Қонуни тиб

Бисёр бошад, ки кӯдаконро бар асари сармо заҳир рӯй диҳад. Эшонро [чунин илоҷ] суд бахшад: се дирҳамӣ аз тухми сипандон ва зира гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо равғани куҳани гов сиришта, аз он бо оби сард биошомонанд.
Гоҳе андар шиками кӯдакон кирмҳои хурде падид оянд, ки эшонро озор бидиҳанд ва бештар ба ноҳияҳои мақъад ба амал оянд. Гоҳе андар эшон [кирмҳои] дароз низ таваллуд шаванд, вале кирмҳои паҳн андар эшон кам ба амал оянд. Кирмҳои дарозро бо оби дермана муолаҷа кунанд ва аз он каме ба андозаи қувваи эшон бо шир бидиҳанд, биошоманд.
Гоҳе эҳтиёҷ ба он бошад, ки шикамашон бо афсинтин, баранги кобулӣ, талхаи гов ва пиҳи ҳанзал зимод карда шавад. Аммо кирмҳои хурдро, ки андар мақъад падид оянд, [чунин муолаҷа кунанд]: боистӣ як бахшӣ аз росан ва зардчӯба ва якчанди ҳар ду шакар гирифта, бо об биошомонанд.
Гоҳе кӯдакро [миёни] ронҳо пӯстрав шавад, бояд бар он мурди суда, бехи судаи савсан, ё гули суда, ё мушки замин, ё орди ҷав ва ё орди наск пошид.
Фасли чаҳорум андар тадбири кӯдакон ҳангоме ки ба синни бачагӣ бирасанд
Бояд асоси ғамхорӣ риоя намудани хӯи бача ва муътадил сохтани он бошад. Ин аз чунин роҳ муяссар шавад, ки
бояд кӯшид то вайро хашми сахт, ё бими сахт, ё андӯҳ ва
ё бехобӣ рӯй надиҳанд. Ин вобаста ба он аст, ки бояд ҳар
вақте тааммул намуд: агар ягон чизеро бихоҳад ва писанди вай бошад, он чизро бояд ба вай расонд ва агар аз чизе
безорӣ дорад, он чизро бояд аз пешаш дур намуд. Андар
ин кор ду фоида аст: яке аз барои ҷонаш буда, ӯ аз кӯдакӣ
ҳамчун некхӯ парвариш ёбад ва ин кор барои ӯ малакаи
доимӣ бигардад; дуввум аз барои танаш бошад, зеро чунонки хӯи бад натиҷаи навъҳое аз бадмизоҷист, ҳамчунин агар [хӯи бад] аз одат бархезад, боиси бадмизоҷие
бигардад, ки муносиби он бошад. Бинобар ин, хашм гармии сахт ва ё андӯҳ хушкии беандоза ва хунсардӣ ба амал
оварда, қувваҳои нафсониро суст созад ва мизоҷро ба сӯи балғамӣ будан бикашонад. Пас, андар муътадил сохтани хӯй нигоҳ доштани саломатии ҳам тану ҳам ҷон ҷой дорад.
Бача чун аз хоб хезад, беҳтар он аст, ки нахуст оббозӣ доронда шавад, сипас бигузоранд, то соате бозӣ кунад. Баъд каме таом ба вай бидиҳанд ва дигар бор бигузоранд, то муддати дарозе ба бозӣ машғул бошад. Баъд оббозӣ доронда, ғизо бидиҳанд ва ҳар қадар мумкин бошад нагузоранд, ки аз болои таом об биошомад, зеро он таомро пеш аз гуворидан бибарад.
Ҳар гоҳ соли вай ба шаш бирасад, бояд ӯро ба назди омӯзгори адаб ва омӯзгори илм бибаранд. Ин кор низ бояд ба тадриҷ бошад ва андар дабиристон нишастанро ба якбор ба вай ҳамл накунанд. Синни бачаҳо чун ба ин ҷо расад, аз шустушӯи эшон бикоҳанд ва варзиши эшонро пеш аз таом биафзоянд.
Эшонро, хусусан агар мизоҷашон гарми тар бошад, аз [ошомидани] набиз дур бояд дошт, зеро зиёне, ки аз набиз боқӣ бимонад, афзун шудани зардаи каси онро ошоманда буда, ин ба бачаҳо зуд хоҳад расид. Фоидае, ки аз ошомидани он чашм доранд, яъне берун овардани зардаи эшон ва тар сохтани пайвандгоҳҳояшон, барояшон матлуб нест, зеро зардаи эшон афзун намегардад, то онро бо пешоб берун кардан лозим ояд ва пайвандгоҳҳояшон бошанд, аз тариафзоӣ бениёзанд. Бояд андар [ошомидани] оби сарди хуши тоза ҳар қадар ки хоҳанд, озод бошанд.
(158) То расидан ба синни чаҳордаҳсолагӣ равиши тадбири онҳо бояд ҳамин гуна бошад. Пайдост, ки коста шудани рутубатҳо ва хушкидану сахт шудани ҳаррӯзӣ хусусияти зотии [тани] эшон аст, бинобар он, варзиши эшонро тадриҷан бикоҳанд. Аз миёни синни кӯдакӣ то синни рушд аз варзиши сахт бипарҳезанд ва ба эътидол варзнш кунанд.
Баъди ин син тадбири онҳо чун тадбири болиш ва нигаҳдории тандурустист. Акнун ба [баёни] он гузашта, нахуст андар чизҳое гуфтугӯ кунем, ки он асоси кори тадбири шахсони болиғи солим бошад. Акнун аз варзиш оғоз кунем.
Таълими дуввум
АНДАР ТАДБИРИ МУШТАРАК МИЁНИ БОЛИҒОН,
ки он ҳафтдаҳ фасл аст
Фасли нахустин
ҳосили гуфтор андар баёни варзиш
Азбаски бештари тадбири нигаҳдории тандурустӣ варзиш кардан, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб аст, бинобар он, воҷиб омад, ки андар оғоз аз варзиш сухан ронем.
Мо гӯем: варзиш ҳаракати иродиест, ки ба зарурат боиси сахт ва думодум нафас гирифтан бигардад. Ҳар кӣ муваффақ шавад, то варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолаҷае бениёз хоҳад шуд, ки ба тақозои бемориҳои моддӣ ва бемориҳои мизоҷии аз паси онҳо оянда лозим гардад. Ин [тавфиқ] ҳангоме хоҳад буд, ки дигар тадбирҳояш созгор ва дуруст бошанд.
Баёни он чунин аст: мо, чунонки медонӣ, ба ғизо зарурат дорем ва нигоҳ доштани тандурустии мо ба ғизое вобастааст, ки ба андоза ва чигунагӣ мувофиқи мо ва муътадил
бошад. Ҳеҷ як аз ғизоҳои билқувва пурра ба ғизои билфеъл табдил намеёбад, балки ба ҳар як гувориш аз он фазла боқӣ бимонад ва табиат андар берун кардани он бикӯшад. Лекин берун андохтани табиат ба танҳоӣ берунандозии пурра нест, балки [102] ночор аз фазлаҳои ҳар як гувориш олудагӣ ва асаре боқӣ хоҳанд монд. Ҳар гоҳ ин думодум такрор ёбад, аз он як миқдори ба назар намоёне ҷамъ
шавад ва аз ҷамъ омадани вай моддаҳои фазлагие ҳосил
шаванд, ки аз чанд рӯй танро зиён доранд: 1) агар онҳо
ганда бигарданд, бемориҳоеро падид оранд, ки натиҷаи гандидан бошанд; 2) агар кайфияти онҳо шиддат ёбад, бадмизоҷӣ падид оранд; 3) агар камияташон биафзояд, бемориҳои пуриеро ба мерос гузоранд, ки ёд шуданд; 4) агар ба андоме фуруд оянд, омосҳо аз худ ба ҷой бигузоранд; 5) бухорҳои онҳо мизоҷи гавҳари рӯҳро табаҳ созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё