Қонуни тиб

Суди он аз хоб овардан, [судда] кушодан, зудудан, ҳал намудан, пазондан ва кашидани ғизо ба зоҳири тан иборат аст. Ва андар ҳал намудани он чи ки ҳал шуданаш мурод аст, рондани он чи ки аз тариқи табиат берун шуданаш мурод аст, нигоҳ доштани исҳол ва дур сохтани мондагӣ ёрӣ бирасонад.
Зиёнҳои [гармоба] аз он иборат аст, ки агар андар он ба ифрот раванд, дилро нотавон бикунад, беҳушию маниши гаштан оварад, моддаҳои оромро биҷунбонад ва онҳоро пазирои гандидан сохта, ба сӯи андомҳои камқувват равона кунад, ки саранҷом аз онҳо андар берун ва даруни андомҳо омосҳо падид оянд.
Фасли шашум андар шустушӯ бо оби сард
[Оби сард] касеро хуб аст, ки тадбираш аз ҳама чиҳат ба ҷой бошад. Син, қувват, зоҳири тан ва фасли он ҳама созгор буда, ба хомии ғизо, қай, исҳол, бехобӣ ва назлаҳо гирифтор набошад. Бояд на бача бошад ва на пир ва ҳангоме бошад, ки танаш андар нишот ва ҳаракатҳо хушоянд бошад.
[Оби сард]-ро гоҳе аз барои қавӣ гардонидани пӯст ва нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм ба кор баранд. Агар чунин хоста бошанд, об набояд сахт сард, балки миёна бошад.
Гоҳе онро баъди варзиш ба кор баранд, андар ин ҳол бояд молиш пеш аз он сахттар аз ҳарвақта буда, вале молидани равған мисли (163) ҳамешагӣ ва варзиш каме тезтар аз ҳарвақта бошад. Сипас баъди варзиш якбора зуд андар оби сард дароянд, то ба андомҳо баробар бирасад. Баъд андар он ба қадри форамӣ ва тавоноӣ бинишинанд ва пеш аз расидани фарошо [бояд аз он берун оянд]. Сипас чун берун оянд, эшонро бояд ба тавре молиш диҳанд, ки ёд кардем ва ғизояшонро биафзоянд, вале аз шаробашон бикоҳанд. Бояд муддати боз омадани ранг ва тафси [танро] бингаранд:
агар онҳо зуд бозоянд, пайдост, ки миқдори нишастан андар [оби сард] муътадил будааст ва агар дер бозоянд, пайдост, ки миқдори нишастан андар об беш аз андозаи лозимӣ будааст. Пас, андозаи рӯзи дуввумро аз рӯи андозаи муайянкарда таъйин намоянд. Гоҳе баъд аз молиш ва боз овардани ранг ва гармӣ бори дуввум ба об бидароянд.
Ҳар кӣ онро ба кор бурдан хоҳад, бояд ба тадриҷ андар он биравад ва бори нахуст [105] андар нимаи гармтарини рӯзи тобистон [ба ин кор] оғоз кунад. Бояд эҳтиёт кунад, ки андар он рӯз бод набошад.
Инро на аз паси ҷимоъ ва на ҳангоме ба кор баранд, ки ҳанӯз таом нагуворида бошад. Низ набояд аз паси қай, истифроғ, ҳайза, бехобӣ ва аз паси нотавонии тану меъда ба кор бурд. Аз паси варзиш танҳо касе бояд ба кор бибарад, ки ниҳоят боқувват аст ва бояд ба наҳве ба кор барад, ки мо ёд кардем.
Ба гунаҳои ёдшуда ба кор бурдани оббозӣ бо оби сард гармии модарзодиро якбора ба андарун бибарад ва сипас онро барои ба боло баромадан ва зоҳир шудан ду чанди будааш қавӣ гардонад.
Фасли ҳафтум андар тадбири хӯрданӣ
Бояд каси нигоҳдорандаи тандурустӣ бикӯшад, ки гавҳари ғизо ягон ғизои доругӣ, аз қабили тараҳо, меваҳо ва
ғайра набошад, зеро [ғизоҳои] латифсозанда хунро бисӯзонанд ва ғизоҳои ситабрсозанда хунро сербалғам намуда, танро гаронӣ оваранд. Балки бояд ғизо аз қабили гӯшт, хусусан гӯшти бузғола, гӯсолаҳои хурд, барраҳо, гандуми аз ғашшиҳо пок ва аз киштзори дурусти офат нарасида ба даст оварда, чизи ширини форами мизоҷ ва шароби хушбӯи райҳонӣ бошад. Ба ғайри инҳо ҷуз ба тариқи муолаҷа ва ё пешгирӣ кардани [беморӣ] набояд муроҷиат кунад.
Аз меваҳо аз ҳама бештар анҷир, ангури хуб пухта ва андар шаҳрҳо ва сарзаминҳое, ки хурмо одат шуда бошад, хурмо ба ғизо наздикӣ доранд. Агар инҳоро истеъмол кунад ва аз онҳо фазлае [андар тан] падид ояд, зуд ба истифроғи он фазла шитобад.
Бояд ҷуз ба ҳангоми иштиҳо хӯрок нахӯранд ва чун иштиҳо баланд шавад, онро нагардонанд. Бояд иштиҳо чун иштиҳои бадмастон ва касони ба нопазандагӣ гирифтор, иштиҳои дурӯғин набошад. Бар гуруснагӣ сабр кардан боиси пур шудани меъда аз хилтҳои зардобии палид хоҳад шуд.
Зимистон таомҳои билфеъл гарм ва тобистон сард ва ё нимгарм бояд хӯрд ва набояд гармӣ ва сардии [он] ба андозаи тоқатфарсоӣ бошад.
Бидон, ки ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, ки ба ҳангоми фаровонӣ сер шаванду аз паси он ба ҳангоми ноёфтӣ гурусна бошанд ва ё баръакс. Акси он боз ҳам бадтар бошад. Касони бисёреро дидаем, ки ба ҳангоми қаҳтӣ таом бар онҳо танг омада буд ва чун таом фаровон ёфтанд, аз пур хӯрдан бимурданд, зеро пурии зиёд андар ҳама ҳол хоҳ аз таом бошад, хоҳ аз шароб, қаттол аст. Чандин касон аз беандоза пур хӯрдан нафасгир шуда, мурдаанд.
Агар ба хато ягон ғизои доругие хӯрда шавад, бояд барои гувориш ва пухтани он ва эмин ёфтан аз бадмизоҷие, ки аз он чашм дошта шавад, чора андешид ва аз болои он чизе истеъмол намуд, ки мухолифи вай бошад, то он гуворида гардад. Агар [ғизо] аз қабили хиёр ва каду [андар мизоҷ] сард бошад, бо ягон чизе, ки зидди вай аст, аз қабили сир ва гандано муътадил гардонда шавад ва агар гарм бувад, бо чизе, ки мухолифи вай аст, аз қабили хиёр ва хурфа ба эътидол биёваранд. Агар [ғизо] падидоварандаи судда бувад, бояд чизе истеъмол кард, ки [судда] бикушояд, истифроғ ба амал овард ва баъд аз он нек гурусна шуд.
Ин шахс ва ҳар касе, ки албатта хоҳони тандурустист, то иштиҳои ростин пайдо накунанд ва то меъда ва рӯдаҳои забарин аз ғизои нахустин тиҳӣ нагарданд, чизе нахӯранд. Зеро ҳеҷ чиз барои тан зиёнкортар аз ин нест, ки ғизо бар болои ғизои ҳанӯз ногуворида биравад.
Чизе бадтар аз хом мондани ғизо андар меъда нест, хусусан агар хоммонӣ аз сабаби ғизоҳои бад бошад. Чунки агар хоммонӣ аз сабаби ғизоҳои ситабр падид ояд, боиси дарди (164) пайвандгоҳҳо ва гурда, дамкӯтоҳӣ, зиқи нафас, ниқрис, сахтии испурчу ҷигар ва бемориҳои балғамӣ ва савдовӣ бигардад. Агар хоммонӣ аз сабаби ғизоҳои латиф пайдо шавад, аз он табҳои тезрави палид ва омосҳои гарми бад падид оянд.
Гоҳе чунин эҳтиёҷ афтад, ки ягон таоме ва ё ягон чизе, ки ба таом монанд аст, бар болои таоме фурӯ бурда шавад, ки андар нисбати он ҳамчун дору бувад. Чунончи, касоне, ки ғизоҳои тез ва шӯр хӯрда бошанд ва агар аз паси он баъд аз муддате, ки ҳанӯз гувориш ба анҷом нарасидааст, ғизоҳои тариоварандаи бемаза бихӯранд, ба сабаби он кимуси [ғизои пеш] хӯрда дуруст шавад ва ин тадбир ин гуна шахсонро [аз дигар тадбир] бениёз бигардонад ва эшонро ба варзиш эҳтиёҷ набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё