Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хилофи ин ҳол он бошад, ки касе аз болои таоми ситабр баъд аз муддате чизе бихӯрад, ки зудгуворанда ва тез бошад.
Ҳаракати сабук баъд аз таом хӯрдан, хусусан агар касе хоҳад, ки баъди он хоб биравад, таомро андар меъда ҷойгир хоҳад кард. Аразҳои ногаҳонии нафсонӣ ва ҳаракатҳои сахти баданӣ гуворишро боз доранд.
Зимистон набояд ғизоҳои камғизо хӯрд, аз қабили тараҳо, балки бояд [чизҳои] серғизотару ба сахтӣ шадидтаре аз қабили донагиҳо хӯрда шаванд. Тобистон баръакси ин аст.
Баъд боистӣ на ба андозае пур хӯрда шавад, ки дигар имконияти боз хӯрдан намонад, балки даст аз таом бояд ҳангоме бардошт, ки ҳанӯз иштиҳо боқист ва ин бақия ба тақозои гуруснагӣ буда, баъд аз соате аз миён биравад.
Бояд андар [ғизо хӯрдан] равиши одатиро нигоҳ дошт.
Бадтарин хӯрок хӯрдан он аст, ки ба меъда гаронӣ оварад ва бадтарин ошомиданӣ он аст, ки аз ҳадди эътидол бигузарад ва бар сари меъда бигардад. Агар як рӯз ба ифрот [ғизо хӯрда шавад], бояд рӯзи дуввум гуруснагӣ кашид ва андар ҷои муътадил, на гарм ва на сард, хоби дароз рафт.
Агар хоб кумак нарасонад, бояд бисёр нарм, пайваста, бидуни таваққуф ва дамгирӣ роҳ рафта ва каме шароби холис биошомид. Руфус гуфтааст: «Ман ин гуна роҳ рафтанро меситоям, хусусан агар баъд аз таоми пешин бошад, зеро он барои [таоми] шом ҷои хуб омода хоҳад кард».
Хоби баъд аз таом бояд чунин бошад: нахуст каме бар паҳлуи рост хобида, сипас бар паҳлӯи чап бигарданд ва баъд аз он бар паҳлӯи рост бихобанд. Бидон, ки бо ҷомаи боло ва болини баланд [хобидан] гувориданро ёрӣ диҳад. Умуман, бояд вазъи андомҳо моил ба зер бошад, на ба боло.
Андозаи таомро ба ҳасби одат ва қувват муайян кунанд.
Бояд миқдори он андар шахси қувваташ дуруст ба қадре бошад, ки чун бихӯрад, гаронӣ наоварад, сари паҳлуҳоро набардорад, дамиш наоварад, муҷиби қароқури шикам нашавад, бар сари меъда нагардад, боиси маниши гаштан, иштиҳои сагӣ, афтодаҳолӣ, кундии зеҳн ва бедорхобӣ кашидан нагардад ва баъд аз муддате бӯи он аз тариқи оруғ дарёфта нашавад. Баъд аз хӯрдан дарёфтани бӯи он ҳар андоза дер бикашад, ҳамон андоза бад бошад. Гоҳе бар муътадил будани таом далел ин бошад, ки аз он набзро бузургию нафасро хурдӣ рӯй надиҳанд, чунки ин ҳол ба сабаби бар ҳиҷоб фишор овардани меъда ба амал ояд ва бар асари он нафасгирӣ хурду думодум шуда, аз он ҳоҷати дил биафзояд ва набз бузург гардад, вале агар қувва нотавон шавад, [чунин набошад].
Ҳар киро баъд аз таом гармӣ ва тафс падид оянд, бояд, ки на якбора, балки кам-кам таом бихӯрад, то ки аз пурии [шикам] ҳолате чун табларза ба амал омада, бар асари он ҳангоми гарм шудани таом гармии ба қувват чун таб рӯй надиҳад.
Ҳар кӣ аз гуворидани [106] миқдори лозимӣ оҷиз бошад, шумораи таом хӯрданро зиёд кунад ва миқдори таомро кам.
[Каси мизоҷаш] савдовӣ ба ғизои бисёр тарифизо ва кам гармибахшанда ва [каси мизоҷаш] сафровӣ ба ғизои тарифизо ва сардифизо ниёзманд буванд. Ҳар киро хуне, ки андар ӯ тавлид мегардад, агар гарми хуб бошад, пас, вай ба ғизоҳои сарди камғизо ниёзманд аст. Ҳар киро хуне, ки андар ӯ тавлид бигардад, агар балғамӣ бошад, пас, вай ба ғизое эҳтиёҷ дорад, ки камғизо ва дорои гармӣ ва [хосияти] тунуксозандагӣ бошад.
Андар истеъмоли ғизоҳо тартибест, ки бояд каси нигоҳдорандаи тандурустии хеш онро риоя намояд. Ӯ бояд бипарҳезад, то аз болои ғизои қавии сахттар ғизое нахӯрад, ки тунуктару зудгувор бошад, зеро ин пештар аз он гуворида шуда, бар болои вай бигардад, роҳ наёбад, ки бигзарад ва ганда гардида, дигар чизи бо худ омехтаро [низ] табаҳ созад. [Вале ин [корро] ба сифате кардан мумкин аст, ки мо онро ёд хоҳем кард].
Низ нашояд, ки таоми лағжанда бихӯранд ва баъд аз андаке [аз болои вай] таоми қавии сахт бихӯранд, чунки ҳангоми ба рӯдаҳо гузаштан ҳар ду лағжида бираванд ва [таоми сахт] аз гувориш пурра баҳравар нагардад.
Набояд баъд аз (165) варзиши тоқатфарсо мисли моҳӣ ва чизҳои ба он монанд хӯрда шавад, зеро вай табаҳ гашта, хилтҳоро [низ] табаҳ созад.
Аз миёни мардум касонеанд, ки эшонро равост пеш аз хӯрдани таом чизе бихӯранд, ки қувваи гиранда дошта бошад. Ин гуна шахсон худовандони сустии меъдаанд, ки таоми хӯрдаи эшон зуд фуруд ояд ва замоне наистад, то гуворида гардад. Бояд ҳамеша ҳоли меъдаашон ва мизоҷи он тааммул карда шавад.
Аз миёни мардум касоне ҳастанд, ки ғизои сабуки зудгувориш андар меъдаи эшон табаҳ гардад ва ғизои қавии дергувориш андар он гуворида шавад. Ин гуна одамон касоне буванд, ки [мизоҷи] меъдаи эшон оташист. [Низ] касонеанд, ки бар хилофи ин буванд, ҳар як аз ин гурӯҳ ба муқтазои хӯи хеш бояд тадбир карда шаванд.
Табиатҳои шаҳрҳоро хосиятҳое ва мизоҷҳоро ҳолатҳоеанд, ки аз [ҳадди] қиёс берунанд. Бинобар ин, бояд ин чиз риоя шавад ва бояд андар ин кор таҷриба бар қиёс ғолиб бошад. Бисёр бошад, ки ғизои хӯкардаи каме зиёнвар созгортар аз ғизои безиёни хӯнокарда бувад.
Ҳар симову ҳар мизоҷеро як ғизое созгору ҳамоҳанг аст ва агар ҳар дуро дигар кардан бихоҳанд, натиҷаи акс хоҳад дод. Аз миёни мардумон касонеанд, ки эшонро баъзе таомҳои хубу сутуда зиён дорад, бинобар ин, бояд аз вай бипарҳезанд. Кас ба гуворанда дарёфтани ғизоҳои бад набояд фирефта шавад, зеро бо гузашти рӯзгоре чанд андар ӯ хилтҳои бади бемориовар ва қаттол тавлид хоҳанд шуд.
Бисёр бошад касонеро, ки андар тан хилтҳои бад доранд, ба фаровон хӯрдани ғизои сутуда иҷозат диҳанд. Хусусан агар ба иллати нотавонии хеш таҳаммули исҳол карданро надошта бошанд.
Ҳар киро тан ковок ва ба осонӣ ҳалшаванда бувад, бояд ғизоҳои тари зудгувор бихӯрад. Зеро танҳои ковок таомҳои ситабру гуногунро бисёр ба сахтӣ таҳаммул доранд, аз сабабҳои дарунӣ камтар ва аз сабабҳои берунӣ бештар зиён бипазиранд.
Касе, ки гӯштҳо бисёр истеъмол кунад ва зиндагии осуда дошта бошад, бояд раг заданро бар худ вазифа кунад.
Агар мизоҷаш ба сардӣ гарояд, бояд гуворишҳо, итрифал ҳо ва чизҳое истеъмол кунад, ки хосияти меъда, рӯдаҳо ва ҷӯйҳои ба онҳо наздикро тоза кардан доранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ