Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Тадбире, ки ба муддати зодани доя вобастааст, чунин аст, ки бояд зодани вай ба наздикӣ гузашта, вале на бояд ниҳоят наздик бошад, балки андар миён якуним ва ё ду моҳ гузашта бошад. Бояд зодаи ӯ нар ва ба муддати табиӣ онро ниҳода бошад, бояд бача напартофта бошад ва на одати бачапартоӣ дошта бошад. Бояд дояро фармуд, ки варзиши муътадил кунад ва ғизоҳои хубкимус бихӯрад. Албатта муҷомаат накунад, зеро ин кор хуни ҳайзи онро ба ҷунбиш оварда, аз он бӯи шир табаҳ гардад ва миқдори он бикоҳад.
Балки бисёр бошад, ки обистан бишавад ва аз ин бар ҳар ду кӯдак зиёнҳо расад: тифли ширхорро бад-он сабаб [зиён дорад], ки қисми латифи хун барои ғизои ҷанин сарф гардад; ва ҷанинро аз он сабаб [зиён дорад], ки ғизои ба вай расида ба иллати эҳтиёҷи дигарӣ ба шир кам бошад.
Ба ҳангоми ҳар як бор шир додан, хусусан ҳангоми нахустин ширдиҳӣ бояд каме аз шир дӯшида, равон карда шавад ва бояд бо молиш додани [пистон] ба [кӯдак] ёрӣ бирасонд, то ки аз ноилоҷӣ сахт макидан боиси дардманд ва хушк шудани афзорҳои гулӯ ва сурхной нагардад. Пеш аз ҳар ширдиҳӣ як кафча ангубин додан судманд аст ва агар онро бо каме шароб биомезанд, хуб бувад. Набояд ба якбор шири бисёр дод, балки беҳтар он аст, ки шир кам-кам ва якчанд бор дода шавад, зеро ба якбор серӣ шир додан гоҳе боиси падид омадани азҳамкашидагӣ, дамиш, бисёрии бодҳо ва сафедии пешоб хоҳад шуд. Ҳар гоҳ чунин рӯй диҳад, бояд ба [кӯдак] шир дода нашавад, сахт гурусна монад ва онро бояд ба хоб машғул дошт, то ки он [шири хӯрда] гуворида гардад.
Рӯзҳои аввал аз ҳама бисёр андар як рӯз се бор шир бидиҳанд. Агар рӯзи нахуст ғайри модараш шир бидиҳад, чунонки [99] ёд кардем, хубтар хоҳад буд. Ҳамчунин агар дояро мизоҷи баде, ё бемории дардноке, ё исҳоли сахт ва ё бастагии озордиҳандаи шикам рӯй диҳад, беҳтар он аст, ки кори шир доданро то беҳ шудани ӯ каси дигар ба уҳда бигирад. Агар зарурате [дояро] ба ошомидани давое маҷбур кунад, ки қувва ва кайфияти ғолиб дорад, низ чунин бояд кард.
[Кӯдак] ҳар гоҳ баъди шир макидан бихобад, набояд гаҳвораро сахт биҷунбонд, то ки шир андар меъдааш ба ҷунбиш наояд, балки оҳиста бояд ҷунбонд. Андак гиря пеш аз шир макидан кӯдакро суд дорад.
Муддати табиии ширдиҳӣ ду сол аст. Агар кӯдак ғайри шир чизе бихоҳад, бояд ба тадриҷ дода шавад ва бар вай сахт набояд гирифт.
Сипас чун дандонҳои пешаш ба баромадан оғоз кунанд, кӯдакро тадриҷан ба ғизои қавитаре гузаронанд, вале чизи хоиданаш сахтро набояд дод. Нахуст ноне бидиҳанд, ки доя хоида бошад, сипас нонро бо об ва ангубин, ё бо шароб ва ё бо шир бидиҳанд ва андар ин ҳангом андак об ҳам биошомонанд, ки гоҳо бо каме шароб омехта бошад.
Кӯдакро набояд гузошт, ки тамоман сер гардад ва агар ӯро дамии шикам ва сафедии пешоб рӯй диҳанд, бояд ягон чиз ба вай надод. Беҳтарин ғизодиҳӣ он аст, ки то баъди равған молидану оббозӣ дорондан ба таъхир гузошта шавад.
Сипас кӯдак чун аз шир ҷудо гардад, ба [хӯрдани] чизҳое аз ҷинси ошомҳо ва гӯштҳои сабук гузарад. Бояд аз шир боз кардан ба тадриҷ бошад, на якбора ва [андар ин

муддат] бо гирдаҳое машғул дошта шавад, ки аз нон ва шакар сохта шудаанд. Агар барои пистон талош карда, макидан бихоҳад ва гиря кунад, бояд аз мурр ва пудина якдирамӣ гирифта, бисуд ва бар пистон молид.
Умуман, бояд бигӯем, ки тадбири кӯдак ин тарифизоист, чаро ки мизоҷи ӯ ҳамшакли [тарӣ] бувад ва андар ғизо гирифтан, болидан ва варзиши бисёри муътадил кардан бад-он ниёзманд аст. Ин барои эшон чун [ҳолати] табиист ва табиат [ҳам] аз эшон, хусусан ҳангоми аз кӯдакӣ ба бачагӣ гузаштан ҳаминро тақозо дорад.
Ҳар гоҳ [кӯдак] ба бархостан ва ҳаракат кардан оғоз кунад, бояд ба ҳаракатҳои сахт роҳ дода нашавад ва пеш аз он ки худи ӯ ба табъ ба роҳравӣ ва ё нишастан қиём накунад, вайро ба ин кор маҷбур кардан раво нест, (154) зеро ин мумкин аст боиси ба офат дучор шудани пой ва сутунмуҳра гардад.
Андар ибтидои нишастан ва бар замин хазидан бояд ҷои нишасти кӯдак бар зерандози тозаи ҳамвор бошад, то дуруштии замин вайро нахарошад, аз пешаш чӯб, тезинаҳо ва чизҳои шабеҳи инҳоро, ки халанда ва ё бурандаанд, дур кард ва бояд аз ғелон шудан аз ҷои баланд эҳтиёт намуд.
Чун дандонҳои неш ба растан оғоз кунанд, бояд [кӯдак] аз хӯрдани чизҳои ба душворӣ хоянда боздошта шавад, то ки моддае, ки аз вай нешҳо рӯянд, бо хоидани он харҷ нашавад ва бояд бар гӯшти миёни дандонҳо мағзи харгӯш ва пиҳи мурғ молид, зеро ин баромадани онҳоро осон бигардонад. Агар маҳалли сар барзадани дандон баста шавад, сару гардани [кӯдакро] бо равғани зайтуни шуста ва бо оби гарм омехта олоянд ва андар гӯшҳояш аз ин [равған] бичаконанд.
[Дандонҳо] чун ба андозае бароянд, ки кӯдак бо онҳо газидан битавонад ва ангушташро андохта бигазад, бояд порае аз бехи ширинбаён, ки ҳанӯз чандон нахушкида бошад, ва ё рубби онро ба вай дод, зеро ин андар ин ҳангом суд дорад ва решҳову дардҳои вораҳоро фоида бахшад. Ҳамчунин бояд даҳонашро бо намак ва ангубин молиш дод, то ки ин дардҳо ӯро падид наоянд. [Сипас чун растани дандонҳо қавӣ шавад, низ бояд миқдоре аз рубби ширинбаён ва ё аз бехи он, ки сахт хушк набошад, бидиҳанд, то андар даҳон бигиранд. Ҳангоми баромадани дандонҳои неш гардани кӯдаконро бо равғани зайтуни хуш ва ё бо ягон равғани хуши дигар чарб кардан созгор бувад]. Ҳар гоҳ кӯдакон ба сухан гуфтан оғоз кунанд, бояд пайваста ба молиш додани буни забони эшон машғул шуд.
Фасли севвум андар бемориҳое, ки кӯдаконро ориз гарданд ва дармонҳои онҳо

Пеш аз ҳама ғараз аз муолаҷаи кӯдакон ин чораи ширдиҳандаро дидан бувад, то агар ӯро пурхунӣ рӯй дода бошад, рагаш бизананд ва ё ҳиҷомат кунанд, ё агар пурхилтӣ рӯй дода бошад, хилтро истифроғ кунанд ва ё агар ба нигоҳ доштани шикам ва ё кушодани он, ё ба боз доштани бухори аз сӯи сар, ё ба дуруст кардани андомҳои нафасгирӣ ва ё ба дигар кардани бадмизоҷӣ ниёзмандӣ бошад, аз роҳи хӯрдани чизҳои ба ҳар як мувофиқ дармон кунанд.
Агар [ширдиҳанда] доруи шикаморанда хӯрда бошад, ё ба табъ сахт дарунрав шуда бошад, ё доруи қай хӯрда бошад ва ё ба табъ сахт қай омада бошад, беҳтар он аст, ки ҳамон рӯз [бачаро] каси дигар шир бидиҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ