст, ки вай андомҳои андар шумора бисёру андар андоза бузургро фаро бигирад, яъне онҳо андомҳоеанд, ки андар фурӯсӯви дил ҷойгиранд.
Андар баромадгоҳи ауртӣ се пардаи сахти аз дарун рӯ ба берун ҷойгиранд. Агар як ва ё ду мебуданд, ҷуз ба бузургтар гардондани андозаи яке ва ё андозаи ҳар ду манфиати андар онҳо қасдшуда ба даст намеомад. Андар ин ҳол ҷунбиши онҳо гарон мегардид. Агар онҳо чаҳор [парда] мебуданд, ниҳоят хурд шуда, суди онҳо аз миён бармехост ва агар андозаҳои онҳо бузург карда мешуд, гузаргоҳ танг мегардид.
Аммо шараёни варидӣ дорои ду парда аст, ки рӯ ба андарун буванд. Барои он ба ду парда басанда шудааст, ки он ниёзмандие, ки нисбат ба мустаҳкам намудани пӯшиш андар он ҷой вуҷуд дошт, андар ин ҷой вуҷуд надорад. Балки андар ин ҷой бештар ба сустӣ ниёз аст, то ки рондани бухори дудӣ ва хунӣ ба сӯи шуш раванда осон бошад.
(60) Фасли севвум андар ташреҳи шараёни ба барсӯ равандаи ауртӣ
Аммо як бахши ба фароз барояндаи ду бахши ауртӣ бар
ду бахш шудааст. Бузургтари ин ду бахш ба сӯи сина баромада, сипас ба сӯи рост вуреб шавад. Чун ба гӯшти ковоки тутии андар он ҷойбуда бирасад, бар се қисм тақсим шавад. Ду қисм аз онҳо ду шараёнеанд, ки «суботӣ» ном доранд ва аз росту чап ҳамроҳи ду видоҷи андарунӣ боло бираванд. [Ин ду видоҷро] мо баъд ёд хоҳем кард ва онҳо, чунонки сипас баён кунем, ҳар ду шараёнро андар тақсим шудан ҳамроҳӣ кунанд. Аммо қисми севвум андар сари сина, паҳлуҳои нахусти ростинӣ, муҳраҳои шашгонаи барсӯвини гардан ва андар ноҳияҳои охурак пароканда шуда, то ба сари шона бирасад ва сипас аз он ба сӯи андомҳои ду даст бигузарад.
Аммо бахши хурдтари ду бахши ауртии ба барсӯ раванда роҳ ба сӯи бағалро пеш гирифта, мисли қисми севвуми бахши бузургтар пароканда гардад.
Фасли чаҳорум андар ташреҳи ду шараёни суботӣ (хоб)
Ҳар як аз ду шараёни суботӣ чун ба гардан бирасад, бар ду бахш шавад: як бахш ба сӯи пеш ва як бахш ба сӯи пас бувад. Бахши ба сӯи пеш омада бар ду шоха шавад.
Як шоха андарун рафта, ба сӯи забон ва мушакҳои дарунии зерманаҳ раҳсипор гардад. Шохаи [дигар] ба зоҳир баромада, ба сӯи ҷойгоҳе, ки боистӣ боло биравад, яъне ба сӯи наздикиҳои гӯш – ба сӯи ду гиҷгоҳӣ барояд ва андар он ҷой шохаҳои бисёре аз худ гузошта, сипас аз он ҷой бар фарози сар барояд. Сарҳои шохаи тарафи рости он бо сарҳои шохаи бари чап бо ҳам бипайванданд.
Бахши ба сӯи пас рафта [низ] бар ду шоха шудааст. Бештари [шохаи] хурдтари он ду ба сӯи пас барояд ва андар мушакҳои пайвандгоҳи сар иҳотакарда пароканда бигардад.
Лахте аз он рӯ ба пойгоҳи қисми пасини мағз оварда, андар сӯрохии бузурге, ки ба наздики дарзи ломист, андарояд.
[Шохаи] бузургтар пеш аз ин сӯрохӣ ба сӯрохии андар устухони сангӣ ҷойдошта бидарояд ва ба сӯи «тӯр» биравад. «Тӯр» аз онҳо раг андар раг, табақа бар табақа ва чин бар чин чунон бофта шавад, ки ҳеҷ як аз онҳоро ба танҳоӣ гирифтан нашояд, зеро ба дигарӣ мисли тӯр часпидаю баста аст. Онҳо аз пешу пас ва аз росту чап панҷа зада, андар «тӯр» пароканда шаванд. Сипас як ҷуфт аз онҳо мисли аввала ҷамъ ояд ва парда аз баҳри вай сӯрох бигардад ва ба сӯи мағз барояд. Вай [нахуст] андар пардаи тунуки он, сипас андар ҷирми мағз пароканда гардида, то шикамҳои он ва пардаҳои шикамҳои он рафта бирасад. Даҳонаҳои шохаҳои вай, ки якбора хурд бигарданд, бо даҳонаҳои шохаҳои рагҳои варидии фурудоянда бипайванданд. Баҳри он инҳо бароварда шудаанду онҳо фуроварда, ки онҳо ҷӯйчаҳои хунгузарони хунеанд, ки беҳтарин ниҳоди ҷӯйҳои онро гузаронанда чунин аст: бояд сарҳои онҳо ба сӯи зер бошанд. Аммо инҳо бошанд, расонандаи рӯҳанд. Рӯҳ тунуки ҷунбандаи баршаванда буда, ниёзманди он нест, ки ҷӯйҳои вай рӯ ба зер бошанд ва рост биистанд, балки агар чунин кор карда мешуд, боиси ба ифрот рехтани он хуне мегардид, ки рӯҳро ҳамроҳӣ дорад ва [сабабгори] душвории ҳаракати рӯҳ андар он мегардид, зеро ҳаракати рӯҳ рӯ ба [42] боло осонтар бувад. Худи он чи аз ҳаракату тунукӣ, ки фарохури рӯҳ аст, кифоят аст, то бахше аз рӯҳ, ки мавриди ниёз аст, андар мағз бирасад ва онро гарм кунад. Бад-ин сабаб «тӯр» андар зери мағз паҳн гардидааст ва хуни шараёнӣ ва рӯҳ андар вай рафтуо кунанд. [Хун] баъди пухтан ба мизоҷи мағзӣ монандӣ пайдо карда, тадриҷан ба сӯи мағз гузарад. «Тӯр» миёни устухон ва пардаи сахт ниҳодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё