Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ бо чунин шартҳо [доя] ёфт шавад, бояд ғизои ӯро беҳ кард ва аз гандум, хандарус, гӯшти барраю бузғола ва моҳие, ки бадбӯй ва сахт набошад, сохт. Коҳу ғизои сутуда аст. Бодом ва фундуқ низ [хубанд]. Бадтарини тараҳо барои ӯ индов, хардал ва бодруҷ аст, ки онҳо ширро табаҳ созанд, вале аз пудина қувват зиёда гардад.
Акнун шартҳои дояро ёд хоҳем кард ва нахуст ба шарти синни ӯ пардохта гӯем: беҳтарин [син] он аст, ки миёни 25-35 бошад ва ин синни барноӣ ва синни тандурустию камол аст.
Аммо шарти намуд ва сохти вай чунин аст: бояд [доя] хушранг, гарданқавӣ, синафарох, сермушаки сахтгӯшт ва андар фарбеҳию лоғарӣ миёна буда, [98] сергӯшт бошад, на серравған.
(152) [Шарти] ахлоқ чунин аст, ки бояд [доя] андар хӯй хубу сутуда бошад ва аз таъсиррасонандаҳои нафсонии бад, аз қабили хашм, андӯҳ, бим ва ғайра дер мутаассиршаванда бошад, ки ҳамаи инҳо мизоҷро табаҳ хоҳанд кард ва гоҳе аз роҳи шир додан [ба кӯдак] бигзаранд. Бинобар ин, пайғамбари Худой, алайҳи-с-салом, аз доя гирифтани зани девона наҳй кардаанд, зеро бадрафтории вай боиси бадии нигоҳубини кӯдак ва кам муросо намудан бо он хоҳад шуд.
[Шарти] сохти пистонҳои вай чунин аст, ки бояд пистонҳояш пурра ва бузург буда, баробари бузургӣ ковок набошанд ва низ набояд беандоза бузург бошанд ва бояд, ки андар сахтӣ ва нармӣ миёна буванд.
[Шарти] чигунагии шираш чунин аст, ки бояд он андар қивом ва миқдор миёна бошад, рангаш ба сафедӣ гарояд ва на тира, на сабз, на сурхча ва на зардчатоб бошад. Бӯяш хуш буда, бояд на турушӣ ва на тезӣ надошта бошад. Таъмаш моил ба ширинӣ бошад ва андар вай талхӣ, шӯрӣ ва турушӣ набошанд ва [миқдораш] ҳар чи бештар бошад.
[Бояд] ҷузвҳояш яксон бошанд, ки дар ин сурат на тунуки равон ва на ниҳоят ситабри панирмонанд хоҳад буд ва гуногунаҷзо ва серкафк набошад. Қивоми он аз тариқи бар пушти нохун чаконидан санҷида шавад: агар ҷорӣ шавад, тунук ва агар бар пушти нохун биистад, ситабр бувад. Инчунин ба ин тариқ бисанҷанд: онро андар шиша бигиранд ва бар вай каме мурр пошида, бо ангушт биҷунбонанд. Сипас миқдори фалла ва [бахши] обии онро муайян созанд, зеро шири сутударо миқдори фаллаву об баробар аст.
Ҳар гоҳ аз ноилоҷӣ ба касе ҳоҷат афтад, ки шираш на бад-ин сифат аст, аз ду рӯй чора биандешанд: [яке] ба рехта додани шир ва [дигар] бо муолаҷаи доя. Аз сӯи рехта додан бад-ин тариқ, ки агар шири ситабри бадбӯй бошад, беҳтар он аст, ки фақат баъд аз дӯшидан ва андар ҳавои кушод нигоҳ доштан ошомонда шавад. Агар [шири] сахт гарм бошад, беҳтар он аст, ки албатта, ба ношито наошомонанд.
Муолаҷаи доя [ин тавр бояд намуд]: агар шираш ситабр бошад, бояд вайро сикангубини тухмие биошомонид, ки бо

чизҳои тунуккунанда аз қабили пудина, зуфо, ҳошо ва саътари кӯҳӣ пухташуда бошад, моҳии тарих ва монанди он бидиҳанд ва андар таоми ӯ андаке аз турб биафкананд. Бояд дояро фармуд, ки бо сикангубини гарм қай оварад ва варзиши муътадил кунад. Агар мизоҷи вай гарм бошад, ба вай сигангубин бо шароби тунук бидиҳанд, хоҳ якҷоя ва хоҳ ҷудо-ҷудо, [боке надорад].
Агар шираш моил ба тунукӣ бошад, бояд роҳат кунад, аз варзиш боз дошта шавад ва чизҳое бихӯрад, ки хуни ситабр бизоянд. Гоҳе агар монеае андар миён набошад, ба вай шароби ширин ва ё майпухта бидиҳанд ва зиёд хоб рафтан бифармоянд.
Агар шири доя кам бошад, бояд сабаби онро дарёфт, ки оё он аз бадии мизоҷи гармест, ки андар тамоми тан бувад ва ё [аз бадии мизоҷи гарме] бошад, ки андар пистони вай аст. Ин аз рӯи нишонаҳое шинохта шавад, ки андар бобҳои пешин ёд шуданд. Ба ҳангоми совидани пистон агар далеле бар он гувоҳӣ диҳад, ки андар вай гармист, бо [хӯрдани] кашки ҷав, исфонох ва амсоли онҳо биравад. Агар далел гувоҳӣ аз он диҳад, ки андар [пистон] сардии мизоҷ, ё суддаҳо ва ё нотавонии қувваи кашанда аст, андар ғизои ӯ [чизҳои] латифе афзоянд, ки майл ба сӯи гармӣ доранд ва андар зери пистон ба оҳистагӣ миҳҷамаҳо бигузоранд.
Аз ҷумла тухми газар [низ] судманд аст ва худи газар манфиати азим дорад. Агар сабаби коҳиши шир камии ғизо бошад, ӯро ошомҳое бидиҳанд, ки аз ҷав, сабӯс ва донагиҳо сохтаанд ва бояд андар ошомҳову ғизоҳои ӯ беху тухми бодиён, шибит ва сиёҳдона биафкананд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки хӯрдани ширдони [ҳайвонот], алалхусус ширдони меш ва буз бо шире, ки андар онҳост, ба иллати ҳамшаклӣ доштан [бо пистони зан] ва ба иллати хосияти худ барои ин кор ниҳоят судманд бувад. Чунин таҷриба шудааст, ки агар ба вазни як дирҳам мӯрчаи сафед ва ё харотини хушккарда бо оби ҷав якчанд рӯз истеъмол бикунанд, ниҳоят судманд бошад. Шӯрбои сари моҳии шӯр бо оби шибит низ ҳамчунин аст.
Аз қабили корҳое, ки ширро биафзоянд, инҳоянд: як уқия равғани говро бигиранд ва бар як қадаҳ шароби холис рехта бидиҳанд; ё орди кунҷидро гирифта, бо шароб биомезанд ва онро полуда биошомонанд; бар пистон туфолаи нордин якҷоя бо равғани зайтун ва шири хар бимоланд; ё як уқия мағзи бодинҷони пухтаро бигиранд ва андар шароб бод кашида, бидиҳанд, биошомад; сабӯс ва турбро андар шароб ҷӯшонида, бидиҳанд; ё тухми шибитро ба қадри се уқия, аз тухми девсипист ва гандано (153) як уқиягӣ ва аз тухми беда ва ҳулба ду уқиягӣ бигиранд ва бо фишурдаи бодиён, ангубин ва равғани гов сиришта, аз он биошоманд.
Агар шир ба андозае зиёд бошад, ки азоб диҳад ва ба иллати боздошта шудан ва ситабр гаштан табоҳ гардад, бояд аз тариқи кам кардани ғизоҳо ва хӯрдани чизҳои камғизо, аз тариқи бар сина ва пистон зимод намудани зира бо сирко, ё гили холис бо сирко ва ё наски бо сирко пухта ва аз тариқи ошомидани оби шӯр аз болои он коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин истеъмоли пудинаи бӯстонии бисёр ва ё пистонро бисёр молиш додан ширро афзун бикунанд.
Шири бадбӯйро аз тариқи шароби райҳонӣ ошомондан ва ғизои хушбӯй додан муолаҷа кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ