Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бисёр бошад, ки бачаро андар сар об падид ояд ва мо илоҷи онро андар зимни бемориҳои сар ёд кардаем.
Гоҳе эшонро чашмҳо дамида гарданд. Пас, боистӣ бар он ҳузаз бо шир тило кунанд ва сипас бо пухтакови бобуна ва оби бодруҷ онро бишӯянд.
Гоҳе аз бисёр гиря кардан андар ҳадақаҳои эшон сафедӣ падид ояд. Инро бояд бо фишурдаи рӯбоҳразак муолаҷа кунанд. Гоҳе аз сабаби гиря андар пилкҳои кӯдак сулоқ падид ояд ва илоҷи ин низ фишурдаи рӯбоҳразак бувад.
[Кӯдакон] гоҳе ба табҳо гирифтор оянд ва андар ин ҳолат беҳтар он аст, ки дояро бо ҷома бипечид (156) ва низ кӯдакро бояд чизҳое аз қабили оби анор бо сикангубину ангубин ва аз қабили фишурдаи бодранг бо каме кофур ва шакар ошомонд. Сипас [кӯдакро] бад-ин тариқ бояд арақ биоваранд, ки найшакари тарро фишурда, оби онро бар тораки сар ва пой бимоланд ва ӯро пӯшонанд. Ин кор боиси арақ овардани ӯ бигардад.
Бисёр бошад, ки кӯдаконро печиши ноф рӯй диҳад ва ба худ бипечанд ва гиря кунанд. Бояд шикамро бо оби гарм ва бо равғани бисёри гарми омехта бо каме аз мум гармибандӣ намуд.
Гоҳе эшонро атсаи думодум ояд ва шояд он аз сабаби омосе бошад, ки андар атрофи мағз рӯй диҳад. Агар чунин бошад, онро бояд бо сардибандӣ, чарб кардану молидани доруҳои сардифизое, аз қабили фишурдаҳо ва равғанҳо муолаҷа карда шавад. Агар на ба сабаби омосе бошад, ки андар эшон падид ояд, пас, боистӣ, ки бодруҷи суда андар бинии эшон дамид.
Бисёр бошад, ки андар тани эшон табишҳо барояд. Қисме аз он, ки римноки сиёҳ бошад, қаттол аст. Аммо бахши сафеди онҳо беосебтар аст ва табишҳои сурх ҳам чунин бошанд. Модом ки даҳондард, ки фақат [андар даҳон аст], қаттол аст, пас чӣ гуна ин, ки [андар тамоми тан] паҳн шудааст, [қаттол набошад]? Гоҳе андар баромадани онҳо суди бисёре бошад. Ба ҳар ҳол онҳоро бо доруҳои хушккунандаи латифе, аз қабили гул, мурд, барги дарахти мастако ва дарахти газ бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки онҳоро андар об афканда, биҷӯшонанд ва бо он об танро бишӯянд. Равғанҳои ин чизҳо низ [суд доранд]. Табишҳои некфарҷомро бигузоранд, то бипазанд, он гоҳ дармон кунанд. Агар онҳо реш шаванд, марҳами сафеда ба кор баранд. Гоҳе чунин лозим ояд, ки бо оби ангубин ва каме натрун бишӯянд. Бо даҳондард низ чунин кунанд. Агар табишҳо зич рӯида бошанд, ба [илоҷи] қавитаре эҳтиёҷ биафтад. Бинобар ин, [танро] бо оби худи бура бишӯянд, вале омехта бо шир, то ки [кӯдак] тоб овардан битавонад.
Агар андар зоҳири пӯсти эшон обилачаҳо бароянд, эшонро бо обе гармоба диҳанд, ки андар он мурд, гул, гӯргиёҳ ва барги дарахти мастако ҷӯшонида бошанд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки ғизои доя дуруст карда шавад.
Гоҳе бисёр гиря кардани бачаҳо боиси баромадани ноф ва падид омадани яке аз сабабҳои фатқ хоҳад шуд. Андар илоҷи он чунин фармудаанд: нонхоҳро бисоянд, бо сафедии хояи мурғ сиришта, бар ноф бимоланд ва бо пораи катони тунук бипечанд; ва ё сӯхтаи боқилии мисрии талхро андар набиз тар намуда, бар забари ноф бибанданд. Ё аз ин ҳам қавитар доруҳои қабзкунандаи гарме, ки аз қабили мурр, пӯстҳо ва ғундаи сарв, сабр, ақоқиё ва ҳар чи ки андар боби фатқ гуфта шудааст, [биниҳанд].
Гоҳе кӯдаконро хусусан ба ҳангоми буридани ноф варам ба амал ояд. Андар ин ҳол бояд шинкол, ки он фанҷиюс аст ва сақизи хинҷакро гирифта, ҳар дуро андар равғани шира бигудозанд. Аз он ба кӯдак бинӯшонанд ва бар нофаш бимоланд.
Гоҳе кӯдакро чунин рӯй диҳад, ки хоб наравад, пайваста бигиряд, ҳак-ҳак кунад ва саранҷом зарурати зӯран хобондани ӯ ба миён ояд. Андар ин ҳол агар бо ниҳодани пӯстҳо ва донаи кӯкнор, равғани коҳу ва равғани кӯкнор бар гиҷгоҳӣ ва тораки сар хоб равад, бисёр хуб. Агар ба доруи аз онҳо қавитаре эҳтиёҷ бошад, пас, илоҷаш чунин аст:
канабдона (самна), гавзгандум, кӯкнори сафед, кӯкнори зард, тухми катон, ҳабби хузистонӣ, тухми хурфа, тухми забони барра, тухми коҳу, тухми бодиён, анисун ва зираро якҷоя оҳиста-оҳиста бирён кунанд, бикӯбанд, андар он як бахш аз аспғули бирён ва нокӯфта биниҳанд ва ҳамаро бо як чанди худ шакар омехта, ду дирҳам аз он ба кӯдак биошомонанд. Агар аз ин қавитар хоста шавад, [111] бояд андар он ба қадри сеяки як бахш ва ё камтар аз он афюн афзуд.
Бисёр бошад, ки кӯдакро ҳукак рӯй диҳад ва бояд ҷавзи ҳиндӣ бо шакар дод. Гоҳе кӯдакро қаи сахт ориз гардад. Инро баъзан ошомидани ним донг қаранфул суд бахшад. Гоҳе зимод кардани меъда бо як миқдор доруҳои сабуки қайро боздоранда фоида дорад.
Гоҳе кӯдакро нотавонии меъда руй диҳад. Андар ин ҳол воҷиб аст, ки бар меъдаи ӯ майсавсан бо оби гул ва ё бо оби мурд биолоянд. [Инчунин] бояд оби биҳӣ бо каме қаранфул ва сукк ва ё як қирот сукк бо миқдори каме аз майбиҳӣ ошомонида шавад.
Бисёр вақт кӯдак хобҳои ба тарс бинад ва бештари ин бар асари пур хӯрдане рӯй диҳад, ки ба сабаби чашмгуруснагӣ бошад. Ҳар гоҳ таом табаҳ шавад ва меъда онро ҳис кунад, ин гаронӣ аз қувваи ҳассос ба қувваи мутасаввира ва мутахаййила гузарад, ки саранҷом [кӯдак] хобҳои ҳавлнок бинад. Бинобар ин, набояд гузошт, ки кӯдак бо шиками сахт пур бихобад ва бояд ӯро ангубин лесонд, то ки чизи андар (157) меъда буда гуворида гашта, фурӯтар биравад.
Гоҳе кӯдакро андар гулӯ миёни даҳону сурхной омос падид ояд ва гоҳе он то ба мушакҳо ва то ба муҳраҳои гардан рафта бирасад. Пас, воҷиб аст, ки табиати ӯ бо шиёф задан нарм карда шавад ва баъд бо [доруҳои] аз қабили рубби тут ва монанди он муолаҷа кунанд.
Гоҳе ӯро андар хоб сахт хурра кашидан рӯй диҳад, бояд каме аз хокаи тухми катони бо ангубин [сиришта] ва ё хокаи зираи бо ангубин омехта лесонда шавад.
Гоҳе кӯдакро «риҳу-с-сибён» ориз гардад. Илоҷи инро мо ҳангоми зикри бемориҳои сар ёд кардем, лекин [андар ин ҷо] чизеро оварем, ки барои эшон бисёр судманд аст.
Яъне ба миқдори баробар саътар, гунди бедастар ва зира гирифта, бикӯбанд, бо ҳам биомезанд ва [ба кӯдак] бидиҳанд. Як ошомиданӣ аз он се ҳабба бувад.
Гоҳе кӯдакро мақъад берун ояд. Воҷиб аст, ки аз ҳар кадоми пӯстҳои анор, мурди тар, ҷафти булут, гули хушк, харчанги сӯхта, шохи сӯхтаи гавазн, замчи яманӣ, суми буз, гулнор ва мозу як дирамӣ бигиранд ва андар об сахт биҷӯшонанд, то қуввати онҳо барояд. Сипас андар пухтакови ширгарми он [беморро] бинишонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ