Қонуни тиб

Таълими нахустин
АНДАР ПАРВАРИШ,
ки аз чаҳор фасл иборат аст
Фасли нахустин
андар тадбири навзод аз бози зода
шудан то ба ҳангоми роҳ рафтан
Тадбири занони обистан ва онҳоеро, ки ба бача ниҳодан наздиканд, мо андар зимни гуфторҳои ҷузъӣ хоҳем навишт.
Гурӯҳе аз фозилон гуфтаанд, ки навзоди мизоҷаш муътадил чун зода шавад, пеш аз ҳама нахуст бояд нофи ӯро чаҳор ангушт бар боло бурид, онро бо сӯфи тоза баста, ба таври латиф тоб дод, то дард накунад ва бар болои он пораи андар равғани зайтун таркардаро бинҳод. Он чи андар буридани ноф фармудаанд, ин аст, ки зардчӯба, хуни сиёвушон, анзарут, зира, ушна ва мурро баробар гирифта, орд кунанд ва аз он бар ноф бипошанд. Сипас бо намакоби сабуке танашро зуд бишӯянд, то ки зоҳири тан сахт шуда, пӯсти вай қавӣ гардад. Беҳтарини намакҳо он бошад, ки чизе аз шодана, қуст, тутум, ҳулба ва саътар бо вай омехта бувад. Бинӣ ва даҳонашро намакоб накунанд. Сабаби сахт намудани тани онро пеш гирифтани мо он аст, ки [навзод] андар ибтидои зода шудан аз ҳар як чизи дучорояндае, ки ба вай гармӣ ва ё сардӣ бахшад, озурда бигардад ва ин бад-он сабаб бувад, ки зоҳири тани он тунук ва гарм аст. Бинобар он, ҳар як чиз андар нисбати вай сард, сахт ва дурушт бувад. Агар ба сабаби бисёр олуда ва тар будани навзод ба такрор шустани он бо намакоб эҳтиёҷ пайдо кунем, [албатта] чунин хоҳем кард.
Сипас онро бо оби нимгарм шуста, бинияшро пайваста бо ангуштони нохунҳояшон чида тоза намоем, андар чашмонаш каме равғани зайтун бичаконем, шарми пасинашро бо ангушти хурд бикобем, то кушода гардад ва аз расидани сардӣ паноҳаш бидорем.
Баъд аз афтидани ноф, ки он пас аз се ё чаҳор рӯз ба амал ояд, беҳтар он аст, ки хокистари садаф, хокистари паи пошнаи гӯсола ва ё арзизи сӯхтаро, кадоме аз инҳо набошад, бо шароб совида, бар вай бипошанд.
Чун бихоҳем, ки онро бипечем, бояд доя нахуст андомҳои ӯро ба нармӣ бимолад ва он чиро, ки паҳн бояд, паҳн созад, он чиро, ки борик бояд, борик намуда, ҳар андомеро бар беҳтарин намуд бидарорад. Ҳамаи инро аз роҳи бо сари ангуштон нарм молиш додан анҷом диҳад ва ин корро якчанд бор такрор намояд. Пок намудани чашмонашро бо чизе аз қабили абрешим давом диҳад ва пушти обгаҳашро бимолад, то берун омадани пешоб аз он осон бигардад. Сипас дастонашро тавре хобонад, ки (151) соидҳои ӯ ба зонуҳояш бирасанд, бар сараш чизеро дастор созад ва ё кулоҳи мувофиқе бигузорад ва андар хонае бихобонад, ки ҳавояш муътадил буда, сард набошад.
Бояд хона ба қадре андар соя ва торикӣ бошад, ки андар он шуои бештар нарасад. Бояд сараш андар ҷои хоб бартар аз тамоми ҷасадаш бошад. Бояд эҳтиёт шуд, ки ҷои хобаш баъзеи гардан, дасту пой ва пушташро каҷ накунанд.
Оббозӣ доронданаш тобистон бояд бо оби муътадил ва зимистон бо оби моил ба гармии носӯзон бувад. Созгортарин ҳангом барои шустан ва оббозӣ дорондан баъди хоби дароз аст. Гоҳе равост, ки андар як рӯз ду ва ё се бор шуста шавад ва агар ҳангоми тобистон бошад, ба тадриҷ ба обе гузашта шавад, ки моил ба нимгармист. Аммо андар зимистон набояд аз оби гармияш муътадил гузар кард.
[Навзодро] то ҳангоме бояд оббозӣ доронд, ки танаш гарм шуда, сурх бигардад ва сипас онро [аз об] бояд берун овард. Гӯшҳояшро аз даромадани об ба онҳо ҳимоят бояд намуд.
Ҳангоми шустушӯ ӯро бад-ин сифат бояд гирифт: бо дасти рост гирифта, сина, на шикамашро бар болои соиди чап ниҳанд ва ҳангоми шустан бояд кӯшид, ки ду шиками кафи дасташ пушташро ва ду кафи пояш сарашро бо нармию оҳистагӣ бирасанд. Сипас бояд ӯро бо пораи нарме бо нармӣ хушк ва пок намуд. Нахуст ӯро бояд бар шикам хобонд ва сипас бар пушт.
Баробари ин бояд пайваста пок карда шавад, молиш дода шавад ва шаклаш дуруст карда шавад. Сипас бояд дубора андар парпеч печонида, андар бинияш равғани зайтуни ширин чаконида шавад, ки ин чашмони вай ва табақаҳои онҳоро бишӯяд.
Фасли дуввум андар тадбири шир додан ва аз шир боз кардан
Чигунагии шир ва ғизо додани он чунин аст, ки бояд ҳар қадар ки мумкин аст, бо шири модараш шир дода шавад, зеро аз ҳамаи ғизоҳо ин ба гавҳари он ғизое, ки пеш ҳангоми андар раҳм будан гирифта буд, яъне ба хуни ҳайзи модараш, бештар монанд аст ва ҳамон ба айнаш шир гардида бувад. Бинобар ин, [кӯдак] онро бипазирад ва бештар ба он улфат дорад. Ҳатто аз тариқи таҷриба дуруст шудааст, ки сари пистони модарро гирифтани ӯ андар рондани он чи ки вайро озор бидиҳад, суди ниҳоят бузург дорад.
Бояд андар як рӯз бо ду ва ё се бор шир додан кифоят кард ва ба оғози кор набояд аз бисёр шир додан шурӯъ кард, вале хуб мешуд, ки аввал касе, ки ӯро шир медиҳад, ғайри модараш бошад, то ки мизоҷи модараш муътадил гардад. Аз ҳама хуб ин аст, ки аввал вайро ангубин лесонанд ва сипас шир бидиҳанд.
Аввали пагоҳӣ бояд аз шире, ки ба бача бидиҳанд, дусе бор дӯшид, хусусан агар андар шир нуқсоне бошад ва сипас пистонро ба даҳони ӯ бояд гузошт. Агар шир бад ва тундмаза шуда бошад, беҳтар он аст, ки ширдиҳанда пагоҳӣ ношито шир надиҳад.
Ба изофаи он, низ воҷиб аст, кӯдак аз ду чизе бархурдор бошад, ки барои мизоҷро нерӯманд гардонидан суд доранд: яке ҷунбонидани нарм ва дигар созу навое, ки барои хобонидани кӯдакон одатан ба кор баранд. [Кӯдак] ба андозаи ин дуро пазируфтан барои варзиш ва мусиқӣ омода хоҳад шуд, ки яке аз барои тан ва дигарӣ барои ҷон бувад.
Агар чизе аз шири модар додан боз дорад, аз қабили нотавонии модар ё табаҳ ва ё тунук будани шири ӯ бояд барои кӯдак мувофиқи шартҳое доя ихтиёр намуд, ки мо онҳоро тавсиф хоҳем кард: баъзеи он ба син, баъзе ба намуди зоҳирии ӯ, баъзе ба ахлоқи ӯ, баъзе ба сохти пистонҳои ӯ, баъзе ба чигунагии шири ӯ, баъзе ба муддате, ки аз бози таваллуд кардани ӯ гузаштааст ва баъзе ба ҷинси навзоди ӯ вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё