Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ночор ба берун кардани онҳо зарурат ба миён ояд. Берун рондани онҳо аксар вақт ҳангоме пурраву беҳтар ба анҷом бирасад, ки агар бо ёрии доруҳои заҳрӣ ба амал оварда шавад ва [истеъмоли] онҳо бешак ғаризаро фарсуда кунад.
Агар онҳо заҳрнок ҳам намебуданд, истеъмоли онҳо аз гаронӣ овардан бар табиат холӣ намебуд ва чунонки Буқрот фармудааст: «дору ҳам пок кунаду ҳам чок». Ба изофаи ин онҳо як миқдори қобили мулоҳазае аз хилти фозил, рутубатҳои модарзодӣ ва рӯҳеро, ки гавҳари зиндагист, берун биандозанд ва аз ҳамаи ин қувваи андомҳои сарвару хидматгузор коҳиш ёбад.
Хулоса, ҳам ину ҳам он аз зарари пурист, ки хоҳ ба ҳоли худ гузошта шавад, хоҳ берун карда шавад, фарқ надорад.
Баъд, варзиш баробари он ки гармии модарзодиро афрӯзад ва танро сабукӣ бахшад, беҳтарин сабабест, ки моддаҳои пуриро аз ҷамъ шудан боз дорад ва ин бад-он сабаб бошад, ки [варзиш] гармии латифе афрӯхта, он миқдор фазлаеро, ки ҳар рӯз ҷамъ гардад, ба таҳлил бибарад ва ҳаракат андар фуруд омадан ва рӯ ба баромадгоҳҳо ниҳодани [фазлаҳо] ёрӣ диҳад ва саранҷом бо гузаштани рӯзгоре на он қадар фазлае ҷамъ шавад, ки битавон ба эътибор гирифт.
Ба изофаи он [варзиш], чунонки гуфтем, гармии модарзодиро болиш бидиҳад, пайвандгоҳҳо ва ватарҳоро сахт кунад, бар корҳо тавоноӣ бахшад ва аз мутаассир шудан эмин дорад. [Варзиш] аз роҳи аз андомҳо берун кардани фазлаҳо, онҳоро барои пазируфтани ғизо омода созад, қувваи кашандаро биҷунбонад, гиреҳзадаҳои андомҳоро бикушояд, андомҳоро нарм кунад, рутубатҳоро тунук кунад ва масомҳоро фарохтар созад. Бисёр бошад, ки каси бо варзиш машғулнабуда ба [бемории] диққ гирифтор ояд, зеро қувваҳои андомҳо аз сабаби тарки ҳаракате нотавон бигарданд, ки он ҷалбкунандаи рӯҳи модарзодӣ ба сӯи [андомҳост] ва [рӯҳи модарзодӣ] бошад, афзори зиндагии ҳар як аз андом бувад.
Фасли дуввум андар намудҳои варзиш

Баъзе аз варзишҳо варзишҳоеанд, ки машғул шудан ба яке аз корҳои инсонӣ боиси онҳо бигардад ва бархе аз онҳо варзиши холис бошад. (159) Мақсад аз варзиш ҳамин [варзиши холис] аст, зеро он варзиш асту бас ва аз он судҳои варзишӣ бигиранд.
Варзиш бар чанд фасл аст: аз ҷумла баъзе кам, баъзе бисёр, баъзеи варзиш ками сахт қавӣ, баъзеи он суст, баъзе тез, баъзе оҳиста, баъзе бошитоб, яъне мураккаб аз сахтию тезӣ ва баъзе нохоҳам бошад. Миёни ду тарафи [ба ифрот] варзиши муътадил ҷой дорад.
Аммо навъҳои варзиш чунинанд: гӯштӣ, ба якдигар ҳамла кардан, муштзанӣ, дам фурӯ бастан, тез роҳ рафтан, тирандозӣ аз камон, жупинандозӣ, ҷаҳидан ба боло, то ба чизе худро овезон кардан, якпоя роҳ рафтан, шамшербозӣ, найзабозӣ, аспсаворӣ, дастҷунбонӣ, яъне шахсе бар сари панҷаи пой истода, дастҳояшро ба пеш ва ба пас бо суръат ҳаракат диҳад. Инҳо аз ҷумлаи варзишҳои тез буданд.
Аз варзишҳои латифи нарм инҳоянд: нишаста, истода ва хобида бод рафтан ва ҷунбидан андар бодҳо ва гаҳвораҳо; савор шудани заврақҳо ва сафинаҳо. Аз ин ҳам қавитар асп

саворӣ, шутурсаворӣ, каҷовасаворӣ ва гардунасаворӣ бувад.
Аз ҷумлаи варзишҳои қавии майдонӣ яке он аст, ки одам андар ягон майдоне то охири он сахт бидавад ва сипас ба пушт роҳ равон баргардад. Ҳамин тариқ давом намуда, ҳар боре масофаро кӯтоҳтар намояд ва охирин бор то миёни майдон бирасад; дигар аз ҷумлаи онҳо мубориза бо соя, дастҳоро бо ҳам задан, барҷастан, найзаандозӣ, бо гӯи бузург ва хурд бозӣ кардан, чавгонбозӣ, гӯштӣ, бардоштани санг, баробари асп давида, онро савор шудан мебошанд.
Ба ҳамдигар ҳамла кардан бар чанд навъ аст. Аз ҷумла ҳар яке аз ду мард дасташро андар миёни якдигар андохта, бидоранд ва ҳар кадом кӯшиш кунад, ки бо зӯрӣ аз якдигар раҳо ёбад, вале дигарӣ ӯро нагузорад; низ [навъи дигар] ин аст, ки мард дасташро бар [гирди] ёраш бипечонад. Яъне дасти росташро аз сӯи рост ва дасти чапашро аз сӯи чапи он дароварда, ба сӯи худ бикашад ва бардошта, бихобонад.
Андар ин миён гоҳе хам шавад ва гоҳе рост.
Аз ҷумла бо сина ба ҳам задан, гардани якдигар гирифта, ба зер кашидан, пойҳоро ба якдигар тофтан, пой дарпечидан, бо пой пойҳои ёри хешро аз ҳам дур кардан ва дигар намудҳое бошанд, ки гӯштигирон ба кор бибаранд.
Аз ҷумлаи варзишҳои тез инҳоянд: ҷои якдигарро бо чолокӣ иваз кардани ду ҳариф; думодум ба пушт ҷастан, ки андар миён бо низом ва бенизом ба сӯи пеш низ ҷаҳида шавад.
Аз ҷумлаи онҳо варзиш бо ду ҷуволдӯз аст, ки он чунин бошад: шахсе андар як ҷое рост биистад ва аз ду бари вай андар замин ду ҷуволдӯзро бихаланд, ки масофаи миёни онҳо ба андозаи кушода доштани дастҳост.
Сипас ба онҳо рӯ оварда, тарафи рост бударо ба сӯи чап ва тарафи чап бударо ба сӯи рост бибарад ва ҳар қадар, ки битавонад, ин корро тезтар анҷом диҳад.
Варзишҳои сахту тезро бо фосилаҳое андар миён ва омехта бо варзишҳои оҳиста бояд ба кор бурд. Бояд варзишҳои гуногун ба кор бурда шаванд ва бо як намуди варзиш иктифо карда нашавад.
Ҳар андомеро варзиши хос аст. Аммо варзиши даступой бошад, пӯшида нест. Варзиши сина ва андомҳои нафасгирӣ бошанд, чунинанд, ки гоҳе бо садои вазнину бузург баровардан, гоҳе бо садои борик баровардан ва [гоҳе] омехта аз ҳар ду варзиш дода шаванд. Ин андар айни ҳол ҳам варзиши даҳон, забонча, забон ва гардан буда, ранг беҳтару сина поктар бигарданд. [Инчунин] бо дамидан ва дам фурӯ бастан варзиш бидиҳанд, ки ин то андозае варзиши тамоми тан ва фарох сохтани гузаргоҳҳои он бувад.
Ба муддати ниҳоят дароз баланд садо додан хатарнок аст ва идомаи шиддати он ба фурӯ бурдани ҳавои бисёр эҳтиёҷ дорад, ки андар ин [низ] хатар бошад. Дароз кашидани он [низ] ба берун овардани ҳавои зиёд ниёзманд буда, андар он хатар ҷой дорад. Бояд нахуст хониши нарм намуда, сипас ба тадриҷ овозро баланд кард. Баъд, агар овоз шадидтар, бузургтар ва дарозтар карда шавад, вале замони он муътадил бошад, ин фоидаи бузург хоҳад дошт ва агар замони он ба дарозо гарояд, барои касони муътадили тандуруст бимнок аст.
Ҳар одамеро мувофиқи ҳол варзише бошад. Он варзишҳое, ки аз қабили алвонҷ рафтан нарманд, мувофиқи ҳоли касони аз беморӣ хестае буванд, ки табҳо онҳоро бемадор ва бархостану нишастанро бар эшон душвор гардонидаанд ва [низ] аз барои касони аз ошомидани харбақ ва монанди он беҳол гардида ва касони ҳиҷобашон бемор [муфиданд].

пешина
аз 1215
навбатӣ