Қонуни тиб

Агар ба нармӣ алвонҷ бидиҳанд, [103] хоб оварад, (160) бодҳоро ба таҳлил биронад, ғафлату фаромӯшхотирӣ барин осори бемориҳои сарро суд бахшад, шаҳвату иштиҳоро биҷунбонад ва ғаризаро бедор созад.
Агар бар тахти хоб биҷунбонанд, ин касонеро созгор бошад, ки ба таби нимрӯзафкан, табҳои мураккаб ва табҳои балғамӣ гирифторанд ва низ худовандони зардоби шикам, дардҳои ниқрис ва бемориҳои гурдаро суд бахшад, зеро ин ҷунбонидан моддаҳоро ба канда шудан омода созад ва ҷунбонидани нарм барои нармтари онҳо ва ҷунбонидани қавӣ барои қавитари онҳо [кора] кунад.
Аммо гардунасаворӣ гоҳе ҳамин корҳоро бикунад, вале ин бештар аз он ба ҷунбиш оварад. Гоҳе бар гардуна рӯй бозпас бинишинанд, ки ин нотавонии чашм ва торикии онро суди зиёде дорад.
Савор шудани заврақҳо ва киштиҳо, агар ба наздики соҳил бошад, аз ҷузом, истисқо, сакта, сардии меъда ва дамиш овардани он фоида дорад ва агар аз ин маниши гаштан ба амал ояду сипас фурӯ нишинад, меъдаро суд дорад. Киштисаворӣ андар миёни дарё ба сабаби гоҳе шод ва гоҳе андӯҳгин шудани нафс барои нест кардани бемориҳои ёдшуда қавитарини [варзишҳо] бувад.
Андомҳои ғизокашӣ бошанд, варзиши онҳо вобаста ба варзиши тан аст. Биноиро бо тааммул намудан андар чизҳои реза ва гоҳе ба оҳистагӣ ва тадриҷан назар кардан андар чизҳои тобанда варзиш диҳанд. Шунавоиро бо шунидани садоҳои паст ва гоҳе бо шунидани садоҳои баланд варзиш диҳанд.
Ҳар андомро варзишест хос. Мо инро ҳангоми [баёни] нигаҳдории тандурустии ҳар як андом ёд хоҳем кард ва ин вақте хоҳад буд, ки ба [нигоштани] Китоби [бемориҳои] чузъӣ бипардозем.
Варзишгар бояд эҳтиёт бикунад, то гармии варзиш ба андоме, ки нотавон аст, нарасад, балки бояд [варзиш] бар сабили татаббуъ бошад. Масалан, касе, ки ба даволӣ гирифтор аст, бояд ҳангоми варзиш пойҳои худро бисёр наҷунбонад, балки [ҳаракати] онро кам намуда, бори варзишро бар бахши барсӯвини тани худ, яъне бар гардан, сар ва дастон биандозад ва ба тавре бошад, ки таъсири варзиш ба сӯӣ пойҳо аз барсӯ бирасад. Тани нотавонро варзиши оҳиста ва тани қавиро варзиши қавӣ бояд.
Бидон, ки ҳар андоме ба худии худ варзиши хосе дорад.
Чунончи, чашмро андар нигаристани [чизи] реза ва гулӯро андар баланд кардани овоз ба тадриҷ чунин бошад ва ҳар як аз дандону гӯшро [низ] андар боби хеш [варзишест].
Фасли севвум андар ҳангоми оғозу анҷоми варзиш ва андозаю тартиби он
Ҳангоми оғози варзиш тан бояд пок бошад ва андар
гӯшаҳои андомҳои дарунӣ ва рагҳо кимусҳои хоми палид набошанд, зеро варзиш боиси паҳн гардидани онҳо
андар тан хоҳад шуд. Бояд таоми шаб хӯрда кам шуда,
андар меъда, ҷигар ва рагҳо гуворида ва вақти ғизои дигар хӯрдан расида бошад. Нишонаи ин ҳол аз ҷиҳати қивом ва ранг пухта будани пешоб аст ва ин [пухтагӣ] андар аввали вақти гувориш ба амал ояд. Агар аз вақти гувориш замоне бигзарад, [гармии] модарзодӣ аз кори ғизо фориғ монда бошад, [бахши] оташӣ андар пешоб фурӯзон гардида, аз ҳадди зардии табиӣ гузашта бошад, варзиш кардан зиён дорад, зеро он қувватро ба ҳалокат хоҳад расонд. Бинобар он, гуфтаанд: агар ҳол варзиши сахтеро тақозо кунад, беҳтар он аст, ки меъда чандон холӣ набошад, балки бояд андар вай андаке ғизо бошад - андар зимистон ғизои ситабр ва андар тобистон ғизои латиф.
Баъд, бо шиками пур варзиш кардан беҳтар аз он аст, ки бо шиками тиҳӣ варзиш кунанд, бо тани [гарм ва] ё тар варзиш кардан беҳтар аз он аст, ки бо тани сард ва ё хушк варзиш кунанд. Беҳтарин вақти [варзиш] ҳангоми муътадилист. Бисёр бошад, ки варзиш каси мизоҷаш гарми хушкро ба бемориҳо гирифтор кунад ва чун тарк карда шавад, тандуруст гардад.
Ҳар касе, ки варзиш кардан бихоҳад, бояд нахуст фазлаҳоро аз рӯдаҳо ва обгаҳ берун андозад ва сипас ба варзиш бипардозад. Нахуст барои омода гардидан [андомҳоро] тавре молиш бидиҳад, ки ғариза бедор шуда, масомҳо фарох бигарданд ва молишро бояд бо чизи дурушт анҷом дод. Сипас бояд бо равғани хуш чарб намояд ва равғанмолиро ба тадриҷ ба ҷое расонад, ки андомро на чандон сахт фишор диҳад. Инро бояд бо дастони бисёр ва бо вазъҳои гуногун ба анҷом расонад, то тамоми аҷзои мушакҳоро фаро гирад. Сипас ин корро ба охир расонанд ва каси молишхӯрда ба варзиш оғоз намояд.
Ҳангоми баҳор созгортарин вақт наздики нимрӯзӣ ва андар хонаи муътадил [варзиш кардан] аст ва тобистон барвақттар [шурӯъ кунанд]. (161) Аммо ҳангоми зимистон мебоист аз рӯи қиёс бегоҳӣ [варзиш карда шавад], вале мушкилиҳои дигарест, ки аз он боз бидоранд. Пас, андар зимистон бояд макон бо оташ гарм карда шавад, то ҳаво муътадил бигардад. Варзишро бояд андар вақти муносибтаре гузаронд, ки бо он чи аз гувориши ғизо ва берун овардани фазлаҳо ёд кардем, созгор бошад.
Андар миқдори варзиш бояд се чиз риоя шавад: якуми онҳо ранг аст, яъне то даме ки ранг рӯ ба хуб шудан аст, ҳанӯз ҳангоми [варзиш] бошад; дуввум ҳаракатҳост. То даме ки онҳо сабук намоянд, ҳанӯз ҳангоми [варзиш] аст; севвум ҳолати дамидагии андомҳост, яъне ҳар қадар ки онҳо дамидан бигиранд, ҳанӯз ҳангоми [варзиш] бошад. Ҳар гоҳ ин ҳолатҳо ба костан оғоз намоянд ва арақи бухорӣ ба таровидану ҷорӣ шудан дарояд, бояд, ки [варзиш] бас карда шавад. Чун варзишро бас кардӣ, хусусан агар он дам фурӯ бастан бошад, бояд ба саросар равған молидани [тан] оғоз кунӣ.
Агар аз рӯзи нахуст ҳадди варзиш ва ғизои он рӯзро бидонӣ, миқдори ғизои қобили таҳаммулро хоҳӣ донист ва андар рӯзи дуввум бояд чизе аз онро тағйир надиҳӣ, балки миқдори варзиш ва ғизои рӯзи дуввум бояд ба андозаи рӯзи якум бимонад.
Фасли чаҳорум андар баёни молиш
Бархе аз молиш сахт буда, [танро] шиддат бахшад, бархе нарм буда, сустӣ физояд, бархе бисёр буда, лоғар намояд
ва бархе муътадил буда, фарбеҳ созад. Агар онҳо ба ҳам таркиб дода шаванд, нуҳ намуди мураккаб падид ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё