Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар он вай андар миёни [тарӣ] ночор пайваста ба кор аст ва пайваста онро хушк ҳамесозад.
Нахустин чизе, ки аз хушксозии он падид ояд, эътидол аст ва сипас чун баданҳои мо ба ҳадди муътадили хушкӣ бирасанд ва гармӣ ба ҳоли хеш бошад, хушксозӣ ба андозаи хушксозии нахустин нахоҳад буд, балки он қавитар гардад, зеро модда камтар ва пазиротар бувад ва ночор боиси он гардад, ки хушксозӣ аз ҳадди эътидол бигузарад ва ночор то тамом шудани тариҳо пайваста андар афзоиш бошад. Пас, ба араз гармии модарзодӣ сабабгори хомӯш шудани хеш бошад, зеро вай чун чароғе, ки бо тамом сохтани моддаи худ хомӯш гардад, боиси нест шудани моддаи хеш хоҳад шуд.
Хушксозӣ ҳар қадар ки биафзояд, гармӣ ҳамон андоза бикоҳад ва бинобар он ҳамеша як нотавонии пайваста рӯ ба афзоиш ориз бигардад ва як нотавонии [дигар] дар кори барқарор кардани миқдори тарии ба таҳлилрафта падид ояд, ки [низ] пайваста андар афзоиш бувад.
Хушксозӣ аз ду рӯй биафзояд: яке ба иллати коҳиш ёфтани расиши модда ва дигаре ба иллати коҳиш ёфтани тарӣ андар хеш, ки аз ҳалсозии гармӣ ба амал ояд. Афзоиши нотавонии гармӣ ба иллати бар гавҳари андомҳо фармонраво гаштани хушкӣ ва коҳиш ёфтани тарии модарзодие бувад, ки чун модда ва чун равғани чароғ аст, зеро чароғро ду тарист – об ва равған, ки бо яке истодагӣ ёбад ва бо дигарӣ хомӯш гардад. Гармии модарзодӣ ҳам ҳамин тавр ба тарии модарзодӣ истода бувад ва аз [тарии] бегона дамгир шавад. Афзоиши тарии бегона, ки аз сабаби нотавонии гувориш аст, чун тарии обии чароғ бувад. Ҳар гоҳ хушкшавӣ пурра ба анҷом бирасад, [гармии] модарзодӣ хомӯш гардад ва марги табиӣ фаро расад.
Боқӣ мондани тан андар муддати бақои хеш на аз он сабабест, ки тарии табиии нахустини он бо ҳалсозии гармии олами [беруна], гармии андар ғаризаи тан буда ва [гармии] аз ҳаракати тан падидомада тавонист муқовимати бардавом варзад, зеро муқовимати он аз ин [дараҷа] заифтар аст, балки мубодалаи пайвастаи бахши ба таҳлилрафтаи он ӯро [дар ин кор] барпой дошт ва ин [бадал] ғизост.
Сипас, мо баён намудем, ки чӣ гуна қувват андар ғизо тасарруф намуда, онро то андозае ба кор бибарад.
Пешаи нигаҳдории тандурустӣ на чунин пешаест, ки аз марг раҳониданро ба уҳда дошта бошад, танро аз осебҳои беруна наҷот диҳад ва тамоми баданро ба таври мутлақ ба ғояти дарозии умре бирасонад, ки муносиби инсон бувад, балки вай ду корро ба уҳда дорад – усулан пеши гандиданро гирифтан; ва ҳимояти тарӣ, то ки зуд ҳал нагардад ва ба қуввати хеш то замоне боқӣ бимонад, ки мувофиқи мизоҷи нахустини худ хоҳони он аст. Ин кор аз чунин роҳ ба анҷом расад: 1) аз тариқи чораи нек андешидан, то он

қисм аз тан, ки ба таҳлил рафтааст, ба қадри имкон барқарор бигардад; 2) аз тариқи тадбире, ки пеши фармонравоии сабабҳои тезонандаи хушксозӣ, на сабабҳои муҷиби хушксозиро бигирад; ва 3) аз тариқи тадбири аз падидоии уфунат нигаҳдоранда, бад-ин гуна ки тан аз фармонраво шудани гармии бегонаи чи берунӣ ва чи дарунӣ муҳофазат карда шавад. Чунки ҳамаи баданҳо андар қуввати тарии аслӣ ва (150) гармии аслӣ баробар нестанд, балки онҳо андар ин кор гуногунанд.
Ҳар як танро андар муқовимат намудан бо хушкшавии зарурӣ ҳаддест, ки он ба муқтазои мизоҷ, гармии модарзодӣ ва миқдори тарии модарзодии вай буда, аз он таҷовуз нахоҳад кард. Лекин мумкин аст [тан] ба сабаби рӯй додани сабабҳое, ки хушксозиро ёрӣ кунанд ва ё ба ваҷҳе дигар ҳалокат оваранд, пеш аз ҳангом ба он [ҳад] бирасад.
Бисёр касон якумиро аҷалҳои табиӣ ва дуввумиро аҷалҳои аразӣ гӯянд.
Пас, пешаи нигаҳдории тандурустӣ он бошад, ки аз роҳи нигаҳ доштани [шароитҳои] мувофиқ ин тани инсонро ба синне бирасонад, ки онро «аҷали табиӣ» хонанд.
Барои ин нигаҳдорӣ ду қувват муаккал гардонида шудаанд, ки пизишк хидмати онҳо кунад: яке аз онҳо қувваи табиист, ки он қувваи ғизодиҳанда буда, бадали миқдори ба таҳлил харҷшудаи танро, ки гавҳари он бештар хокӣ ва обист, ба ҷой боз орад; дуввум қувваи ҳайвонист ва он қувваи тапанда буда, бадали бахши аз рӯҳ ба таҳлил харҷшударо, ки гавҳараш бодӣ ва оташист, ба ҷой боз орад.
Азбаски ғизо ба феъл ҳамранги ғизогиранда нест, қувваи дигаргунсозандае офарида шуд, то ғизоҳоро ба феъл шабеҳи ғизогирандагон бигардонад, балки онҳоро ба феъл ба ғизои ростинӣ мубаддал созад. Аз баҳри ин кор афзорҳо ва гузаргоҳҳое офарида шудаанд, ки барои кашидан, рондан, нигоҳ доштан ва гуворидан [хидмат кунанд].
Мо гӯем: асли кор андар пешаи нигаҳдории тандурустӣ муътадил гардонидани сабабҳои умумии лозимаест, ки ёд шуданд. Бештари иноят ба муътадил сохтани ҳафт чиз равон карда шавад: 1) муътадил гардонидани мизоҷ; 2) ихтиёр намудани он чи ки хӯрда шавад; 3) пок сохтан аз фазлаҳо; 4) нигаҳдории сохти [тан]; 5) беҳдошти он чи ки бо бинӣ бикашанд; 6) дуруст намудани пӯшиданӣ ва 7) муътадил сохтани ҳаракатҳои баданӣ ва нафсонӣ, ки [97] андар зимни ин ду ба ваҷҳе хобу бедорӣ [низ] бидароянд.
Ту аз он чи ки пеш ёд карда шуд, бояд бидонӣ, ки на эътидол ва на тандурустиро ҳадди ягонае нест ва на низ ҳар як аз мизоҷ дохили чунин [ҳукм] бошад, ки ягон тандурустие ва ё ягон эътидоле андар ягон вақте бояд ҷой дошта бошад, балки кор ба суратест, ки миёни ин ду бувад.
Акнун мо нахуст ба омӯзондани тадбири навзоде оғоз кунем, ки мизоҷи вай андар ғояти эътидол бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ