Қонуни тиб

Инчунин баъзе аз молиш дурушт аст, яъне бо пораи дурушт иҷро карда шавад, ки хунро зуд ба зоҳир бикашад.
Баъзе ҳамвор бошад, яъне бо каф ва ё бо пораи нарм иҷро карда шавад, ки хунро андар андом ҷамъ намуда, нигоҳ дорад.
Ғараз аз молиш зич кардани танҳои ковок, сахт кардани танҳои нарм, ковок кардани танҳои зич ва нарм сохтани танҳои сахт бувад. Бархе аз он молиши омодасозанда аст, ки пеш аз варзиш буда, нахуст нарм оғоз ёбад ва наздики бархостан ба варзиш сахт гардонида шавад. Бархе дигар молиши бозоранда бошад, ки ин баъд аз варзиш буда, «молиши оромкунанда» низ ном дорад. Ғараз аз он ҳал намудани он фазлаҳои андар мушакҳо ҳабсшудаест, ки бо варзиш берун наомадаанд, то ки онҳо нест шаванд ва боиси мондагӣ нагарданд. Ин молиш бояд тунук ва муътадил бошад ва беҳтар он аст, ки бо равған иҷро карда шавад. Молишро набояд андар ҳоли дуруштӣ ва сахтӣ ба охир расонд, зеро аз ин андомҳо дурушт бигарданд ва андар бачагон боиси боз истодани болиш хоҳад шуд, вале зиёни ин андар болиғон камтар бувад. Чунки хатои андар молиш рафта агар ба сахтӣ моил бошад, безиёнтар аз хатоест, ки моил ба нармист, зеро зиёни [104] ҳал шудани сахт саҳлтар аз онест, ки танро бо молиши нарм барои пазируфтани табаҳшавӣ омода кунанд. Аз ин ҷо молиши сахт ва дурушт агар андар бачагон ба ифрот бирасад, онҳоро аз болиш боз хоҳад дошт.
Вақт ва шартҳои молишро баъд хоҳӣ дарёфт, лекин ҳоло мо молиши бозовардан ба ҳоли авваларо бештар шарҳ дода гӯем, ки ин ба ҳақиқат ҳамчун бахши вопасини варзиш ба шумор биравад. Бояд он нахуст бо равған молидан ва бо қувват оғоз ёбад, сипас онро ба сӯи эътидол бояд майл дод ва андар ҳоли сахтӣ қатъ набояд кард. Беҳтар он аст, ки барои иҷрои он дастҳои бисёре якҷоя амал кунанд. Каси молишхӯрда бояд баъди молиш андомҳои мондашудаи худро биёзонад, то фазлаҳо аз онҳо берун оянд. Фӯтаеро гирифта, ба болои ҳамаи андомҳо, ки онҳо андар ҳоли ёзидагӣ бошанд, як бор бидавонанд. Андар ин ҳол ҳар қадар ки мумкин аст, нафасро фурӯ бикашанд ва хусусан мушакҳои шикамро суст ва мушакҳои синаро ёзида доранд.
Сипас андар поёни кор мушакҳои шикамро низ каме ёзонанд, то андомҳои дарунӣ аз ин як миқдор [суди] бозояндагӣ бигиранд. Андар ин миён роҳ бираванд, бар пушт бихобанд ва пойҳои хешро ба пойҳои ёри худ бипечанд.
Шахсони пешрав аз аҳли варзиш андар миёни варзишҳои хеш нафас фурӯ бастанро ба кор баранд. Гоҳе эшон молиши бозоварандаро андар миёни варзиш ҷой диҳанд ва варзишро бибуранд ва агар давом додан бихоҳанд, онро аз сар гиранд.
Касе, ки барқароршавии ҳолро бихоҳад ва аз қабили касоне бошад, ки чизе аз ҳоли эшон чандон бад набошад ва хоҳиши аз нав давом додани [варзишро] надошта бошанд, ба молиши зиёд ниёзманд нест. Балки агар ягон мондагие ба вай расида бошад, бо равған оҳиста, чунонки баъд васф хоҳем кард, молиш диҳанд. Агар [танаш] хушк шуда бошад, бештар молиш дода шавад, то ки [андомҳо] бад-ин роҳ ба эътидол бирасанд.
Гоҳе молиш ва фишор додани сахт бо даст (ғаммозӣ)
пеш аз хоб судманд бошад, зеро вай танро хушк карда, тариро аз ҷорӣ шудан ба сӯи пайвандгоҳҳо боз дорад.
(162) Фасли панҷум андар гармоба кардан ва баёни гармобаҳо
Аммо ин одаме, ки мо андар тадбири вай гуфтор дорем, ниёзманди гармобаи ҳалкунанда нест, аз баҳри он ки тани вай пок аст. Ба гармоба касе ниёзманд бувад, ки ба ситондани гармии латифе ва тарии муътадиле аз он ниёз дорад.
Бад-ин сабаб боистӣ ин гуна касон андар [гармоба] дер намонанд, балки агар обзанро ба кор бибаранд, бояд ба андозае ба кор баранд, ки пӯсташон сурх ва дамида бигардад ва ҳамин ки таҳлил ёфтан оғоз шуд, аз он берун оянд. Бояд ҳавои гирди хешро бо рехтани оби хуш намнок бисозанд ва зуд шустушӯй намуда, берун оянд. Варзишгар то пурра истироҳат накунад, ба гармоба набояд шитобад.
Ҳолатҳо ва шароити гармобаҳоро шарҳ додам ва андар дигар ҷой гуфта гузаштам ва он чи ки бояд андар ин ҷой биафзоем, чунин аст: ҳамаи гармобаравандагон бояд ба тадриҷ ба хонаҳои гармоба андароянд ва андар хонаи гарм ба андозае биистанд, ки ҳолашон бад нагардад. Эшон бо таҳлил ёфтани фазлаҳо ва пазирои ғизо шудани тан роҳат биёбанд ва ба изофаи он аз нотавонӣ ва яке аз сабабҳои қавии табҳои уфунатӣ озод хоҳанд шуд.
Ҳар кас, ки фарбеҳӣ бихоҳад, бояд баъд аз таом ба гармоба биравад, ба шарте ки бими падид омадани суддаҳо надошта бошад. Агар судда пешгирӣ кардан бихоҳад ва агар мизоҷаш гарм бошад, бояд сикангубин ва ё агар мизоҷаш сард бошад, [маъҷуни] пудинагӣ ва [гувориши] мурчӣ ба кор бибарад.
Агар касе ҳалшавию лоғар шудан бихоҳад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад.
Ҳар кӣ фақат нигоҳ доштани тандурустӣ бихоҳад, бояд пас аз гуворидани он чи ки андар меъда ва ҷигар аст, ба гармоба бидарояд. Агар чизе нахӯрда ба гармоба рафтан бими ҷӯшидани зарда дошта бошад, бояд пеш аз гармоба кардан ягон чизи сабуке бихӯрад ва одами гарммизоҷи дорои зардаро ин кор ногузир аст. Мисли ин гуна шахсонро ба хонаи гарми [гармоба] даромадан ҳаром аст. Беҳтарин чизе, ки бояд ин гуна шахсон [пеш аз гармоба] бихӯранд, нони андар оби мева ва ё оби гул таркарда бувад.
Баъди аз гармоба берун шудан ва ё андаруни гармоба чизи феълан сард набояд ошомид, зеро масом [андар ин ҳангом] кушода буда, сардӣ зуд ба гавҳари андомҳои сарвар бирасад ва қувваҳои онҳоро табаҳ кунад. Низ бояд аз ҳар чизе, ки сахт гарм аст, хусусан аз оби [бисёр гарм] парҳез намуд, зеро аз ошомидани вай бими он аст, ки таъсираш то ба андомҳои сарвар шитофта, боиси пайдоиши [бемориҳои] сил ва диққ хоҳад шуд. Бояд аз якбора берун шудан аз гармоба ва баъди он сарро бараҳна ва танро андар маърази сардӣ гузоштан эҳтиёт шуд, балки агар айёми зимистон бошад, бояд ҳангоми беруноӣ аз гармоба бо ҷомаҳои гарм худро бипечанд. Касоне, ки ба ҳоли табанд ва ё касоне, ки ба гусастагии пайвастагӣ ва ё омос гирифторанд, бояд аз гармоба парҳез кунанд.
Аз он чи ки пеш ёд шуд, дониста будӣ, ки гармоба гармкунанда, сардкунанда, таркунанда, хушккунанда, судманд ва зиёнкор бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё