Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли даҳум
андар пешоби занон ва мардон

Пешоби занон андар ҳама ҳолат ситабртар, бештар сафед ва камравнақтар аз пешоби мардон аст. Аз баҳри он ки фазлаҳои эшон бисёр, гувориш нотавон ва гузаргоҳҳои он чи ки аз эшон берун ояд, фарохтаранд. [Инчунин] аз баҳри чизе чунин бошад, ки аз заҳдони эшон ба тариқи ҳал шудан ба сӯи афзорҳои пешоби занон ояд.
Бидон, ки пешоби мардонро ҳар гоҳ биҷунбонӣ, тира гардида, ин тирагӣ ба барсӯ бигарояд ва он андар бештари ҳолатҳо тира бигардад. Пешоби занон ба иллати кам тагшин шудан бо ҷунбонидан тира нахоҳад шуд, андар бештари ҳолатҳо бар сари он кафке гирд бувад ва агар тира гардад, тирагияш [хеле] кам бошад. Андар пешоби мардон бар асари ҷимоъ риштаҳое падид оянд, ки ба якдигар бофта буванд.
Пешоби занони обистан равшан ва бар сари он ғуборе бошад. Гоҳе ба ранги нахӯдоб ва оби поча зардранги кабудчатоб буда, бар сари он ғуборе биистад, ки ҳар гунае набошад, андар миён чун пунбаи бодкарда дида шавад.
Бештар вақт чизе бошад чун дона, ки барояд ва фурояд. Агар кабудӣ сахт зоҳир бошад, пас, ин оғози обистан аст ва агар ҷои онро сурхӣ бигирад ва хусусан агар пешоб бо ҷунбонидан тира гардад, пас, ин анҷоми обистан бувад.
Пешоби занони андар ҳоли нифосбуда андар бештари ҳолатҳо дорои сиёҳие бошад, ки чун мидод ва сиёҳии дег бувад.
Фасли ёздаҳум андар пешоби ҷонварон ва фарқи он аз пешоби мардумон

Ҳар гоҳ пизишк ба донистани пешоби ҷонварон муваффақ гардад, бошад, ки вайро ба ҳангоми санҷиш суд бахшад, вале ин кори душвор аст.
Гуфтаанд, ки пешоби хар андар шиша чун равғани зарди гудохта бо тирагист ва аз сӯи берун ситабр бошад. Пешоби [дигар] чаҳорпоён [низ] шабеҳи он аст, вале равшантар буда, чунин бинамояд, ки нимаи болои шиша равшан ва нимаи поин тира бувад. Пешоби гӯспанд сафеди моил ба зардӣ буда, ба пешоби мардумон наздик аст, лекин вайро қивом набошад ва туфолаи он чун равған ва ё чун туфолаи равған бувад.
Ғизои [гӯспанд] ҳар андоза хубтар бошад, [пешоби] он ҳамон андоза равшантар бигардад. Пешоби оҳу пешоби гӯспанд ва пешоби мардумонро монад, лекин вайро на қивом бувад ва на туфола ва аз пешоби гӯспанд равшантар бошад. Пешоби асп ба пешоби одамӣ наздик аст.
Фасли дувоздаҳум андар чизҳои равоне, ки пешобро монанд. ва андар фарқи миёни ин ду

Сикангубин ва ҳамаи чизҳои равон аз қабили оби ангубин, оби анҷир ва [оби] дигар чизҳое, мисли заъфарон (147) ва ғайра ҳар андоза наздиктар оварда шаванд, бештар равшан намоянд ва пешоб бар хилофи ин бувад. Оби ангубин кафки зард дорад ва оби анҷирро туфола андар як ҷониби [шиша] бошад, на андар миёна ва на бо ҳандом ва ҳаракате бошад, ки пешоброст.
Ин миқдор аз баёни ҳолатҳои пешобҳо бояд кифоят бошад ва тафсили дигаре аз пешоб андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ бароят оварда хоҳад шуд.
Фасли сездаҳум андар далелҳои бироз

Гоҳе аз роҳи камияти он огоҳӣ ҷуста, бингаранд, ки оё он аз ғизои хӯрда камтар аст ё бештар ва ё ин ки баробар. Пайдост, ки бешии он ба сабаби бисёрии хилтҳост ва камии он ё ба сабаби камии онҳост ва ё ба сабаби он бошад, ки бештари [бироз] андар кӯррӯда, рӯдаи ситабр ва хамгаштҳои рӯдагон банд шавад ва ин яке аз муқаддимаҳои қулинҷ ва далели нотавонии [қувваи] ронанда бувад.
Аз қивоми [бироз] чунин нишонҷӯӣ кунанд: [Бирози] тар ё бар суддаҳо ва ё бар бадии гувориш далолат кунад.
Вай гоҳе далели он бошад, ки ҷӯйчаҳои [рагҳо] нотавон шудаанд ва тариро макида натавонанд ва гоҳе ба иллати аз сар фуруд омадани назлаҳо ва ба иллати хӯрдани чизе, ки бирозро тарӣ физояд, чунин бошад.
Аммо часпакии [бирози] тар гоҳе бар [95] гудозиш далолат намуда, бадбӯй бошад, гоҳе бар бисёрии хилтҳои бади часпак далолат намуда, чандон бадбӯй набошад ва гоҳе бар ғизои часпаке далолат кунад, ки на ба миқдори кам хӯрда бошанд ва бо вуҷуди сахт гарм будани мизоҷ гувориши он хуб наанҷомида бошад.
Аммо [бирози] кафкнок бар ҷӯшиши аз шиддати гармӣ буда ва ё бар омехта шудани аз бодҳои зиёде буда гувоҳӣ диҳад.
Бирози хушк бар мондагӣ ва таҳлил, ё бар бисёрии рехтани пешоб, ё бар гармии оташӣ, ё бар хушкии ғизоҳо ва ё бар дер мондани онҳо андар рӯдаҳо, ба тавре ки андар ҷои худ инро тавсиф хоҳем кард, далолат дорад.
Агар [бирози] хушки сахт бо тарӣ ояд, далели он бошад, ки хушкии он ба иллати дер мондан андар миёни рутубатҳо буда, ин [рутубатҳо] онро аз берун рафтан боз доранд ва талхаи газандае, ки [барои берун омадан] тезонандааст, мавҷуд набошад. Агар дер боздошта шудан ва нишонҳои будани рутубатҳо андар рӯдаҳо мавҷуд набошанд, пас, сабаб он аст, ки фазлаи зардобии газандае аз ҷигар андар [андомҳои] баъди он буда бисёр рехта бошад ва он бо сӯзонидани худ [бирозро] чандон истодан намонад, то бо [тарӣ] биёмезад.
Гоҳе аз ранги бироз далел биҷӯянд. Ранги табиии он оташгуни сабук бувад. Агар ин ранги ӯ шиддат ёбад, бар бисёрии талха ва агар бикоҳад, бар хомӣ ва нопухтагӣ далолат кунад. Агар сафед бошад, ин гоҳе ба сабаби суддае бувад, ки андар роҳи талха падид омадааст ва он бар ярақон далолат кунад. Ҳар гоҳ бо [бирози] сафед рими сафеде биёяд, ки бӯи рими [муқаррариро] дорад, далел бар кафидани кафгирак бувад.
Бисёр бошад, ки каси тандурусти бекор ва тарки варзишкарда [бирози] зардобнок ва хуноба берун оварад, ки тан бад-он пок шавад ва ин гуна беруноӣ беруноии сутуда буда, ба тавассути он фурӯҳиштагӣ, ки ба сабаби варзиш накардан падид ояд, биравад, чунонки андар [боби] пешоб баён намудем.
Бидон, ки ранги оташии ниҳоят баланди бироз бештар вақт андар поёни бемориҳо бар пухтагӣ ва бисёр вақт бар бадии ҳол далолат намояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ