Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Бирози] сиёҳ мисли далолатҳои пешоби сиёҳ далолат кунад, зеро он бар сӯхтани бисёр, ё бар пухтагии бемории савдовӣ, ё ба хӯрдани чизи рангафзо ва ё бар ошомидани шаробе огоҳӣ диҳад, ки савдоро берун орад. Нахустини [инҳо] бад аст. Шинохтани [бирозе], ки аз савдои холис ба амал омадааст, танҳо аз тариқи ранг кифоят нест, балки аз тариқи турушӣ, тундӣ ва аз вай ба ҷӯш омадани замин дониста шавад. Ин, чӣ бироз бошад ва чӣ қай, бад аст ва аз хосиятҳои вай он бошад, ки дорои тобиш аст. Умуман, берун омадани хилти савдовии холис андар бештари ҳолатҳо қаттол аст, яъне аз ҳалокат хабар диҳад, вале берун омадани кимуси сиёҳ аксар вақт судманд аст. Чунки берун омадани савдои аслӣ далели бениҳоят сӯхтани тан ва нест шудани рутубати он бувад.
Бирози сабз далели хомӯш шудани [гармии] модарзодист. Бирози тираранг низ ҳамчунин бувад.
Гоҳе аз ҳайати бироз андар фишурдагӣ ва ковокӣ низ далел бигиранд. Бирози ковоки чун саргини гов бар бод далолат кунад.
Гоҳе аз тариқи вақти омадани он далел биҷӯянд. Агар бироз зуд ва пеш аз ҳангом берун ояд, далели бад буда, аз бисёрии зарда ва ё нотавонии қувваи нигаҳдоранда гувоҳӣ диҳад. Агар дер ояд, далели нотавонии қувваи гуворанда, сардии рӯдаҳо ва бисёрии рутубат бошад.
Овоз аз бодҳои дамишовар гувоҳӣ диҳад.
Рангҳои номуайян ва гуногун баданд ва мо онҳоро андар Китоби [бемориҳои] ҷузъӣ ёд хоҳем кард.
(148) Беҳтарин бироз бирози ҷамъомада, ҷузвҳояш якранг, бахши обияш бо хушкаш сахт омехта буда, ситабрияш чун ситабрии ангубин бошад, ба осонӣ берун ояд, насӯзонад, рангаш ба зардӣ гарояд, на бӯи зиёд дошта бошад ва на бе бӯй бошад, бе буқ-буқу қур-қур ва бе кафк ояд ва бирозе бошад, ки ба ҳангоми одатшуда ва ба миқдори қариб баробари чизи хӯрдашуда берун ояд.
Бидон, ки на ҳар гуна ҳамвор будани бироз ва на ҳар гуна нармии он сутудаанд, зеро мумкин аст ин ду ба сабаби пухтагии зиёде бошанд, ки андар ҷузвҳо якхелааст, ё мумкин аст ба сабаби сӯзиш ва гудозиши якранг чунин бошанд. Дар ин сурат ин ду [навъ] аз бадтарин нишонаҳо хоҳанд буд.
Бидон, ки бирози андар қивом муътадил, ки ба тунукӣ гарояд, агар бо қур-қур ва бодҳо набошад ва на баромадаш канда-канда бошад, сутуда аст, вагарна равост берун омадани ин гуна [бироз] ба сабаби зардобе, ки бо он биёмезад, нороҳаткунанда бошад ва он нагузорад, ки бироз ҷамъ ояд.
Баъд, гоҳе нишонаҳое ба эътибор гирифта шаванд, ки андар арақ ва андар чизҳои дигар падидор гарданд, вале гуфтор оид ба онҳо махсус ба гуфтори ҷузъист ва инчунин андар гуфтори [ҷузъӣ] шарҳи бисёре оид ба масъалаи бироз, пешоб ва ғайра пайдо хоҳӣ кард.
Фанни дуввум аз Китоби нахустин ба поён расид.

пешина
аз 1215
навбатӣ