Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Акнун бемориҳои ҷузъиеро ёд кунем, ки бачагонро рӯй диҳанд. Аз ҷумла омосҳоеанд, ки ҳангоми дандон баровардан андар вораҳои эшон падид оянд ва омосҳоеанд, ки андар ватарҳои ноҳияи ҳар ду дандонхонаи эшон рӯй дода, андар он ҷой турунҷидагӣ ба амал ояд. Агар чунин ҳол рӯй диҳад, бояд ин ҷойро бо ангушт оҳиста молиш дода, бо равғанҳои андар боби рӯидани дандонҳо ёд шуда ва бо ангубини бо равғани бобуна омехта ва ё ангубини бо сақизи хинҷак омехта чарб кард. Бар сар пухтаковеро ба кор баранд, ки андар он бобуна ва шибит ҷӯшонида бошанд.
Яке аз бемориҳои бачаҳоро рӯйдиҳанда, хусусан ҳангоми рӯидани дандонҳо, шикамрав бувад. Ба пиндори бархе аз [пизишкон] ин аз он сабаб бошад, ки [кӯдак] ҳамроҳи шир фазлаи шӯри римноки буни дандонро фурӯ бибарад, вале равост, ки на чунин бошад, балки бад-он сабаб бошад, ки табиат аз хуб гардондани гувориш даст бардошта, ба офаридани андом машғул аст ва ё ба сабаби рӯй додани дард чунин бошад, зеро дард яке аз он омилҳоест, ки андар баданҳои нотавон монеи гувориш бигардад.
Бо [дарунрави] андак машғул шудан лозим нест ва агар аз он бими ба ифрот расидан бошад, бояд чораи онро дид ва шиками бачаро бо тухми гул, ё зира, ё розиёнаи румӣ ва ё бо тухми карафс гармибандӣ кард. Ё бар шиками ӯ зира ва гули андар сирко сиришта ва ё говарси пухта бо каме сирко зимод намуд.
Агар ин суд набахшад ба ӯ як донг панирмояи бузғола бо оби сард бидиҳанд, биошомад ва бояд аз панир гаштани шир андар меъда эҳтиёт намуда, он рӯз ба ҷои шир чизҳои дигаре, аз қабили зардии хояи нимбиришт, мағзи нони андар об пухта ва ё писти андар об пухта бидод. Шояд бачагонро бастагии табиат рӯй диҳад, бинобар он, бояд саргини муш ва ё шиёферо ба зери эшон баргиронд, ки ё танҳо аз ангубин ва ё бо пудина, ё бехи савсани осмонгунӣ, чуно ки ҳаст ва ё бо сӯхтаи он баста гардонида бошанд. Ё ин ки каме ангубин ва ё ба қадри як нахӯд сақизи хинҷак бидиҳанд. Шиками эшонро бояд бо равғани зайтун нарм чарб кард ё ба нофашон талхаи гов ва бахури Марям бимолид.
Гоҳе вораашонро сӯзиш падид ояд, андар ин ҳол бо равған ва мум гармибандӣ кунанд ва гӯшти намакини гандида [низ] судманд аст. Гоҳе эшонро (155) бахусус ҳангоми растани дандонҳо, турунҷидагӣ рӯй диҳад ва он бештар бадон сабаб бошад, ки эшонро ба замми қавӣ будани нотавонии асаб алалхусус агар танашон фарбеҳи тар бошад, табоҳии гувориш ба амал ояд. Инро бо равғани бехи савсани осмонгунӣ, ё равғани ҳино, ё равғани хайрӣ дармон кунанд.
Гоҳе эшонро кузоз ба амал ояд ва инро бо обе, ки андар он хиёри даштӣ ҷӯшонидаанд ва ё бо равғани бунафша ва равғани хиёри даштӣ муолаҷа кунанд. Агар ба ҳадс дарёбанд, ки турунҷидагие бар асари табҳо ва исҳоли сахт ба амал омада ва кам-кам зоҳир шуда аз хушкист, пайвандгоҳҳои [кӯдакро] андар равғани бунафшаи холис ва ё омехта бо муми полуда ғарқ созанд ва бар димоғаш равғани зайтун, равғани бунафша ва ғайра якчанд бор бирезанд.
Агар эшонро кузози хушк рӯй диҳад, низ чунин чора кунанд.
Гоҳе эшонро сурфа ва зуком ориз гарданд ва андар ин

ҳолат фармудаанд, ки ҳар киро чунин гирифторӣ ояд, оби гарми бисёре [100] бар сараш бирезанд ва бар забонаш ангубини бисёр молида, сипас буни забонро бо ангушт молиш диҳанд, то ки балғами бисёре қай кунад ва сабукӣ ёбад.
Ё самғи арабӣ, касиро ва ё биҳидона, рубби ширинбаён ва понизро гирифта, ҳар рӯз миқдоре аз онҳоро бо шири тоза дӯшида бидиҳанд, биошомад.
Гоҳе кӯдакро баднафасӣ ориз бигардад, андар ин ҳол бояд буни гӯшҳо ва буни забонашро равғани зайтун молид, то қай ба амал ояд. Ҳамчунин забонашро бифишоранд, ки ин сахт судманд аст ва андар даҳон оби гарм бичаконанд. Бояд каме тухми катон, ки бо ангубин сиришта бошанд, билесонд.
Бисёр вақт эшонро даҳондард (қулоъ) рӯй диҳад, зеро пардаи даҳон ва забони эшон, ки сахт нарм буда, ҳатто совиши нармро таҳаммул кардан наметавонад, чӣ гуна зудоиши бахши обии ширро таҳаммул тавонад кард. Бинобар он, аз ин кор эшон озурда шуда, ба даҳондард гирифтор оянд. Бадтарин даҳондард даҳондарди ангиштгуни сиёҳ, ки он ҳалоккунанда бувад ва аз ҳама камосеби он даҳондарди сафед ва сурх аст. Бояд инро бо доруҳои сабуки хоси даҳондард, ки андар Китоби [бемориҳои] ҷузъӣ ёд шудаанд, муолаҷа намуд. Гоҳе онро [истеъмоли] танҳо бунафшаи хока ва ё бо гул ва каме заъфарон омехта ва ё харнуб ба танҳоӣ кифоят аст. Гоҳе оби фишурдаи коҳу, рӯбоҳразак ва хурфа кифоят бошад ва агар [давои] аз ин қавитаре лозим ояд, бояд бехи ширинбаёни совидаро ба кор бурд. Баъзан табишҳои гӯшти буни дандонҳо ва даҳондарди [кӯдаконро] мурр, мозу ва пӯстҳои кундур, ки сахт суда ва бо ангубин сиришта бошанд, суд дорад.
Гоҳе онро рубби тути туруш ба танҳоӣ ва ё рубби ғӯраи ангур кифоят кунад. Бисёр бошад, ки агар аввал даҳонро бо шароби ангубин ва ё оби ангубин шуста, сипас чизе аз доруҳои хушконандаи ёдшударо истифода кунанд, суд бахшад. Агар эҳтиёҷ ба чизи аз ин ҳам қавитар афтад, бояд аз решаю пӯстҳои анор, гулнор ва тутум шаш дирҳамӣ, аз мозӯ чаҳор дирҳам ва аз замчи яманӣ ду дирҳам бигиранд ва онҳоро орд карда, бибезанд ва [андар даҳон] бипошанд.
Гоҳе аз гӯшҳои эшон об равад, зеро баданҳои эшон, хусусан мағзҳояшон сахт таранд. [Андар ин ҳол] бояд пораи сӯферо андар ангубин ва хамр, ки бо каме аз замч, заъфарон ва ё каме натрун омехта бошад, тар намуда, андар гӯшҳои эшон биниҳанд. Гоҳе оғуштани пораи сӯф андар шароби тундмаза кифоят бошад ва гоҳе онро бо каме аз заъфарон ба кор баранд, вале андар он шароб биафзоянд.
Бисёр бошад, ки бачаҳоро аз сабаби бод ва ё тарӣ дарди гӯш ба амал ояд. Онро бо ҳузаз, саътар, намаки табарзад, наск, мурр, донаи ҳанзал ва бурсғунда муолаҷа кунанд:
яке аз онҳоро андар равған ҷӯшонида, андар гӯшҳои эшон бичаконанд.
Гоҳ андар мағзи бачаҳо омоси гарме падид ояд, ки онро «утос» (атса задан) номанд ва бисёр вақт дарди он то ба чашм ва гулӯ бирасад ва аз он рӯй зард гардад. Андар ин ҳол бояд мағзи эшонро бо ёрии пӯстҳои каду ва хиёр, бо оби рӯбоҳразак ва хусусан бо оби фишурди хурфа, бо равғани гул ва каме сирко ва зардии хояи мурғ ва равғани гул сард гардонид ва тарифизоӣ намуд. Кадоме аз инҳо набошад, ҳар вақт ҷои якдигар бигирад.

пешина
аз 1215
навбатӣ