Қонуни тиб

Фанни севвум
АНДАР
НИГОҲ ДОШТАНИ ТАНДУРУСТӢ,
ки аз як фасл ва панҷ таълим иборат аст
фасли ягона
андар сабаби тандурустӣ, беморӣ ва
ногузир будани марг
Тиб ба тақсими нахустин ду баҳра бувад – баҳраи назарӣ ва баҳраи амалӣ ва ҳар кадом аз ин ду ҳам илм аст ва ҳам назария. Лекин ба исми «назарӣ» баҳрае махсус аст, ки фақат омӯхтани назарияҳоро ифода кунад, на, албатта, омӯхтани амалияро. Масалан, бахше, ки андар он амри мизоҷҳо, хилтҳо, қувваҳо, синфҳои бемориҳо, аразҳо ва сабабҳо омӯхта шаванд, [чунин бошад]. Баҳрае, ки ба исми «амалӣ» махсус аст, онест, ки омӯхтани чигунагии амалу тадбирро ифода намуда, яъне мисли бахшест, ки туро биомӯзонад: дурустии танро ба фалон ҳол чӣ гуна бояд нигоҳ дошт ва танеро, ки ба фалон беморӣ гирифтор аст, чӣ гуна бояд муолаҷа кард. Гумон набар, ки бахши амалӣ бевосита шурӯъ кардан ва амал намудан аст, балки он бахшест, ки андар он бевосита илми шурӯъ намудан ва амал кардан омӯхта шавад ва ин ҳамонест, ки мо онро пештар бароят шиносондем.
Мо андар фанҳои нахустин ва дуввум аз баёни бахши назарии куллии пизишкӣ фориғ шудем ва акнун андар ду [фанни] вопасин ба ёд намудани бахши амалӣ ба наҳви куллӣ бипардозем.
Бахши амалӣ бар ду қисм аст: яке аз он ду омӯхтани тадбири баданҳои дуруст аст, ки дурустии онҳо бояд чӣ гуна нигоҳ дошта шавад ва онро «илми нигаҳдории тандурустӣ» хонанд; қисми дуввум омӯхтани тадбири тани бемор аст, ки чӣ гуна бояд вайро ба ҳоли дуруст боз овард ва инро «илми муолаҷа» хонанд.
Мо андар ин фан оғоз намуда, гуфтори мухтасаре андар баёни нигаҳдории тандурустӣ менигорем.
Мо гӯем: азбаски мабдаи нахустини ташаккулёбии баданҳои мо ду чиз аст – яке мании мард, ки беҳтарин кори он қоиммақоми фоил будан аст ва дуввум мании зан ва хуни ҳайз, ки беҳтарин кори он қоиммақоми модда будан бувад ва [азбаски] ҳар ду гавҳареанд, ки андар равонию тарӣ бо ҳам анбозӣ доранд, вале сипас аз ҳам фарқ карда, [бахши] обию хокии хун ва мании зан бештар ва [бахши] бодию оташии мании мард ғолибтар бигардад, бинобар ин, воҷиб омад, ки ибтидои баста шудани ҳар ду ба намуди тарӣ бошад. Ҳарчанд [бахши] хокӣ ва оташӣ низ андар
чизи аз ҳар ду басташуда мавҷуданд ва [бахши] хокӣ бо сахтии хеш ва оташӣ бо пухтани худ [96] бо ҳам ёварӣ намуда, [чизи] бастаро сахтӣ бибахшанд ва онро сахттару бештар баста созанд, вале ин на ба андозаи бастагие бирасад, ки андар ҷисмҳои сахте аз қабили сангу обгина ҷой дорад, то аз он чизе набигсилад ва ё чизи ба назар нонамоёне бигсилад ва саранҷом аз офатҳое андар амон бошад, ки ҳамеша ба сабаби бигсилидан ва ё ба сабаби ниҳоят тӯл кашидани замон падид оянд.
Кор ба ин сурат нест. Бинобар он танҳои мо андар маърази ду навъ аз осебе қарор доранд, ки ҳар кадоми он дорои сабаби дарунӣ ва сабаби берунист. Яке аз ду навъи осеб таҳлил ёфтани тариест, ки мо аз он офарида шудаем ва ин [кор] ба тадриҷ анҷом ёбад. Дуввум гандидан ва табаҳ шудани тарӣ (149) ва аз қобили мададгори зиндагӣ будани худ бигаштани вай аст. Ин аз ваҷҳи нахустин фарқ дорад. Ҳар чанд ки оқибати ин ба хушкӣ бибарад, яъне тарӣ нахуст табаҳ шуда, аз ҳайати судманди баданҳои мо будан бигардад ва сипас охиру-л-амр аз сабаби гандидан ҳал шавад. Гандидан тариро нахуст табаҳ созад ва баъд вайро ҳал намуда, аз он чизи хушки хокистариеро ба ҷой монад.
Ин ду [навъи] осеб берун аз осебҳоеанд, ки аз сабабҳои дигари мисли сармои сахт, гармсер, навъҳои порашавии ҳалокатовари пайвастагӣ ва дигар бемориҳо бирасанд. Лекин ин ду навъи ёдшуда бештар ба баҳси ҳозираи мо хосанд ва беҳтар он аст, ки мо ҳар дуро андар баёни нигаҳдории тандурустӣ ба эътибор бигирем.
Ҳар як аз ин ду аз сабабҳои берунӣ ва аз сабабҳои дарунӣ ба амал ояд. Мисоли сабабҳои берунӣ ҳавои ҳалкунандаи гандасозанда аст. Мисоли сабабҳои дарунӣ гармии модарзодии андар [тани] мо будааст, ки тарии моро ҳал созад ва гармии бегонае мебошад, ки аз ғизоҳои мо ва дигар чизҳои рутубатҳои моро гандасозанда андар [тани] мо зода шуда бошад. Ҳамаи ин сабабҳо барои хушконидани мо бо ҳам ёваранд, балки [гузашта аз ин] нахустин камолёбӣ ва расиши мо ва имконияти корӣ пайдо кардани мо ба он хушкшавии зиёде вобаста аст, ки моро ориз бигардад. Сипас, ин хушкшавӣ то ба анҷом расидан давом хоҳад ёфт. Ин хушкшавие, ки моро рӯй диҳад, як амри ногузирест, ки аз он чора нест. Чунки мо аз оғози кор андар ғояти тарием ва ночор бояд гармии мо бар вай фармонраво бошад, вагарна [гармӣ] андар миёни [тарӣ] дамгир хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё